Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти занон зинаи 89-умро касб кард

Тоҷикистон дар шохиси ҷаҳонии “Занон, сулҳ ва амният” (Women, Peace and Security Index, WPS) дар соли 2025/26, ки аз сӯи Институти масъалаҳои занон, сулҳ ва амният дар назди Донишгоҳи Ҷорҷтаун ва Институти таҳқиқоти сулҳ дар Осло гузаронида шуд, миёни 181 кишвар бо гирифтани 0,685 хол ҷои 89-умро касб кардааст. Дар ин шохис, Қазоқистон дар ҷои 72 (0,722), Туркманистон […]

Идибеки Саид, махсус барои Asia-Plus

Тоҷикистон дар шохиси ҷаҳонии “Занон, сулҳ ва амният” (Women, Peace and Security Index, WPS) дар соли 2025/26, ки аз сӯи Институти масъалаҳои занон, сулҳ ва амният дар назди Донишгоҳи Ҷорҷтаун ва Институти таҳқиқоти сулҳ дар Осло гузаронида шуд, миёни 181 кишвар бо гирифтани 0,685 хол ҷои 89-умро касб кардааст.

Дар ин шохис, Қазоқистон дар ҷои 72 (0,722), Туркманистон дар ҷои 74 (0,720), Қирғизистон дар ҷои 84 (0,697) ва Ӯзбекистон дар ҷои 98 (0,674) қарор гирифтаанд.

Бахши мусбат барои Тоҷикистон дар ин шохис бехатарии рӯзмарра ба ҳисоб меравад: 93% занон посух додаанд, ки шабона вақте ба сайру гашт мебароянд, бехатарариро эҳсос мекунанд. Ин паҳлу дар радабандии мазкур беҳтарин дар байни гурӯҳҳои муқоисавӣ зикр шудааст.

Нишондиҳандаи заифтар дар шохис, дастрасӣ ба ҳуқуқ ва ҳимоят аз ҳуқуқи худ аст. Тоҷикистон аз рӯйи “дастрасӣ ба адолат” мувофиқи баҳогузории 0-4 ҳамагӣ 0,7 хол гирифтааст, ки нишондиҳандаи пастарин аст. Миёни нишондиҳандаҳои ҳассос, 14% хушунат аз тарафи шавҳар аст.

Дар бахши “фарогирӣ ба таҳсил” соли миёнаи таҳсили занон – 10,9 сол, сатҳи бо шуғл таъмин будани занони 25–64-сола – 28,8%, фарогирии молиявӣ – 39,4% буда, 68% занон аз телефонҳои мобилӣ истифода мебаранд. Саҳми занон дар парлумон 26,6%-ро ташкил медиҳад.

Радабандии “Занон, сулҳ ва амният” вазъи занонро аз рӯи 13 нишондиҳанда (иштирок дар ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқ, амният ва ҳоказо) арзёбӣ мекунад.

Пешсафи раддабандӣ бо нишондиҳандаи 0,939 Дания мебошад ва дар поёни ин шохис Афғонистон бо нишондиҳандаи 0,279 ҷой дорад. Ҳамзамон дар панҷгонаи кишварҳо бо нишондиҳандаи паст Яман, Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Сурия ва Судон қарор доранд.

Дар гузориш, пешрафти суст ҷаҳонӣ дар як қатор самтҳо, аз ҷумла фавти модарон ва намояндагии сиёсии занон, инчунин камбуди захираҳо барои барномаҳои марбут ба ҳуқуқи занон қайд шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.