Рустам Ятимов – бозингари сол дар мусобиқоти Ҷоми Русия

Рустам Ятимов, дарвозабони тими миллии футболи Тоҷикистон ва дастаи “Ростов”-и Ростови лаби Дони Русия аз рӯи натиҷаи овоздиҳӣ барои муайян кардани беҳтарин бозингари мусобиқоти Ҷоми Русия дар соли 2025 пирӯз шуд. Ин иттилоъ аз сӯи дафтари матбуоти мусобиқоти мазкур, ки беҳтаринҳоро тибқи фарзияи мухлисон ва коршиносон эълон кард, ба нашр расид. Аз шумори умумии овозҳо, Рустам Ятимов 36%-и […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Рустам Ятимов, дарвозабони тими миллии футболи Тоҷикистон ва дастаи “Ростов”-и Ростови лаби Дони Русия аз рӯи натиҷаи овоздиҳӣ барои муайян кардани беҳтарин бозингари мусобиқоти Ҷоми Русия дар соли 2025 пирӯз шуд.

Ин иттилоъ аз сӯи дафтари матбуоти мусобиқоти мазкур, ки беҳтаринҳоро тибқи фарзияи мухлисон ва коршиносон эълон кард, ба нашр расид.

Аз шумори умумии овозҳо, Рустам Ятимов 36%-и онро касб кард ва дар зинаи аввал қарор гирифт. Дар ҷои дуввум, Данила Козлов, нимҳимоятгари “Краснодар” бо 26%  қарор гирифт.

Дар зинаи сеюм ду нафар – Матвей Кисляк аз дастаи "ССКА" ва Александр Корякин аз тими “Краснодар” қарор гирифтанд, ки ҳарду 13%-и овозҳоро ба даст овардаанд.

Дарвозабони 27-солаи тоҷик имсол дар мусобиқоти Ҷоми Русия хуб ҳунарнамоӣ карда, бо дастааш то даври Суперфинал расид, вале ин бозиро дар силсилаи зарбаҳои 11-метра бохт.

Қаблан, дар ҳамин овоздиҳӣ, Рустам Ятимов аз рӯйи натиҷаҳои назарпурсӣ миёни мухлисон беҳтарин дарвозабони мусобиқа дониста шуда буд.

Қобили зикр аст, ки дарвозабони мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон Рустам Ятимов дар феҳристи гаронтарин дарвозабонҳои қораи Осиё ба зинаи 6-ум баромад. Маъмулан дар ин "бозор" намояндагони Ҷопон, Австралия, Кореяи Ҷанубӣ ва кишварҳои Ховари Миёна қарор мегиранд.

Ҳоло арзиши ӯ 1,80 млн евро аст, ки ин рекорди мутлақ барои футболбозони тоҷик мебошад. Рустам Ятимов 300 ҳазор гаронтар шуд. Аз лиҳози арзиш ӯ аз дарвозабонони Индонезия – Паес ва Австралия –  Гаучи пеш гузашт.

Ғайр аз ин, Рустам Ятимов бори дигар гаронтарин дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.