Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?

0

Соли равон дар кишвар ба маблағи 3 млрд сомонӣ сохтмони 300 километр роҳҳои мошингарди таъиноти байнулмилалӣ ва ҷумҳурӣ оғоз мешавад. Дар ин бора рӯзи 16-уми декабри соли гузашта зимни ироаи паём ба парлумон президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон хабар дод.

Соли 2026 дар Тоҷикистон роҳҳои зерин сохта мешаванд:

Ваҳдат – Обигарм – 70 км

Гулистон – Кӯлоб – 33 км

Хоруғ – Роштқалъа – 39 км

Мурғоб – Кулма – 67 км

Балҷувон – Сарихосор  – 55 км

Хистеварз – Конибодом – 10 км

Роҳҳои убуркунандаи шаҳри Кӯлоб – 11 км

Дар роҳи Лабиҷар – Сангвор 5 пули мошингузар сохта мешаванд, ки ба қатори ҳамин лоиҳаҳои сохтмон шомиланд.

Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумати ҷумҳурӣ дастур дод, ки оид ба таъмиру навсозӣ ва “ба шароити муосири хидматрасонӣ” мутобиқ гардонидани фурудгоҳҳои Душанбе, Бохтар ва Кӯлоб тадбирҳои зарурӣ андешанд.

“Моро лозим аст, ки фурудгоҳҳоро ба талаботи замона мутобиқ созем”, – гуфт ӯ аз ҷумла.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2026

0

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1938 –  Нахустин намоишномаи миллии театри мусиқии тоҷик – “Лола” намоиш дода шуд.

Соли 1965 – Ноҳияҳои Вахш ва Комсомолобод (феълан Нуробод) ташкил шуданд.

Соли 2006 – Аз колонияи ислоҳӣ ва меҳнатии №19-и шаҳри Хуҷанд ду маҳбус фирор карданд.

Соли 2010 – Дар Тоҷикистон маъракаи оммавии фурӯши саҳмияҳои ҶСК “НБО-и Роғун” оғоз гардид.

Соли 2014 – ҶСК “Спитамен Бонк” таъсис ёфт.

Соли 2019 – Ҳукумат Вазорати молияро вазифадор кард, ки дар сомонаи расмии худ ҳар семоҳа маълумот дар бораи иҷрои буҷети давлатиро нашр кунад.

Соли 2021 – Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) намунаи санади суғуртаи ҳатмии масъулияти шаҳрвандии моликони воситаҳои нақлиётро тасдиқ кард.

Соли 2022 – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи эълон намудани солҳои 2022-2026 ҳамчун “Солҳои рушди саноат” фармон имзо кард.

Соли 2022 – Вазорати корҳои хориҷии кишвар гуфт, Тоҷикистон дар амалиёти СААД дар Қазоқистон иштирок мекунад.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1883 – Зодрӯзи Ҷуброн Халил Ҷуброн, яке аз нависандагони овозадори араб.

Ӯ соли 1883 дар Лубнон ба дунё омад. Ҷуброн Халил чун сарояндаи назму наср ба забонҳои арабиву англисӣ шинохта шуда, асарҳои ӯ, аз ҷумла “Арӯсҳои марғзор”, “Ошӯбгарон”, “Болҳои шикаста”, “Ҳайрат ва муҷиза”, “Исо – зодаи одам” дар ҷаҳон маъруф гардидаанд.

Соли 1931 бар асари бемории сил дар авҷи камолоти эҷодӣ аз олам даргузашт.

Соли 1929 – Мавлуди Неъматулло Усмонов, академики тоҷик, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ӯ солҳо дар Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №1 шаҳри Сталинобод (Душанбеи ҳозира) фаъолият карда, баъдан дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино мудири кафедраи ҷарроҳӣ ва профессори ин донишгоҳ буд.

Неъматулло Усмонов муаллифи беш аз 410 асару мақолаи илмӣ, аз ҷумла 8 монография, 13 дастури таълимию методӣ аст.

Ӯ 7 декабри соли 2012 дар Душанбе аз олам даргузашт.

Соли 1937 – Зодрӯзи Мукаррама Камолова, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Мукаррама Камолова духтари дирижёр Аъзам Камолов буда, бо иҷрои нақши Зайнаб дар филми “Ҳасани аробакаш” маъруф гардидааст. Ӯ инчунин дар филми “Ситораи Улуғбек”-и “Ӯзбекфилм” нақши Нисоро иҷро кардааст.

Ӯ хатмкардаи студияи миллии Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарский (ГИТИС) буда, Ҳунарпешаи театри мазҳакаи мусикии ба номи А. С. Пушкини ш. Ленинобод ва ҳунарпешаи Театри давлатии академии ба номи А.Лоҳутӣ аст.

Беҳтарин нақшҳои офаридаи ҳунарпеша дар саҳнаи театр Любов Гордеевна дар “Камбағалӣ айб нест”, Клариче дар “Шоҳ гавазн”, Гулнор дар “Дохунда”, Гурдофарид дар “Рустам ва Суҳроб”, Садорат “Хатро ман навишта будам” аст.

Дар синамо бошад дар филми “Ҳасани аробакаш” нақши Зайнаб ва “Ситораи Улуғбек”-и “Ӯзбекфилм” нақши Нисоро иҷро кардааст.

Ӯ соли 1994 дар синни 57 даргузашт.

Соли 1945 – Зодрӯзи Раҳматҷон Охунов, кимиёдон, доктори илмҳои химия.

Соли 1962 – Зодрӯзи Шермуҳаммади Шоҳиён, муовини раиси парлумон, раиси пешини Додгоҳи олии Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Шермуҳаммади Шоҳиён

Шермуҳаммади Шоҳиён аз мансабдорони саршиноси кишвар буда, солҳо дар вазифаҳои баланди идорӣ ва сохторҳои қудратӣ фаъолият дошт. Ӯ ҳоло вакили парлумон ва муовини раиси Маҷлиси намояндагони кишвар аст ва пеш аз ин ду панҷсола Додгоҳи олии кишварро роҳбарӣ кардааст. 

Ӯ фаъолияти худро соли 1984 ҳамчун муфаттиш оғоз карда, додраси шаҳру навоҳии Ёвону Норак ва вилояти Хатлон буд. Сипас аз соли 1994 муддате муовини вазири адлияи Тоҷикистон ва аз соли 2000 то 2006 мушовири давлатии президенти Тоҷикистон буд.

Бояд гуфт, ӯ солҳои 1997-2000 узви Комиссияи оштии миллӣ будааст. Аз соли 2006 то 2010 раиси Шўрои адлияи Тоҷикистон буд. Ниҳоде, ки дертар барҳам хӯрд.

Шермуҳаммади Шоҳиён соли 2010 вориди парлумон шуд ва муддати кутоҳе раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният ва солҳои 2011-2015 раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон буд.

Соли 2015 ӯ раиси Додгоҳи олии кишвар таъин шуда, ду панҷсола ин маснадро нигоҳ дошт ва ахиран моҳи январи соли 2025 аз ин вазифа бозхонд шуд. Аз моҳи марти соли 2025 муовини якуми раиси Маҷлиси намояндагон аст.

Бар иловаи фаъолият дар идороти давлатӣ, Шермуҳаммади Шоҳиён ҳамчунин, ба парвариш ва нигоҳубинӣ асп рағбат дорад ва аспҳои ӯ дар мусобиқаҳои аспдавонӣ ҷойҳои ифтихорӣ гирифтаанд. Аз ҷумла, соли 2020 аспи Шоҳиён дар мусобиқаи бузкашӣ дар Панҷакент ғолиб омада, ҷойизаи асосӣ – мошинро соҳиб шуда буд.

Соли 1966 – Мавлуди Шарифи Мисайзод, рӯзноманигор, муҷрии барномаҳои радиоӣ, шоир ва нависандаи тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Шарифи Мисайзод

Шарифи Мисайзод дар давраи пурошӯби ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба майдони журналистика қадам ниҳод ва яке аз масъулин ва ровиёни барномаи маъруфи “Хоки Ватан” буд. Бо таъсиси радиои “Садои Душанбе” дар соли 1999 то вопасин лаҳзаҳои умр, соли 2016 дар ҳамин радио фаъолият кардааст.

Ӯ аввалин рӯзноманигор аст, ки дар радио гузориши мустақими телефониро ба роҳ монд. Ҳамчунин аз даврони донишҷӯӣ бо тахаллуси “Шайдо” шеър менавишт. Ҳамзамон аз ӯ хушгӯиҳои зиёде ҳам ба ёдгор мондаанд.

Шарифи Мисайзод худ хатмкардаи шӯъбаи рӯзноманигории факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар соли 1990 буда, фаъолияташро соли 1992 аз идораи ахбори Радиои Тоҷикистон шурӯъ кардааст.

Ӯ субҳи 16-уми июни соли 2016 дар синни 50 бар асари бемории қалб даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Соли 1838 ихтироъкори амрикоӣ Самуэл Морзе бори аввал дастгоҳи телеграфии худро ба маърази тамошои умум гузошт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ин рӯйдод дар шаҳри Морристауни иёлати Ню Ҷерсии ИМА сурат гирифт. Ихтирои Морзе қадами бузург дар пешрафти иртиботот буд, ки тавонист паёмҳоро дар масофаҳои дароз бо истифода аз сигналҳои барқӣ интиқол диҳад.

Имрӯз ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии кӯдакони дар ҷанг ятимшуда таҷлил мегардад. Ин рӯз бо ибтикори созмони башардӯстонаи фаронсавии "SOS Enfants en Detresse" муқаррар гардидааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Тибқи гузориши "Ҷанг бар зидди кӯдакон"аз тарафи созмони "Save the Children" (Кӯдаконро ҳифз кунед) ҳар шашум кӯдак дар ҷаҳон дар минтақаи низоъҳои мусаллаҳона зиндагӣ мекунад.

Мақсади ин рӯз ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин масоил аст. Даҳҳо ҳазор духтарон ва писарон дар кишварҳои ҷангзада қурбон шуда, аз тарафи гурӯҳҳои мусаллаҳ барои истифода ҳамчун сарбоз рабуда мешаванд. Савдои кӯдакон барои интиқол ба ғуломии ҷинсӣ, гирифтани узвҳои дохилӣ барои трансплантатсия аз воқеиятҳои сахти ҳар як ҷанг мебошанд.

Ҳамсоал, 6-уми январ Рӯзи дарахти себ таҷлил мегардад. Ин сана бо ҷашнҳои Соли нав ва Мавлуди Исо рост меояд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дарахти мевадиҳандаи себ 8500 сол инҷониб аз тарафи инсонҳо парвариш меёбад. Яке аз афсонаҳои маъруфи Юнони қадим, супоридани себи тиллоӣ ба худои Афродита бо навиштаҷоти “Зеботарин” мебошад. Ин рӯйдод сабаби оғози ҷанги Троя шуда буд. Ибораи “себи ихтилоф”, ки таърихнигори римӣ – Юстин истифода бурдааст, ишора ба чизи ночиз ё рӯйдодест, ки метавонад оқибатҳои бузург ва харобиовар дошта бошад.

Имрӯз масеҳиён шаби арафаи Мавлуди Исои Масеро ҷашн мегиранд. Дар ин шаб кулчаҳои махсуси ҷашнӣ аз донаҳои гандум ё ҷави дар об таршуда омода мекарданд, ки ба он шираи донаи офтобпараст, хардал ва чормағз меафзуданд. Навъи дигари кулчаҳо чун чашмак сӯрохӣ дошта, барои пешгӯӣ кардан кор бурда мешуданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Бо фаро расидани ин шаб рӯзаи бузурги Мавлуди Исо барои пайравонаш ба поён мерасид. Рӯза то ибодати шомгоҳӣ идома меёфт. Истеъмоли ғизо бо зуҳури ситораи аввал, ситораи Вифлеҳем, ки таваллуди Исо Масеҳро ба чӯпонҳо башорат дода буд, оғоз мешуд

 

ВАЗЪИ ҲАВО

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1º, рӯзона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12º сард, рӯзона -3+2º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1º, рӯзона 6+11º гарм,  дар  доманакӯҳҳо шабона 0-5º сард,  рӯзона 1+6º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5º сард, рӯзона 5+10º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 14-16º сард, рӯзона -4+1º.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 9-14º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 3-5º сард, рӯзона -2+3º, дар шарқи вилоят шабона 22-27º сард, дар баъзе минтақаҳо то 47-49º сард, рӯзона 7-12º сард, дар баъзе минтақаҳо то 17-19º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона 0-2º сард,  рӯзона 8+10º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона -1+1º, рӯзона 4+6º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона -1+1º, рӯзона 8+10º гарм. 

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 9-11º сард, рӯзона 1+3º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Бо нерӯ ва фарогирӣ касро ба ҳайрат меорад”. Чаро пурҷоизатарин филми тоҷикӣ – “Дов”-ро бояд тамошо кард?

0

Филми ҳунарии “Дов”, ки бо сайри ҷаҳонии худ наздики 30 ҷоизаи байналмилалӣ ба даст овард, акнун барои ҳама ҳаводорони синамо дастрас шуд. Муҳиддини Музаффар, коргардони он мегӯяд, ки ин филм дар пойгоҳи “Оила ТВ” мунташир шудааст ва акнун ҳар як бинанда метавонад онро дар дастгоҳи худ тамошо кунад. Аммо чаро маҳз ин филмро бояд тамошо кард? Мо 7 далелеро гирд овардем, ки арзиши баланди ҳунарӣ ва таърихии ин асарро собит мекунанд.

 

Дебочаи филми “Дов”

Филми ҳунарии “Дов” моҳҳои апрел-майи соли 2021 дар шаҳрҳои Конибодом ва Исфара наворбардорӣ шудааст. Филм дар бораи ду рафиқ – Қаҳҳор (Абдумуъмин Шарифӣ) ва Маннон (Салоҳиддин Шукурзода) қисса мекунад, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, дар солҳои 90-ум барои таъмини зиндагӣ ба ғайр аз касби худ, роҳҳи дигари даромадро ҷӯё мешаванд.

Дар ин миён, яке аз рафиқон соҳиби лоторея мешавад ва ба ивази маблағ ба дӯсташ медиҳад. Филм атрофи ҳамин дов ё омад дар лоторея давр мезанад, ки он оқибат дӯстии ин ду нафарро барҳам мезанад. Бо гузашти вақт ҳарду хатогии якдигарро дарк мекунанд, вале барои пушаймонӣ дер шуда буд…

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

1. Қиссаи пурдарди солҳои 90-и Тоҷикистон​​​​​​​

Филм бинандаро ба соли 1993 – замони ҳассоси пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ мебарад. Ин на танҳо як драма, балки бозсозии дақиқи таърихист, ки рӯзгори сахти мардум ва инқирози иқтисодию иҷтимоиро инъикос мекунад. Қиссаи ду сароянда, ки маҷбур мешаванд пешаи худро ба коргари оддии завод иваз кунанд, фоҷиаи як наслро нишон медиҳад.

 

2. Имтиҳони дӯстӣ ва ойини рафоқат​​​​​​​

Мавзӯи марказии филм – таносуби миёни нафс ва рафоқат аст. Бурди як мошин дар лотерея дӯстии чандинсолаи Қаҳҳор ва Маннонро ба чолиш мекашад. “Дов” ба бинанда мефаҳмонад, ки дар лаҳзаҳои буҳронӣ чӣ гуна як бозӣ метавонад чеҳраи аслии инсонро ошкор созад ва собит мекунад, ки ҳеҷ сарвате ҷои оромии виҷдон ва дӯстии ҳақиқиро гирифта наметавонад.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

3. Маҳорати баланди ҳунарпешагони шинохта​​​​​​​

Бозигарии ҳунармандони шинохтаву номдор арзиши ҳунарии филмро боло бурдааст. Нақшҳои марказиро Абдумуъмин Шарифӣ ва Салоҳиддин Шукурзода офаридаанд, ки дар дастикам 4 ҷашнвораи байналмилалӣ ҷоизаи “Беҳтарин ҳунарпеша”-ро сазовор шуданд. Инчунин, иштироки устодони саҳна ба мисли Баҳодур Миралибеков, Исфандиёр Ғуломов, Сӯҳроб Ҷанҷолов ва Мавлона Наҷмидинова ба филм ҳусни дигар бахшидааст.

 

4. Миқёси камсобиқаи наворбардорӣ​​​​​​​

Барои эҷоди фазои соли 1993 тими эҷодӣ заҳмати азим кашидааст:

– дар саҳнаҳои оммавӣ зиёда аз 5 ҳазор кас иштирок кардаанд.

– зиёда аз 3 ҳазор либоси замони шӯравӣ истифода шудааст.

Аз ҳама тааҷҷубовараш, истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Конибодом бо маҳорати баланди рассомон ба фурудгоҳи байналмилалии “Шереметево”-и шаҳри Маскав табдил дода шудааст, ки дар синамои тоҷик собиқа надорад.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

5. Васфи мунаққидон

Синамошиносони сатҳи ҷаҳонӣ филми “Дов”-ро ҳамчун падидаи нав дар синамои Осиёи Марказӣ қабул карданд. Академик Сергей Лаврентев, синамошиноси машҳури рус, дар тақризи худ бо номи “Шодиҳои ногаҳонӣ” менависад: “Ин фоҷиаи хурд, ки дар як деҳаи Тоҷикистон рух медиҳад, бо қудрату нерӯ ва фарогирии худ касро ба ҳайрат оварда, то миқёсҳои шекспирӣ қад мекашад”.

Профессор Саъдулло Раҳимов, синамошиноси маъруфи тоҷик гуфтааст, ки Муҳиддин Музаффар барои дар пардаи синамо тасвир кардани замони шӯравӣ муваффақ шудааст, тавонистааст “дар ҷузъ куллро нишон диҳад” ва “рӯзгори умумибашариро тавассути тақдири миллӣ” инъикос намояд.

“Ман гиристам дар саҳнаҳои охирини филм аз дардҳои қаҳрамонон, хусусан аз дардҳои Қаҳҳор. Филм дили маро гарм кард бо парастиши арзишҳои оддӣ ва асили башардӯстона. Ман дарёфтам ва аз он хушнудам, ки бо ин ҳама тазоду рамзҳо Муҳиддин огоҳ ва шарик будани худро бо ғаму шодиҳои миллат бе ҳеҷ худнамоӣ собит кардааст”, – гуфтааст Саъдулло Раҳимов.

Барзу Абдураззоқов, коргардони номвари тоҷик дар бораи коргардон ва филми офаридаи ӯ гуфтааст, “иродаи мустаҳкам ва асаби фӯлодин, ноумед нашудан, эътимод ба худ ва тим” варо комёб кардааст.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

6. Пурҷоизатарин филми тоҷикӣ​​​​​​​

Аз соли 2022 то имрӯз "Дов" дар беш аз 33 ҷашнвораи байналмилалӣ иштирок карда, дар Шарқу Ғарб соҳиби 27 ҷоиза шудааст. Аз ҷумла, “Беҳтарин коргардон” – ҷашнвораи “Нахустнамоиши Маскав” (2023), “Гран-при” (Беҳтарин филм) – ҷашнвораи “Шарқ & Ғарб” (Оренбург), “Беҳтарин филмнома” – ҷашнвораи синамои мусалмонии Қазон (2023), “Беҳтарин нақши мардона” ва “Беҳтарин филмнома” – ҷашнвораи “Авруосиё Кинофест” (Маскав, 2024), дипломи “Барои ҳақиқати равшан” – ҷашнвораи “Premio Felix” (Милан, Италия) муҳимтарин дастовардҳои “Дов” аст.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

7. “Дов” дар дастраси ҳама ҳаводорони синамо​​​​​​​

Акнун барои тамошои ин шоҳкор лозим нест, ки мунтазири намоиш дар кинотеатрҳо бошед. Филми “Дов” дар пойгоҳи “Оила ТВ” дастрас аст. Ин имкон медиҳад, ки ҳар як тоҷикистонӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ин асари пурарзишро бо сифати баланд дар телефону компютери худ тамошо кунад ва бори дигар аз ҳунари филмофарии миллӣ ифтихор намояд.

Акнун ҳар шахсе, ки замимаи “Оила ТВ”-ро дорад, филми “Дов”-ро дида метавонад. Ин пойгоҳ барои бархе ширкатҳои мобилӣ ройгон аст ва барои бархеи дигар бо пардохти маблағи рӯзона ё моҳона дастрас мешавад. Бо ин пайванд – https://onelink.to/oilatv19 “Оила ТВ”-ро боргирӣ ва “Дов”-ро тамошо карда метавонед.

Ёдовар мешавем, ки пас аз муваффақияти  филми “Дов”, коргардони он моҳи ноябри соли 2023 коргоҳи филмбардории киностудияи “Довфилм”-ро таъсис дод. Ва ҳоло ба таҳияи филмҳои дигар машғул аст. Аз ҷумла, филми ахиран таҳиякардаи ӯ – “Моҳӣ дар шаст” низ хеле муваффақ буд ва аз тамошобобтарин филмҳои минтақа дониста мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Тоҷикистон ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ гуфтааст, ки чаро Владимир Путинро боздошт накард

0

Ҳукумати Тоҷикистон ба дархости Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ дар робита ба боздошт накардани Владимир Путин, раисҷумҳури Русия зимни сафараш ба Тоҷикистон посухи расмӣ ирсол кардааст.

Аз ҷумла гуфтааст, ки тибқи созишномаи дуҷонибаи ҳамкорӣ бо Русия дар бахши адлия, мақомоти баландпояи ду тараф аз масуният бархурдоранд ва ҳукумати Тоҷикистон бе ризояти худи Русия ҳеч яке аз ин мақомҳои баландпояро дастгир карда наметавонад.

Владимир Путин рӯзи 8-12-уми октябри соли гузашта бо як сафари давлатӣ ва ширкат дар нишасти сарони кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) дар Душанбе қарор дошт. Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ дар Гаага моҳи марти соли 2023 қарори боздошти президенти Русияро баровард. Ӯ ба ихроҷ ва кӯчонидани иҷбории сокинон, аз ҷумла кӯдакон аз минтақаҳои ишғолшудаи Украина гумонбар аст.

Ба навиштаи Радиои Озодӣ, дар посухи ҳукумати Тоҷикистон, ки рӯзи 25-уми сентябри соли гузашта ба Додгоҳи байналмилалӣ ирсол шудааст, ваҷҳи дипломатии дигар ин будааст, ки “Русия узви ин додгоҳ  нест ва масунияти Владимир Путин ҳамчун раҳбари давлат ҳифз мешавад. Барои ҳамин, ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, амалкарди кишвар адами ҳамкорӣ бо додгоҳ шумурда намешавад”.

Ин расона навиштааст, ки Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ рӯзи 2-уми майи соли 2023 дархости расмиро барои боздошти Владимир Путин ба Тоҷикистон фиристодааст. Мақомоти Тоҷикистон ҳам рӯзи 30-уми май тасдиқ кардаанд, ки дархостро гирифтаанд.

Ҳамчунин, дар қарори додгоҳ аз моҳи ноябр соли гузашта аз ҳукумати Тоҷикистон талаб шудааст, ки то рӯзи 3-уми декабр, “тавзеҳоти иловагии худро” дар бораи дастгир накардани Владимир Путин пешниҳод кунад. Ҳамчунин, котиботи додгоҳ барои иҷрои амри боздошти Владимир Путин бо мақомоти Тоҷикистон чанд бор тамос гирифтаанд ва ҳатто мулоқотҳои ҳузурӣ анҷом додаанд.

Тоҷикистон соли 2002 созишномаи ҳамкорӣ бо Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ, ки бо номи “Созишномаи Рим” маъруф аст, имзо кардааст, уҳдадор аст, ки амрҳои ин додгоҳро иҷро кунад.

Додгоҳи мазкур ҷиноятҳои мудҳиш, аз ҷумла ҷиноят алайҳи башарият, ба мисли наслкушӣ ва азобу шиканҷа ва қатлу куштору таҷовузро таҳқиқ ва гунаҳкоронашро ба ҷавобгарӣ мекашад.

Радиои Озодӣ менависад, ки “дархости шарҳи боздошт накардани Владимир Путин фақат аз Тоҷикистон нест, балки аз кишварҳои дигари ҳамсоя ба мисли Қирғизистон, Қазоқистону Туркманистон буда метавонад, ки охири соли гузашта Владимир Путинро мизбонӣ карданд”.

Дар ҳамин ҳол, Владимир Путин соли гузашта ба Муғулистон, кишвари дигари узви ин Додгоҳ сафар карда буд. Маълум нест, ки Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ аз ин кишвар низ дархости шарҳи расмии боздошт накардани Путинро хостааст ё не.

Мақомоти расмии Тоҷикистон то ҳол дар робита ба ин изҳори назари Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ вокуниш накардаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Пермро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд

0

Идораи Хадамоти федералии амнияти Русия (ФСБ) дар вилояти Перм аз ихроҷи “як зодаи Осиёи Марказӣ” бо гумони “содир кардани амалҳое, ки ба амнияти Русия таҳдид мекунанд", хабар додааст. 

Ҳарчанд ин ниҳод дар мавриди нафари ихроҷшуда иттилои бештаре надодааст, вале расонаҳои русӣ, аз ҷумла, “Коммерсант”, рӯзи 30-юми декабр навиштааст, ки ин фард Сайфиддин Одинаев, раиси ҷамъият ё диаспораи тоҷикон дар вилояти Перми Русия ва зодаи Тоҷикистон аст.

Ин ниҳод ҳамчунин, гуфтааст, ки ӯ аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва вурудаш ба муддати 50 сол ба ин кишвар манъ шудааст.

Мақомоти Русия мушаххас нагуфтаанд, ки кадом амалҳои ӯ “ба амнияти Русия таҳдид мекунанд”, ки боиси аз шаҳрвандӣ маҳрум ва аз Русия ихроҷ шуданаш гардид.

Назари Одинаев дар робита ба ин қазия маълум нест.

Ба навиштаи расонаҳои Русия, Сайфиддин Одинаев соли 2014 бо иттиҳоми “роҳзанӣ” 11 моҳ ҳабс шудааст. Ӯ ба он муттаҳам мешуд, ки аз як ҳамватани худ талаб кард, ки телефони мобилиро ба ӯ диҳад ва вақте ки посухи рад гирифт, аз дасти ҷабрдида телефонро бо зӯрӣ гирифт. Бо назардошти мӯҳлати боздошти пешакӣ, ӯ тақрибан се моҳ дар ҳабс буд.

Маълум нест, ки худи ӯ дар ин маврид чӣ назар дорад. 

Ин бори аввал нест, ки як роҳбари ҷамъияти тоҷикон дар Русия аз шаҳрвандӣ маҳрум ва аз ин кишвавр ихроҷ мешаванд. Аз ҷумла, Русия соли 2017 Каромат Шарипов, роҳбари ҳаракати умумирусиягии "Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” аз ин кишвар ихроҷ ва шаҳрвандиашро бекор карда буд.

Ӯ баъд аз як рӯзи қабули ҳукми Додгоҳи Маскав ба Тоҷикистон баргашт. Додгоҳ Шариповро ба он гунаҳкор кард, ки шаҳрвандии Русияро ғайриқонунӣ ба даст овардааст. Худи ӯ гуфта буд, ки ихроҷаш фармоишӣ аст ва  “фаъолияти густардаи ӯ дар самти ҳимояи муҳоҷирон ба ихроҷаш аз Русия сабаб шудааст”.

Дар солҳои охир, Каромат Шарипов дар зодгоҳаш шаҳри Ваҳдат зиндагӣ мекард. Ӯ 9-уми майи соли 2020 аз сактаи қалб даргузашт.

Ҳамчунин, дар соли 2021, Иззат Амон, раиси Маркази тоҷикон дар Русия ба "фаъолияти ғайриқонунӣ" гунаҳкор ва бо қарори Додгоҳи ноҳияи Твери шаҳри Маскав аз ин кишвар ихроҷ шуд.

Иззат Амон рӯзи 25-уми март дар Русия нопадид шуд ва баъдан ВКД Тоҷикистон гуфт, ӯро дар Душанбе боздошт ва алайҳи ӯ бо гумони "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" (қисми чаҳори моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ) парванда боз кардааст. Ӯ аввал бо ин модда 9 сол ва як сол пас, бо иттиҳоми "қаллобӣ" 6 соли дигар зиндон шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Паём ба Чину Русияву Эрон ва таҳдид ба низоми ҷаҳон”. Рабудани раисҷумҳури Венесуэла аз сӯйи Амрико чӣ паёмад дорад?

0

Имрӯз Николас Мадуро, раисҷумҳури Венесуэла, ки ду рӯз пеш аз сӯйи нерӯҳои вижаи Амрико рабуда шуд, дар додгоҳи федералии Ню-Йорк рӯбарӯи додрас қарор хоҳад гирифт ва алайҳаш иттиҳоми расмӣ эълон хоҳад шуд. Коршиносон рабудани раисҷумҳури як кишвар ва ба додгоҳ кашидани ӯ аз сӯйи Амрикоро “намоиши қудрат” ва “паём ба Чину Русияву Эрон” унвон карда, аз он нигаронанд, ки ин амал “низоми оламро барҳам мезанад”.

 

Раисҷумҳури Венесуэла чӣ гуна рабуда шуд?

ВВС менависад, ки Хадамоти марказии иктишофии ИМА (CIA) аз моҳи август ҳаракатҳои Мадуроро пайгирӣ мекард ва ҳатто нусхаи пурра аз “хона-қалъаи” ӯ дар Каракасро барои машқҳои нерӯҳои вижа сохта буданд.

Шаби 2 ба 3-юми январ беш аз 150 ҳавопаймои ҷангӣ ва ёридиҳанда аз 20 пойгоҳи гуногуни ИМА ва киштиҳои баҳрӣ ба Венесуэла ворид шуда, ҳамзамон ба пойгоҳҳои низомӣ ва дифои ҳавоии ин кишвар зарба заданд, дар ҳоле ки гурӯҳҳои вижаи нерӯҳои ИМА (Delta Force) бо чархбол ба наздикии қароргоҳи Мадуро фуруд омаданд.

Ба навиштаи ВВС, баъди даргирии кӯтоҳи мусаллаҳона, нерӯҳои вижа аз деворҳо ва роҳҳои зеризаминии хонаи Мадуро гузашта, ӯ ва ҳамсараш Силия Флоресро дастгир карда, бо чархбол “то ҷойи амн” интиқол доданд.

Трамп баъдан дар Truth Social аксеро нашр кард, ки дар он Мадуро бо либоси варзишӣ ва дасту чашмони баста, “дар киштии USS Iwo Jima” тасвир шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Даромадгоҳи Боздоштгоҳе, ки Мадуро ва ҳамсараш дар он ҷо нигоҳ дошта мешаванд.

 

Муовини Мадуро раисҷумҳури муваққати Венесуэла

Додгоҳи олии Венесуэла Делси Родригес, муовини Николас Мадуро, раисҷумҳури рабудашудаи ин кишварро раҳбари муваққатии Венесуэла таъин кардааст.

Ба гузориши расонаҳо, ин ниҳод рӯзи 3-юми январ гуфтааст, ки таъйини Родригес ба ин мақом “барои таъмини пайвастагии идорӣ ва дифои ҳамаҷонибаи миллат” муҳим аст.

Родригес қаблан ҳамлаи Амрико ба Венесуэларо “таҷовузи мусаллаҳона” хонда, онро маҳкум карда буд. Ӯ гуфта буд, ки ҳукумати феълии кишвараш омодаи дифоъ аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Делси Родригес, муовини Николас Мадуро, раисҷумҳури рабудашудаи ин кишвар

 

Трамп аз “амалиёти низомии муваффақ” гуфт

Ба навиштаи Ройтерз, Доналд Трамп дар нишасти матбуотии 3-юми январ эълон кард, ки “Иёлоти Муттаҳида ҳоло Венесуэларо идора мекунад ва то як гузариши амну одилона ба ин кишвари зулмзада роҳнамоӣ хоҳад кард”.

Ӯ гуфт, “амалиёти низомӣ муваффақ ва беназир” буд, дигар “диктатори фосид ва наркоторрорист аз қудрат дур карда шуд” ва ҳоло “бо адолати амрикоӣ рӯбарӯ мешавад”.

Трамп афзуд, ки ширкатҳои бузурги нафтии амрикоӣ барои “таъмиру барқарор кардани инфрасохтори вайроншудаи нафтӣ” миллиардҳо доллар сармоя мегузоранд, ки ин, ба гуфтаи ӯ, “ҳам ба ширкатҳо ва ҳам ба мардуми Венесуэла манфиат меорад”.

 

Айбҳое, ки Додситони кулли ИМА эълон кард

Ба иттилои ВВС, NPR ва CBS, Додситони кулли ИМА Пэм Бонди навишт, ки алайҳи Николас Мадуро ва Силия Флорес айб эълон шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, Мадуро ба фурӯши маводи мухаддир, воридоти кокаин ва хариду фурӯши аслиҳа алайҳи Амрико муттаҳам мешавад. Аммо ӯ дақиқ нагуфт, ки алайҳи зани раисҷумҳури Венесуэла чӣ айб эълон гардидааст.

Дар ҳамин ҳол, CBC менависад, Силия Флоресро низ ба иштирок ва баҳраварӣ аз қочоқу фасод муттаҳам шудааст.

 

Муҳокима имрӯз чӣ гуна ва дар куҷо мегузарад?​​​​​​​

Расонаҳо менависанд, ки имрӯз, 5-уми январ, Мадуро ва эҳтимолан Силия Флорес дар Додгоҳи федералии ноҳияи Манҳеттени шаҳри Ню-Йорк дар назди додрас ҳозир мешаванд. Онҳо расман бо айбнома шинос мешаванд ва ба он посух мегӯянд.

Мурофиа ҳудуди соати 12:00-и рӯз ба вақти маҳаллӣ (соати 22:00 ба вақти Душанбе) баргузор мешавад ва ба эҳтимоли зиёд, алайҳи раисҷумҳур ва ҳамсараш ҳабси пешакӣ эълон мешавад. Мадуро ҳоло дар боздоштгоҳи федералии “Metropolitan Detention Center” дар Бруклин нигаҳдорӣ мешавад.

 

Вокунишҳои давлатҳо ва созмонҳо​​​​​​​

Рабудани раисҷумҳури Венесуэла мавҷи нигарониҳои давлатҳо ва созмонҳои байналмилалиро дар пай дошт. Ба навиштаи ВВС, Чин ин ҳодисаро “нақзи фаҳши соҳибихтиёрӣ ва қонунҳои байналмилалӣ” хонда, талаб кард, ки ИМА “фавран амалиёти низомиашро қатъ кунад”.

Вазорати корҳои хориҷии Русия ин амалро “таҷовузи мусаллаҳона” нисбат ба Венесуэла номида, гуфт, “ин боиси нигаронӣ ва маҳкумияти амиқ шудааст”.

“Баҳонаҳое, ки барои сафед кардани чунин амалҳо оварда шудаанд, беасосанд. Душмании идеологӣ бар мулоҳизаҳои амалӣ, инчунин бар омодагӣ барои бунёди муносибатҳо бар асоси эътимод ғолиб омадааст”, – зикр шудааст дар изҳороти ВКХ Русия.

Эрон ҳамларо “таҷовузи ошкор” ва “нақзи ошкори соҳибихтиёрӣ” унвон карда, аз кишварҳои минтақаи Амрикои Лотинӣ хост, ки муқобили ИМА мавқеи мушаххас гиранд.

Луис Инасиу Лула да Силва, раисҷумҳури Бразилия ҳамлаи ИМА ба Венесуэларо маҳкум карда, гуфтааст, ки “ҳамлаи якҷонибаи ИМА ба ҳамсоя” метавонад тамоми минтақаи Амрикои Ҷанубиро ба гирдоби ноустуворӣ кашад.

Пас аз ҳамлаи ИМА ба Венесуэла, аксари давлатҳои аврупоӣ, бидуни он ки Вашингтонро ба таври мушаххас нақд ва ин амалро маҳкум кунанд, асосан хостори эҳтиром ба қонунҳои байналмилалӣ шуданд.

Аз ҷумла, Жан-Ноэл Барро, вазири корҳои хориҷии Фаронса гуфт, ки ИМА “принсипи истифода накардани зӯровариро, ки асоси қонунҳои байналмилалиро ташкил медиҳад, поймол кардааст”.

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар пайи ин ҳодиса “нигаронии амиқ” баён карда, хостааст, ки “ҳамаи тарафҳо аз истифодаи зӯр худдорӣ кунанд” ва ба соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Венесуэла эҳтиром гузоранд.

Дар айни замон, чанд кишвар – аз ҷумла Русия, Чин, Эрон ва Бразилия – даъват ба ҷаласаи изтирории Шӯрои амният карданд. Имрӯз бояд ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ баргузор шавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Эътироз алайҳи рабудани Мадуро

 

Шарҳи коршиносон ва паёмадҳо​​​​​​​

Селест Камётек, коршиноси ҳуқуқи байналмилалӣ ба хабаргузории Al Jazeera гуфтааст, ки зарбаҳои ҳавоӣ ва рабудани раисҷумҳури дар сари қудрат буда амали “берун аз чорчӯби ҳуқуқи байналмилалӣ” аст.

Ба гуфтаи ӯ, ИМА агар ба ҳуқуқи байналмилал эҳтиром мегузошт ва онро риоят мекард, мебоист ризоияти СММ-ро гирад, дар ғайри сурат, ҳар гуна амалкард ғайриқонунӣ ва нақзи ҳуқуқи байналмилалист.

Клэр Финкелштейн, профессори ҳуқуқ дар Донишгоҳи Пенсилвания ба Al Jazeera ҳамлаи ИМА ба Венесуэла ва боздошти Мадуроро “амали ҷангӣ” ёд карда, гуфтааст, “ҳеҷ асосе дар ҳуқуқи байналмилалӣ барои ин иқдом вуҷуд надорад”.

“Оинномаи СММ ба ҳеҷ кишвар иҷозат намедиҳад, ки бе ҳамлаи мустақим ё иҷозати Шӯрои амнияти СММ, ба давлати дигар зарбаи низомӣ занад ва раисҷумҳури онро рабояд”, – гуфтааст Финкелштейн.

Ӯ таъкид мекунад, ки далели мубориза бо қочоқи маводи мухаддир наметавонад баёнгари “дифои худ” бошад, зеро “ҳеҷ таҳдиди фаврӣ ва мустақим вуҷуд надошт”.

Вай афзуд, ки “Мадуро ҳуқуқҳои шахсӣ низ дорад, аз ин рӯ, ин на танҳо поймол кардани соҳибихтиёрии Венесуэла, балки поймол кардани ҳуқуқҳои шахсии байналмилалии ӯ низ мебошад”.

Милена Стерио, профессори Донишгоҳи давлатии Кливленд ба Reuters гуфтааст, “ҳатто агар Мадуро масъули қочоқи баъзе маводи мухаддир ба ИМА бошад ҳам, он ҳамлаи мусаллаҳона ҳисобида намешавад ва ба ИМА иҷозат намедиҳад, ки барои дифоъ аз худ аз зӯр истифода барад”.

МЕДИА (IFRAME)

 

Александр Грей, собиқ роҳбари дастгоҳи Шӯрои амнияти миллии Кохи Сафед, ба Atlantic Council гуфтааст, ки “амалиёти ИМА дар Венесуэла паёме ба Пекин ва Маскав аст”.

Томас Уоррик,  корманди аршади Ташаббуси Амнияти Ховари Миёна дар Скоукрофт, бар ин назар аст, “барканории Мадуро мавҷҳои такондиҳандаро дар Ховари Миёна ба бор хоҳад овард ва амалиёти рӯзи шанбе бояд роҳбарияти Эронро ба ташвиш орад”.

Бар асоси таҳлили ВВС ва NPR ҳам, коршиносон мутмаинанд, ки ин амалиёт паёми мустақим ба Чин ва Русия низ мебошад: нишон додани омодагии ИМА ба истифодаи қувва барои барҳам задани низоми муттаҳидони онҳо дар нимкураи Ғарб.

Онҳо ҳушдор медиҳанд, ки чунин амалкард метавонад рақобати геополитикиро шиддат бахшида, ҳамкориҳои низомиву сиёсии Пекин ва Маскавро бо ҳукуматҳои мухолифи ИМА таҳким кунад.

Дар маҷмӯъ, ба гуфтаи коршиносон ба ВВС ва "Al Jazeera" рабудани раисҷумҳур аз хоки кишвараш ҳодисаест, ки натанҳо низоми сиёсии Венесуэларо тағйир медиҳад, балки меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалро зери суол мебарад. Ин амал метавонад “нишони қудрати ИМА” бошад, вале мухолифати ин кишвар бо Русия, Чин, Эрон ва дигар кишварҳои абарқудратро дар пай дошта метавонад. Ин амал метавонад низоми ташаккулёфта ва то ин замон пойбарҷои оламро барҳам занад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Нархи парасторӣ дар кӯдакистонҳои давлатӣ боло рафт

0

Дар пайи зиёд шудани ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки аз 1-уми январи соли 2026-ум 3 сомонӣ афзуд, нархи парастории тифлон дар кӯдакистонҳои давлатӣ низ боло рафт. Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе ва шаҳрҳои калони дигар, акнун волидайн барои нигоҳубини кӯдаконашон ба ҷойи 150 сомонӣ, 156 сомонӣ пардохт мекунанд.

Қаблан 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо 75 сомонӣ буд ва аз 1-уми январи соли 2026 он 78 сомонӣ муқаррар гардид.

Нархи парастории кӯдакон дар боғчаҳои давлатӣ дар шаҳрҳои калони кишвар – Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 156 сомонӣ муайян гардидааст.

Дар навоҳии кӯҳӣ ва дурдаст нархи нигоҳубини кӯдакон дар боғчаҳои давлатӣ 1,5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо аст. Тибқи нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли гузашта ин маблағ 112,5 сомониро ташкил медод ва тибқи нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои имсол он 117 сомонӣ хоҳад шуд.

Ин талабот ба боғчаҳои хусусӣ дахл надорад.

Қаблан аз Вазорати маориф ва илм гуфта буданд, ки тибқи қарори махсуси ҳукумати кишвар мақомоти  шаҳру навоҳии дурдаст ва кӯҳӣ метавонанд бо назардошти шароити минтақа нархи нигоҳубини кӯдакон дар боғчаҳои давлатиро каму беш кунанд.

Волидайн маблағи нигоҳубини кӯдак дар боғчаро бояд тариқи ғайринақдӣ дар портали “Хидматрасониҳои давлатӣ” пардохт ва расиди онро ба маъмурияти боғча пешниҳод кунанд.

Бояд гуфт, қаблан сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар пайи афзоиши нархи нигоҳубини кӯдакон дар боғчаҳои давлатӣ ва ҷамъоварии маблағ барои таъмири кӯдакистонҳо нигаронӣ карда, гуфта буданд, ки “бештар аз нархи муқараршуда маблағ медиҳанд”.

Қаблан Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе аз сокинон хоҳиш карда буд, ки дар сурати талаби маблағҳои иловагӣ дар кӯдакистонҳои пойтахт ба телефони боварии ин муассиса – 221-30-92 муроҷиат кунанд ва ё ба суроғаи [email protected] нома нависанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Аз Асланшоҳ Раҳматуллоев ва Кароматуллоҳи Мирзо то “Зорро” ва Шариф Назаров. Дар соли 2025 миллати тоҷик киҳоро аз даст дод?

0

Соли 2025 барои аҳли фарҳанг, санъат ва адаби тоҷик ҳамчун соли талафоти сангин сабт шуд. Дар ин сол миллат бо шахсиятҳои барҷастае чун Асланшоҳ Раҳматуллоев, Кароматуллоҳ Мирзо, Гуландом Сафаралиева видоъ кард, ки талафоти гарон барои ҷомеа ва муҳити фарҳангии кишвар маҳсуб мешавад.

“Азия-Плюс” чун анъана ба соли сипаришуда назар кард ва аз чеҳраҳои шинохтаи кишвар, ки ин сол моро тарк гуфтанд, ёд овард.

 

Фарҳангу санъат

14-уми апрел Гавҳар Мирҷумъаева, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, раққоса ва балетмейстери маъруфи тоҷик дар 83-солагӣ аз олам чашм пӯшид. Ӯ оғози солҳои 2000-ум ба Исфара кӯчида, ансамбли рақсии “Зумрад”-ро таъсис дода буд ва то охири умр сарварии онро ба дӯш дошт. 

Ҳунарпеша дар гузашта саркоргардони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва роҳбари бадеии ансамбли рақсии “Фирӯза” буда, дар чанд филми истеҳсоли “Тоҷикфилм” низ ширкат кардааст.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Гавҳар Мирҷумъаева

Охири моҳи апрел ҷомеаи кишвар аз марги Асланшоҳ Раҳматуллоев, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон талх гирист. Ӯ 27-уми апрел дар 71-солагӣ моро тарк гуфт ва 28-уми апрел дар оромгоҳи Лучоби Душанбе ба хок супурда шуд.

Асланшоҳ Раҳматуллоев на танҳо ҳунарпешаи нақшҳои фоҷеавӣ, балки яке аз ҳаҷвнигорони шинохтаи тоҷик буд. Таъбири “Аз гуноҳат гузаштам, ин сӯ гузар!”-и ӯ то имрӯз дар забони мардум зинда аст. Дӯстон ва ҳамкасбонаш аз ӯ чун тараннумгари синамо ва ҳаҷвнигори хуб ва инсони зиндадил ёд мекунанд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Асланшоҳ Раҳматуллоев

Моҳе пас, 23-юми май Саидмурод Мардонов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва ҳаҷвнигори шинохтаи кишвар дар 85-солагӣ дунёро падруд гуфт ва ӯро дар зодгоҳаш, деҳаи Дурбати шаҳри Ҳисор ба хок супориданд. Ӯ, ки дар беш аз 100 намоиши театрӣ ва 150 намоиши телевизионӣ нақш офаридааст, аз ҳаҷвнигорони шинохта низ дониста мешуд ва аксаран бо Убайдулло Раҷабов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва шинохтатарин ҳаҷвнигори тоҷик, нақшофарӣ мекард.

Ӯ дар намоишҳои маъруфи театри тоҷик, аз ҷумла “Табиби зӯракӣ”, “Дарди бадро давои бад”, “Дил дили Зайнаб”, “Интихоби домод”, “Садо аз тобут”, “Исёни арӯсон” ва филмҳои телевизионии “Як тиру ду нишон”, “Зумрад”, “Шикори охирин”, “Санам”, “Марги бегуноҳ” нақш офаридааст.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Саидмурод Мардонов

Поёни моҳи июн Шарофат Ёрова, яке аз ҳунарпешаҳои шинохтаи кишвар дар 87-солагӣ аз олам даргузашт. Ӯ беш аз 50 сол дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ ҳунарнамоӣ карда, дар намоишномаҳои зиёде, мисли “Исёни арӯсон”, “Келини ғилдирак” ва “Панҷ зани Афандӣ” нақш офаридааст.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Шарофат Ёрова

Ҳафтае пас, 7-уми июл Тамара Абдушукурова, ҳунарпешаву коргардони тоҷик ва вазири пешини фарҳанги Тоҷикистон дар 85-солагӣ даргузашт. Ин ҳунарпешаи тоҷик солҳои 1990-1992 ҳамчун вазири фарҳанги Тоҷикистон кор карда, муддате муовин ва баъдтар ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ҳам буд.

Ӯ дар саҳнаи театр бо иҷрои нақшҳои муассир, махсусан занони қавиирода дар хотираҳо нақш бастааст. Нақши Смералдино дар “Шоҳ Гавазн”, Варя дар “Ҷавоне аз шаҳри мо”, Бунафша дар “Деҳотӣ”, Нозӣ дар “Дуэл”, Мавҷуда дар “Иродаи зан” аз зумраи беҳтарин нақшҳои ӯ дар саҳнаи театр мебошанд. Ҳамчунин ба ҳайси коргардон намоишномаҳои “Никоҳи мунтахаб”, “Ёрони маҳбуб”, “Беҷиҳоз”, “Зангирӣ”-ро ба саҳна овардааст.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Тамара Абдушукурова

15-уми август Гуландом Сафаралиева, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон дар синни 79 даргузашт ва ӯро дар оромгоҳи Лучоб ба хок супориданд. Ӯ аз ҳунармандони шинохтаи кишвар аст ва беш аз чил сол дар Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ фаъолият карда, зиёда аз 70 образи хотирмон офаридааст. 

Гуландом Сафаралиева аз зумраи ҳунармандонест, ки ҳам дар намоишҳои фоҷиавӣ ва ҳам мазҳакавӣ бо маҳорати воло нақш бозидааст. Нақшофарӣ дар намоишномаҳои “Фоҷиаҳои хурд”, “Ҳуррият”, “Хизматгори ду хоҷа”, “Ваня-тағо”, “Эзоп”, “Ҳамлет”, “Шоҳ Лир”, “Тӯй”, “Имтиҳон”, “Бой ва хидматгор”, Интизорӣ”, “Охирин арӯси амиралмуъминин”, “Афсонаҳои мӯйсафед”, “Эдип”, “Нодира”, “Зебунисо” намунаи беҳтарини ҳунари ӯ дониста мешаванд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Гуландом Сафаралиева

Рӯзи 22-юми ноябр бошад, Озод Маликов, коргардони тоҷик дар синни 60 даргузашт. Ӯ коргардон, наворбардор ва узви Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон буда, дар аввали солҳои 2000-ум ҳамчун коргардон дар “Азия-Плюс” ҳам кор мекард. 

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Озод Маликов

Аҳли илму адаб

Соли гузашта барои аҳли зиёи кишвар бо марги Азим Байзоев, яке аз мубаллиғони омӯзиши забони тоҷикӣ, суханшинос ва шарқшиноси тоҷик дар моҳи феврал оғоз шуд. Ӯ 66 сол дошт ва дар факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси дотсенти кафедраи филологияи эронӣ фаъолият мекард. Ӯ ҳамчунин ба шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон кору фаъолият мекарданд аз ҷумла ба кормандони сафоратхонаҳои хориҷӣ ва худи сафирон забони тоҷикиро омӯзиш медод.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Азим Байзоев

6-уми март бошад Ромиш Шералӣ, писари шоири номвар Лоиқ Шералӣ дар 54-солагӣ дар Душанбе аз олам чашм пӯшид. Ӯ писари дуюми Лоиқ Шералӣ буд ва солҳо ба тадвину ороиши китобҳо машғул мешуд. Ромиш Шералӣ солҳо дар нашриёти “Адиб” фаъолият дошт ва меросбари падараш дониста мешуду ҳама бойгонии падараш дар дасти ӯ буд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ромиш Шералӣ

Беш аз як моҳ пас, 8-уми апрел Светлана Герасименко, ситорашиноси маъруфи Тоҷикистон дар 80-солагӣ даргузашт. Ӯ соли 1973 бо даъвати Институти астрофизикаи Академияи илмҳои кишвар ба Тоҷикистон омада, то замони марг дар ин институт фаъолият кардааст.

Барои кашфи зузанаби Чурюмов-Герасименко, соли 2018 дар бахши илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техника бо Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино сарфароз шудааст. Ба номи Светлана Герасименко ба иловаи ин зузанаб, сайёра (сайёраи хурд) – рақами 3945, ки соли 1982 аз ҷониби Николай Черних кашф шудааст, низ номгузорӣ шудааст.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Светлана Герасименко

Оғози моҳи июн Саидҷаъфар Қодирӣ, физикдони тоҷик дар 85-солагӣ моро тарк гуфт. Ӯ яке аз олимони маъруфи тоҷик буда, аз соли 1962 инҷониб дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва як муддат дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон фаъолият кардааст. Ин олими тоҷик муаллифи беш аз 270 китобу рисола, тарҷумаҳо, таҳрирҳо, таҳияҳо ва мақолаҳост, ки дар риштаи физика ва усули таълими он, истилоҳшиносӣ эҷоди истилоҳот ва баъзе масъалаҳои забоншиносӣ таълиф шудаанд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Саидҷаъфар Қодирӣ

20-уми октябри соли 2025 аҳли адаб ва ҷомеаи равшанфикри тоҷик Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон ва муаллифи асарҳои маъруфи “Дар орзуи падар” ва “Марги бегуноҳ”-ро аз даст дод. Ӯ 83 сол умр дошт ва аз адибони номвари тоҷик маҳсуб мешуд. Ҳамкасбону ҳамқаламонаш дар маросими хайрбод даргузашти Кароматуллоҳи Мирзоро талафоти бузург дар адабиёт гуфтанд ва ӯ бо васияти худаш дар зодгоҳаш – деҳаи Нилкони ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ, канори падараш ба хок супорида шуд.

Марҳум аз зумраи нависандагони камшумори тоҷик аст, ки ҷанги шаҳрвандиро рӯйи авроқи адабиёт оварда, дар романи “Марги бегуноҳ” ҳаводиси солҳои навадумро инъикос кардааст, ки аз рӯйи он филми ҳамномаш ҳам ба навор бардошта шудааст.

Романи дигараш, “Дар орзуи падар” низ, ки таъсири бади ҷанги шаҳрвандӣ ба тасвир кашида шудааст, яке аз маъруфтарин романҳои нависанда аст ва аз рӯйи он силсилафилми ҳамномаш ба навор гирифта шудааст.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Кароматуллоҳи Мирзо

Ахиран, 9-уми декабр Гули Зард, рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик дар 62-солагӣ аз олам чашм баст. Номи аслии ӯ Гулӣ Зардова буда, бо тахаллуси Гули Зард эҷод мекард. Мавзӯи аслии эҷодиёти ӯ, иҷтимоиёт, масоили хонаводагӣ, қисмати занону духтарон ва ҳуқуқи онҳо буд.

Ӯ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ даҳҳо қиссаву ҳикоя эҷод ва таълиф кардааст. Аз ҷумла, “Дард”, “Бодоми шириндона”, “Ашки аҷал”, “Хазонрези орзуҳо”, “Худойдод”, “Ҳамели андешаҳо”, “Табассуми иқбол”, “Ишқи духтари пистафурӯш”, “Модаргург” аз ҷумлаи таълифоти Гули Зард мебошанд. Ӯ муаллифи чандин шеърҳо низ аст.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Гули Зард

Рӯзноманигорӣ 

Соли 2025 як зумра собиқадорони бахши журналистика низ даргузаштанд. Нахуст 22-юми январ Ҳабиб Саид, нависанда, рӯзноманигор ва блогнависи тоҷик, ки асосан ба таблиғу муаррифии таърих, адабиёт, мусиқӣ ва чеҳраҳои саршинос машғул буд, дар 71-солагӣ дар вилояти Оренбурги Русия аз олам чашм баст. Ӯ соли 1993 ба Русия ҳиҷрат кард ва то охири умр дар вилояти Оренбург умр ба сар бурд. То ҳиҷрат дар Тоҷикистон ба рӯзноманигорӣ машғул буд.

Ҳабиб Саид солҳои охир тавассути блог ва саҳифаҳои интернетӣ барои ҳифз ва муаррифии фарҳанги тоҷикӣ талош мекард. Ҳамчунин, дар бораи шахсиятҳои бузурги тоҷик, аз ҷумла устод Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров, инчунин овозхони шаҳир Аҳмад Зоҳир дар интернет блогҳо сохтааст, ки маҷмӯи матолиб ва аксҳои нодири онон ҷамъоварӣ шудаанд. Фарҳангиён аз ӯ “зиндагардонандаи осори таърихӣ ва фарҳангӣ” ном бурда, мегӯянд, ки “кори як пажӯҳишгоҳро дар ҳамин фазо анҷом медод”.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҳабиб Саид

Рӯзи ҷашни Наврӯз, 21-уми март Тағоймурод Орифӣ, рӯзноманигори собиқадори телевизион ва матбуот аз олам чашм баст. Ӯ солҳо дар телевизиони “Тоҷикистон” фаъолият дошт ва чанд соли охир дар нашрияи “Минбари халқ” кор мекард. Инчунин, Орифӣ устоди Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода низ буд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Тағоймурод Орифӣ

Чанде пас, 11-уми апрел Олег Соболев, яке аз куҳансолтарин рӯзноманигорони Тоҷикистон дар шаҳри Волгоград дар 102-солагӣ аз олам чашм пӯшид. Ӯ бо оилааш чанд сол пеш аз Душанбе ба он ҷо кӯчида буд.

Олег Соболев беш аз 50 сол – аз соли 1959 то 2013 ҳамчун мухбир ва муҳаррир дар хабаргузории давлатии “Ховар” (қаблан ТоҷикТА) кор кардааст. Баъд аз он ки бо сабаби вазъи саломатиаш аз журналистика рафт, ӯ ба навиштани китобҳо шурӯъ кард. Соли 2008 рӯзноманигор пурра биноиро аз даст дод, аммо боз ҳам китоб нашр мекард.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Олег Соболев

1-уми июн бошад, Қурбоналии Мақсуд, рӯзноманигори тоҷик дар 73-солагӣ бар асари беморӣ ин дунёро падруд гуфт. Ӯ таҷрибаи кори тарҷумонӣ дар Афғонистон, хабарнигорӣ дар радиои Тоҷикистон, Садои Хуросон ва баъзе аз нашрияҳои хусусии ҷумҳуриро дошт.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Қурбоналии Мақсуд

Ахиран Абдуқодири Раҳим, шоир, нависанда ва рӯзноманигори тоҷик  дар 64-солагӣ дар Душанбе даргузашт. Ӯ солҳо дар телевизиони тоҷик, рӯзномаи “Мубориз”-и ноҳияи Восеъ, маҷаллаи “Фарҳанг” кор карда, муддате омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ буд. Аз соли 1999 то рӯзи маргаш мудири шуъбаи фарҳанги рӯзномаи “Ҷумҳурият” буд.

Абдуқодири Раҳим дар баробари рӯзноманигорӣ, инчунин ба шоириву нависандагӣ рағбат дошт ва аз охири солҳои 80-ум назму наср менавишт ва чандин китобҳо ба нашр расонидааст.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Абдуқодири Раҳим

 

Мансабдорон ва аҳли сиёсат

Рӯзи 14-уми феврал Абдулваҳобзода Темурҷон, директори Оҷонсии “Тоҷикстандарт” даргузашт. Ӯ моҳи ноябри соли 2020 ба ин вазифаи таъин шуда буд ва қаблан ҳамчун муовини директори ин ниҳод кор мекард.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Абдулваҳобзода Темурҷон

Баъди беш аз 5 моҳ, 16-уми июл Сафаралӣ Наҷмиддинов, собиқ вазири молияи Тоҷикистон дар 74-солагӣ даргузашт. Ӯ яке аз мансабдороне буд, ки солҳои дароз дар бахши молияи кишвар кор карда, то ба маснади вазирӣ расидааст.

Наҷмиддинов 13 сол – аз соли 2000 то соли 2013 вазири молияи Тоҷикистон буд. Охирин вазифае, ки дошт, директори Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа буд, ки аз соли 2013 то соли 2019 кор кардааст.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Сафаралӣ Наҷмиддинов

Баъди ҳафтае Шодмон Юсуф, нахустин раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон дар синни 76 даргузашт. Ӯ 30 соли охир дар шаҳри Венаи Утриш (Австрия) кору зиндагӣ мекард ва дар бораи фаъолият ва ҳаёти шахсии ӯ қариб ки маълумоте дастрас набуд, зеро ӯ аз суҳбат бо расонаҳо худдорӣ мекард.

Шодмон Юсуф яке аз сиёсатмадорони шинохтаи солҳои навадуми асри гузашта буд. Ӯ дар саргаҳи таъсиси Ҳизби демократи Тоҷикистон қарор дошт ва соли 1991 раиси ин ҳизб интихоб шуд. Аммо дар саҳнаи сиёсии пурталотуми он солҳо натавонист дер пояд ва муваффақ шавад. Дар авҷи муқовиматҳои дохилӣ дар Тоҷикистон Шодмон Юсуф муддате роҳбарии нирӯҳои ҷонибдори Ҳукумати муросои миллиро дар ташкилоте бо номи “Ситоди Наҷоти Ватан” бар ӯҳда дошт, вале соли 1992, баъди пирӯзии сиёсӣ ва низомии “Фронти халқӣ” якҷо бо аксар ҷонибдоронаш аз Тоҷикистон берун ва муҳоҷир шуд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Шодмон Юсуф

Чанд моҳ пас, 26-уми октябр Муҳаммадалӣ Очилдӣ, собиқ раиси шаҳри Ҳисор ва узви Маҷлиси миллӣ дар 68-солагӣ дар зодгоҳаш Ҳисор даргузашт. Ӯ солҳои 2004-2010 раиси шаҳри Ҳисор ҳамчунин узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон буд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Муҳаммадалӣ Очилдӣ

Аввали моҳи ноябр, 3-юми ноябр марги генерал-полковник Изатулло Шарифзода, маъруф бо лақаби “Зорро” дар сархати расонаҳо қарор гирифт. Ӯ замони сардори Раёсати ВКД дар Душанбе ва раҳбари зиндонҳои Тоҷикистон будааш миёни мардум шинохта шуд ва аксар аз ӯ чун як генерали ҳақиқӣ ва барои пойдории суботу осоиштагии кишвар хидматкарда ёд мекунанд, аммо дар баробари ин, теъдоде ҳам аз ӯ чун як зиндонбони бетараҳҳум интиқод мекунанд.

Соли 2011, зимни боздид аз маҳбасҳои кишвар Иззатулло Шарифзода ба журналистон гуфта буд, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон тартибу низом ҷорӣ аст ва “Худо хоҳад дар мо ошӯб намешавад”, аммо пас аз 7 сол, ошӯб дар маҳбаси Хуҷанд боиси аз вазифа барканор шудани ӯ шуд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Изатулло Шарифзода

Чанде пас, 14-уми ноябр Турсунбой Раҳматов, собиқ вазири кишоварзии Тоҷикистон даргузашт. Ӯ ҳамчунин соли 1992 раиси шаҳри Хуҷанд буд.  Солҳои 2001-2004 ҳамчун вазири кишоварзӣ ва аз соли 2004 то 2008 ба ҳайси раиси ноҳияи Мастчоҳ кор карда, аз соли 2008 бознишаста буд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Турсунбой Раҳматов

Охири моҳи ноябр Муҳаммад Шодиён, вакили парлумони Тоҷикистон аз ҲХДТ дар 60-солагӣ даргузашт. Ӯ то интихоб шуданаш ба ҳайси вакил дар соли 2020, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (аз соли 2012 то 2020) буд. Номбурда дар яке аз ҷаласаҳои аввалини парлумон, раиси Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон интихоб шуда буд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Муҳаммад Шодиён

8-уми декабр бошад, Саидвалӣ (Сайвалӣ) Ӯзбеков, собиқ вакили Маҷлиси олии Тоҷикистон, муовини пешини раиси вилояти Хатлон ва соҳибкори замоне пурнуфузи тоҷик дар 65-солагӣ бар асари сактаи қалб аз олам чашм баст.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Саидвалӣ Ӯзбеков

10 рӯз пас бошад Хайриддин Абдураҳимов, раиси пешини Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) ва яке аз мансабдорони пешини калидии ҳукумат дар 69-солагӣ дар Душанбе даргузашт. 

Ӯ соли 1999 вазири амнияти Тоҷикистон таъйин шуд ва то соли 2006 дар ин вазифа буд. Соли 2006, пас аз тағйири сохтор, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ шуд. Дар пайи фирори 25 маҳбус аз боздоштгоҳи КДАМ дар Душанбе, 2-юми сентябри соли 2010, аз мақомаш барканор шуд. Аммо соли 2012 номбурда раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар таъйин шуд ва то соли 2016 дар ин мансаб кор кард. Баъдан, сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ таъин шуда, ноябри соли 2020 аз ҳамин вазифа ба нафақа баромад.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Хайриддин Абдураҳимов

 

Варзиш

Соли сипаришуда барои соҳаи варзиш низ беталафот набуд. 13-уми январ Олег Хабӣ, футболбоз ва сармураббии собиқи "Помир" дар 85-солагӣ аз олам даргузашт. Ӯ аз соли 1962 то соли 1972 дар дастаи “Помир”, ки қаблан “Энергетик” ҳам ном дошт, дар лигаи дуюм ва якуми класси “А”-и Иттиҳоди Шуравӣ баромад карда, дар 261 вохӯрӣ 14 гол задааст.

Олег Хабӣ баъди анҷоми корномаи футболбозӣ аз соли 1976 то соли 1988 узви ситоди мураббиёни “Помир”-и Душанбе буд ва баъдан моҳи ноябри ҳамин сол ба ҷойи Шариф Назаров сармураббии ин даста таъйин шуд. Ӯ баъдан чанд вақт мураббии дастаи “Ротор”-и Волгоград ва дастаи кӯдаконаи “Локомотив”-и Маскав низ буд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Олег Хабӣ

4-уми декабр бошад Наим Носиров, футболбози пешини тими миллии Тоҷикистон дар 43-солагӣ вафот кард. Ӯ дар дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон аз соли 2006 то 2010 майдондорӣ карда, ҳамчунин, дар ҳайати тими миллии ҷавонони кишвар ва дастаҳои “Регар-ТадАЗ”, “Парвоз”, “Энергетик”, “Умед” ва “Данғара” бозӣ кардааст.  Носиров ҳамроҳ бо тими миллии кишвар дар соли 2006 Ҷоми даъвати КФО-ро ба даст оварда, бо “Регар-ТадАЗ” се маротиба соҳиби Ҷоми президенти КФО ва қаҳрамони Лигаи олии кишвар ҳам шуда буд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Наим Носиров

30-юми декабри соли 2025 дар соҳаи варзиш бо марги Шариф Назаров, собиқ сармураббии тими милии Тоҷикистон ва мутахассиси шинохтаи футболи кишвар анҷом ёфт. Ӯ пас аз бемории вазнин дар 80-солагӣ вафот кард. Ӯ гарчанде ҳамчун футболбоз кам дар майдон буд, вале аз мутахассисони маъруфи футболи тоҷик буда, зери сармураббигии ӯ дастаи миллии Тоҷикистон соли 2006 Ҷоми даъвати КФО-ро соҳиб шудааст.

Ҳамчунин, таҳти роҳбарии ин мутахассис дастаи “Помир”-и Душанбе соли 1988 дар лигаи якум ғолиб омада, ба лигаи олии Иттиҳоди Шӯравӣ роҳ ёфта буд. Бо роҳбарии Шариф Назаров “Помир” ду бор қаҳрамони Тоҷикистон ва барандаи Ҷоми кишвар шуд. Зери роҳбарии ӯ, ҳамчунин, дастаи “Варзоб”-и Душанбе ду бор қаҳрамони Тоҷикистон ва як бор барандаи Ҷоми кишвар шудааст.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Шариф Назаров

 

Иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Соли 2025 се тан аз охирин иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ даргузаштанд. 18-уми феврал Ҳотамбек Шокиров, охирин иштирокчии ҶБВ аз ноҳияи Мастчоҳ дар 99-солагӣ аз олам даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҳотамбек Шокиров

21-уми май бошад Мухтор Заргаров, яке аз ширкаткунадагони Ҷанги Бузурги Ватанӣ  дар шаҳри Душанбе аз дунё чашм баст. Ӯ 29-уми апрели имсол 101-солагии худро таҷлил карда буд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Мухтор Заргаров

Рашид Каримов, куҳансолтарин ширкаткунандаи Ҷанги бузурги ватанӣ (ҶБВ) аз Тоҷикистон бошад, 24-уми август дар 113-солагӣ вафот кард.  Ӯ 1-уми июли соли 1912 дар деҳаи Шоҳамбарии шаҳри Ҳисор ба дунё омада, соли 1942, вақте дар мактаби деҳа чун омӯзгор кор мекард, ба ҷанг меравад ва то охирин рӯзи ҷанг дар майдони набард боқӣ мемонад. “Азия–Плюс” дар остонаи ҷашни Ғалаба ба дидори ин қаҳрамони ҶБВ рафт ва гузориш омода кард, ки дар матлаби “Яккаписар будам, аммо падарам ба ҷанг фиристод”. Ҳикояи куҳансолтарин иштирокчии ҶБВ дар Тоҷикистон бештар иттилоъ гиред.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Рашид Каримов

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Русия мегӯяд, дар 11 моҳи соли гузашта беш аз 54 ҳазор муҳоҷирро ихроҷ кардааст

0

Мақомоти Русия дар 11 моҳи соли гузашта 54 ҳазору 400 муҳоҷири корӣ ё шаҳрванди хориҷиро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд. Ин омор  нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 наздики 25 ҳазор нафар (соли 2024 –ум 79 ҳазор) камтар будааст.

Дар ин бора хабаргузории русии “Интерфакс” бо такя ба сомонаи долдгоҳҳои Русия иттилоъ дода, навиштааст, ки “дар 11 моҳи соли 2025 теъдоди хориҷиҳо ва шахсони бешаҳрванд, ки аз кишвар ихроҷ шудаанд, ба таври назаррас коҳиш ёфт”.

Ба навиштаи ин расона, ба коҳиши ихроҷи муҳоҷирон фармони раисҷумҳури Русия дар хусуси тамдиди муҳлати қонунӣ кардани ҳузури хориҷиён, ки 10-уми сентябри соли гузашта ба анҷом расид, сабаб шудааст.

Маълум нест аз ин теъдод чанд нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.

Ҳарсол даҳҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия ба муҳоҷират мераванд. Вале муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар пайваста зери фишор ва таъқиби мақомоти Русия қарор мегиранд ва солона ҳазорҳо муҳоҷир бидуни шарҳ аз ин кишвар ихроҷ карда мешаванд.

Аз ҷумла, тайи ду соли охир мақомоти Русия ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ карданд, “рӯйхати сиёҳ”-и муҳоҷиронро тартиб доданд ва ба қонунгузории самти муҳоҷират даҳҳо тағйиру иловаҳо ворид карданд, ки будубоши муҳоҷиронро сахттар мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Боздошти ҷавоне дар Муъминобод бо гумони куштори ҳамсари собиқаш

0

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ як сокини 28-солаи деҳаи Ғеши ноҳияи Муъминободро бо гумони куштори ҳамсари собиқаш “дар заминаи хусумату рашк” дастгир кардаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ВКД) дар як гузориши телевизионӣ, ки рӯзи 31-уми декабри соли 2025 пахш шуд, аз боздоштшуда Наврӯзи Зафар ном бурда, гуфтааст, ки ҳодиса 16-уми декабри соли 2025 рух додаааст. Онҳо як ҳафта пеш аз ин ҳодиса аз ҳам ҷудо шудаанд.

Мақомот дар шарҳи ин ҳодиса мегӯянд, гумонбар “дар заминаи хусумату рашк” ба хонаи собиқ хусураш рафта, “бо ҳамсари собиқаш Ҷавҳарбии Давлатшои 27-сола ва модари ду фарзандаш” баҳсу мунозира мекунад.

“Наврӯзи Зафар бо дашному суханҳои қабеҳ нисбати собиқ ҳамсараш қонеъ нагашта, бо бераҳмаии махсус бо корди хоҷагӣ қасдан ба узвҳои муҳими ҷабрдида 11 маротиба зарба задааст, ки дар натиҷа номбурда аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад”, – иттилоъ медиҳад манбаъ.

Ба иттилои ВКД Наврӯзи Зафар пас аз қатли ҳамсари собиқаш аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст, вале ӯро баъди чанде дар қаламрави ноҳия дастгир кардаанд.

Гумонбар дар гузориш ба куштори ҳамсари собиқаш иқрор мешавад, вале маълум нест, ки суханҳои ӯ таҳти чӣ шароит сабт шудааст.

Мақомот алайҳи гумонбар бо иттиҳоми “одамкушӣ” (бо моддаи 104, қисми 2 банди “е” КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Бар асоси ин иттиҳом, ба гумонбар аз 15 соли зиндон то ҳабси абад ҷазо таҳдид мекунад.

Ҳодисаи куштори ҳамсар ё ҳамсари собиқ аз рашк дар Тоҷикистон бори аввал нест. Аз ҷумла, моҳи декабри соли гузашта ВКД аз боздошти як сокини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ хабар дод, ки ба куштори ҳамсараш гумонбар аст. Ин ниҳод мегӯяд, ин мард занашро бо мушту лагад ва чӯбдаст (калтак) задааст.

Дар Тоҷикистон омори алоҳидаи куштори ҳамсарон аз дасти шавҳаронашон нест. Вале Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон дар нишасти матбуотии моҳи феврал соли гузашта гуфта буд, ки соли гузашта 3 ҳазору 246 ҷиноят нисбати занону духтарон содир шудааст. 

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ дар кишвар дар шаш моҳи  соли 2025 – 28 ҳолати одамкушӣ ва сӯйиқасд ба ҷон сабт шудааст. Маълум нест, ки дар ин иён чандто куштори ҳамсарон аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.