Шариф Назаров, собиқ сармураббии тими милии Тоҷикистон ва мутахассиси шинохтаи футболи тоҷик даргузашт

0

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ӯ пас аз бемории вазнин имрӯз, 30-юми декабр, дар 80-солагӣ вафот кардааст.

Ӯро пас аз нисфирӯзии имрӯз, баъди хондани намози пешин, дар масҷиди Сари Осиё ҷаноза мекунанд ва ба хок месупоранд.

Шариф Назаров ҳамчун футболбоз кам дар майдон буд, вале аз мутахассисони маъруфи футболи тоҷик ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла, зери сармураббигии ӯ дастаи миллии Тоҷикистон соли 2006 Ҷоми даъвати КФО-ро соҳиб шудааст.

Ҳамчунин, таҳти роҳбарии ин мутахасс дастаи “Помир”-и Душанбе дар замони Иттиҳоди шӯравӣ соли 1988 дар лигаи якум ғолиб омада, ба лигаи олии Иттиҳоди Шӯравӣ роҳ ёфта буд.

Бо роҳбарии Шариф Назаров “Помир” ду бор қаҳрамони Тоҷикистон (1992 ва 1995) ва барандаи Ҷоми кишвар (1992) шуд. Ӯ дар солҳои 1994-1995 сармураббии дастаи “Навбаҳор” –и Ӯзбекистон буд.

Соли 1997 ба Тоҷикистон баргашт ва сармураббии “Помир” таъйин шуд. Зери роҳбарии ӯ, ҳамчунин, дастаи “Варзоб”-и Душанбе ду бор (1999 ва 2000) қаҳрамони Тоҷикистон ва як бор (1999) барандаи Ҷоми кишвар шудааст.

Солҳои 2001-2002 сармураббии дастаи “Фаррух”-и Ҳисор, солҳои 2003-2005 сармураббии “Авиатор” (баъдан “Парвоз”)-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, солҳои 2006-2007 сармураббии “Хима”-и Душанбе буд.

“Авиатор” бо роҳбарии ин мураббии пуртаҷриба ду бор (2003, 2004) соҳиби медали биринҷӣ шуда, як дафъа (2004) Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст.

Шариф Назаров хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ва мактаби олии мураббиёни шаҳри Маскав ва мураббии шоистаи Тоҷикистон буд. Ӯ ягона намояндаи аз кишварҳои Осиёи Марказӣ буд, ки унвони “Мураббии шоистаи СССР”-ро дошт.

Шариф Назаров аз моҳи июни соли 2009 раиси бошгоҳи футболи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода буд. Баъдан дар Душанбе мактаби футболи Шариф Назаров таъсис ёфт, ки ӯ ҳамроҳи шогирдонаш ба тарбияи футболбозони наврас машғул буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 декабри соли 2025

0

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз, соати 14:00 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, Зиёвиддини Нурзод, овозхони тоҷик барномаи консертӣ доир мекунад. Арзиши чипта аз 80 то 200 сомонӣ вобаста ба ҷойи нишаст аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли  1925 – Шуъбаи хабаргузори “ТАСС” дар  Тоҷикистон таъсис  ёфт,  ки баъдан  мақоми Агентии телеграфии  Тоҷикистон (ТоҷикТА)-ро гирифт. Баъдтар, "ТоҷикТА" ба Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” тағйири ном кард.

Соли 1930 – Дар шаҳри Душанбе низоми обтаъминкунии марказӣ ба фаъолият оғоз кард.

Соли 1936 – Нерӯгоҳи барқи обии "Варзоб" ба истифода дода шуд, ки аввалин нерӯгоҳи барқӣ-обӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Иқтидори ибтидоии он 3,72 МВт-ро ташкил медод ва нерӯи барқи истеҳсолнамудаи он барои таъмини корхонаҳо ва аҳолии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атроф истифода мешуд.

Соли 1940 – Дар Душанбе аввалин омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ кушода шуд. Имрӯз он бо номи Муассисаи таълимии миёнаи касбӣ-техникӣ №28 фаъолият мекунад.

Соли 1996 – Дар шаҳри Хосдеҳи Афғонистон Протокол дар бораи қатъи амалиёти ҷангӣ дар минтақаҳои Қаротегину Тавилдараи Тоҷикистон ба имзо расид.

Соли 2002 – Ҳангоми як амалиёти махсуси кормандони Раёсати корҳои дохилии ноҳияи Кофарниҳон ба гуфтаи мақомот, ҷинояткори махсусан хатарнок Маҳмадулло Муллоев, бо лақаби “Санчо” кушта шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Парвиз Давлатбеков

Соли 2011 – Дар Душанбе Парвиз Давлатбекови 24-сола, ки либоси “Бобои Барфӣ”-ро ба бар карда буд, аз ҷониби ашхоси номаълум ба қатл расонида шуд. Қатли ӯ дар ҷомеа сару садои зиёдеро ба бор овард.

Соли 2020 – Парлумони Тоҷикистон корхонаи “Ғаюр”-ро, ки халтаҳои полипропиленӣ истеҳсол мекунад, аз пардохти андоз озод намуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1908 – Мавлуди Бобоҷон Ғафуров, Қаҳрамони Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Бобоҷон Ғафуров

Бобоҷон Ғафуров 31 -уми декабри соли 1908 дар рустои Исфисор, ҳоло шаҳри Ғафурови вилояти Суғд ба дунё омад. Модари ӯ Розия Озод, ки шоира буд, дар ташаккули шахсияти ӯ саҳми арзанда дошт.

Ӯ дар вазифаҳои муҳими давлатӣ, аз ҷумла ҳамчун котиби якуми Ҳизби комунисти Тоҷикистон (1946–1956) фаъолият намуда, барои рушди иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маорифи кишвар саҳми арзанда гузоштааст. Аз соли 1956 то охири умр директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ буд.

Бобоҷон Ғафуров муаллифи асари таърихии “Тоҷикон” аст, ки мавҷудияти халқи тоҷик ва дорои тамаддуну таърихи куҳан будани тоҷиконро исбот мекунад. Ӯ зиёда аз 400 асару мақола навиштааст, ки дар саросари ҷаҳон ба забонҳои гуногун нашр шудаанд.

Бобоҷон Ғафуров 12-уми июли соли 1977 дар Маскав даргузашт. Соли 1997 ба Бобоҷон Ғафуров барои хизматҳои шоёнаш унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.

Моҳи декабри соли 2023 дар Симпоизуми байналмилалии “Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи тоҷик”, ки ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дар Душанбе доир шуд, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумати кишвар супориш дод, ки масъалаи таъсиси Ҷоизаи давлатии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  таъсис дода шавад. Инчунин, бо қарори президенти кишвар китоби “Тоҷикон”-и ӯ чоп ва ба ҳар як хонаводаи тоҷик тӯҳфа гардид.

Соли 1923 – Зодрӯзи Рустамбек Юсуфбеков, доктори илмҳои иқтисодӣ ва ходими давлатӣ.

Соли 1934 – Мавлуди Фотима Ғуломова, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Фотима Ғуломова

Фотима Ғуломова ҳунарпешаи хизматнишондодаи Тоҷикистон буда, бештар аз 40 сол дар саҳнаи Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ ҳунарнамоӣ кардааст. Симои ӯ тавассути “Бой ва ғулом”, “Шоҳ Лир”, “Рӯдакӣ”, “Рустам ва Суҳроб”, “Мо аз боми ҷаҳон” барин намоишномаҳои маъруфи театри тоҷик дар хотири ҳаводоронаш нақш бастааст.

Фотима Ғуломова модари Барзу Абдураззоқов коргардони пуровозаи тоҷик ва ҳамсари нахустини Ҳабибулло Абдураззоқов, ҳунарманд ва коргардони номошнои Тоҷикистон буд. Хоҳараш Соҷида Ғуломова коргардони маъруф ва бародараш Исфандиёр Ғуломов низ аз ҳунарпешаҳои шинохтаи театру синамои тоҷик мебошад.

Ӯ фаъолияти кориашро cоли 1960 дар Театри ҷумҳуриявии мазҳакаи мусиқии ба номи А. С. Пушкин оғоз намуда, аз соли 1961 ҳамчун ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ фаъолият кард. Номбурда дар саҳнаи театр ва синамо зиёда аз 100 нақш офаридааст. Аз ҷумла, нақшҳои Хонзода дар “Бой ва хидматгор” Гонерил дар “Шоҳ Лир”, Гурдофарид дар “Рустам ва Сӯҳроб”, Нигина дар “Рӯдакӣ”, Бунафша дар “Духтари қишлоқӣ”, Клариче дар “Хизматгори ду хоҷа”, шоҳдухтар дар “Шоҳгавазн” ва ғайра.

Чеҳраи ӯ дар синамо низ ошно буда, дар филми “Овора”-и Далер Раҳматов нақши бибиро бозидааст.

Фотима Ғуломова 1-уми марти соли 2021 дар 86-солагӣ даргузашт.

Соли 1947 – Зодрӯзи Саидқул Сабзаев, забоншинос, шоир ва драматурги тоҷик.

Соли 1950 – Мавлуди Гавҳар Ҷӯраева, фаъоли ҳуқуқи башар, узви Шӯрои ҷамъиятии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия.

Соли 1955 – Зодрӯзи Рустамҷон Воҳидов, ҳунарпеша ва коргардони тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Рустамҷон Воҳидов

Рустамҷон Воҳидов, бародари Маҳмудҷон Воҳидов, ҳунарпешаи маъруфи тоҷик ва аз зумраи ҳунармандони бисёрсамтаи ҳунар буда, зиндагиаш бо саҳна ва ҳунар пайванди ногусастанӣ дорад.

Ӯ идомадиҳандаи мактаби эҷодии бародараш Маҳмудҷон Воҳидов аст. Соли 1982 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро бо ихтисоси ҳунарпешаи драма ва кино хатм намуда, аз мактаби ҳунарии устодони номдори санъати тоҷик – Назар Назаров, Ҳотам Нуров,  Аскар Абдураҳмонов ва Фаррух Қосимов таҷриба омӯхтааст.

Фаъолияти ҳунарии Рустамҷон Воҳидов аз соли 1982 дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов оғоз ёфта, сипас аз соли 1992 дар саҳнаи “Театри Аҳорун” бо нақшҳои тоза, хотирмон ва гуногунрангаш мавқеи худро ҳамчун ҳунарпешаи вижа мустаҳкам намуд.

Аз соли 2004 фаъолияти омӯзгорӣ ва маъмурии ӯ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода оғоз ёфтааст. Дар ин боргоҳи ҳунар ӯ вазифаҳои гуногун, мудири кафедраи нутқ ва ҳаракати саҳна, мудири қисми таълим ва аз соли 2017 декани факултаи театр, кино ва телевизионро бар уҳда дошт.

Нақшҳои Николай дар “Решаҳои капитализм”, Лундабек дар “Қоқалӣ ва Лундабек”, Карим дар “Нахутак”, Хирс дар “Шер ва харгӯш”, Ломов дар “Хостгорӣ”, Раҳмонқул дар “Торҳои муҳаббат”, Ҷавонписар дар “Пӯлод чӣ тавр обу тоб ёфтааст?” аз нақшҳои мондагори ӯ дар саҳнаи театр мебошанд.

Дар синамо бошад, дар филмҳои “Маҳдӣ”, “Муъҷиза”, “Захми носур”, “Журналист”, “Ҷазо”, “Ман гунаҳгор”, “Асрори хуфта”, “Лайка”, “Ҷавонмард” нақш офаридааст.

Соли 1982 – Зодрӯзи Манижа Давлатова, овозхони шинохтаи эстрадаи тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Манижа Давлатова

Манижа Давлатова яке аз номдортарин овозхонҳои тоҷик аст, ки ба сабки мусиқии поп месарояд. Ӯ 43-сола шуд.

Манижа бо сабку услуби хоса вориди дунёи ҳунару мусиқии муосири тоҷик гашт. Ӯ ба ин ҷода соли 2001 бо суруди “Дар лаби ҷӯй” ворид гардид.

Соли 2002 албоми нахустини худро бо номи “Сарнавишти ман” таҳия намуд ва 21 сентябр дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе консерти аввалинашро барпо кард.

Соли 2006 Манижа ба Ҷумҳурии Афғонистон даъват шуд ва дар шаҳрҳои Кобул ва Мазори Шариф консерт гузошт. Аммо вай солҳои охир саҳнаро тарк кард ва дигар худ овозхонӣ намекунад ва гоҳ-гоҳе барои дигарон тарона менависад.

“Сиёҳ чашмак”, “Ман дӯст медорам туро”, “Дар ёди падар”, “Маро мешиносӣ”, “Беҳуда хорам мекунӣ” аз маъруфтарин сурудҳои ӯ мебошанд. Чанд соли охир ӯ аз саҳна дур шудааст ва сабаби онро ҳам шарҳ намедиҳад.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Рӯзи 31-уми декабри соли 1999 Борис Елтсин, президенти вақти Русия дар як муроҷиати телевизионӣ эълон кард, ки бо хоҳиши худ аз вазифаи раисҷумҳури ин кишвар истеъфо медиҳад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ӯ дар муроҷиати худ аз шаҳрвандони Русия барои хатогиҳои эҳтимолӣ дар давраи роҳбарияш узр пурсид ва изҳор дошт, ки вақти тағйирот фаро расидааст. Пас аз истеъфои ӯ, тибқи Конститутсияи Русия, салоҳиятҳои президентӣ ба Владимир Путин, сарвазири вақт гузашт ва дар интихоботи президентии соли 2000 Владимир Путин ҳамчун президенти нави Русия интихоб гардид. Инак, 26 сол мешавад, ки Владимир Путин роҳбарии Русияро ба уҳда дорад.

Имрӯз дар Озарбойҷон Рӯзи ҳамбастагии миллии озарбойҷониҳо, ки дар тамоми кишварҳои ҷаҳон зиндагӣ мекунанд, ҷашн гирифта мешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Рамзи Рузи ҳамбастагии милли озарбойҷониҳо

 

ВАЗЪИ ҲАВО

Дар вилояти Суғд – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона ва рӯзона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5º сард, рӯзона -2+3º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои абрнок, бориши борон дар назар буда, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳида шиддат мегирад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона ва рӯзона 3+8º гарм, дар  доманакӯҳҳо шабона ва рӯзона 2+7º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар водиҳо борон  ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф борида, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳида шиддат мегирад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона ва рӯзона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 3+5º гарм, рӯзона 1+6º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 0-2º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 2-7º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 3+5º гарм, рӯзона 1+6º гарм, дар шарқи вилоят шабона 15-20º сард, дар баъзе минтақаҳо то 24-26º сард, рӯзона 1-6º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  абрнок пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: шабона 2-4 сард, рӯзона 4+6º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: шабона ва рӯзона 4+6º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Ҳарорат: шабона ва рӯзона 5+7º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: шабона 2-4 сард, рӯзона 4+6º гарм. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Тоҷикпажӯҳи эътирофшуда. Профессор Сафар Абдуллоҳ 70-сола шуд

0

Профессор Сафар Абдуллоҳ, узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ, шарқшинос ва донишманди шаҳири тоҷик ҷашни мавлуд дорад. Мавсуф яке аз чеҳраҳои саршиноси адаби тоҷик аст, вале солҳост, ки дар Қазоқистон умр ба сар мебарад.

Ба гуфтаи худаш, мутаваллиди 30-юми декабри 1955 аст, вале дар асноди расмӣ рӯзи таваллудаш 30-юми январи соли 1955 зикр гардидааст. “Азия-Плюс” оғози соли ҷорӣ бо такя ба мавлуди расмиаш бо Сафар Абдуллоҳ мусоҳиба оростанӣ буд, вале сарфи назар аз он ки як моҳи пеш мавлуди ҳақиқиашро таҷлил кард, бисёр фаврӣ талош кард мусоҳибаи кӯтоҳе орояд, вале бо сабаби масруфияти зиёди соҳибҷашн ин суҳбат мавқуф гузошта шуд.

Баъдан тасмим гирифтем дар идомаи сол ва ҷашни 70-солагии профессор Сафар Абдуллоҳ якчанд матлабу мусоҳиба омода ва интишор мекунем. Аммо бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла бемории устод ва дурӣ аз ватан, натавонистем ин нақшаи худро амалӣ кунем.

Ҳоло ин зиёии бедордил ва дилсӯзи фарҳангу адаби тоҷикро ба ҷашни зодрӯз таҳният гуфта, рӯзгор ва корномаи мухтасари варо ёдовар мешавем.

 

Раҳоварди Сафар Абдуллоҳ

Сафар Абдуллоҳ дар деҳаи Артучи ноҳияи Панҷакент ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаб дар зодгоҳаш, роҳи касби илмро пеш гирифта, ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуд ва солҳои 1973-1978 дар факултаи филологияи тоҷик таҳсил намуд.

Фаъолияти илмиашро соли 1978 аз Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Рӯдакӣ оғоз карда, баъдан дар Пажӯҳишгоҳи адабиёти ба номи Горкий дар Маскав ба коромӯзӣ пардохт. Дар ҳамин даргоҳи илм рисолаи номзадиашро дар мавзӯи суннатҳои эпикӣ дар шеъри муосири тоҷик дифоъ намуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Баъдан солҳо ҳамчун муаллим дар Институти адабиёти ҷаҳони ба номи Горкий ва ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Рӯдакӣ фаъолият кард.

Воқеаҳои нохуши ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон боис шуданд, ки Сафар Абдуллоҳ ба Қазоқистон ҳиҷрат кунад. Аммо ин муҳоҷират ӯро аз роҳи илм дур накард. Баръакс, дар Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Академияи илмҳои Қазоқистон фаъолияташро идома дода, то ба мақоми ходими пешбари илмӣ расид. Ҳамзамон, солҳо ба ин сӯ дар Донишгоҳи равобити байналмилалӣ ва забонҳои ҷаҳони Қазоқистон ба номи Абилайхон ба ҳайси профессор кор мекунад.

 

Тоҷикпажӯҳишии Сафар Абдуллоҳ

Соли 2007 дар таърихи фаъолияти илмии Сафар Абдуллоҳ марҳилаи нав оғоз ёфт – ӯ фаслномаи илмии "Эроннома"-ро таъсис дод. Ин нашрия, ки ба забони русӣ чоп мешавад, баъдан минбари муҳиме барои эроншиносони кишварҳои гуногун гардид. Дар саҳифаҳои он мақолаҳои илмӣ доир ба таърих, тамаддун, фарҳанг, забон ва адабиёти мардумони эронинажод нашр мешаванд.

Дар тӯли фаъолияти илмиаш Сафар Абдуллоҳ беш аз 300 мақола ва рисолаи илмӣ навиштааст, ки дар Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Қазоқистон ва Русия ба табъ расидаанд. Китобҳои "Нури сухан", "Магические мосты", "Шаранги андӯҳ" ва "Фарҳанги тахассусии форсӣ ба русӣ" аз ҷумлаи таълифоти муҳимми ӯ мебошанд. Ҳамчунин, ӯ ба сифати мураттиб ва муҳаққиқ дар нашри осори адибони форсу тоҷик ва қазоқ саҳм гузоштааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Сафар Абдуллоҳ дар баробари пажӯҳишҳои илмӣ, дар масъалаи ҳувияти таърихии тоҷикон низ назари амиқ дорад. Ӯ бо такя ба осори классикон, аз ҷумла Саъдии Шерозӣ ва Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, дар мусоҳибае собит сохта, ки истилоҳи “тоҷик” таърихи тӯлонӣ дошта, ҳанӯз дар асрҳои миёна барои ифодаи ҳувияти эронӣ дар баробари туркон истифода мешудааст.

Ин профессори тоҷик таъкид мекунад, ки тақсими сунъии қавмҳои эронӣ ва номгузории гуногуни забонашон (форсӣ, тоҷикӣ, дарӣ) натиҷаи сиёсати абарқудратҳои асри XIX – Британия ва Русия мебошад.

“Ин ду абарқудрат ду имперотурии бузург сохтанд ва моро пора-пора карданд ва масхарагӣ ба ҷое расид, ки масалан хоҳар дар Афғонистон зиндагӣ мекард, бародар дар Тоҷикистон, номи забони бародарро “тоҷикӣ”, номи забони хоҳарро “дарӣ” гуфтанд”, – бо таассуф мегӯяд Сафар Абдуллоҳ.

Гуфтан ба маврид аст, ки Сафар Абдуллоҳ чаҳорум олими тоҷик мебошад, ки соли 2015 узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ шуд. То ӯ ин чеҳраҳои шинохта – Муҳамадҷон Шакурӣ, Абдуқодир Маниёзов ва Додихудо Саймуддинов узвияти Фарҳангистони забон ва адаби форсиро доштанд.

Хидматҳои илмӣ ва фарҳангии Сафар Абдуллоҳ борҳо қадршиносӣ шудаанд. Соли 2015 ӯ бо нишони тиллоии “Ваҳдат” аз ҷониби Анҷумани мардуми Қазоқистон сарфароз гардид. Имрӯз ҳам Сафар Абдуллоҳ ҳамчун донишманди варзида, муҳаққиқи ҷиддӣ ва пайвандгари фарҳангҳо дар фазои илмии кишварҳои форсизабон ва пасошӯравӣ шинохта шудааст.

Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ҷашни 70-солагии профессор Сафар Абдуллоҳро самимона таҳият гуфта, ба корҳои илмӣ ва эҷодии мавсуф барор ва дар рӯзгораш баракат таманно дорад.

Мақомот марги кӯдаки 3-солаеро таҳқиқ доранд, ки дар пайванд ба он модарандараш гумонбар аст

0

Додситонии ноҳияи Файзобод ба таҳқиқи марги мармузи Юсуфҷони 3-сола, ки гумон меравад дар пайи латукӯби модарандараш фавтидааст, оғоз кардааст. Ҳодиса рӯзи 26-уми декабр дар деҳаи Шерамони ноҳияи Файзобод рух додааст.

Аз шӯъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Файзобод ба “Азия-Плюс” ҳодисаи марги писарбачаро тасдиқ карда, кӯтоҳ гуфтанд, ки сабабу омили фавти писарбачаро додситонии ноҳия тафтиш мебарад.

Дар додситонии ноҳияи Файзобод ҳозир нашуданд, оиди ин ҳодиса маълумот пешниҳод кунанд.

Радиои Озодӣ бо истинод ба манбаҳои худ дар ҳукумати ноҳияи Файзобод хабар дод, ки писарбача як рӯз баъд аз латукӯб шудан аз сӯйи модарандараш дар роҳ ба бемористон фавтидааст.

Манбаъ навиштааст, ки зан 31-сола буда, бинобар доштани кӯдаки якуниммоҳа ба ҳабси пешакӣ гирифта нашудааст, вале таҳти бозпурсии мақомот қарор дорад.

Ба гуфтаи ин расона, таҳқиқоти аввалия муайян кардааст, ки зан мушкили равонӣ надоштааст, аммо бо хушдоманаш муноқиша мекардаанд.  Мақомот қаблан аз мушкилоти оилавии ин зан огоҳ буда,  як маротиба бо онҳо сӯҳбат карда будаанд.

Назари модарандар ва пайвандони писарбача дар робита ба ин қазия маълум нест.

Бояд гуфт, ки ин аввалин ҳодисаи латукӯб ва ба марг расонидани фарзандон аз сӯйи волидайн дар Тоҷикистон нест. Чанд моҳ қабл, ҳодисаи бо ресмон ба мошин бастану кашола кардани наврасе аз сӯи падараш барои танбеҳ додан, ки дар пайи он кӯдак фавтид, баҳси тундеро дар ҷомеа ба вуҷуд овард. Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи ноябри имсол Парвиз Одинаевро, ба азият ва куштори писари 15-солааш гунаҳкор ва ба 25 соли зиндон маҳкум кард.

Ҳамчунин, он шабу рӯз, Мадина Ҳалимова, зани 28-сола аз Фархор, худ ва чаҳор фарзандашро ба дарёи Сурхоб андохт, ки танҳо худаш зинда монд. Додгоҳи вилояти Хатлон ин занро ба куштор гунаҳкор ва ба муддати 20 сол равонаи зиндон кард.

Дар моҳи июн як зани 24-солаи сокини ноҳияи Қубодиён, 3 кӯдакашро бо корд захмӣ кард, ки дар пайи ин як кӯдаки хурдсоли ӯ фавтид. Ин зан бо қарори додгоҳ ба куштор гунаҳкор ва ба 28 соли зиндон маҳкум гардид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Аз бузургдошти Ҳофиз дар ЮНЕСКО то шукӯҳи “Наврӯз”-и Душанбе. Кадом рӯйдодҳои фарҳангии соли 2025 барои Тоҷикистон рамзӣ шуданд?

0

Соли 2025 барои Тоҷикистон соли фарҳангие буд, ки садояш дар қароргоҳи ЮНЕСКО ва дили Эрон тантана андохта, шаҳоматаш дар Душанбе низ эҳсос шуд. Ин рӯйдодҳо на танҳо мероси бойи миллии моро ба намоиш гузошт, балки Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун миллати дорои таърихи куҳан ва фарҳанги воло муаррифӣ кард. Биёед якҷоя рӯйдодҳои муҳими фарҳангии соли 2025-ро ба ёд орем.

 

Ҷашнвораи Ҳофизи Шерозӣ дар ЮНЕСКО

Бузургтарин ва рамзитарин чорабинии соли 2025 таҷлили 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Порис буд. Дар ҳошияи ҷашнвора, аз 10 то14-уми июн намоиши ҷашнӣ, конфронси байналмилалии илмӣ, “Шоми Шашмақом” ва консерти Оркестри Филармонияи Порис – Шарқ бо роҳбарии Ораши Фӯлодванд ва сарояндагони тоҷик доир шуд.

Дар ҷашнвора 64 кас аз Тоҷикистон ширкат карданд, ки 16 танашон муҳаққиқону олимон будаанд. Иштироки Ансамбли давлатии “Шашмақом”-и ба номи Фазлиддин Шаҳобов ва овозхонҳои маъруфи тоҷик Фурқат Саидзода, Ситора Кароматуллоҳ, Фирдавс Ҳошимов аҳамияти ин рӯйдодро боз ҳам афзуд. Ин ҷашн нишон дод, ки мероси адабии мо на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф ва қадршиносӣ мешавад.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

“Тоҷи Сомон” бо 40 филм

Дуюмин ҷашнвораи байналмилалии филмҳои “Тоҷи Сомон” рӯзҳои 15-20 октябр ба муносибати Рӯзи синамои тоҷик дар Душанбе баргузор ва яке аз калонтарин чорабиниҳои синамоии минтақа эътироф шуд. Дар ин фестивал 40 филм аз 15 кишвар иштирок карданд. Шоҳҷоизаи ҷашнвораи байналмилалӣ насиби филми “Моҳӣ дар шаст” аз Тоҷикистон шуд.

Мавзӯи фестивал “Таърихи рушди халқи тоҷик” буд. Дар доираи ин ҷашнвора дарси маҳорат, форумҳои касбӣ ва конфронсҳои матбуотӣ баргузор шуданд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

“Наврӯз”, ки дубора эҳё шуд​​​​​​​

Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ – “Наврӯз” имсол дубора эҳё ва баргузор шуд, ки чорабинии муҳими фарҳангии соли 2025 аст. Дар ҷашнвораи мазкур, ки аввали моҳи май дар Душанбе баргузор шуд, театрҳои Арманистон, Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Эрон бо беҳтарин намоишҳои худ ширкат карданд. Аммо театри Озарбойҷон, ки қаблан гуфта мешуд намоиши “Ҷанг”-ро ба фестивали “Наврӯз” меорад, ба Душанбе наомад. Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ – “Наврӯз” аз соли 1990 то соли 2011 баргузор мешуд ва пас аз ин барои як муддат доир нашуд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Шукӯҳи “Наврӯзи Душанбе – 2025”​​​​​​​

Ҷашнвораи байналмилалии сайёҳии “Наврӯзи Душанбе – 2025” моҳи март бо барномаҳои гуногун дар Боғи Ирам ва дигар боғҳои фарҳангии пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ форуми байналмилалӣ, мусобиқаҳои миллӣ, барномаҳои варзишӣ ва театрӣ ташкил шуд. Дар доираи ин ҷашн имсол дар Душанбе фестивалҳои “Ҷилваи рангҳо”-ю “Бозори ҳунар” ва чанде дигар баргузор шуданд. Наврӯз яке аз муҳимтарин идҳои миллии тоҷикон аст ва аз соли 2010 ба ин сӯ мақоми байналмилалӣ гирифтаву дар аксар мамолики ҷаҳон таҷлил мешавад.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Парвози “Парасту-2025​​​​​​​”

Ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбии “Парасту-2025” рӯзҳои 14-21 апрел бо иштироки 18 театри касбии кишвар баргузор шуд. Ин озмун, ки ҳар ду сол як маротиба ташкил мешавад, яке аз муҳимтарин рӯйдодҳо барои санъати театрии Тоҷикистон мебошад. Дар фестивал на танҳо намоишҳои театрӣ, балки дарси маҳорат, мизи мудаввар бо муҳаққиқони милливу байналмилалӣ баргузор шуданд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Рӯзҳову чорабиниҳои дигари фарҳанг​​​​​​​ӣ

Соли 2025 дар доираи ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷа ҳам чанд чорабинӣ баргузор шуд. Аз ҷумла, аввали моҳи декабр Рӯзҳои фарҳангии Чин дар Душанбе баргузор шуд, ки дар он консертҳо, намоишгоҳҳо ва дарсҳои маҳорат аз ҳунармандони чинӣ пешкаш шуданд.

Рӯзҳои 19-20-уми декабр Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Покистон баргузор шуд. Дар маросими кушодашави ин рӯзҳо Осиф Алӣ Зардорӣ, президенти Покистон ҳам ширкат кард.

Моҳи ноябр дар “Кӯчаи сайёҳии Куруши Кабир” намоишгоҳи муштараки Тоҷикистону Эрон гузашт. Инчунин, Тоҷикистон дар Ҷашнвораи байналмилалии фарҳанги ақвоми эронӣ дар шаҳри Гургон ва Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои Фаҷр дар шаҳри Шерози Эрон иштирок кард.

Аввали соли равон маҳфили шеъру адаби Тоҷикистон ва Эрон дар Душанбе баргузор шуд ва он имкон дод, ки шоирон ва адибони ҳарду кишвар бо якдигар вохӯранд ва аз маҳсули эҷоди ҳамдигар пештар огаҳӣ ёбанд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Моҳи сентябри имсол дар шаҳри Теҳрон шаби бузургдошти Фарзонаи Хуҷандӣ, Шоири халқии Тоҷикистон ва яке аз номоварони адабиёти муосири тоҷик баргузор шуд. Ин ҷашни фарҳангӣ бо ташаббуси Алӣ Деҳбошӣ ва бо ҳамкории Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон роҳандоҳӣ шуд ва дар он шумораи №8-и маҷаллаи “Самарқанд” (вижаномаи Фарзона Хуҷандӣ), ки дар хусуси зиндагӣ ва осори Фарзона Хуҷандӣ аст, рӯнамоӣ шуд.

Аз ин пештар, моҳи июли соли 2025 Озарахшу Фарзона, ду Шоири халқии Тоҷикистон, дар Душанбе маҳфили адабии “Ҳумоюн” баргузор карданд. Маънии торҳои “Сетор”-и Фарзона, ёди Ҳумоюни ҷавонмарг ва бебақоии дунё, замзамаи ишқу ҷавонӣ, пайванди маънавии кишварҳои форсизабон ва таронаву сурудаҳои марғуб маҳфили ду шоири шаҳири тоҷикро гарм кард.

 

Консертҳо ва ҷашнҳои мусиқӣ​​​​​​​

Ҷашнвораи бузурги мусиқии “Tarona Music Award – 2025” 13-уми декабр бо иштироки 19 сарояндаи беҳтари Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин маҳфили самимӣ ва пурэҳсос хонандагони маъруфе чун Зулайхо Маҳмадшоева, Нигина Амонқулова, Нозияи Кароматулло ва Рустам Азимӣ иштирок карданд.

 

МЕДИА (YOUTUBE)

Шаби эҷодии Ҷӯрабек Муродов рӯзи 24-уми декабр ба муносибати 63-солагии фаъолияти эҷодӣ ва 83-солагии ин Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ ташкил шуд. Ҷӯрабек Муродов дар ин консерташ гуфт, ки то 90-солагӣ дар саҳнаи ҳунар мемонад.

Ҳамчунин, охири соли 2025 консертҳои овозхонҳои эронӣ, аз қабили Андӣ Мададиён, Орун Афшор ва Муҳсин Иброҳимзода, сарояндагони афғонистонӣ Фарҳоди Дарё, Қайс Улфат ва Орёно Саид дар Душанбе баргузор шуданд, ки пули фарҳангӣ миёни се кишвари форсизабон унвон шуд.

 

МЕДИА (YOUTUBE)

Анҷуману озмунҳои адабиву фарҳангӣ​​​​​​​

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 11-уми ноябр дар Душанбе Анҷумани 16-уми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор шуд. Дар он ба Оиннома тағйирот ворид карданд ва Низом Қосим бори сеюм раиси ин иттиҳодия интихоб шуд. Аммо муовинонаш нав шуданд.

 

МЕДИА (YOUTUBE)

Ба мисли солҳои қабл, имсол ҳам дар Тоҷикистон чанд озмуни адабиву фарҳангӣ, аз қабили “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Илм – фурӯғи маърифат” дар сатҳи ҷумҳурӣ баргузор шуданд.

Рӯйдодҳои фарҳангии соли 2025 барои Тоҷикистон аз ин ҷиҳат рамзӣ шуданд, ки онҳо якчанд самти муҳимро дар бар гирифтанд: бузургдошти мероси классикӣ, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, дастгирии санъати муосир ва тарғиби маърифат. Аз конфронси байналмилалӣ дар ЮНЕСКО то консертҳои мусиқӣ дар Душанбе, аз ҷашнвораҳои милливу байналмилалии театрӣ то намоишҳои сайёҳӣ – ҳамаи инҳо ифодагари ҳувияти фарҳангии тоҷикон ҳастанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

СУРАТГУЗОРИШ. Душанбе чӣ гуна Соли нави 2026-ро истиқбол мегирад?

0

Шаҳри Душанбе бо шукӯҳу шаҳомат ба истиқболи Соли нави 2026 омода мешавад. Дар маркази диққат арчаи солинавӣ қарор дорад, ки дар майдони Истиқлоли пойтахт қомат афрохтааст.

Ин арчаи азим бо баландии 30 метр на танҳо бо андозааш таваҷҷӯҳро ҷалб мекунад, балки бо ороиши худ – чароғҳои рангоранг ва бозичаҳои зебои солинавӣ чашмҳоро мебарад.

Атрофи арча ба як шаҳраки афсонавии солинавӣ табдил ёфтааст. Дарвозаҳои рамзӣ бо навиштаҷоти "2026" ба меҳмонон хушомад мегӯянд. Манзараи идона бо аркҳои рангоранг, арчаҳои хурди сабз, одамчаҳои барфии табассумкунанда ва хонаи пуррамзу рози бобои барфӣ пурра мегардад.

 

ГАЛЛЕРЕЯ Фазои солинавӣ дар майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе (25)

























Волидон бо дурбинҳои телефон лаҳзаҳои хотирмонро сабт мекунанд. Ҷавонон дар назди ороишоти идона акс мебардоранд. Дар ин фазои идона калонсолон низ зиёданд ва табассум ба ин зебоӣ менигаранд.

Бояд гуфт, ки дар моварои соли нави 2026 дар 4 ноҳияи Душанбе арчаҳои солинавӣ ниҳода шудаанд. Аз ҷумла, дар назди биноҳои Театри опера ва балет ҳар шом садҳо тан атрофи арчаро пур мекунанд.

ГАЛЛЕРЕЯ Фазои солинавӣ дар назди Театри опера ва балет (7)







Дар назди бинои Сирки давлатӣ ҳам арчаи зебо бо чароғҳои рангоранг ва бозичаҳои зебои солинавӣ қомат афрохтааст.

ГАЛЛЕРЕЯ Фазои солинавӣ дар назди бинои Сирки давлатӣ (6)






Паҳлӯи бинои Додситонии кулли Тоҷикистон ҳам макони солинавӣ барои сокинону меҳмонони пойтахт гаштааст.

ГАЛЛЕРЕЯ Фазои солинавӣ дар паҳлӯи бинои Додситонии кулли Тоҷикистон (9)









Ёдовар мешавем, ки солҳои қабл арчаи асосии солинавии Душанбе дар майдони Дӯстӣ – канори муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гузошта мешуд, чанд сол инҷониб ин арча дар майдони Истиқлол қомат меафрӯзад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Аз хонаву чорво то даромад аз кори илмиву эҷодӣ. Феҳристи мансабдороне, ки дороияшонро бояд ошкор кунанд, васеъ шуд

0

Дар Тоҷикистон феҳристи мансабдороне, ки бояд дар бораи молумулк ва андоз аз даромади худ  ба мақомоти болоӣ эъломия пешниҳод кунанд, васеъ шуд. Акнун кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар ташкилоти қарзии молиявӣ ва мансабдорони давлатие, ки дар муассисаҳои хориҷии Тоҷикистон ё намояндагиҳои вазорату идораҳои кишвар дар хориҷа кор мекунанд, дар бораи андоз аз даромад ва вазъи молумулкии худ бояд эъломия пешниҳод кунанд.

Дар ҳолати пешниҳод накардани эъломия ва ё пешниҳоди маълумоти “баръало бардурӯғ” мансабдор аз вазифа озод ва ё бозхонд мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар чанде пеш бо ин мазмун тағйирот ба Қонун “Дар бораи муқовимат бо коррупсия”-ро имзо кард.

Мувофиқи он, қисмҳои 4 ва 5-и моддаи 21-и Қонун “Дар бораи муқовимат бо коррупсия” дар таҳрири нав пешниҳод шуда, ба он 6 банди нав дар бораи шарту тартиби пешниҳоди эъломия дар бораи дороиҳои мансабдорон илова шуд.

Тибқи тағйирот ба қисми 4, акнун “кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар ташкилотҳои қарзии молиявии давлатии Тоҷикистон, шахсоне, ки вазифаҳои ташкилию амрдиҳӣ, маъмурию хоҷагидориро дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ, дигар субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва субъектҳои хоҷагидоре, ки дар онҳо ҳиссаи давлат на кам аз нисфро ташкил медиҳад, иҷро менамоянд, ба истиснои ҳайати техникӣ ва хизматрасонӣ уҳдадоранд эъломия оид ба андоз аз даромад ва эъломия оид ба вазъи молумулкии худро пешниҳод намоянд”.

Ҳамчунин мувофиқи қисми 6, ки нав илова шуд, мансабдорони давлатие, ки дар муассисаҳои хориҷии Тоҷикистон ё намояндагиҳои вазорату идораҳои кишвар дар хориҷа кор мекунанд, дар бораи дороиҳояшон бояд маълумотнома пешниҳод кунанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

Эъломия кадом иттилоъро дарбар мегирад?

Тибқи қисми наве, ки илова шуд, дар эъломия дар бораи молу мулк, номгӯйи моликияти хусусӣ, аз ҷумла хонаи истиқоматӣ, бӯстонсаро ва дигар молу мулки ғайриманқули мансабдор, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва хоҷагии деҳқонӣ бо масоҳати қитъаи замин, нақлиёти сабукрав ва техникаи дигари таъиноташон гуногун, саршумори чорво ва паранда, саҳмия дар ташкилоти тиҷоратӣ, коғазҳои қиматнок, пасандозҳо, металлу сангҳои қиматбаҳо дар Тоҷикистон ва ё берун аз он бояд пешниҳод шавад.

Эъломия дар бораи андоз аз даромад бошад, маблағи даромад, маблағи андози вобаста ба даромад дар ҷойи кори асосӣ пардохтшуда, даромад аз ҷойи кори ғайриасосӣ, даромад аз фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ, даромад аз иҷораи молу мулк, даромад аз қитъаи замини наздиҳавлигӣ, даромад аз замини ба иҷора гирифташуда, даромад аз пасандозҳои бонкӣ, даромадҳо ҳамчун молик ва дигар даромадҳоро бо нишон додани намуди он дарбар мегирад.

Шахсоне, ки бори аввал ба мансаби давлатӣ таъин мешаванд, ҳангоми таъин шудан ба вазифа ва мансабдорони дигар ҳар сол то 1-уми апрел барои соли гузашта эъломия бояд пешниҳод кунанд.

Мансабдорони ҳукуматӣ, роҳбарони мақомот ё ташкилоти давлатӣ, ки аз ҷониби президент ё ҳукумат ва ё пешниҳоду розигии президент ба вазифа таъин мешаванд, эъломия дар бораи андоз аз даромад ва вазъи молумулкии худро ба мақомоти андози маҳалли истиқомат пешниҳод карда, бо тасдиқномаи ин идора, шакли коғазии онро ба Дастгоҳи иҷрояи президент пешниҳод  бояд кунанд.

Раис, муовинон ва вакилони ҳарду палатаи парлумон эъломияҳои худро ба Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешниҳод менамоянд. Эъломияҳои роҳбарони шаҳраку деҳот ба раиси шаҳр ё ноҳия пешниҳод карда мешаванд.

Агар довталабон ҳангоми таъин ва ё интихоб шудан ба вазифа дар бораи дороиҳояшон эъломия пешниҳод накунанд ё маълумоти бардурӯғ пешниҳод кунанд, метавонад барои ба вазифа таъин нашудани онҳо асос шавад.

Мансабдорон бошад, ҳангоми пешниҳоди маълумоти нодуруст ва ё тамоман пешниҳод накардани он, метавонанд аз мансаб озод ва ё бозхонд шаванд.

Бояд гуфт, мансабдорони Тоҷикистон аз соли 2004 уҳдадоранд дар бораи дороиҳо ва амволашон эъломия пешниҳод кунанд. Қаблан аз мансабдорон танҳо эъломия дар бораи хонаву замин ва авроқи гаронбаҳо (саҳмияҳо) талаб мешуд. Тибқи тағйироте, ки соли 2020 ба қонунгузорӣ ворид шуд, мансабдорон муваззаф шуданд, ки дар бораи дороиҳояшон ба монанди гову асп ва парранда ба мақомоти болоӣ гузориш диҳанд.

Мавзӯи ифшои дороии мансабдорон соли 2019 замоне доғ шуд, ки Ҷумъа Давлат, директори Агентии хидмати давлатӣ гуфт, “ҷомеаи Тоҷикистон ба қабули он омода нест”. Ӯ он вақт таъкид карда буд, ки “ҳар вақте сатҳи тафаккур ва фаҳмиши ҷомеа ба сатҳи ҷомеаи ғарбӣ баробар шавад, ҳатман масъалагузорӣ мекунем”.

Аммо эъломияи мансабдорон дар бораи дороиҳояшон боре расман оммавӣ нашудааст. Ба гуфтаи баъзе коршиносон, далели пинҳон мондани иттилоъ дар бораи амволи мансабдорон метавонад он бошад, ки бархе аз ходимони давлатӣ аз ошкор кардани дороиҳои худ, ки эҳтимолан ҳаҷмашон кам нест ва манбаашон номаълум аст, нигаронанд.

Дар ин моваро, чанд нафар аз мансабдори сатҳи миёна дар нишастҳои матбуотӣ аз даромаду дороии худ ҳарф зада буданд, аммо онҳо ҳам эъломияи расмиро нашр накардаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Игор Черевченко дигар сармуррабии “Истиқлол” нест. Бошгоҳ шартномаи ҳамкорӣ бо ситоди мураббиёнро тамдид накард

0

Бошгоҳи футболи “Истиқлол” -и шаҳри Душанбе баъди ба анҷом расидани шартномаи ҳамкорӣ бо ситоди мураббиёни даста таҳти роҳбарии Игор Черевченко, онро дигарбора тамдид накард. Ҳамин тариқ, Черевченко баъди беш аз 1 соли сармуррабигии “Истиқлол", ин мақомро тарк кард.

Дар ин бора расман бошгоҳи “Истиқлол” хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, баъди ба охир расидани муҳлати шартномаҳо, сармураббии бошгоҳ Игор Черевченко, мураббии калон Юрий Батуренко, мураббӣ Дилшод Восиев, мураббии дарвозабонҳо Дмитрий Тяпушкин ва мураббии фитнес Дорде Коралич дастаро тарк карданд.

“Роҳбарияти бошгоҳи футболи “Истиқлол” ба тамоми ҳайати мураббиён барои заҳматҳои анҷомдодаашон изҳори сипос намуда, ба онҳо дар фаъолияти ояндаи мураббигиашон барору комёбиҳо таманно менамояд” – омадааст дар изҳороти “Истиқлол”.

Худи Игор Черевченко чанд рӯз пеш бо пахши як навор дар саҳифаи "Телеграм"-и "Истиқлол" сабаби истеъфои худро ба ҷароҳати зонуяш рабт дод. Ӯ гуфт, бояд дар Маскав ҷарроҳӣ шавад ва барои барқароршавӣ барояш аз 2 то 4 моҳ истироҳат лозим аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Игор Черевченко

"Ман фикр мекунам, ки ин мавсим барои даста хуб гузашт. Ҳайати мураббиён ва футболбозон кори зиёд анҷом доданд. Мо қаҳрамони Лигаи олӣ шуда, Суперҷоми Тоҷикистонро бурдем. Дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 амалкарди хубе доштем. Ҳадафи мо аз гурӯҳ баромадан буд, аммо ба далели фарқияти тӯбҳо натавонистем ин корро анҷом диҳем. Ба ҳамаи бачаҳо барои талошашон ташаккур мегӯям", – гуфтаст Черевченко.

Ин мутахассис аз моҳи октябри соли 2024 сармураббии Истиқлол буд. Таҳти роҳбарии ӯ даста се маротиба Чемпионати Тоҷикистон, Ҷоми Тоҷикистон, Суперҷоми Тоҷикистонро ба даст овард ва кишварро дар бозиҳои Осиё муаррифӣ кард.

Дар наздиктарин фурсат ин даста бояд ситоди нави муррабиёни худ, аз ҷумла сармуррабиашро муаррифӣ кунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Ҷасадашро ба дарёи Сир партофтаанд”. Боздошти ду мард бо гумони куштори ҳамдеҳаашон дар Суғд

0

Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд рӯзи 28-уми декабр дар гузорише аз гумонбарон Уктам Зоидови 30-сола ва Шаҳзод Ҷонйигитови 27-сола ном бурда, гуфтааст, ки онҳо рӯзи 15-уми декабр Фаррух Аширматови 36-соларо “бо зарби 38 корд” кушта, ҷасадашро ба дарёи Сир партофтаанд.

Ин ниҳод гуфтааст, ки гумонбарон бо ҷабрдида робитаи хешутаборӣ ва бар сари насупоридани пули бонк даъво доштаанд. Яке аз боздоштшудаҳо дар гузориши мақомот мегӯяд, аз номи худ барои Аширматов аз бонк қарз гирифта буд, аммо ӯ ин маблағро сари вақт ба бонк пардохт накардааст.

Дар пайи ин, ба қавли мақомот, гумонбарон дар Хуҷанд бо ҷабрдида мулоқот карда, ӯро ба яке аз маҳаллаҳои беодами шаҳр мебаранд ва мехоҳанд, "ҷазо диҳанд", ки оқибат ин ҳолат бо фоҷиа анҷомидааст.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Гумонбарон дар гузориши мақомот ин гуфтаҳоро тасдиқ мекунанд, аммо маълум нест, ки навор дар чӣ шароите сабт шудааст. Назари боздоштшуда ҳо ва наздикони ҷабрдида дар робита ба ин қазия ба расонаҳо маълум нест. 

Мақомот алайҳи гумонбарон бо иттиҳоми “одамкушӣ” (моддаи 104 КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Бар асоси ин иттиҳом, ба онҳо аз 15 соли зиндон то ҳабси абад ҷазо таҳдид мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Паррандаи сабзи ишқ”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 5

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани маҷмуъи ҳикояҳои Юнус Юсуфӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷуми ҳикояи “Паррандаи сабзи ишқ” манзури ҳаводорони китоб мешавад.

МЕДИА (YOUTUBE)

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин ва ҳикояҳои Антон Чеховро дар шакли савти манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани роман ва ҳикояҳои китоби "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ ва “Телеграм”-и радиои “Азия-Плюс” метавонед, гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.