Соли мудҳише барои кӯдакони тоҷик. Аз фоҷеаи Хусрав то куштори Қобилҷон

0

Пурсарусадотарин ҷиноятҳои солро ба хотир меорем, ки ба ҷомеаро ба ҳайрат оварда, чандин мушкилоти то ин замон кам таваҷҷуҳшударо ба маъраз гузоштанд. Пеш аз ҳама масоили ҳалталаб дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон доғтар шуд.

Шиканҷа ва куштори кӯдак аз ҷониби падар

Хусрав Одинаеви 15-соларо падараш Парвиз Одинаев аввал дар хона лату кӯб карда, сипас ба дашт мебарад ва ӯро ба қисми қафои автомашина баста, ҳудуди 100 метр кашола мекунад. Дар натиҷа наврас ҷароҳатҳои вазнин бардошта, то расидани ёрии тиббӣ дар хона ба ҳалокат расид.

Аз ин ҷиноят дар саросари кишвар изҳори нигаронӣ шуд ва он ҷой доштани мушкили хушунати хонаводагиро ошкор кард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Наврас Хусрав Одинаев, ки аз ҷониби падараш Парвиз Одинаев кушта шуд

Рӯзи 11 ноябр Додгоҳи олии Тоҷикистон падари наврас Парвиз Одинаевро ба 25 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” яке аз пайвандони ӯ хабар дод.

Қатли бераҳмонаи модару 3 фарзандаш дар ноҳияи Рӯдакӣ

Ҷиноят дар деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ содир шуд. Шаби 5 ба 6-уми сентябр Шаҳло Назароваи 44-сола ва се фарзанди ӯ – Ҳабибаи 17-сола, Ҳамидаи 15-сола ва ва Шарафи 12-сола кушта шуданд. Ягона касе, ки аз ин оила зинда монд, падари хонавода Ҳалим Иброҳимов аст, ки замони рух додани фоҷеа дар Русия қарор дошт.

Таҳқиқоти ин куштор душвор сурат гирифта, ба паҳншавии овозаҳо миёни сокинони маҳаллӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ боис шуд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ҳадафи ҷиноят ба даст овардани пул будааст. Ба иттилои ин ниҳод, ҷинояткор Сайфулло Азимов ҳамсояи оила буда, борҳо дар хонаи онҳо меҳмон шуда буд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Сайфулло Азимов, ки барои куштани зан ва се фарзандаш дар ноҳияи Рӯдакӣ гунаҳкор шуд

Ӯ Нуъмон Саидови 16-сола, яке аз хешовандони худро ба ин ҷиноят ҷалб кард.

Ба иттилои ВКД, Азимов ҳамроҳи Саидови ноболиғ амал карда, аҳли оиларо ба қатл расониданд. Маълум шуд, ки зан аз зарбаҳои сершумори корд ва фарзандони ӯ – аз зарбаҳои болға ба ҳалокат расидаанд.

Ҳалим Иброҳимов, роҳбари хонавода қаблан изҳор дошта буд, ки ба фарзияи дар ҷиноят даст доштани танҳо 2 нафар шубҳа дорад ва аз эҳтимоли иштироки дигарон низ ҳарф зада буд, лекин мақомоти тафтишот ин маълумотро тасдиқ накарданд.

Сайфулло Азимов дар содир намудани ин ҷиноят гунаҳкор дониста шуда, ба ҳабси абад маҳкум шуд. Мурофиаи додгоҳӣ нисбати Нуъмон Саидови ноболиғ ҷудогона гузашта, аммо аз ҷузъиёти ҳукми ӯ ба расонаҳо маълумот дода нашуд.

Фоҷеа дар кӯдакистони хусусӣ

Парвандаи ҷиноятӣ ва пурсарусадои дигар дар соли 2026 ҳалокати кӯдаки 2-сола дар кӯдакистони хусусии “Саволу ҷавоб”-и пойтахт буд.

Ин ҳодисаи фоҷеабор рӯзи 19 май рух дод. Тибқи фарзияи тафтишот, кӯдак ҳангоми хоби рӯзона дар панҷараи кати дуқабата овезон шуда, нафасгир шуд. Дар ин вақт мураббӣ дар хонаи хоб ҳузур надошт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Яке аз кӯдакистонҳо дар Тоҷикистон

Дар робита ба ин ҳодиса мақомоти додситонӣ нисбат ба 5 нафар – мудир, мураббӣ, 2 корманди масъул ба додани иҷозатномаи фаъолият ба муассисаҳои томактабӣ, инчунин табиби санитарӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кард.

Рӯзи 5 декабр додгоҳ ҳукм содир кард: мудири кӯдакистон Рухшона Исматуллоева ба 6 соли зиндон ва мураббӣ Боғигул Раҳимова – ба 5 соли зиндон маҳкум шуданд. Дар ҳамин ҳол, бинобар сабаби кӯдакони хурдсол доштани ҳарду маҳкумшуда, иҷрои ҳукм мавқуф гузошта шуд.

Мувофиқи маводи тафтишот, кӯдакистон ғайриқонунӣ фаъолият мекард, зеро муҳлати иҷозатномаи он аввали сол ба охир расида буд. Пас аз ин ҳодиса муассиса баста шуд.

Қатли кӯдакон ва қасди худкушӣ

Шаби 29 ба 30 июни соли 2025 дар ноҳияи Фархор ҳодисаи фоҷеабор рух дод: Мадина Ҳалимова бо 4 фарзандаш худро ба дарё партофт. Ба худи зан муяссар шуд, ки ба соҳил баромада, зинда монад, лекин ҳамаи кӯдакон ҳалок шуданд. Ҷасади як кӯдак – писарчаи 5-сола то ҳол ёфт нашудааст.

Дар ҷараёни тафтишот маълум шуд, ки зан ба ин ҳодиса бо сабаби рашки беҳад зиёд даст задааст. Ҳалимова ҳавҳарашро ба зани дуюм доштан гумонбар медонист, лекин ин нигарониҳо тасдиқи худро наёфтанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ягона акси Мадина Ҳалимова дар ВАО

Хулосаи тиббӣ ҷой доштани бемории рӯҳиро, ки дар вақти асабонӣ шудан шиддат мегирад, тасдиқ кард, лекин бемориҳои ирсии рӯҳӣ дар зан пайдо нашуд.

Рӯзи 10-уми октябри соли 2025 Додгоҳи вилояти Хатлон Мадина Ҳалимоваро дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 104 КҶ ҶТ (Одамкушӣ) гунаҳкор эътироф намуда, ӯро ба 20 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард.

Мақомоти тафтишот эҳтимоли даст доштани шавҳари занро дар ин амал низ санҷида, аммо далелҳои гунаҳкории ӯ дарёфт нашуданд.

Муноқишаи омӯзгор ва талаба дар Левакант

Ҳодисаи дар яке аз мактабҳои шаҳри Левакант аз ҷониби омӯзгор Фарҳод Назаров лату кӯб шудани хонандаи синфи 11-ум Меҳмед Бозоров ба оғози парвандаи ҷиноятӣ боис гардида, дар ҷомеа сарусадои зиёд ба бор овард.

Рӯзи 6-уми октябр миёни омӯзгор ва хонандаи синфи болоӣ муноқиша сар зад. Тибқи маълумоти шуъбаи маориф, хонанда рафтори нодуруст карда, бо омӯзгор ба баҳс мепардозад. Пас аз ин ӯ хонандаро “бо шаппотӣ мезанад”. Баъдан талаба амакашро ба мактаб даъват карда, аз ҳуш меравад. Навори ин лаҳза дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда, мавриди таваҷҷуҳи зиёди ҷомеа ба ин ҳодиса гардид.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Фарҳод Назаров ва Меҳмед Бозоров

Фарзияи ҷонибҳо фарқ мекарданд. Талаба мегуфт, ки аз сараш зарба гирифта, бо ҷароҳати мағзи сар дар бемористон бистарӣ шудааст, лекин дар шуъбаи маориф изҳор доштанд, ки осеби ҷиддӣ ошкор нашуда, дубора дар бемористон бистарӣ шудани хонанда бо ташаббуси худи ҳамин оила сурат гирифтааст.

Волидони хонанда ба додситонӣ муроҷиат карда, нисбати омӯзгор мутобиқи моддаи 174 КҶ ҶТ “Иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи ноболиғ” парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид. Ин модда аз 52 ҳазору 500 то 75 ҳазор сомонӣ (аз 700 то 1000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ҷарима ё аз 1 то 2 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Фарҳод Назаров далели зарба заданро эътироф намуда, онро чораи тарбиявӣ гуфт ва изҳор дошт, ки маблағи таботати хонандаро оилааш пардохт кард. Дар Вазорати маориф таъкид доштанд, ки ба амали ҷисмонӣ нисбати хонандагон иҷоза дода намешавад, дар ҳамин ҳол, зикр шуд, ки дар ин ҳодиса “ҳарду ҷониб масъулият доранд”.

Парвандаи ҷиноятӣ баъдан ба додгоҳ ирсол гардида, ба баҳсҳои тезутунд дар ҷомеа оварда расонид. Аксарият оғози парвандаро чораи беҳад зиёд арзёбӣ карданд. Коршиносон ва шореҳон ҳодисаро ба ҷой доштани мушкилоти доимӣ дар соҳаи маориф – маоши паст, сарбории кори омӯзгорон ва паст рафтани нуфузи касб марбут донистанд.

Парвандаи кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар Тоҷикистон

Парванда дар бораи табаддулоти давлатӣ бешубҳа ба пурсарусадотарин мурофиаи додгоҳӣ тайи солҳои ахир табдил ёфт. Он тобистони соли 2024 оғоз гардида, лекин соли 2025 ба анҷом расид, аз ин рӯ, ба ин мавод шомил шуд.  

Ҳабси сиёсатмадорону намояндагони ҳокимият, ки миёни онҳо собиқ мансабдорони баландпоя, аз ҷумла раиси Ҳизби демократ Саидҷаъфар Усмонзода, собиқ вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ ҳузур доштанд, на танҳо дар дохил, балки берун аз ҳудуди кишвар вокунишҳои пурсарусадо ба бор оварданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Маҳкумшудагон дар парвандаи табаддулоти давлатӣ

Каме баъдтар инчунин раиси пешини Шӯрои олӣ Акбаршоҳ Искандаров, рӯзноманигор Аҳмадшоҳ Комилзода, ҳуқуқшинос ва муовини раиси Ҳизби сотсиал-деморатии Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов низ ба ҳабс гирифта шуданд.

Мурофиаҳои додгоҳӣ, ки пӯшида баргузор мешуданд, 14 ноябри соли 2024 оғоз шуданд. Иштирок дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ ба сифати айби асосӣ барои ҳамаи онҳо пешниҳод шуд.

Рӯзи 5-уми феврали соли 2025 Додгоҳи олӣ Усмонзода ва Зарифӣ – ҳар кадомеро ба 27 сол ва Комилзода ва Ҳакимов – ҳар кадомеро ба 18 соли зиндон маҳкум кард. Ба дигар шахсоне, ки дар ин амал даст доштанд, аз 17 то 23 соли маҳрумият аз озодӣ ҷазо таъин шуд.

Дар ин парванда ба рӯзноманигор ва ягона зан миёни иштирокчиён Рухшона Ҳакимова таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд. Ҳакимова фаъолияти таҳқиқоти рӯзноманигорӣ машғул буда, дар бораи ришвахорӣ ва ҳолатҳои суиистифода дар сохторҳои давлатӣ матлабҳо таҳия мекард.

Додгоҳ ӯро мутобиқи моддаи “хиёнат ба давлат” муттаҳам дониста, ба 8 соли зиндон маҳкум кард. То эълони ҳукм ӯ дар озодӣ қарор дошт, зеро ду кӯдаки хурдсолашро тарбия мекард, лекин пас аз эълони ҳукм мустақиман дар толори додгоҳ ба ҳабс гирифта шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Рухшона Ҳакимова

Аҳли ҷомеа ва ҳомиёни ҳуқуқ аз тақдири зани рӯзноманигор ва тарбияи минбаъдаи кӯдакони хурдсоли ӯ изҳори нигаронӣ карданд.

Рӯзи 1-уми апрели соли 2025 ҳамаи маҳкумшудагон, аз ҷумла Ҳакимова шикояти таҷдиди назар бурданд. Моҳи майи ҳамин сол бошад, ҳамаи онҳо ба муассисаҳои ислоҳӣ фиристода шуданд.

Ҳукм нисбати силсилакушторҳо дар Конибодом

Ба ин матлаби мо парванда дар бораи тафтишоти як силсила кушторҳо дар Конибодом, ки баҳори соли 2024 оғоз шуда буданд, низ дохил шуд.

Ҷинояти аввал шаби 28 ба 29-уми марти соли 2024 содир шуд: дар яке аз хонаҳо ҷасади 5 узви як оила дарёфт шуд. Дар моҳҳои минбаъда тибқи маълумоти расмӣ, дар шаҳр боз ҷасадҳои нав дарёфт гардида, то замони анҷоми тафтишот теъдоди кушташудагон аз 7 оила ба 23 нафар расид.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ин силсилакушторҳо ба нигаронии шадид дар ҷомеа боис гардид. Сокинони маҳаллӣ наворҳои шахсони ниқобпӯшро сабт карда, шабона дар назди манзилҳои худ навбатдорӣ ва дар шабакаҳи иҷтимоӣ баҳс мекарданд.

Моҳи декабри соли 2024 Додситонии кул аз боздошти 4 гумонбар хабар дод, лекин амалҳои тафтишот дар соли 2025 ҳам идома ёфтанд. Баъдан дар шарҳу тавзеҳоти расмӣ тасдиқ шуд, ки ҷиноятҳо бо мақсади ғоратгарӣ ва азхудкунии амводи ҷабрдидагон содир шудаанд.

Қарорҳо дар робита ба ин ҳодисаҳо низ соли равон қабул шуданд. Моҳи июн хабар дода шуд, ки гунаҳкор ба куштори зану шавҳар Умроновҳо ба 20 соли зиндон маҳкум шуд. Моҳи июли соли 2025 нисбати 4 гумонбари асосӣ ҳукми ҳабси абад содир шуд.

Дастдарозӣ ба номус аз ҷониби омӯзгор  

Ба матолиби пурсарусадои сол ҳодисаи дастдарозии омӯзгори забони англисӣ дар Душанбеӣ ба номуси толибаҳояш буд.

Улуғбек Алимурзаеви 50-сола чандин сол дар хонаи худ машғулиятҳои инфиродӣ мегузаронид. Рӯзи 8-уми июл чанде аз духтарон дар Facebook дар маърази ом ӯро ба рафтори ношоиста айбдор карданд. Яке аз духтарон изҳор дошт, ки омӯзгор аз лабҳои ӯ бӯсидааст.

Нашри он вокуниши густардаи ҷомеаро ба бор овард. Ба баррасии масъала ҷамъияти Tell Me Sister, ки ба занони ба хушунат ва дастадрозӣ дучоргардида кумак мекунад, ҳамроҳ шуд. Дар зернавиштҳо далелҳои нав аз дигар ҷабрдидагон пайдо шуданд.

Пас аз шикоятҳо мақомоти милитсияи пойтахт Алимурзаевро боздошт кард. Нисбати муаллим мутобиқи қисми 2 моддаи 142 (Ҳаракати бадахлоқона)-и КҶ ҶТ, ки дар он аз 2 то 5 сол ҷазои маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст, парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуд.

Айни замон омӯзгор дар ҳабс қарор дошта, тафтишот идома дорад.

Латукӯби бераҳмона

Як силсила ҳодисаҳои муноқишаҳои оилавӣ, ки лату кӯби бераҳмонаро дар пай доштанд, низ аз ҷумлаи ҷиноятҳои пурсарусадо маҳсуб меёбанд.

Дар Кӯлоб модару духтараш як зан ва кӯдаки 3-солаи ӯро бераҳмона латукӯб карданд. Ин ҳодиса дар видео сабт шуда, базудӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд ва мавҷи норозигиву нигарониҳоро ба бор овард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Лату кӯби зан дар пеши чашмони писари хурдсолаш

Дар ҷараёни тафтишот маълум шуд, ба Савсанбибии 29-сола ва модари 55-солаи ӯ аз рашк ба Кибриёи 32-сола дарафтодаанд. Занро аз муйҳояш кашола карда, бо дастонашон ба зан ва бо тасма ба кӯдак зарба мезаданд. Аз рӯйи ин далел мутобиқи моддаи “Азобу шиканҷа” парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, гумонбарон ба ҳабс гирифта шуданд.

Дар Исфара низ боз як ҳодисаи ба ин монанд рух дод. Ҳомид Мадаминови 51-сола набераҳои худ – писарбачаҳои 5 ва 7-соларо бо қубури резинӣ лату кӯб кард. Мард эътироф кард, ки дар ҳолати мастӣ аз машрубот қарор дошта, амалҳои худро идора карда наметавонист.

Нисбат ба амали мард парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ӯ дар ҳабс қарор дорад.

Ҳалокати наврас дар кордкашӣ миёни мактабхонҳо

Имсол мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи бисёр ҳодисаҳои кордкашӣ миёни наврасон хабар доданд. Бар асари яке аз чунин ҳодисаҳо хонандаи мактаб ҳалок шуд.

Бино ба маълумоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, муноқишаи лафзӣ миёни хонандагони яке мактабҳои пойтахт ба ҷанҷол бо истифода аз корд расид. Тибқи маълумоти пешакӣ, дар ҷанҷолу занозанӣ то 15 ноболиғ иштирок карда, яке аз онҳо ҷароҳати вазнин гирифта, ба ҳалокат расид. Боз як нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхона бистарӣ шуд.

Аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, маводи он ба додгоҳ ирсол шудааст. Барои содир намудани чунин ҷиноят дар шакли аз 8 то 15 сол ҷазои зиндон пешбинӣ шудааст.

Куштори Қобилҷон Алиев

Ин ҷиноят берун аз Тоҷикистон содир шуд, лекин бинобар сабаби дар заминаи миллатгароӣ рух додани он ва вокунишҳои зиёди ҷомеаи ҷаҳон онро ба ин мавод ворид кардем.

Рӯзи 16 декабр дар яке аз мактабҳои вилояти Маскав Қобилҷон Алиеви 10-сола кушта шуд. Ба ин кӯдак мактабхони 15-сола ва шаҳрванди Русия дар заминаи "нафрати миллӣ" ва миллатгароӣ ҳамла кард. Ӯ дар ҷойи ҳодиса боздошт шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Қобилҷон Алиев

Нисбат ба навраси 15-сола аз рӯйи далелҳои куштор ва суиқасд ба он парвандаи ҷиноятӣ боз шуд. Аммо ҳуқуқшиносон таъкид мекунанд, ки дар рафтори гумонбар ба ҷиноят нишонаҳои баръалои террористӣ ва экстремистӣ мушоҳида мешавад. Гумонбар дар ҳабс қарор дошта, тафтиш идома дорад.

Куштори Қобилҷон мавриди вокуниши дипломатӣ қарор гирифт. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ин ҳодиса изҳори нигаронӣ карда, онро ҳамчун ҷиноят дар заминаи "нафрати миллӣ" арзёбӣ кард. Ба сафири Русия бо талаби таҳқиқи воқеии ҳодиса нота супурда шуд. Сафорати Тоҷикистон ҳодисаро зери назорат гирифт.

Рӯзи 22 декабр президенти Русия Владимир Путин зимни вохӯрӣ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба оилаи навраси фавтидаи тоҷик ҳамдадӣ баён намуда, ин ҳодисаро ҷинояти мудҳиш ва амали террористӣ арзёбӣ кард. Путин ваъда кард, ки гунаҳкорон муҷозот хоҳанд шуд.

Ҷасади Қобилҷон ба Тоҷикистон интиқол ёфта, дар зодгоҳаш ба хок супурда шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Нерӯҳои дохилии Тоҷикистон ба фармондеҳи кулли интизомии Эрон паҳподҳои худро нишон додаанд

0

Родон Аҳмадризо, фармондеҳи кулли интизомии Эрон, дар доираи сафараш ба Тоҷикистон, рӯзи 25-уми декабр аз ягонҳои Фамондеҳии нерӯҳо (ҷузъу томҳои Раёсати қӯшунҳо)-и дохилии ВКД боздид кардааст. Дар ҷараёни ин боздид, ӯ ба шуъбаи махсуси зудамали воҳиди низомии 3502-и Маркази навоварии Нерӯҳои дохилӣ рафта, “бо дастовардҳои муосири соҳа” шинос шудааст.

Тибқи иттилои расмӣ, ба ӯ техникаву таҷҳизоти махсуси низомӣ, паҳподҳои хурд (дронҳо) ва сомонаи паҳподии шиносоии ҳавоиро, ки дар фаъолияти  Нерӯҳои дохилӣ истифода мешудаанд, нишон додаанд.

 

ГАЛЛЕРЕЯ (2)


Ҳамчунин, Родон Аҳмадризо аз тамринҳои шуъбаи зудамал, ки дар он низомиёни тоҷик “истифода аз силоҳҳои муосир, усулҳои ҷанги тан ба тан ва ҳамоҳангии ягонҳо дар амалиётҳои махсус”-ро ба намоиш гузоштаанд, боздид кардааст.

Пештар аз ин Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо Родон Аҳмадризо дидор карда, “ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва амниятиро мавриди  баррасӣ қарор додаанд”.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар ин мулоқот, ки ҷонибҳо барои муқовимати муассир бо терроризму ифротгароӣ, инчунин, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва сайберҷиноятҳо андешидани иқдомҳои муштаракро зарур донистаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Хӯрока барои оянда. Ҳукумат барои эҳёи чарогоҳҳо дар кишвар нақшаи рушди онҳоро қабул кардааст

0

Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи "Барномаи рушди чарогоҳҳо дар Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027" нақшаи амали рушди чарогоҳҳо дар солҳои 2026-2027-ро тасдиқ кардааст. Он аз корҳо дар самти беҳбуди идоракунии чарогоҳҳо ва ҳифзи низоми экологии бахши кишоварзӣ иборат аст.

Барои амалисозии ҳамаи чорабиниҳои барнома дар солҳои 2026-2027 зиёда аз 4,2 млрд сомонӣ маблағ ҷудо  мешавад. Аз ин миқдор 1,22 млрд аз буҷети давлатӣ ҷудо гардида, қисми боқимонда аз ҳисоби сармоягузориҳои хориҷӣ ва ватанӣ маблағгузорӣ мешавад.

 

Сармоягузорӣ ба беҳбуди зерсохтори чарогоҳҳо

Яке аз самтҳои муҳим, беҳтар кардани вазъи чарогоҳҳо дар вилояти Хатлон мебошад. Соли 2026 бо ин мақсад 540 млн сомонӣ ва соли 2027 -ум 520 млн сомонӣ ҷудо мешавад. Ин имкон медиҳад, ки ҳосилнокии чарогоҳҳо, коҳиши сарборӣ ба замин ва беҳбуди устуворӣ ва самаранокии онҳо 3-4 баробар зиёд шавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бажахшон (ВМКБ) сохтмони пулҳо барои таъмини дастрасӣ ба чарогоҳҳои дурдасту душворгузар идома меёбад, ки ба кӯчбандии то 30 ҳазор чорво ба чарогоҳҳо ва ба таври назаррас беҳтар кардан шароити чорводорон шароит фароҳам меорад.

Ҳамчунин, таъмири роҳҳои кӯчбандии чорво дар шуҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  аз тадбирҳои муҳим шуморида мешавад. Ин дастрасии озодро ба чарогоҳҳо таъмин карда, кӯчбандии чорворо бехатару амнтар месозад. Дар соли 2026 бо ин мақсад 65 млн сомонӣ ҷудо карда мешавад.

Самти дигар, сохтмон ва таъмири асосии иншоот барои безарагардонии суми чорво аст, ки ҷиҳати пешгирӣ ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва тезтар шифо ёфтани захмҳои чорво ёрӣ мерасонад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Кӯчбандии чорво дар Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

 

Таҳқиқоти илмӣ ва танзими истифодаи ҷарогоҳҳо

Дар барнома, суръат бахшидан ба таҳқиқоти илмӣ дар самти беҳбуди вазъи чарогоҳҳо, инчунин бунёди қитъаҳои намунавӣ барои истеҳсоли тухмии алафи чарогоҳҳо пешбинӣ шудааст.

Ғайр аз ин, таъсиси комиссияҳои танзими истифодаи чарогоҳҳо дар шаҳру навоҳӣ, инчунин баргузории вохӯриҳо барои баланд бардоштани фарҳанги истифодабарандагони чарогоҳҳо ба нақша гирифта шудааст.

 

Вазъияти чарогоҳҳо дар Тоҷикистон

Дар қаламрави Тоҷикистон аз 4,7 млн гектар заминҳои кишоварзӣ 3,8 млн гектар (83%)-ашро чарогоҳҳо ташкил медиҳанд, ки хӯрокаи гову буқа, , бузу гӯсфанд ва аспҳоро таъмин мекунанд. Чарогоҳҳо зиёда аз 60-70%-и талаботи солонаро ташкил медиҳанд. Қисми асосии чарогоҳҳо дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва ВМКБ ҷойгиранд.

Айни замон маҳсулнокии чарогоҳҳо коҳиш ёфтааст, бахусус дар давраи зимистон, ки ба талафоти вазни зиндаи чорво боис мегардад.

Аксарияти чарогоҳҳо бар асари мавҷуд набудани зерсохтори зарурӣ, аз ҷумла таъминот бо об ва пулҳои интиқоли чорво завол меёбанд.

Барои ҳалли ин мушкил дар ҷумҳурӣ тарзу усулҳои амиқтар ва сатҳӣ беҳтар намудани вазъи чарогоҳҳо истифода мешаванд, ки ба 20-30% баланд бардоштани маҳсулнокии онҳо мусоидат мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 декабри соли 2025

0

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз, соати 17:00 дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ балети Чайковский бо номи “Чормағзшикан” (Шелкунчик) намоиш дода мешавад. Арзиши чипта вобаста ба ҷойи нишаст аз 55 то 88 сомонӣ аст. ЧИптаҳоро метавон аз хазинаи театр ва ё сомонаи echipta.tj дастрас кард.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1932 – Дар Иттиҳоди Шӯравӣ низоми шиносномавӣ ҷорӣ гардид. Рӯзи 27-уми декабри соли 1932 қарори дахлдор дар ин бора қабул шуд. Шиноснома бо тамғаи бақайдгирӣ ба сокинони шаҳр ва шарҳакҳо, маркази ноҳияҳо, инчунин ба аҳолии ноҳияҳои Маскав ва як қатор навоҳии вилояти Ленинград дода мешуд.

Дар онҳо маълумот дар бораи санаи таваллуд, миллат, вазъи иҷтимоӣ, муносибат ба хидмати ҳарбӣ, вазъи оилавӣ ва ғайра мавҷуд буд. Ба хизматчиёни ҳарбӣ, маъюбон ва коргарони колхозҳо шиноснома дода намешуд. Онҳо танҳо бо гирифтани иҷозатномаи махсус имкони гирифтани шиноснома доштанд.

Соли 1938 – Дар Иттиҳоди Шӯравӣ унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ таъсис дода шуд.

Соли 2012 – Дар шаҳри Новосибирск Комроншоҳи Устопириён, варзишгари тоҷик дар мусобиқаи 32-юми  анъанавии умумирусиягии “Дӯстии халқҳо” оид ба дзюдо мақоми аввалро касб намуд.

Соли 2020 – Дар Душанбе биноҳои баландошёнаи истиқоматии “Манзили дастрас” (воқеъ  дар хиёбони Сино, дар шафати Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев), ки чандин сол сохтмонаш тӯл кашид, мавриди истифода қарор дода шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Бинои "Манзили дастрас"

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1928 – Мавлуди Абдулло Абдурауфов, сарояндаи операи тоҷик.

Абдулло Абдурауфов ҳунарпешаи хизматнишондодаи Тоҷикистону Ӯзбекистон буда, соли 1928 дар Самарқанд ба дунё омад ва дар ҳамин ҷо факултаи филологияро хатм кард. Баъдан дар Консерваторияи давлатии Маскав ба номи Чайковский ва Консерваторияи давлатии Тошканд ба номи Мухтор Ашрафӣ таҳсил намуд.

Ӯ дар Филармонияи давлатии Тошканд, Театри опера ва балети ба номи Навоии Ӯзбекистон, Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнии Тоҷикистон ҳамчун овозхони яккахон ҳунарнамоӣ кард.

Дар саҳнаи театрҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон беш аз 20 опера иҷро кардааст.

Соли 1937 – Зодрӯзи Муҳаббат Каримова, риёзидони шинохтаи тоҷик, доктори илмҳои физика-математика.

Соли 1941 – Мавлуди Биҳоҷал Раҳимова, ходими сиёсӣ ва ҷамъиятӣ.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Биҳоҷал Раҳимова

Бихоҷал Раҳимова яке аз чеҳраҳои шинохта дар фазои сиёсӣ ва ҷамъиятии Тоҷикистон аст, ки фаъолияти ӯ даҳсолаҳо фарогири соҳаҳои давлатдорӣ, сиёсати иҷтимоӣ ва ҳимояи ҳуқуқи занон буд. Ӯ аз насли заноне мебошад, ки дар муҳити иҷтимоии пуртағйири асри ХХ роҳи худро ба сиёсат ва идоракунии давлатӣ боз кард.

Бихоҷал Раҳимова хатмкардаи Институти политехникии Тоҷикистон ва Мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошканд буда, фаъолияти меҳнатиаш ҳамчун усто ва сардори озмоишгоҳи барқии комбинати қолинбофии Қайроққум оғоз ёфтааст. Аз миёнаи солҳои 1960 ба кори ҳизбӣ ва ҷамъиятӣ ҷалб шуда, дар вазифаҳои инструктор, мудири бахш ва баъдан котиби якуми кумитаҳои ноҳиявӣ ва марказии ҳизби коммунистӣ дар Душанбе фаъолият кард. Солҳои минбаъда ӯ ба зинаҳои баланди роҳбарӣ расида, муовини мудири шуъбаи КМ Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, котиби якуми кумитаи ноҳиявии Фрунзе ва котиби кумитаи вилоятии Ленинобод буд.

Дар сатҳи иттифоқӣ Бихоҷал Раҳимова ҳамчун муовини раиси Кумитаи Шӯрои Олии иттиҳоди Шуравӣ оид ба масъалаҳои занон, ҳифзи оила ва кӯдак фаъолият намуда, аз ҷониби Кумитаи занони шӯравӣ вакили мардумии Иттиҳоди Шуравӣ интихоб гардид. Қуллаи фаъолияти сиёсии ӯ таъин шудан ба вазифаи муовини Сарвазири ИҶШС дар соли 1991 буд.

Пас аз давраи Иттиҳоди Шуравӣ низ фаъолияти ӯ қатъ нагардид. Ӯ дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла муовини вазири саноати Тоҷикистон, мушовири раиси вилояти Суғд, директори корхонаи “Садаф”-и Хуҷанд ва раиси Кумитаи занони вилояти Суғд фаъолият кардааст. Чанд муддат раиси ташкилоти ҷамъиятии “Чашмаи ҳаёт” дар вилояти Суғд буд.

Соли 1945 – Мавлуди Раҳмонқул Зоиров, ходими давлатӣ, генерал-майори милитсия.

Дар солҳои 90-ум сардори Раёсати кофтукови ҷиноятӣ (1987-1991) ва муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991‒93) буд. Қариб 10 сол (1993‒2002) сардори Раёсати нақлиёти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Соли 2007 – Беназир Бҳутто, собиқ сарвазири Покистон аз олам даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Беназир Бҳутто

Беназир Бҳутто ходими давлатии Покистон, духтари собиқ сарвазири Покистон Зулфиқор Алӣ Бҳутто аст. Ӯ аз соли 1976 мушовири расмии падараш буд ва баъди табаддулот дар 1979 маҳбус гардид. Солҳои 1984-1986 дар Британияи Кабир зиндагӣ кард ва баъди бозгашт ба ватан роҳбари мухолифин ва раиси Ҳизби халқии Покистон интихоб гардид.Беназир Бҳутто аввалин занест, ки дар таърихи давлатҳои исломӣ сарвазир таъин гардид. Аммо соли 1990 баъди 2 сол бо иттиҳоми ришваситонӣ аз вазифа сабукдӯш шуд ва соли 1993 дубора сарвазир интихоб гардид. Ӯ барои доир намудани ислоҳоти демократӣ дар Покистон ба муқобилияти сахти ҳаракатҳои тундгароёнаи динӣ ва ақидаҳои кӯҳнапарастонаи низомӣ дучор шуд. Ноябри соли 1996 дигарбора аз нав ба иттиҳоми ришваситонӣ муттаҳам шуда, маҷбуран ба истеъфо рафт.

Беназир Бҳутто 27 декабри соли 2007 дар зодгоҳаш, шаҳри Равалпиндӣ дар гирдиҳамоии умумӣ бар асари як амали террористӣ ва сӯиқасд захмдор шуда, дар беморхона ба таври фоҷиавӣ аз олам даргузашт.

Соли 2017 – Холмурод Шарипов, олим ва нависандаи тоҷик дар 90-солагӣ аз олам даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Дар ҳамин рӯз, Ассамблеяи генералии СММ ва аксари кишварҳои ҷаҳон Рӯзи байналмилалии омодагӣ зидди эпидемияро таҷлил мекунанд.

Дар ҷаласаи 36-уми Маҷлиси умумии СММ бо назардошти таҳдидҳои пандемияи COVID – 19 ба ҳаёти мардум, инчунин оқибатҳои вазнин ҳам ба иқтисоди ҷаҳонӣ ва ҳам ба рушди иқтисодии давлатҳо ва минтақаҳои алоҳида қатънома дар бораи таъсиси ин сана қабул карда шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Тамоми чорабиниҳое, ки бахшида ба ин сана гузаронида мешаванд, ба таълими аҳолӣ барои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ равона карда мешаванд.

Рӯзи 27-уми декабри соли 1929 Иосиф Сталин сиёсати “коллективонидани пурра”-и хоҷагии қишлоқи Иттиҳоди Шӯравиро эълон кард. Ҳамчун воситаи асосии коллективонӣ оилаҳои кулакшудагон ба минтақаҳои дурдасти кишвар кӯчонида шуданд. Тибқи маълумоти расмӣ дар солҳои 1930-1932 зиёда аз 240 ҳазор оила кӯчонида шуданд ва дар аввали соли 1941 ин рақам ба беш аз 1 миллион баробар шуд.

79 сол пеш аз ин, дар соли 1945 Хазинаи байналмилалии асъор таъсис шудааст.

Вазифаҳои асосии фонд мусоидат ба ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи пулию қарзӣ, мусоидат ба устувории қурби асъор ва танзими меъёрҳо ва қоидаҳо дар соҳаи асъор ва ташкили системаи бисёрҷонибаи ҳисоббаробаркунӣ, кӯмак ба кишварҳои узв дар бартараф кардани номутаносибии тавозуни пардохт тавассути пешниҳоди муваққатии маблағҳои молиявӣ буд.

Нақши асосии молиявии Хазинаи байналмилалии асъор аз додани қарзҳои кӯтоҳмуддат ба кишварҳои узви худ аст, ки дар тавозуни пардохт душворӣ мекашанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7º сард, рӯзона -2+3º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4º, рӯзона 10+15º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -2+3º, рӯзона 2+7º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона 8+13º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз -2+3º то 1-6º сард, рӯзона 0+5º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 3-8º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 1+3º гарм, рӯзона 2+7º гарм, дар шарқи вилоят шабона 16-21º сард, рӯзона 2-7º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона 0+2º гарм, рӯзона 10+12º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона 0+2º гарм, рӯзона 5+7º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона -1+1º, рӯзона 11+13º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 5-7º сард, рӯзона 2+4º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Насби QR-рамзҳо барои санҷиши биноҳои фурӯхташаванда. Чӣ гуна аз он истифода кард ва чӣ имконот дорад?

0

Дар назди шуъбаҳои фурӯши ширкатҳои биносоз дар шаҳри Душанбе барои санҷиши маълумот дар бораи иншоот QR-рамзҳо насб мешаванд. Акнун тафтиши тамоми маълумот – аз соҳиби аслии ширкати биносоз то қонунӣ будани ҳуҷҷатҳои он тавассути QR-рамз имконпазир мешавад.

Дар ин бора аз Сарраёсати меъмории пойтахт ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода, гуфтанд, тавассути QR-рамз дастрасӣ ба пойгоҳи ягонаи иттилоотии www.memor.pro, ки дар бораи сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматии пойтахт маълумот пешниҳод мекунад, таъмин мешавад.

Ба иттилои манбаъ, бунёди биноҳои замонавӣ ва таваҷҷуҳи зиёди сокинон ба харидории манзил тақозо кардааст, ки дар пойтахт низоми муосири назоратӣ ва иттилоотии иншоот ҷорӣ шавад.

“Ин иқдом бо ҳадафи дастрасии осон ба маълумоти саҳеҳ дар бораи вазъи ҳуқуқии биноҳои шаҳри Душанбе роҳандозӣ мешавад”, – гуфтанд аз Сарраёсати меъморӣ.

Мусоидат ба рақамикунонии соҳаи шаҳрсозӣ ва таъмини шаффофият ва ҳимояи ҳуқуқи ҳиссагузорони манзил аз ҳадафҳои дигари ин иқдом гуфта мешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ба иттилои манбаъ, ҳоло маҷмааҳои истиқоматии зиёд бо номҳои зебои тиҷоратӣ муаррифӣ мешаванд, ки баъзан харидорро гумроҳ мекунанд.

“Системаи нави ягонаи иттилоотии www.memor.pro ба шаҳрвандон имкон медиҳад, то муайян кунанд, ки дар асл кадом ширкати ҳуқуқӣ (ҶДММ) соҳиби расмии иншоот аст ва масъулиятро ба дӯш дорад”, – гуфтанд масъулини Сарраёсати меъморӣ.

 

Аз соҳиби аслии иншоот то қонунӣ будани ҳуҷҷатҳо

Ба иттилои ин ниҳод, акнун тамоми маълумот – аз соҳиби аслии иншоот то қонунӣ будани ҳуҷҷатҳо тавассути QR-рамз дастрас мешавад. Ин рамзҳо дар даромадгоҳи шуъбаҳои фурӯш ва биноҳое, ки сохтмон ҷараён дорад, насб карда мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, бо нусхабардории QR-рамзҳо тавассути телефони мобилӣ, метавон ба таври худкор бо 6 ҳуҷҷати калидӣ ва рӯйхати блокҳои дорои иҷоза шинос шуд:

Қарори лоиҳакашӣ;

Нақшаи кулли бино (Генплан);

Шиносномаи бино;

Хулосаи ташхис (экспертиза);

Қарори сохтмон;

Иҷозат барои оғози корҳои сохтмонӣ.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳамчунин, система рӯйхати блокҳои дорои иҷозатро пешниҳод мекунад, ки ба харидор имкон медиҳад, ба нақшаи тасдиқшуда шомил будани бинои интихобкардаашро санҷад.

Харидорон ҳамчунин бо ин восита метавонанд фаҳманд, ки кадом ширкати ҳуқуқӣ соҳиби расмии иншоот ва масъули сохтмон аст. Аз ҷумла харидорон ба рақамҳои телефони шахсони масъули иншоот дастрасӣ пайдо мекунанд, ки ин “робитаи мустақимро байни сохтмончӣ ва харидор таъмин мекунад”.

Агар лоиҳа дар ин барнома набошад, эҳтимол иҷозати расмии оғози корҳои сохтмониро надорад.

 

Чӣ гуна аз QR-рамз бояд истифода кард?

Бо нусхабардории QR-рамз дастгоҳи мобилӣ худкор ба пойгоҳи ягонаи иттилоотии www.memor.pro пайваст шуда, дар бораи бинои мавриди назар иттилоъ пешниҳод мекунад.

Барои осонии истифода, корбурди барнома бо забони рангҳо пешбинӣ шудааст, ки рангҳои сурх ва сабз ҳамчун роҳнамо интихоб шудаанд.

Ишораи ранги сабз дар барнома маънои пурра ва дуруст будани ҳуҷҷатҳоро дорад.

Аммо агар ранги сурх ишора шавад, барнома ба таври худкор ҳушдор медиҳад, ки “то пурра кардани ҳуҷҷатҳои пешазсохтмонӣ, бастани шартномаи ҳиссагузорӣ тавсия дода намешавад".

Баҳром Маҳмадалӣ, муовини аввали сардори Сарраёсати меъмории шаҳри Душанбе ин ташаббусро як ҷузъи муҳими сиёсати шаҳрдорӣ арзёбӣ кардааст.

“Мо бояд дарк кунем, ки ба системаҳои пешина ва кӯҳнашудаи коргузорӣ дигар роҳи бозгашт нест. Ин иқдом танҳо оғози кор аст ва мо ҳадаф дорем, ки имкониятҳои рақамикунониро дар дигар ҷанбаҳои шаҳрсозӣ низ васеъ истифода барем”, – таъкид дошт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, вақте ки маълумот дастрас ва шаффоф аст, боварӣ ва ҳамкории байни сохтмончиён ва аҳолӣ ба сатҳи сифатан нав мегузарад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Сарраёсати меъмории пойтахт ба сокинон тавсия додааст, ки аз ин имконият истифода бурда, пеш аз хариди манзил вазъи ҳуқуқии онро тавассути сомонаи расмӣ ва QR-кодҳо санҷанд.

Бояд гуфт, ҳолатҳои қаллобии ошкоро ҳангоми хариди хона аз ҷониби бинокорон дар пойтахт кам нестанд. Дар аксар ҳолат ширкати бинокор бидуни асосҳои воқеӣ ба садҳо нафар хона ваъда медиҳад ё ба сохтмони ғайриқонунӣ машғул аст.

Интизор меравад, ки пойгоҳи ягонаи иттилоотӣ дар бораи биноҳои баландошёнаи навсохти пойтахт барои ҳалли ин мушкил низ мусоидат хоҳад кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Дар як сол дар фурудгоҳҳои Маскав ба 45 ҳазор муҳоҷир иҷозаи вуруд надодаанд

0

Мақомоти Маскав эълон карданд, ки пас аз пешниҳоди маълумоти биометрӣ, дар як соли охир (1-уми декабр соли 2024 то 1-уми декабри соли 2025) ба ҳудуди 45 ҳазор муҳоҷир дар фурудгоҳҳои ин шаҳр иҷозаи вуруд надодаанд.

Ин оморро Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав дар гузориши солонаи худ зикр кардааст, навиштааст “Интерфакс” 24-уми декабр.

"Ин низом барои онҳое, ки дар феҳристи ба истилоҳ "шахсони назоратшаванда" ҳастанд, монеа мешавад. Дар тӯли сол, низом тақрибан 45 ҳазор нафарро шиносоӣ кардааст. Ин тақрибан 10% муҳоҷиронро, ки ба шаҳри мо ворид мешаванд, ташкил медиҳад", – гуфт Соябнин.

Ӯ афзудааст, ки давоми як соли гузашта, 4,5 миллион маълумоти биометрии муҳоҷирон дар низом сабт шудааст.

"Илова бар ин ҳангоми аз кишвар берун рафтан, низоми биометрӣ, онҳоеро, ки ҷиноят содир кардаанд, муайян мекунад ва ба онҳо иҷозати берун рафтан аз кишвар дода намешавад. Онҳо аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт мешаванд", – гуфтааст шаҳрдори Маскав.

Ҳамчунин Сергей Собянин илова кардааст, ки дар маркази муҳоҷирати Маскав аз муҳоҷироне, ки дар ин шаҳр сабти ном кардаанд, намунаҳои “ДНК” гирифта мешавад, ва “бо кӯмаки он даҳҳо ҷиноят, ҳатто онҳое, ки шояд даҳ сол пеш содир шуда буданд, ошкор карда мешаванд".

Бояд гуфт, ки аз 1-уми декабри соли 2024 аз хориҷиёне, ки ба Русия танҳо тариқи фурудгоҳҳои Маскав ва постгоҳи назоратии автомобилии “Маштаково” ворид мешуданд, маълумоти биометрӣ (изи ангуштон ва сурати рӯй) гирифта мешуд. Баъди як сол, 1-уми декабри соли равон ин маҳдудият дар  ҳамаи гузаргоҳҳои давлатии сарҳади Русия амал мекунад. Ин ҳоло марҳалаи омӯзишӣ буда, то то 30 июни соли 2026 давом мекунад.

Маълумоти биометриро аз касоне мегиранд, ки ба муҳлати зиёда аз 90 рӯз ба Русия ворид мешавад.

Ин дар ҳолест, ки Сергей Собянин дар гузориши солонааш зикр кард, ки норасоии нерӯи корӣ дар шаҳри Маскав ҳоло ба 400 то 500 ҳазор нафар мерасад ва “пойтахти ин кишвар дар ояндаи наздик наметавонад аз ҷалби муҳоҷирони корӣ даст кашад”. 

Сергей Собянин илова кардааст, ки шаҳрдорӣ ният дорад, ки дар соҳаи муҳоҷират пай дар пай тартибот ҷорӣ карда, аз қарорҳои авомгароёна (популистӣ) даст кашад ва муҳиммияти ҳифзу нигаҳдории мусолиҳаи байни миллатҳо ва динҳоро таъмин кунад.

Гуфтан зарур аст, ки тайи ду соли охир мақомоти Русия ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ карданд, “рӯйхати сиёҳ”-и муҳоҷиронро тартиб доданд ва ба қонунгузории самти муҳоҷират даҳҳо тағйиру иловаҳо ворид карданд, ки будубоши муҳоҷиронро сахттар мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Оё дар Донишкадаи исломӣ курсҳои омӯзиши динӣ ҳаст?

0

Роҳбари нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бо пайдо шудани имконият, барои омӯзиши дин ва забони арабӣ курсҳои хос таъсис диҳад.

Омӯзиши дин ва забони арабӣ тавассути иштирок дар курсҳои кӯтоҳмуддати Донишкадаи исломӣ дар пайи манъи таълими ғайрирасмии дин дар кишвар мубрам шуд. Чандин корбари “Азия-Плюс” суол карданд, ки “агар таълими ғайрирасмии дин, яъне дар мадрасаву назди рӯҳониён, манъ бошад, пас хоҳишмандон дар куҷо метавонанд дониши динӣ гиранд? Оё ягона муассисаи расмӣ барои таълими дин – Донишкадаи исломӣ курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ дорад?”.

Абдуалим Аҳтамзода, ректори тозатаъини ин донишкада дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, “агар омӯзгорон пайдо шаванд, курсҳои омӯзиши Қуръон, фиқҳ ва забони арабӣ таъсис меёбанд”.

“Дар оянда нақшаҳо дорем. Дар донишкада мушкили кадрӣ мавҷуд аст. Мо бояд омӯзгор пайдо кунем. Ҳар гоҳ, ки бо омӯзгор таъмин шавем, метавонем курсро ба роҳ монем”, – гуфт Аҳтамзода.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Абдуалим Аҳтамзода

 

Ректор гуфт, барои таъсиси курсҳои омӯзишӣ синфхонаи кофӣ ҷоранд. Ӯ таъкид кард, ки феълан дар донишкада курсҳои омӯзиши забони англисию русӣ барои кормандон фаъол аст.

Ёдовар мешавем, ки то соли 2018 сокинони кишвар метавонистанд кӯдакони худро барои таълими динӣ назди руҳониёни маҳаллӣ фиристанд. Аммо пас аз ворид шудани тағйиру иловаҳо ба қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ, таълими динӣ дар масҷиду назди рӯҳониёни маҳалла манъ карда шуд.

Аммо номаълум аст, ки муаллимон аз чӣ тариқ ва дар чӣ муддат пайдо ва барои кор дар динишкада ҷалб хоҳанд шуд. Ҳамин тавр, санаи мушаххаси роҳандозии курсҳои омӯзишӣ ҳам маълум нест. 

Ҳоло танҳо дар Донишкадаи исломӣ воқеъ дар Душанбе таълимоти динӣ иҷоза аст. Ин донишкада оғози соли хониши ҷорӣ соҳиби бинои наву бузурги таълимӣ шуд. Бо шароити таълин дар ин донишкада дар матлаби “Аз Қуръону ҳадис то таъриху забон. Донишҷӯёни Донишкадаи исломӣ чӣ гуна таълими динӣ мегиранд?” метавонед шинос шавед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Сокинони Тоҷикистон дар Соли нав 4 рӯз ва дар ҷашни Наврӯз 9 рӯз пайиҳам истироҳат мекунанд

0

Сокинони Тоҷикистон дар Соли нав 4 рӯз ва дар Наврӯз 9 рӯз пайиҳам истироҳат мекунанд. Дар ин бора қарори ҳукумати кишвар қабул шудааст.

Тибқи қарори ҳукумат дар бораи гузаронидани рӯзҳои истироҳат ба рӯзҳои корӣ, ки 25-уми декабр қабул шуд, ҷумъаи 2 – юми январ истироҳатӣ буда, ба ҷои он шанбеи 10-уми январ корӣ аст. Ҳамин тариқ, сокинони Тоҷикистон 1, 2, 3 ва 4-уми январ истироҳат мекунанд ва 5-уми январ ба кор мебароянд.

Инчунин мувофиқи қарори Вазорати маориф ва илм, хонандагони мактабҳои Тоҷикистон аз 1 то 7 январ ба таътили зимистона мебароянд.

Ҳамзамон, тибқи қарори ҳукумат сокинони Тоҷикистон дар ҷашни Наврӯз дар маҷмӯъ, 9 рӯз истироҳат мекунанд: сокинон рӯзи шанбеи 14-уми март кор мекунанд ва ба ҷои он рӯзи ҷумъаи 27-уми март истироҳат хоҳанд кард.

Ҳамин тариқ, рӯзҳои истироҳат дар ҷашни Наврӯз аз 21 то 29 март идома мекунад:

– аз 21 то 24 –уми март – рӯзҳои истироҳати қонунӣ барои ҷашни Наврӯз.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

– Азбаски 21 ва 22-юми март ба рӯзҳои шанбе ва якшанбе рост меояд, 25 ва 26 март мутаносибан рӯзҳои истироҳатӣ хоҳанд буд. Чунки қонунгузорӣ муқаррар кардааст, ки агар рӯзҳои ид ё ҷашн ба рӯзҳои истироҳатӣ (шанбе ва якшанбе) рост оянд, рӯзҳои баъди он ҳам истироҳатӣ мешавад.

– Аз сабаби интиқоли рӯзи кории ҷумъаи 27-уми март ба шанбеи 14-уми март, рӯзи 27-ум ҳам истироҳат хоҳад буд.

– 28 ва 29-уми март шанбе ва якшанбе хоҳанд буд, ки истироҳатӣ аст.

Ин тағйирот ба ҳамаи кормандон дахл доранд ва барои беҳтар кардани ҷадвали корӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷашнгирӣ ва истироҳати сокинон равона шудаааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Имсол беш аз 400 шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба Қатар рафтаанд

0

Соли 2025 беш аз 400 шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба Қатар рафтаанд. Ҳамчунин, маълумотномаи 1 ҳазору 500 тоҷикистонӣ барои кор дар ин кишвар пешниҳод шудааст. Қатар дар як сол зарфияти қабули 3 ҳазору 500 муҳоҷир аз Тоҷикистонро доштааст.

Дари ин бора аз Оҷонсии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, ҳоло аз сӯи ин кишвар кор дар қариб 200 соҳаи гуногун ба шаҳрвандони Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Ба иттилои манбаъ, талаботи асосӣ, синну соли аз 21 то 45-сола ва донистани забони англисӣ дар сатҳи муошират буда, доштани дилхоҳ ихтисос ва надоштани доғи судӣ низ зарур аст.

Аз нафароне, ки барои кор дар вазифаҳои ронандагӣ рафтан мехоҳанд, доштани шаҳодатномаи ронандагӣ низ талаб карда мешавад.

Музди меҳнати аввалия аз 500 то 800 доллар буда, ҳамчунин ба корманд барои хӯрок иловапулӣ пардохт шуда, бо манзили истиқоматӣ, нақлиёт, суғуртаи тиббӣ ва иҷтимоӣ таъмин мегардад.

Ба иттилои манбаъ, баъди муҳоҷират ба ин кишвар метавонад вобаста ба зарфияти корманд, музди маош низ баланд шавад.

Аз Оҷонсӣ гуфтанд, қариб ихтисосмандони тамоми соҳаҳо дар ин кишвар ба кор қабул карда мешаванд, аз ҷумла барои кор дар бахшҳои зерин:

Нақлиёт ва боркашонӣ:  ронандагони таксӣ ва автобус, мошинҳои боркаш, операторони техникаи вазнин ва ғайра.

Техникӣ ва муҳандисӣ: механикҳо, барқчиён, таъмиргарони таҷҳизот, рангуборкунандагони автомобил ва ғайра.

Хизматрасонӣ ва сайёҳӣ: кормандони меҳмонхона, пешхизмат, ошпаз, хизматгорони хона ва ғайра.

Сохтмон ва саноат: кафшергарон, устоҳои сохтмон, дуредгарон, насбгарон.

Амният ва фурӯш: нозирони амниятӣ, фурӯшандагон, хазинадорон, колорасонҳо ва ғайра.

Довталабон метавонанд ба Оҷонсии бокортаъмикунӣ дар хориҷа, ки шаҳри Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ, бинои 80 воқеъ аст, муроҷиат намоянд.

Ҳамчунин метавон тариқи рақамҳои зерин ба Оҷонсӣ муроҷиат ва маълумоти иловагӣ гирифт:

Душанбе: 221-39-67, +992 55 555 10 80; +992 98 790 66 66, +992 91 839 15 75; +992 93 093 49 94, +992 93 113 71 71.

Хатлон: +992 90 580 00 63;

Суғд: +992 92 807 99 99;

ВМКБ: +992 93 510 14 39.

Ҳоло Русия ягона самти муҳоҷират барои шаҳрвандони Тоҷикистон дониста мешавад. Вале муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар пайваста зери фишор ва таъқиби мақомоти Русия қарор мегиранд ва солона ҳазорҳо муҳоҷир бидуни шарҳ аз ин кишвар ихроҷ карда мешаванд.

Чанд соли охир мақомоти Тоҷикистон кӯшиш доранд, самтҳои дигари муҳоҷиратро барои шаҳрвандон боз кунанд. Ин пеш аз ҳама ба Британияи Кабир, Қатар, Қувайт ва Кореяи Ҷанубӣ аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ҷӯрабек Муродов: “То 90-солагиям дар саҳна мемонам!”

0

Ҷӯрабек Муродов, Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ ва яке аз пояҳои мусиқии суннатии тоҷик ду рӯз пеш, 24-уми декабр, 83-юмин солгарди умрашро бо мухлисони ду асраш дар Душанбе таҷлил кард. Рӯзноманигори “Азия-Плюс” аз ин шаби эҷодӣ гузориш омода кард.

63-юмин шаби эҷодии ин овозхони шӯҳратёр бо суруди рамзии “Бӯи ҷӯйи Мӯлиён” оғоз гардид ва дар ин корсерт аз устод Рӯдакӣ то Лоиқ Шералӣ даҳҳо таронаи дигар садо доданд.

Шоми натанҳо суруд, шоми хотира ҳам буд. Ҷӯрабек Муродов дар оғози консерт ба ёди Қобилҷон Алиев, навраси 10-солаи тоҷик, ки дар Русия кушта шуд, лаҳзаи сукут эълон кард.

Ин устоди санъат силсилаи сурудҳоро бар ашъори Сино, Носири Хусрав ва Мавлоно идома дод, ки толорро ба дунёи ҳикмат бурд. Ба вижа, суруди “Эй дӯст” ҳаводоронашро ба ваҷд овард.

Биёед якҷоя шаби эҷодии Ҷӯрабек Муродовро бубинем.

 

МЕДИА (YOUTUBE)

Ҷӯрабек Муродов, 24-уми декабри соли 1942 дар деҳаи Куруди ноҳияи Айнӣ ба дунё омада, аз аввали соҳои 1960-ум ба саҳнаи бузурги санъат ворид шуд.

Ӯ аз маъруфтарин сарояндагони тоҷик шинохта шуда, дар санъати миллӣ саҳми шоён гузоштааст. Ин ҳунарвар бо суруду наво, Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудааст. Ӯ дар тӯли фаъолияти эҷодиаш беш аз 2 ҳазор суруд иҷро кардааст, ки беш аз 500-тояш оҳангҳои худи ӯянд. Унвонҳои Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро дорад.

Пиромуни эҷоду ҳунари ӯ дар мусоҳибаи "Ҷӯрабек Муродов: Ҳунарманд бояд ба сиёсат ворид нашавад" мутолиа кунед, ки бахшида ба 80-солагиаш ороста шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.