Рустам Ятимов – бозингари сол дар мусобиқоти Ҷоми Русия

0

Рустам Ятимов, дарвозабони тими миллии футболи Тоҷикистон ва дастаи “Ростов”-и Ростови лаби Дони Русия аз рӯи натиҷаи овоздиҳӣ барои муайян кардани беҳтарин бозингари мусобиқоти Ҷоми Русия дар соли 2025 пирӯз шуд.

Ин иттилоъ аз сӯи дафтари матбуоти мусобиқоти мазкур, ки беҳтаринҳоро тибқи фарзияи мухлисон ва коршиносон эълон кард, ба нашр расид.

Аз шумори умумии овозҳо, Рустам Ятимов 36%-и онро касб кард ва дар зинаи аввал қарор гирифт. Дар ҷои дуввум, Данила Козлов, нимҳимоятгари “Краснодар” бо 26%  қарор гирифт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар зинаи сеюм ду нафар – Матвей Кисляк аз дастаи "ССКА" ва Александр Корякин аз тими “Краснодар” қарор гирифтанд, ки ҳарду 13%-и овозҳоро ба даст овардаанд.

Дарвозабони 27-солаи тоҷик имсол дар мусобиқоти Ҷоми Русия хуб ҳунарнамоӣ карда, бо дастааш то даври Суперфинал расид, вале ин бозиро дар силсилаи зарбаҳои 11-метра бохт.

Қаблан, дар ҳамин овоздиҳӣ, Рустам Ятимов аз рӯйи натиҷаҳои назарпурсӣ миёни мухлисон беҳтарин дарвозабони мусобиқа дониста шуда буд.

Қобили зикр аст, ки дарвозабони мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон Рустам Ятимов дар феҳристи гаронтарин дарвозабонҳои қораи Осиё ба зинаи 6-ум баромад. Маъмулан дар ин "бозор" намояндагони Ҷопон, Австралия, Кореяи Ҷанубӣ ва кишварҳои Ховари Миёна қарор мегиранд.

Ҳоло арзиши ӯ 1,80 млн евро аст, ки ин рекорди мутлақ барои футболбозони тоҷик мебошад. Рустам Ятимов 300 ҳазор гаронтар шуд. Аз лиҳози арзиш ӯ аз дарвозабонони Индонезия – Паес ва Австралия –  Гаучи пеш гузашт.

Ғайр аз ин, Рустам Ятимов бори дигар гаронтарин дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Паррандаи сабзи ишқ”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 7

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани маҷмуъи ҳикояҳои Юнус Юсуфӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми ҳафтуми ҳикояи “Паррандаи сабзи ишқ” манзури ҳаводорони китоб мешавад.

МЕДИА (YOUTUBE)

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин ва ҳикояҳои Антон Чеховро дар шакли савти манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани роман ва ҳикояҳои китоби "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ ва “Телеграм”-и радиои “Азия-Плюс” метавонед, гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Соли 2026 муҳоҷиронро дар Русия чӣ интизор аст?

0

Дар соли 2026 дар Русия талабот ва маҳдудиятҳое ҷорӣ мешаванд, ки ба муҳоҷирони корӣ ва корфармоҳои онҳо дахл доранд. Тасмим гирифтем, ки онҳоро бо забони содаву фаҳмо шарҳ диҳем.

Арзиши патент боло меравад

Арзиши патент дар аксарияти минтақаҳои Русия ҳамасола боло меравад ва ин ба индексатсия кардани нишондиҳандаҳои арзиши кор вобаста аст. Имсол патент чӣ гуна ва кай гарон мешаванд?

Патент барои муҳоҷирони корӣ дар Русия аз 1 январи соли 2026 гарон шуд.

Масалан, арзиши он дар шаҳри Маскав аз 8,9 ҳазор то 10 ҳазор рубл ва дар шаҳри Санкт-Петербург – аз 6 то 8 ҳазор рубл боло рафт.

Дар ин маводи мо доир ба дар куҷо ва то чӣ андоза боло рафтани  рафтани арзиши патент барои муҳоҷирон маълумоти муфассал қобили дарёфт аст.

Шароитҳои дастрасӣ ба кумаки ройгони тиббӣ сангинтар шуд

Муҳлати фаъолияти қонунӣ дар Русия барои дарёфти полиси суғуртаи ҳатмии тиббӣ аз 3 то 5 сол тамдид шуд. Ин маънои онро дорад, ки дар муддати 5 соли аввали будубош муҳоҷирони корӣ метавонанд танҳо ба кумаки тиббии пулакӣ ё суғуртаи ихтиёрӣ умед банданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Кумаки ройгони тиббӣ тибқи суғуртаи ҳатмии тиббӣ танҳо дар ҳолатҳои фавқулода, вақте ки ба ҳаёт ва солимии шахс хатар таҳдид мекунад, метавонад расонида шавад.

Маҳдудият барои кор

Дар соли 2026 ба муҳоҷирон машғул шудан ба фурӯши машрубот ва тамоку дар ҳамаи минтақаҳои Русия ба истиснои шаҳри Маскав манъ шуд. Ҳамчунин фурӯши доруворӣ дар бозор ва нуқтаҳои фурӯши беруна низ манъ аст.

Дар дигар соҳаҳо дар мавриди теъдоди кормандони хориҷӣ маҳдудият ҷорӣ шуд. Дар соҳаи хидматрасонӣ ба мусофирон ва боркашонӣ ҳиссаи муҳоҷирон набояд аз 24% зиёдтар аз теъдоди умумии кормандон бошад. Дар бахши сохтмон меъёри нав ҷорӣ шуд – 50% ба ивази 80%-и пешина, дар соҳаи кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал – 40% ба ивази 50%-и пешина.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Агар дар ширкат ё корхона теъдоди хориҷиён аз шумори иҷозашуда зиёд бошад, ба корфармо лозим меояд, қисме аз кормандонро аз кор озод кунад, вагарна ҷарима мешавад.

Ғайр аз ин, барои ин моддаи нави аз кор озод кардан пешбинӣ мешавад. Аз 1 марти соли 2026 агар барои ширкат бо сабаби квотаҳо барои кормандони хориҷӣ, кам кардани теъдоди кормандон лозим ояд, корфармо метавонад муҳоҷирро аз кор озод кунад.

Маълумоти муфассал дар ин бора бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Назорат аз болои кӯдакони муҳоҷирон

Аз 28 январ низоми табодули маълумот дар бораи кӯдакони муҳоҷирон байни Вазорати корҳои дохилӣ ва мактабҳо мавриди амал қарор мегирад.

ВКД ба муассисҳои таълимӣ дар бораи дар қайди муҳоҷират қарор доштан ё хориҷ шудани шудани кӯдаки хориҷӣ маълумот пешниҳод мекунад.

Дар посух муассисаҳо доир ба муроҷиати волидон барои қабули кӯдак, ба мактаб қабул шудани ӯ барои таҳсил ва натиҷаи аз тести забони русӣ гузаштани кӯдаки муҳоҷир маълумот медиҳанд.

Чунин шуморида мешавад, ки ин ба мақомот ҷиҳати дақиқтар ба қайд гирифтани кӯдакони муҳоҷирон ва чӣ қадар дар кишвар иқомат доштан ва шумори аз таълим дар мактаб берун мондани онҳо имкон медиҳад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Кӯдакони муҳоҷирон дар Русия

Кадом тағйирот ҳоло муқаррар нашудааст, вале шояд оянда ҷорӣ шавад?

Аз соли равон Консепсияи сиёсати давлатии муҳоҷирати Русия барои солҳои 2026-2030 мавриди амал қарор мегирад. Дар ин ҳуҷҷат манъҳои мушаххас пешбинӣ нагардида, бештар вазифа ва ҳадафҳо барои 5 соли наздик муқаррар шудааст.

Аз Консепсияи мазкур чиро метавон интизорӣ дошт? 

Рақамисозӣ бештар фаъол мешавад

Ба нақша гирифта шудааст, ки бунёди “Профил (симо)-и рақамии шаҳрванди хориҷӣ” ба охир расонида шавад. Ин пойгоҳи ягонаи электронии маълумот таҳти идораи ВКД буда, ҳамаи маълумот дар бораи шахс – аз биометрия то маълумот аз ruID-ро муттаҳид месозад.

Ҳамгироии бештар амиқ ба фарҳанги Русия

Айни замон барои дарёфти Иҷозатномаи зисти муваққатӣ (РВП), Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ), патент ё иҷозатнома барои кор, хориҷиён уҳдадоранд, ки донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Русияро тасдиқ кунанд.

Аммо мувофиқи Консепсияи нав, такя ба ҳамгироӣ боз бештар гардида, ба гумони ғолиб, дар ояндаи наздик талабот ба донистани забони русӣ ва таърих боз ҳам зиёдтар мешавад.

Афзалият ба ҷалби муташаккилона

Давлат ният дорад, ки корфармоёнро ба истифодаи интихоби ҳадафноки кормандон барои лоиҳаҳо ва корҳои мушаххас ҳавасманд созад. Ин бояд ба коҳиши вуруди хориҷиён ба бозори кори берун аз танзим мусоидат намояд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 январи соли 2026

0

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 2010 – Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ба муомилот баровардани саҳмияҳои НБО “Роғун” ба мардум муроҷиат кард.

Соли 2012 – Аввалин шумораи нашрияи "Тоҷикони Русия" ("Таджики России") ба нашр расид.

“Тоҷикони Россия” як ҳафтаномаи сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ мебошад, ки аз моҳи марти соли 2002 дар Русия нашр мешуд. Ин нашрия асосан ба ҳамкориҳои миёни Тоҷикистону Русия, фаъолияти ҷамъиятҳои миллии тоҷикон, вазъи иқомати муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар созмонҳои ҷамъиятии ҳамватанон бахшида шудааст. 

Ҳоло дар бораи фаъолияти кунунии нашрия маълумоти дақиқ мавҷуд нест, аз ҷумла маълум нест, ки он то ҳол нашр мешавда ё не.

Соли 2016 – Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамсар ва чанде аз фарзандону хешони наздикаш Ҳаҷҷи умра кард.

Соли 2020 – Дар шаҳри Теҳрон Сарвар Бахтӣ, яке аз дипломатҳои тоҷик ба ҳайи директори Институти фарҳанги Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) ба фаъолият оғоз кард. Ӯ масъули пешбурди барномаҳо ва ташаббусҳои фарҳангӣ миёни кишварҳои узви созмон гардид.

Соли 2022 – Рустами Эмомалӣ аз Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон талаб кард, ки фаъолияти молиявии ҳукумати пойтахтро барои соли 2021 санҷанд. Ӯ солҳои баъдӣ низ чунин талабе аз Оҷонсии зиддифасод карда буд, вале натиҷаи ин санҷишҳо то ба ҳол расонаӣ нашудааст.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1929 – Мавлуди Ғаффор Мирзо, Шоири халқии Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ғаффор Мирзо

Ғаффор Мирзо яке аз шоирони дӯстдоштаи кӯдакон буда, шеърҳои машҳури “Достак”, “Санговдавак”, “Гунҷишкак” ба қалами ӯ тааллуқ доранд.

Ӯ хатмкардаи факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе буда, чанде муаллимӣ кардааст. Муддате корманди моҳномаи “Шарқи Сурх” буд. Соли 1956 курси олии адабиётро дар Маскав ба поён расонда, солҳои тӯлонӣ котиби масъули Кумитаи ҷумҳуриявии муҳофизони сулҳ будааст.

Вай муаллифи маҷмӯаҳои ашъори “Аз самими дил”, “Ҳазор раҳмат”, “Дил дар кафи даст”, “Аз гаҳвора то майдон”, достонҳои “Асрор”, “Тоҷи давлат” , “366 паҳлӯ”, “Нору Нур”, дуҷилдаи осор, романи манзуми “Фарзанди ҳукумат” аст.

Дар эҷодиёти Ғаффор Мирзо асарҳои кӯдакона ҷойгоҳи вижа доранд, ки “Санговдавак”, “Баррача рӯяд аз замин”, “Чилдухтарон”, “Гунҷишкак”, “Достак”, “Шайтони бекафшу маҳсӣ”, “Як қатра Офтоб”, “Кадом ҳунар беҳтар аст?”, “Гулҳои дастабаста” аз он шумуланд.

Ғаффор Мирзо 26-уми августи соли 2006 дар 77-солагӣ даргузашт.

Соли 1930 – Зодрӯзи Асомиддин Насриддинов, адабиётшиноси тоҷик, номзади илмҳои филологӣ;

Соли 1935 – Мавлуди Фурӯғи Фаррухзод, шоири номдори муосири Эрон, ки дар Тоҷикистон низ ҳаводор дорад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Фуруғи Фаррухзод

Фурӯғи Фаррухзод яке аз машҳуртарин шоирони муосири Эрон буд. Ӯ на танҳо бо шеърҳои худ, инчунин бо навовариҳо ва назари озоди худ дар адабиёти форсӣ шӯҳрат дошт.

Ӯ соли 1967 дар 32-солагӣ дар як садамаи нақлиётӣ аз олам даргузашт, вале тавонист дар зиндагии кутоҳи худ ба яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири Эрон табдил ёбад. Маъруфтарин маҷмуаҳои шеърии ӯ “Асир”, “Девор”, “Исён” ва “Таваллуди дигар” мебошанд.

Соли 1935 – Зодрӯзи Асад Гулзодаи Бухороӣ, шоир, забоншинос ва рӯзноманигори тоҷики муқими Бухоро ва яке аз пуштибонҳои забону фарҳанги тоҷикӣ дар Ӯзбекистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Асад Гулзодаи Бухороӣ

Асад Гулзода шоир, забоншинос ва рӯзноманигори шинохтаи муқими Бухоро буд ва барои зинда нигоҳ доштани забон ва фарҳанги тоҷикӣ дар ин кишвар талошу ҷонбозиҳои зиёд мекард. Ӯ дар солҳои охир машғули кори эҷодӣ ва шеърнависӣ буд. Бештари шеърҳои марҳум дар васфи Бухоро ва бузургони тоҷик чун Садриддин Айнӣ, Мушфиқӣ, Шавкати Бухороӣ, Носири Бухороӣ, Ҳайрат, Аҳмади Дониш ва ғайра буда, дар онҳо бузургии халқи тоҷик таҷассум меёфтанд.

Гулзода дар яке аз мусоҳибаҳои худ аз гум шудани забони тоҷикӣ дар Самарқанду Бухоро ва ояндаи тоҷикони муқими Ӯзбекистон нигаронӣ карда, гуфта буд, ки “дар Ӯзбекистон тахминан 300 шоиру нависандаи тоҷик ҳастанд, вале дар Бухоро ду кас мондаем – ман ва Ҳадяи Бухороӣ. Дигар эҷодкорҳо тоҷик бошанд ҳам, ӯзбекӣ менависанд”.

Асал Гулзода муаллифи маҷмӯаҳои шеърии “Насими Бухоро”, “Хатти пешонӣ”, “Бухоро”, “Шукуфаҳои Бухоро”, “Намози рӯи барг”, “Нафаси баҳор”, “Гули мурод”, “Арзи сипос” буда, куллиёти ашъораш дар 4 ҷилд таҳияву дар Душанбе, Бухоро, Тошканд ва Теҳрон ба чоп расидаанд.

Соли 2004 нашриёти “Маориф ва фарҳанг”-и шаҳри Душанбе маҷмӯаи ашъори ӯро бо номи “Шукуфаҳои Бухоро” ва соли 2007 маҷмӯаҳои “Намози рӯи барг” ва “Нафаси баҳор”-ро ба табъ расонд. Соли 2022 мунтахабаи ашъори Асад Гулзодаи Бухороӣ таҳти номи “Паёме аз Бухоро” дар ҳаҷми 500 саҳифа дар Душанбе ба чоп расид. Ӯ аз соли 2003 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Соли 1936 – Зодрӯзи Қурбон Алӣ, нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон;

Соли 1941 – Зодрӯзи Саидмурод Мардонов, ҳунарпешаи театру синамо.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Саидмурод Мардонов аз дасти чап

Саидмурод Мардонов зодаи ноҳияи Ҳисор буда, баъди хатми факулати актёрии Донишкадаи театрӣ ва рассомии ба номи Островскии шаҳри Тошканд солҳо дар Театри мусиқавӣ-мазҳакавии ба номи Пушкин, Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ва Театри намунавии миниётураи “Оина” фаъолият кард. Ӯ дар беш аз 100 намоиши театрӣ ва 150 намоиши телевизионӣ нақш офаридааст ва яке аз ҳаҷвнигорони шинохта ба ҳисоб мерафт ва аксаран бо Убайдулло Раҷабов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва шинохтатарин ҳаҷвнигори тоҷик, нақшофарӣ мекард.

Маъруфтарин нақшҳои Саидмурод Мардонов – Сганарел (“Табиби зӯракӣ”-и Ж. Б. Молйер), Нуруллобой (“Дарди бадро давои бад”-и Х. Хоҷаниёзов), Саид (“Дуртар аз сарҳад”-и М. Миршакар), Холназарота (“Дил дили Зайнаб”-и Ш. Қиёмов ва А. Марозов), Ҳалимамак (“Интихоби домод”-и Ҳоҷӣ Содиқ), Муҳаммад (“Роҳзан ва кӯзагар”-и М. Бахтӣ), Юсуфпиён (“Садо аз тобут”-и А. Қаҳҳор), Урунбой (“Исёни арӯсон”-и С. Аҳмад), Абдураҳим (“Ҳасудхӯр”-и У. Раҷабов) аст.

Марҳум филмҳои телевизионии "Як тиру ду нишон”, “Зумрад”, “Шикори охирин”, “Санам”, “Номзад”, “Марги бегуноҳ” ва чанде дигар ҳам нақш офаридааст.

Соли 1998 ба унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон мушарраф гардидааст.

Соли 1947 –  Мавлуди Абдусалом Валиев, таърихнигор, мардумшинос, доктори илмҳои таърих;

Соли 1951 – Мавлуди Муҳаммадзамони Солеҳ, нависандаи шинохтаи тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Муҳаммадзамони Солеҳ

Яке аз нависандаҳои забардасти тоҷик дар замони истиқлол ва пеш аз он аст. Ӯ мутаввалиди соли 1951 ва фориғуттаҳсили факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1974) мебошад.

Фаъолияти эҷодии Муҳаммадзамони Солеҳ аз таълифи ҳикоя оғоз ёфта, ҳикояи нахустинаш «Рӯзи ғалаба» соли 1982 ба табъ расидааст. Аввалин маҷмӯаи ҳикояҳояш «Сарви Кишмар» (1984) бо фотиҳаи устод Муҳаммадҷон Шакурӣ ба дасти хонандагон расидааст. Баъдан маҷмӯаи навиштаҳои ӯ «Ишқи актёри пир» (1987), «Оҳанги шаҳри ишқ» (1989), романи «Девори Хуросон» (1999) дар Тоҷикистону Эрон ва китоби «Ардавирофнома ё сояҳои шикаста»-аш (1993) дар интишороти «Балх» (Эрон) чоп шудаанд.

Соли 1989 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст.

Ӯ 1 феврали соли 2009 дунёи фониро тарк гуфт.

Соли 1952 – Мавлуди Олимҷон Бобоев, доктори илмҳои иқтисодӣ, номзад ба мақоми президенӣ дар соли 2006 ва 2013 аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ).

ИЗОБРАЖЕНИЕ Олимҷон Бобоев

Аз лаҳзаи таъсиси ҲИИТ (2006) то соли 2019 раиси он буд. Ду маротиба (2006 ва 2013) аз номи ин ҳизб ба ҳайси номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон пешбарӣ шуд, вале овози камтар гирифт.

Ӯ солҳо ҳамчун ректори чанд доннишгоҳи риштаи иқтисоду тиҷорати Тоҷикистон, вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон, ҳамчунин директори Пажуҳишгоҳи иқтисодиёт ва демографияи Академияи улуми Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Аз соли 2015-2020 (даъвати V) аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии ҲИИТ вакили парлумон буд. Ҳоло аз сиёсат канор рафта, ба корҳои илмӣ машғул аст.

Соли 1954 – Зодрӯзи Муҳаммадҷон Шодӣ, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик;

ИЗОБРАЖЕНИЕ Муҳаммадҷон Шодиев

Яке аз ҳунарпешаҳои шинохта театру кинои тоҷик аст. Аз соли 1984 боз дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ фаъолият дорад. Дар ин муддат ӯ дар ин театр барои ҳаводорони театр беш аз 50 нақш офаридааст. 

Вай дар ҷоди синамо низ яке аз ҳунармандони муваффақ аст. Махсусан, нақшофариаш дар силсилафилми  "Дар орзуи падар" ӯро шинохта ва маҳбуб гардонид. 

Муҳаммадҷон Шодиев инчунин дар дубляжи даҳҳо филм ширкат намудааст. Овози гирову марғуладори ӯро метавон дар аксари филмҳое, ки ба тоҷикӣ дубляж шудаанд, шинохт.

"Азия-Плюс" соли гузашта ба муносибати 70-солагии Муҳаммадҷон Шодиев як мусоҳибаи ихтисоси анҷом дод, ки метавонед дар ин пайванд хонед.

Соли 1999 – Абдусалом Раҳимов, ҳунарпеша ва коргардони синамо дар синни 82-солагӣ аз олам чашм баст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Абдусалом Раҳимов

Абдусалом Раҳимов яке аз чеҳраҳои барҷастаи синамои тоҷик буда, ҳамчун ҳунарпеша ва коргардон дар ташаккули синамои миллӣ низ саҳм дорад.

Ӯ таҳсилоти ҳунарии худро дар курсҳои ҳунарпешагии назди киностудияи Сталинобод (соли 1936) оғоз намуда, баъдан факултети ҳунарпешагии ГИТИС (соли 1941) ва факултети таъриху фалсафаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Омезиши дониши фалсафӣ ва таҷрибаи ҳунарӣ ба ӯ имкон дод, ки ҷаҳонбинии амиқ ва сабки хоси эҷодии худро дар саҳна ва синамо ташаккул диҳад.

Фаъолияти ӯ дар соҳаи синамо аз солҳои аввали таъсиси синамои тоҷик оғоз ёфтааст.

Абдусалом Раҳимов 5-уми январи соли 1999 даргузашт.

Соли 2013 – Абдувалӣ Давронов, мунаққид ва адабиётшиноси тоҷик дар синни 55-солагӣ аз олам даргузашт.

 

ВАЗЪИ ҲАВО

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад ва дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4º, рӯзона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10º сард, рӯзона -3+2º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -2+3º, рӯзона 3+8º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4º, рӯзона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 9-11º сард, рӯзона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 3+5 гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбӣ борон ва барф борида, дар шарқи вилоят бебориш дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 2-7º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 10-12º сард, рӯзона -1+4º, дар шарқи вилоят шабона 14-19º сард, дар баъзе минтақаҳо то 25-27º сард, рӯзона 3-8º сард, дар баъзе минтақаҳо то 11-13º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: шабона 2+4º гарм, рӯзона 8+10º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: шабона 2+4º гарм, рӯзона 4+6º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Ҳарорат: шабона 1+3º гарм, рӯзона 5+7º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 3-5º сард, рӯзона 1+3º гарм.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Шаҳрвандони Тоҷикистон давоми соли 2025 дар Google бештар чӣ ҷустуҷӯ карданд?

0

Вазъи ҳаво чӣ гуна хоҳад буд ва чӣ гуна ҳаёти ҷинсии худро беҳтар кардан мумкин аст – саволҳои маъмултарине будаанд, ки давоми соли 2025 шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути "Google" ба он посух ҷустаанд. Ҳамчунин, шаҳрвандони кишвар бештар аз ҳама ба масоили рӯзмарра, мисли тарҷумону технология ва боргирии барномаҳову филму мусиқӣ таваҷҷуҳ кардаанд.

"Азия-Плюс" масъалаҳои маъмул ва мавзуҳои барои шаҳрвандони Тоҷикистон доғро, ки дар "Google" ҷустуҷӯ кардаанд, гирдоварӣ кард. Ин феҳрист дар асоси маълумоти пешниҳодкардаи "Google" омода шудааст.   

 

Вазъи ҳаво дар сафи пеш

Маъмултарин дархост дар бораи вазъи ҳаво будааст. Ғайр аз ин, корбарон онро бо забонҳои гуногун ҷустуҷӯ кардаанд: "ҳаво", "пагода" ва инчунин бо ишора ба шаҳрҳои мушаххас.

Ин тааҷҷубовар нест: вазъи ҳаво мустақиман ба кишоварзӣ, сафар, кор ва ҳаёти ҳаррӯза таъсир мерасонад. Барои бисёре аз сокинон, донистани вазъи ҳаво барои тарҳрезии зиндагиву кор низ муҳим аст. Маъмулан, вазъи ҳаво барои шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Турсунзода ва Кӯлоб ҷустуҷӯ шудааст.

 

Забон ва тарҷумон

Дар ҷои дуюмро барномаву сомона ва василаҳои дигари тарҷумонӣ қарор доранд. Дар соли 2025 тоҷикон барои тарҷума бештари ин калимаву ибораҳоро ҷустуҷӯ кардаанд:

"тарҷумон"

“переводчик”

“translate”

"забони русӣ"

"забони англисӣ"

Ин воқеияти кишварест, ки сокинон ҳар рӯз аз забонҳои гуногун истифода мекунанд – барои кор, таҳсил, муҳоҷират ва муоширати онлайн.

Дар ин ҳолат, интернет ёвари асосӣ дар ин фазои бисёрзабона боқӣ мемонад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

Зеркашӣ ва истифода

Яке аз маъмултарин дархостҳои ҷустуҷӯии сол "зеркашӣ" буд. Истифодабарандагон роҳҳои зеркашии барномаҳо, файлҳо, мусиқӣ, видеоҳо ва ҳуҷҷатҳоро ҷустуҷӯ карданд.

Ин равиши амалиро ба интернет таъкид мекунад: он асосан ҳамчун васила барои кор, муошират, омӯзиш ва вақтхушӣ истифода мешавад. Яъне зеркашӣ натанҳо барои хабар ва ё истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ё хабаррасонҳо аст.

 

Таваҷҷӯҳ ба ҳаёти шахсӣ ва муносибатҳо

Як теъдоди муайян ва назаррас ҳам вобаста ба мавзӯъҳои марбут ба муносибатҳои инсонӣ ва саломатии ҷинсӣ маълумот ҷустаанд. Ин дархостҳо пайваста дар байни беҳтаринҳо ҷойгиранд, ки аз сатҳи баланди таваҷҷӯҳ, инчунин набудани манбаъҳои иттилооти кушода ва босифати офлайнӣ шаҳодат медиҳанд.

Дар ин ҳолат, интернет ба фазои беном ва бехатар барои ёфтани ҷавобҳо ба саволҳои шахсӣ табдил меёбад.

 

Технология қисми ҳаёти ҳаррӯза аст

Дар соли 2025, василаҳои маъмул барои ҷустуҷӯ инҳо будаанд:

Google

YouTube

WhatsApp

Telegram

Instagram

Ин тасдиқ мекунад, ки платформаҳои рақамӣ муддати тӯлонӣ қисми ҷудонашавандаи ҳаёти тоҷикон буданд, аз муошират ва хабарҳо то тиҷорат ва маориф.

 

Хулоса

Дархостҳо маъмул дар соли 2025 як бахши оддӣ, вале муҳими ҳаётро дар Тоҷикистон ошкор мекунанд:

– одамон ба масоили рӯзмарра – вазъи ҳаво, нақлиёт, кор таваҷҷуҳи бештар доранд;

– фаъолона аз интернет ҳамчун воситаи амалӣ истифода мебаранд;

– дар муҳити бисёрзабона зиндагӣ мекунанд;

– масъалаҳои шахсиро онлайн ҳал мекунанд;

– ба экосистемаи рақамӣ амиқ ворид мешаванд.

Шумо дар интернет бештар чӣ меҷӯед?

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 январи соли 2026

0

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз дар Театри драмавӣ-русии ба номи Маяковский намоишномаи солинавии “Нақораи хушҳол” (Весёлый барабан) бо коргардонии Хуршед Мустафоев ба саҳна гузошта мешавад. Намоиш соати 13:00 оғоз гардида, арзиши чипта 25 сомонӣ аст.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

– Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии Лӯхтак дар шаҳри Душанбе барномаи солинавӣ намоиш дода мешавад. Намоишҳои “Кампири аҷуза ва соли нав” ва “Ҷашн барои маликаи ғамгин” ба саҳна гузошта мешавад. Ҳамчунин бо иштироки Бобои Барфӣ, Барфак ва дигар қаҳрамонҳои солинавӣ намоиши солинавӣ доир мешавад. Арзиши чипта 25 сомонӣ аст.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

– Имрӯз вохӯрии ниҳоии мавсими имсолаи Суперлигаи Тоҷикистон оид ба футзал миёни дастаҳои “Сипар”-и Хуҷанд ва  “Соро компания”-и Душанбе доир мешавад. Бозии дастаҳо дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд соати 16:00 оғоз мегардад.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 4 ЯНВАР

Соли 1963 – Шаҳри Қайроқум (ҳоло Гулистони вилояти Суғд) таъсис дода шуд.

Соли 1964 – Дар корхонаи яхдонбарории Душанбе аввалин намунаи яхдони “Помир” истеҳсол гардид. Дертар бо вуҷуди хусусигардонӣ фаъолияти корхона ба мушкилот рӯ ба рӯ шуд ва истеҳсоли яхдонҳо қатъ гардид.

Соли 1992 – Байни  Тоҷикистон ва Чин муносибатҳои дипломатӣ барқарор шуд.

Соли 2009 – Дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои ҷамъиятии  Тоҷикистон масъалаи сохтмони НБО-и  “Роғун” баррасӣ гардид.

Соли 2011 – Дар натиҷаи амалиёти махсус дар Рашт, дар деҳаи Руноб, Аловуддин Давлатов, машҳур бо лақаби Али Бедакӣ ва 7 нафар ҳамсафонаш кушта шуданд.

Соли 2018 – Тоҷикистон дар раддабандии Ташкилоти байналмилалии “British Backpacker Society” аз рӯйи имконияти саёҳати саргузаштӣ ва пиёдагардӣ ба даҳгонаи аввали кишварҳои беҳтарини ҷаҳон шомил шуда, мавқеи 7-умро ишғол намуд.

Соли 2020 – Ӯзбекистон аз анҷоми минатозакунии сарҳади худ бо Тоҷикистон иттилоъ дод. Ин корҳо танҳо бо истифода аз нерӯ ва имкониятҳои Ӯзбекистон анҷом дода шуданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Акси марбут

Соли 2021 – Душанбе расман пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар соли 2021 ва аз рӯи баҳогузории Созмони ҳамкории иқтисодӣ ҳамчун шаҳри сайёҳӣ эълон гардид.

Соли 2022 – Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Театри давлатии академии ба номи Алишери Навоӣ дар Тошканд меморандум дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба имзо карданд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1925 – Мавлуди Фозил Одилов, овозхон ва навозандаи тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистони Шӯравӣ;

Фозил Одилов зодаи деҳаи Ярхаби ноҳияи Ғарм аст. Хатмкардаи Институти педагогии шаҳри Душанбе буда, солиёни дароз дар мактабу маориф фаъолият доштааст. Сараввал ҳамчун сарояндаи ҳаваскор ба овозхонӣ машғул мешуд. Бештар аз осори классикон ва таронаҳои халқӣ мусуруд. “Дил меравад зи дастам”, “Мекунад бозӣ”, “Ошиқи ёрам”, “Ошиқи бечора”, “Чашмаки ту”, “Дилдори кӣ бошад”, “Кокули парешон”, “Духтари ҳамсоя” аз шумори беҳтарин сурудҳояш ҳастанд.

Соли1932 – Мавлуди Зуҳур Ҳабибуллоев, рассоми тоҷик, роҳбари гурӯҳи рассомоне, ки тарҳи Парчами давлатии  Тоҷикистонро таҳия намуданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Зуҳур Ҳабибуллоев

Зуҳур Ҳабибуллоев бо тасвири мусаввараҳои нотакрораш дар санъати тоҷик нақши худро гузоштааст. Ӯ муаллифи мусаввараҳои “Сохтмони ГЭС-и Норак”, “Меҳмонхона дар Норак”, “Чӯпонони Қубониён”,  “Натюрморти помирӣ” аст, ки баёнгари истеъдоди рассомии ӯянд. Ин мусаввир ҳамчунин дар ороиши бисёр биноҳои маъмурию фарҳангии пойтахт фаъолона иштирок кардааст.

Соли 1939 – Зодрӯзи Раҳмат Акбаров, доктори илмҳои физика ва математика;

Соли 1946 – Мавлуди Саидамир Аминов, олими соҳаи педагогика;

Соли 1947 – Мавлуди Яҳё Азимов, ходими давлатӣ, собиқ сарвазири Тоҷикистон;

Соли 1953 – Амонулло Ғоибов, доктори илми тиб;

Соли 1958 – Зодрӯзи Маҳмадулло Раҷабзода, забоншинос, номзади илмҳои педагогика;

Соли 1960 – Нимо Юшиҷ шоир ва мунаққиди маъруфи эронӣ, ки дар Тоҷикистон низ маҳбубият дорад, дар 64-солагӣ даргузашт.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Нимо Юшиҷ

Ӯ аввалин гӯяндаи шеъри сафед дар Эрон буд. Номи аслиаш Алии Исфандиёрӣ буда, соли 1898 дар рустои Юш, ки тобеи Мозандарон буд, ба дунё омад. Ӯ дар Тоҷикистон ҳам ҳаводор дорад.

Дар шеърсароӣ Нимо Юшиҷро ба худ тахаллуси адабӣ қарор дод. “Қиссаи рангпарида”, “Фарёди дигар”, “Анкабути зард”, “Дунё хонаи ман аст”, “Об дар хобгаҳи мӯрчагон” аз ҷумлаи осори ӯ мебошанд.

Нимо Юшиҷ 4-уми январ (ба навиштаи баъзе манбаъҳо 6 январ)-и соли 1969 дар 64-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1968 – Зодрӯзи Идигул Қосимзода, ходими давлатӣ, раиси собиқи Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон, собиқ вакили парлумони Тоҷикистон. Ӯ 22-юми июли 2021 бар асари бемории каронавирус дар синни 53-солагӣ даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Идигул Қосимова

Соли 2019 – Файзинисо Ваҳидова, ҳуқуқшиноси маъруфи тоҷик дар синни 56-солагӣ аз олам даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Дар ҳамин рӯзи соли 1643, нобиғаи маъруфи ҷаҳонӣ Исаак Нютон таваллуд шуд. Ӯ физик, астроном, математик ва механики англис буда, ҳаракати ҷисмҳои осмонӣ – сайёраҳо дар атрофи Офтоб ва Моҳ дар атрофи Заминро шарҳ додааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Исаак Нютон

Ҳамасола, дар рӯзи таваллуди ин олими бузург ҷомеаи илмӣ Рӯзи Нютонро ҷашн мегирад. Олим қонуни ҷозибаи ҷаҳониро кашф намуд, сабаби мадду ҷазрро фаҳмонд. Вай ҳисоби дифференсиалӣ ва интегралиро кор карда баромад, аберратсия ва парокандашавии шуоъро кашф намуд, интерференсия ва дифраксияро таҳқиқ кард, назарияи корпускулярии рӯшноиро такмил дод, телескопи оинагӣ низ ихтирои вай аст.

4 январи соли 2019 бори аввал ихтирои алифбои тифлопедагоги фаронсавӣ Луи Брайл, ки барои нобиноён ва сустбинон пешбинӣ шуда буд, ҷашн гирифта шуд.

Рӯзи ҷаҳонии алифбои Брайль, ки бо қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ дар моҳи ноябри соли 2018 таъсис ёфта буд, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи аҳамияти алифбои Брайл ҳамчун яке аз воситаҳои муошират барои татбиқи пурраи ҳуқуқҳои инсон барои шахсони нобино ва сустбин ҷашн гирифта мешавад. 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Луи Брайл ва алифбои ӯ

4 январ Рӯзи ҷаҳонии гипноз ҷашн гирифта мешавад. Ин иди махсус соли 2006 таъсис ёфта, ба рӯзи вафоти доктор Ҷек Гибсон бахшида шудааст. Гипнотерапевти маъруфи ирландӣ қариб тамоми фаъолияти касбии худро ба табобати бемориҳои психосоматикӣ тавассути таъсири гипноз бахшида буд. Ӯ 4 январи соли 2005 аз олам даргузашт.

Дар ИМА имрӯз Рӯзи миллии спагетти таҷлил мешавад. Спагетти яке аз хӯрокҳои дӯстдоштаи макаронӣ дар Амрико низ мебошад. Соли 2000 дар мағозаҳои озуқавории амрикоӣ 1,3 миллион фунт спагетти фурӯхта шуд. Агар ҳамаи спагеттиҳои фурӯхташударо дар як хат қарор диҳем, онҳо метавонанд нӯҳ маротиба Заминро иҳота кунанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Акси марбут

 

ВАЗЪИ ҲАВО

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад ва дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4º, рӯзона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10º сард, рӯзона -3+2º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -2+3º, рӯзона 3+8º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои борон ва барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4º, рӯзона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 9-11º сард, рӯзона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 3+5 гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбӣ борон ва барф борида, дар шарқи вилоят бебориш дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 2-7º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 10-12º сард, рӯзона -1+4º, дар шарқи вилоят шабона 14-19º сард, дар баъзе минтақаҳо то 25-27º сард, рӯзона 3-8º сард, дар баъзе минтақаҳо то 11-13º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: шабона 2+4º гарм, рӯзона 7+9º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: шабона 2+4º гарм, рӯзона 4+6º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Ҳарорат:шабона 2+4º гарм, рӯзона 5+7º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: шабона 4-6º сард, рӯзона 0+2º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”

0

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, чанд лаҳза пеш эълон кард, ки нерӯҳои вижаи низомии кишвараш Николас Мадуро, раисҷумҳури Венесуэларо боздошт ва ӯро ҳамроҳи ҳамсараш аз ин кишвар берун бурдаанд.

“Иёлоти Муттаҳидаи Амрико амалиёти густурда ва муваффақро алайҳи Венесуэла ва раҳбари он, раисҷумҳур Николас Мадуро, анҷом дод. Ӯ ҳамроҳ бо ҳамсараш боздошт шуда, аз кишварашон берун бурда шуданд. Ин амалиёт дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Амрико гузаронида шуд. Тафсилот баъдтар эълон мешавад. Имрӯз соати 11:00 (ба вақти маҳаллӣ) дар Мар-а-Лаго (бӯстонсаройи Доналд Трамп дар Флорида) нишасти матбуотӣ баргузор мешавад”, – навиштааст Трамп дар саҳифаи “Truth Social”-и худ.

Пас аз ин навиштаи Трамт, Кристофер Ландау, муовини котиби давлатии Амрико дар шабакаи Х навишт, ки “Аҳди нав барои Венесуэла. Мустабид (ҳокими ситамгар) суқут дода шуд. Акнун барои ҷиноятҳояш дар додгоҳ посух хоҳад гуфт”.

Бояд зикр кард, ки Амрико барои кумак дар боздошти Николас Мадуро 50 млн доллар ҷоиза ваъда карда буд.

Сенатор Майк Ли бошад, бо истинод ба суҳбаташ бо Марк Рубио, котиби давлатии Амрико, навишт, ки “ИМА амалиёти минбаъдаро дар Венесуэла дар нақша надорад”.

Дар ҳамин ҳол, Делси Родригес, ноиби раисҷумҳури Венесуэле тариқи телевизиони давлатӣ изҳор дошт, ки макони будубоши Николас Мадуро ва ҳамсари ӯ барояш маълум нест.

Ӯ аз Доналд Трамп хост, далеле барои зинда будани онҳо пешниҳод кунад.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Николас Мадуро бо ҳамсараш

Ҳамла ба Венесуэла ва амалиёти низомии Амрикоро чанд кишвари ҷаҳон маҳкум карданд.

Аз ҷумла, Густаво Франсиско Петро Уррего, раисҷумҳури Колумбия бо маҳкум кардани ҳамла, аз Созмони миллали муттаҳид хост, нишасти изтирорӣ баргузор кунад.

Вазорати корҳои хориҷии Русия низ бо нашри баёния ҳамла ба Венесуэларо маҳкум кард, баҳонаи ИМА барои ҳамла ба ин кишварро бепоя хонд ва ба мардуми Венесуэла ҳамрайъӣ баён кард.

Эрон ҳам ҳамлаи Амрико ба Венесуэларо маҳкум кард ва хостори "ба ҷавобгарӣ кашидани банақшагирон ва омилони ин таҷовуз" шуд. 

Дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Эрон гуфта шудааст, ки "таҷовузи низомии ИМА алайҳи як давлати мустақил, ки узви Созмони милали муттаҳид аст, поймол кардани дағалонаи сулҳ ва амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ мебошад, ки оқибатҳои он ба тамоми низоми байналмилалӣ таъсир мерасонанд".

Эрон дар изҳорот гуфт, ки Венесуэла ҳақ дорад аз истиқлолияти миллии худ дифоъ кунад.

Роҳбари дипломатияи Иттиҳоди Аврупо Кая Каллас ба риояи ҳуқуқи байналмилалӣ ва оинномаи СММ даъват кард, аммо ҳамлаи Амрикоро ошкор маҳкум накард. Ӯ гуфт, "борҳо таъкид кардаам, ки Мадуро машрӯият надорад" ва ба интиқоли сулҳомези қудрат таъкид кард.

Баъзе аз сиёсатмадорони Амрико ҳам ин ҳамларо маҳкум карданд. Аз ҷумла, Рубен Галйего, сенатор аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон навишт, ки "ин ҷанг ғайриқонунӣ" аст. Ӯ, ки худ дар Ироқ ҷангидааст, гуфт, ки "ин дуюмин ҷанги беасос дар ҳаётам аст".

Ёдовар мешавем, ки таркишҳо дар Каракас субҳи имрӯз оғоз шуданд. Расонаҳо навиштаанд, ки субҳи имрӯз, 3-юми январ, (ба вақти маҳаллӣ) чандин садои инфиҷори шадид дар ин шаҳр ба гӯш расида, чархболу ҳавопаймоҳои ношиносе дар осмон дида шудаанд.

Аз чанд макон ҳам сутуни дуд баланд шудааст. Дар бахшҳое аз ҷануби шаҳри Каракас ва наздик ба як пойгоҳи бузурги низомӣ барқ қатъ шудааст.

Расонаҳо аз ҳамла ба хонаи вазири дифои Венесуэла хабар медиҳанд. Ҳамчунин, дар бандаре дар наздикии шаҳри Каракас низ таркишҳо шунида шудааст.

Иван Ҳил, вазири дифои Венесуэла гуфтааст, ки Амрико ба кишвараш таҷовуз кардааст.

“Ҳадафи ин ҳамла, бешак тасарруфи захираҳои роҳбурдии Венесуэла, махсусан, нафт ва канданиҳои фоиданок, талоши бо зӯр шикасти истиқлоли сиёсии кишвар аст. Онҳо ба ин муваффақ нахоҳанд шуд”, – гуфтааст Ҳил.

Бояд гуфт, моҳҳои ахир миёни Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ва Николас Мадуро, раисҷумҳури Венесуэла танишҳои лафзӣ боло гирифта буд.

Ба навиштаи хабаргузории “Ройтерз”, Трамп борҳо ваъдаи анҷоми амалиёти заминӣ дар Венесуэларо додааст. Бо ин мақсад, дар чанд вақти охир нерӯҳои ҳавоӣ ва баҳрии худро ба наздикиҳои Венесуэлла ирсол карда, чанд киштии ин кишварро мавриди ҳамла қарор дода буд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки ИМА қаблан ҳам раисҷумҳурони кишварҳои дигарро боздошту ҳабс карда буд. Аз ҷумла, пас аз ҳамла ба Панама дар соли 1989 Амрико раҳбари низомии ин кишвар Мануэл Норегаро боздошт карда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?

0

Соли гузашта Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни мулоқоту суханрониҳояш аз кори баъзе ниҳодҳо интиқод кард ва баъзеи дигарро таъриф кард. “Азия-Плюс” дар матлаби зерин интиқоду таърифҳои Эмомалӣ Раҳмонро, ки давоми соли 2025 дар вохӯрӣ бо намояндагони ниҳодҳои гуногун садо дод, гирдоварӣ кард.

 

Аз фаъолият то забондонии додрасҳо

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 4-уми марти соли 2025 дар мулоқот бо кадрҳои тозатаъин дар мақомоти додгоҳӣ ва додситонӣ,  ислоҳи камбудиҳо, аз ҷумла риояи мӯҳлати баррасии парвандаҳо, таъмини адолати додгоҳӣ ва волоияти қонунро гуфт ва дар назди роҳбарони таъиншуда вазифаҳои мушаххас гузошт.

Раисҷумҳур ба роҳбарони масъули соҳаҳо таъкид кард, ки ба масъалаҳои ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи тахассусӣ ва омодагии касбии онҳо, инчунин, андешидани чораҳои қатъӣ барои пешгирӣ ва бартараф кардани омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Роҳбари кишвар ба додрасҳо барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ ду сол муҳлат дод.

Бояд гуфт, Эмомалӣ Раҳмон қаблан низ аз кори додрасҳо интиқод ва аз фасодкорӣ дар ин соҳа нигаронӣ карда буд. Охири соли гузашта дар мулоқот бо додрасҳои тоҷик аз фаъолияти онҳо сахт интиқод карда гуфт, ки аз ҳама бештар аз кори онҳо шикоят дастрас мекунанд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Мулоқот бо додситонҳову додрасҳо

Нигаронӣ аз бахши саноату кишоварзӣ

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 17-уми майи соли 2025 зимни ҷаласаи машваратӣ бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар ноҳияи Данғара вазъи саноату кишоварзӣ ва бахшҳои иқтисоди миллиро таҳлил ва аз кори онҳо нигаронӣ кард.

Ӯ гуфт, ки “имсол дар аксари шаҳру ноҳияҳои кишвар либоси мактабӣ истеҳсол нашудааст, ки хеле нигаронкунанда мебошад”.

“Камбудиҳои зикршуда сабаби сари вақт ва сифатнок иҷро нашудани барномаҳои рушди соҳаи саноат, бахусус, дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар гардида истодаанд”, -таъкид карда буд раисҷумҳур.

Инчунин, роҳбари кишвар дар ин ҷаласа аз иҷро нашудани нақшаи кишти пахта ва картошка интиқод кард.

Ҳамчунин аз иҷро нашудани нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳо дар 5 шаҳру ноҳияи кишвар – Сангвор, Левакант, Ёвон, Панҷакент ва Ишкошим интиқод ва ҳолатро нигаронкунанда арзёбӣ кард.

Раисҷумҳур ба Вазорати молия, Кумитаи андоз ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои кишвар гуфт, ки ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва ҷамъоварии пурраи андозҳо, кам кардани бақияпулии онҳо, дарёфти манбаъҳои иловагии даромади буҷети давлатӣ ва таъмини самаранокии хароҷоти захираҳои молиявӣ тадбир андешанд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Акси марбут

Интиқод аз соҳаи маориф

Эмомалӣ Раҳмон дар “Дарси сулҳ” аз камбудиҳои соҳаи маориф интиқод кард ва дигарбора аз норасоии омӯзгорон, мактабу кӯдакистонҳо, китобҳои дарсӣ ва кам будани омӯзгорони дараҷа ва унвони илмидошта эрод гирифт.

Раисҷумҳур аз кам будани кӯдакистонҳо ва пурра фаро нагирифтани кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ нигаронӣ кард ва ба Вазорати маориф, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дод, ки то соли 2030 дастрасии тифлонро ба кӯдакистонҳо ба 50% расонанд.

Бояд гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 дар “Рӯзи дониш” мушкилоти соҳаи маорифро ба таври васеъ баррасӣ карда барои ҳалли он ба масъулини вазорати маориф ду сол мӯҳлат дода буд. Нигаронӣ ва эродҳои гирифтаи раисҷумҳурро дар матлаби “Президент 2 сол муҳлат дод. “Ёддошт” ба вазири маориф ва илм барои ҳалли мушкили умдаи соҳа” мутолиа кунед.

Дар ин рӯз, роҳбари кишвар аз ворид шудани тибби кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон ва таблиғи он дар телевизионҳои кишвар интиқод кард.

 

Таъриф аз саҳми соҳибкорон

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолаи худ ба парлумони кишвар аз хурофотзадагиву  сару либоси бегонаи занон изҳори нигаронӣ карда ба саҳми соҳибкорон дар бунёди иншооти иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва инфрасохторӣ таъкид карда, ба онҳо миннатдорӣ баён кард.

“Соҳибкорон ҳамин қадар мактабу роҳу муассисаҳои иҷтимоӣ месозанд, худашонро реклама намекунанд. Чуноне созмонҳои байналмилалӣ, ки як халта орд медиҳаду реклама мекунад, ки ман рафтам, тоҷиконро кӯмак кардаму дигар”, – гуфт раисҷумҳур.

Ӯ ҳамчунин дар ишора ба вазирон гуфт, “куҷое президент меравад, вазирон баъд аз пас қатор мешаванд, ки ана мо ҳам ҳастем. Ягон ҷо дидед, ки худашонро реклама карда бошанд (соҳибкорон дар назар аст, аз идора)”.

Ин бори аввал нест, ки роҳбари кишвар аз кори соҳибкорон таъриф мекунад. Ӯ борҳо дар баромадҳои худ ва маросими ифтитоҳи иншооти гуногун саҳми назарраси соҳибкоронро дар ободонии кишвар зикр карда, супориши пешниҳоди имтиёз ва дастгирии онҳоро низ дода буд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Қадрдонӣ аз заҳмати бунёдгарони НБО “Роғун”

Роҳбари кишвар 27-уми август дар вохӯрӣ бо бунёдгарони нерӯгоҳи “Роғун” ба саҳми  коргарон ва кормандони муҳандисиву техникӣ дар сохтмони ин нерӯгоҳ таъкид кард  ва гуфт хидмати онҳо чун намунаи заҳмати содиқона ба давлат эътироф ва қадрдонӣ мешавад.

“Бори дигар иброз медорам, ки шумо дар раванди бунёди неругоҳ воқеан матонату шуҷоати бесобиқа нишон дода, сохтмони бузурги асрро, ки ифодагари ормонҳои мардуми шарифи Тоҷикистон аст, ба майдони нангу номуси миллӣ, арсаи ватандориву ватанпарастӣ мубаддал кардед”,-иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи раисҷумҳур ҳоло дар иншооти нерӯгоҳ 18 ҳазору 300 коргар ва кормандони муҳандисиву техникӣ фаъолият мекунанд.

 

Тавсифи зани тоҷик

“Занону бонувони муосири тоҷик аз насли занони қаҳрамону ватандӯсти ориёӣ мебошанд ва озодиву иззату иффати аҷдодии худро дар шароит ва рӯзгори нав ҳифз кардаанд”.

Ин нуктае аз суханронии раисҷумҳури Тоҷикистон аст, ки рӯзи 7-уми март дар чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Модар садо дод.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Эмомалӣ Раҳмон иштироки занонро дар бунёди нерӯгоҳи барқӣ-обии “Роғун” таъкид карда гуфта буд, ки “ҳоло беш аз ҳазор нафар занон баробари мардон дар “Роғун” заҳмат кашида истодаанд”.

Ҳамчунин таъкид намуд, ки ҳазорон занону бонувони тоҷик дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хидмат мекунанд.

“Ҳиссаи занону бонувони соҳибкор дар бунёд кардану ба роҳ мондани фаъолияти марказҳои хизматрасониву тиҷоратӣ, иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ торафт назаррас гардида истодааст”, – гуфта буд раисҷумҳур.

 

Таърифи ҷавонони Тоҷикистон

Қишри ҷавонони кишвар низ борҳо аз тарафи роҳбари кишвар таърифу тавсиф шудааст. Аз ҷумла, раисҷумҳур дар паёми табрикотиаш ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон аз ҳиссаи ҷавонон дар ҳифзи амнияти давлату ҷомеа, иқтидори мудофиавии кишвар ва ҳимояи зиндагии осудаи мардум ёдрас шуда,  изҳори қаноатмандӣ намуд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ӯ инчунин, ба саҳми назарраси ҷавонон дар рушди варзиш таъкид карда,  гуфт, дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ кардани Тоҷикистон аз ҷониби варзишгарон “қобили таҳсин мебошад”.

“Ман ба ақлу заковат, худогоҳиву худшиносӣ, далериву шуҷоат, ғайрату матонат ва нерӯи зеҳниву ҷисмонии шумо – фарзандони даврони истиқлоли Тоҷикистон эътимоди комил дорам”,-таъкид карда буд раисҷумҳур.

Бояд гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола зимни вохӯрӣ бо масъулини ниҳодҳои гуногуни кишвар, олимону аҳли зиё ва дигар намояндагони ҷомеаи кишвар вазъи соҳа ва фаъолияти онҳоро баррасӣ карда, аз норасоиву камбуди соҳа интиқод мекунад ва барои бартараф кардани он дастур медиҳад.

Ҳамчунин, зимни ироаи паёми солонаи худ ба парлумон низ ӯ ҳар як соҳаро муфассал мавриди таҳлил қарор дода, барои рушди он супориш медиҳад. Аммо, на ҳамеша дастуру супоришҳои раисҷумҳур аз ҷониби ниҳоду идораҳои дахлдор ва масъулин ба таври бояд иҷро мешавад.  

“Азия-Плюс” чун анъана имсол низ иҷрои муҳимтарин дастуру супоришҳои раисҷумҳурро аз ҷониби идораҳои дахлдор пайгирӣ намуд, ки  дар матлаби “Кадом дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми соли 2024 дода буд, иҷро нашуд ва чаро?” мутолиа кунед.

Ҳамчунин, айни ин маводро барои соли 2024 дар матлаби “Аз кори мақомоти қудратӣ то ришвахории додрасҳо. Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2024 кадом ниҳодҳоро танқид кард?” метавонед мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард

0

Дар пойтахти Венесуэла, шаҳри Каракас садои чандин инфиҷор шунида шудааст. Расонаҳо навиштаанд, ки субҳи имрӯз, 3-юми январ, (ба вақти маҳаллӣ) чандин садои инфиҷори шадид дар ин шаҳр ба гӯш расида, чархболу ҳавопаймоҳои ношиносе дар осмон дида шудаанд.

Аз чанд макон ҳам сутуни дуд баланд шудааст. Дар бахшҳое аз ҷануби шаҳри Каракас ва наздик ба як пойгоҳи бузурги низомӣ барқ қатъ шудааст.

Расонаҳо аз ҳамла ба хонаи вазири дифои Венесуэла хабар медиҳанд. Ҳамчунин, дар бандаре дар наздикии шаҳри Каракас низ таркишҳо шунида шудааст.

Иван Ҳил, вазири дифои Венесуэла гуфтааст, ки Амрико ба кишвараш таҷовуз кардааст.

“Ҳадафи ин ҳамла, бешак тасарруфи захираҳои роҳбурдии Венесуэла, махсусан, нафт ва канданиҳои фоиданок, талоши бо зӯр шикасти истиқлоли сиёсии кишвар аст. Онҳо ба ин муваффақ нахоҳанд шуд”, – гуфтааст Ҳил.

Ба навиштаи “Ройиерз”, Николас Мадуро, раисҷумҳури Венесуэла дар кишвараш вазъияти изтирорӣ эълон кардааст. Аммо то ҳол худи Мадуро мустақим ва дар мазҳари ном намудор нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, телевизиони амрикоии CBS News бо такя ба манобеи худ хабар додааст, ки дастури ҳамла ба ҳадафҳои низомӣ дар Венесуэларо Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико додааст.

Манобеи Fox News ҳам тасдиқ кардаанд, ки Амрико ба Венесуэла зарба мезананд.

Худи Доналд Трамп ё мақомоти расмии Амрико то кунун дар ин маврид изҳори назар накардаанд.

Бояд гуфт, моҳҳои ахир миёни Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ва Николас Мадуро, раисҷумҳури Венесуэла танишҳои лафзӣ боло гирифта буд.

Ба навиштаи хабаргузории “Ройтерз”, Трамп борҳо ваъдаи анҷоми амалиёти заминӣ дар Венесуэларо додааст. Бо ин мақсад, дар чанд вақти охир нерӯҳои ҳавоӣ ва баҳрии худро ба наздикиҳои Венесуэлла ирсол карда, чанд киштии ин кишварро мавриди ҳамла қарор дода буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод

0

Дар пайи марги як шаҳрванди Ӯзбекистон пас аз рейди мақомоти амниятии Русия дар шаҳри Хабаровск, консулгарии генералии Ӯзбекистон дар Владивосток ба Прокуратураи кишвари Хабаровск, мақомоти тафтишотӣ ва намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Русия нота фиристода, тафтиши марги шаҳрвандашро талаб кард.

Шаҳрванди Ӯзбекистон дар пайи рейди мақомоти Русия аввал боздошт шуд ва баъдан ҷон бохт. Ба навиштаи хабаргузории kun.uz, ҳодиса 12-уми декабр дар як қаҳвахонае дар шаҳри Хабаровск рух додааст. Кормандони пулиси вижаи (ОМОН) Русия шаҳрвандони Ӯзбекистонро латукӯб ва ду нафари онҳоро боздошт кардаанд. Баъдтар яке аз боздоштшудагон ба таври мармуз ҷон бохтааст.

Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон изҳор доштааст, ки айни замон дар бораи сабаби марг маълумоти расмӣ нест ва он танҳо пас аз гирифтани иттилоъ аз мақомоти салоҳиятдори Русия нашр карда мешавад.

Рӯзномаи маҳаллии "Вести" дар бораи рейд ба як қаҳвахонаи таомҳои шарқӣ, ки эҳтимолан марҳум дар он ҷо буд, хабар додааст. Дар гузориш зикр мешавад, ки шаҳрвандони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон тафтиш карда мешаванд. Афроде, ки пас аз гирифтани шаҳрвандии Русия ҳуҷҷатҳоро пешниҳод накарданд ё барои хидмати ҳарбӣ сабти ном нашуданд, аз ҷониби кормандони пулиси вижа боздошт ва барои тафтиш ба идораи бақайдгирии ҳарбӣ ба утоқи алоҳида интиқол ёфтанд.

Аммо расонаҳо ва мақомоти Русия дар бораи сабаби марги ин шаҳрванди Ӯзбекистон хабаре нашр накардаанд.

Дар пайи ин ҳодиса, Алишер Қодиров, вакили парлумони Ӯзбекистон аз ӯзбекистониҳо хост, Русияро тарк кунанд. Зеро, ба қавли ӯ, “вазъ танҳо бад мешавад”.

“Ақлатонро кор фармоед, аз Русия тезтар равед. Ҳеҷ даромад ба ашки падару модар ва фарзандонатон намеарзад”, – гуфт Қодиров.

Бояд гуфт, рейдҳои мақомоти Русия алайҳи зодагони кишварҳои Осиёи Миёна аксар вақт бо шеваи хашин ва олуда ба таҳқиру латукӯб мегузарад. Мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ борҳо аз шеваи баргузории рейдҳо алайҳи шаҳвандонашон ба мақомоти Русияи эътироз кардаанд, аммо ин вокунишҳо дар умум вазъро тағйир надодааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.