Мақомот марги кӯдаки 3-солаеро таҳқиқ доранд, ки дар пайванд ба он модарандараш гумонбар аст

Додситонии ноҳияи Файзобод ба таҳқиқи марги мармузи Юсуфҷони 3-сола, ки гумон меравад дар пайи латукӯби модарандараш фавтидааст, оғоз кардааст. Ҳодиса рӯзи 26-уми декабр дар деҳаи Шерамони ноҳияи Файзобод рух додааст. Аз шӯъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Файзобод ба “Азия-Плюс” ҳодисаи марги писарбачаро тасдиқ карда, кӯтоҳ гуфтанд, ки сабабу омили фавти писарбачаро додситонии ноҳия тафтиш мебарад. […]

Asia-Plus

Додситонии ноҳияи Файзобод ба таҳқиқи марги мармузи Юсуфҷони 3-сола, ки гумон меравад дар пайи латукӯби модарандараш фавтидааст, оғоз кардааст. Ҳодиса рӯзи 26-уми декабр дар деҳаи Шерамони ноҳияи Файзобод рух додааст.

Аз шӯъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Файзобод ба “Азия-Плюс” ҳодисаи марги писарбачаро тасдиқ карда, кӯтоҳ гуфтанд, ки сабабу омили фавти писарбачаро додситонии ноҳия тафтиш мебарад.

Дар додситонии ноҳияи Файзобод ҳозир нашуданд, оиди ин ҳодиса маълумот пешниҳод кунанд.

Радиои Озодӣ бо истинод ба манбаҳои худ дар ҳукумати ноҳияи Файзобод хабар дод, ки писарбача як рӯз баъд аз латукӯб шудан аз сӯйи модарандараш дар роҳ ба бемористон фавтидааст.

Манбаъ навиштааст, ки зан 31-сола буда, бинобар доштани кӯдаки якуниммоҳа ба ҳабси пешакӣ гирифта нашудааст, вале таҳти бозпурсии мақомот қарор дорад.

Ба гуфтаи ин расона, таҳқиқоти аввалия муайян кардааст, ки зан мушкили равонӣ надоштааст, аммо бо хушдоманаш муноқиша мекардаанд.  Мақомот қаблан аз мушкилоти оилавии ин зан огоҳ буда,  як маротиба бо онҳо сӯҳбат карда будаанд.

Назари модарандар ва пайвандони писарбача дар робита ба ин қазия маълум нест.

Бояд гуфт, ки ин аввалин ҳодисаи латукӯб ва ба марг расонидани фарзандон аз сӯйи волидайн дар Тоҷикистон нест. Чанд моҳ қабл, ҳодисаи бо ресмон ба мошин бастану кашола кардани наврасе аз сӯи падараш барои танбеҳ додан, ки дар пайи он кӯдак фавтид, баҳси тундеро дар ҷомеа ба вуҷуд овард. Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи ноябри имсол Парвиз Одинаевро, ба азият ва куштори писари 15-солааш гунаҳкор ва ба 25 соли зиндон маҳкум кард.

Ҳамчунин, он шабу рӯз, Мадина Ҳалимова, зани 28-сола аз Фархор, худ ва чаҳор фарзандашро ба дарёи Сурхоб андохт, ки танҳо худаш зинда монд. Додгоҳи вилояти Хатлон ин занро ба куштор гунаҳкор ва ба муддати 20 сол равонаи зиндон кард.

Дар моҳи июн як зани 24-солаи сокини ноҳияи Қубодиён, 3 кӯдакашро бо корд захмӣ кард, ки дар пайи ин як кӯдаки хурдсоли ӯ фавтид. Ин зан бо қарори додгоҳ ба куштор гунаҳкор ва ба 28 соли зиндон маҳкум гардид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.