Рустам Ятимов дар ҳафтгонаи гаронтарин дарвозабонҳои Осиё

Рустам Ятимов, дарвозабони тими мунтахаби футболи Тоҷикистон дар рӯйхати гаронбаҳотарин дарвозабонҳои Осиё ба зинаи шашум баромадааст. Ҳоло арзиши ӯ 1,80 млн евро аст, ки ин рекорди мутлақ барои футболбозони тоҷик мебошад. Арзиши дарвозабони мунтахаби кишвар, 300 ҳазор боло рафта, дар муқоиса аз дарвозабонони Индонезия ва Австраслия пеш гузашт. Маъмулан дар ин "бозор" намояндагони Ҷопон, Австралия, Кореяи Ҷанубӣ ва кишварҳои Ховари Миёна қарор […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Рустам Ятимов, дарвозабони тими мунтахаби футболи Тоҷикистон дар рӯйхати гаронбаҳотарин дарвозабонҳои Осиё ба зинаи шашум баромадааст. Ҳоло арзиши ӯ 1,80 млн евро аст, ки ин рекорди мутлақ барои футболбозони тоҷик мебошад.

Арзиши дарвозабони мунтахаби кишвар, 300 ҳазор боло рафта, дар муқоиса аз дарвозабонони Индонезия ва Австраслия пеш гузашт. Маъмулан дар ин "бозор" намояндагони Ҷопон, Австралия, Кореяи Ҷанубӣ ва кишварҳои Ховари Миёна қарор мегиранд. 

Ғайр аз ин, Ятимов гаронбарин дарвозабон дар Осиёи Марказӣ дониста шудааст. баъди ӯ, нархи дарвозабон аз Ӯзбекистон 1,5 млн евро мебошад. 

Дар қисми болоии радабандӣ, бартарии комили Япония дида мешавад. Пешсафи рӯйхат Дзион Судзуки аз "Парма" аст, ки арзишаш ба 20 млн евро мерасад. Ин нишондиҳандаест, ки барои аксари лигаҳои футболи Осиё дастнорас маҳсуб меёбад. Дар идома ҳамватанони ӯ Лео Кокубо аз "Сент-Трюйден" (4 млн) ва Йохей Такаока аз "Ванкувер" (3,5 млн) қарор гирифтаанд.

Ба панҷгонаи аввал, инчунин, Эмил Аудеро аз Индонезия ("Кремонезе") — 3,2 млн, Кейсуке Осако аз Ҷопон ("Санфречче Хиросима") ва Мэтю Райан аз Австралия ("Леванте") — ҳар кадоме 2 млн қарор доранд.

Рустам Ятимов дар зинаи 6-ум (1,8 млн) қарор дошта, дар идома дарвозабони зерин ҷой гирифтаанд:

– Абдулвоҳид Неъматов аз Ӯзбекистон ("Насаф") 1,5 млн евро; 

– Косей Тани ("Матида"), Томоки Хаякава ("Касима") аз Ҷопон 1,5 млн евро;

– Мартен Паес аз Индонезия ("Даллас") 1,5 млн евро;

– Ҷо Гаучи аз Австралия ("Пор Вейл") 1,4 млн евро;

– Риесуке Кожима аз Ҷопон ("Касива")  1,2 млн евро;

– Брендон Нозава аз Ҷопон ("Антверпен"); 1 млн евро;

– Бум-Кун Сонг аз Корея Ҷанубӣ ("Чонбук Хендэ Моторс") 1 млн евро.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.