Сокинони Тоҷикистон дар Соли нав 4 рӯз ва дар ҷашни Наврӯз 9 рӯз пайиҳам истироҳат мекунанд

Сокинони Тоҷикистон дар Соли нав 4 рӯз ва дар Наврӯз 9 рӯз пайиҳам истироҳат мекунанд. Дар ин бора қарори ҳукумати кишвар қабул шудааст. Тибқи қарори ҳукумат дар бораи гузаронидани рӯзҳои истироҳат ба рӯзҳои корӣ, ки 25-уми декабр қабул шуд, ҷумъаи 2 – юми январ истироҳатӣ буда, ба ҷои он шанбеи 10-уми январ корӣ аст. Ҳамин […]

Идибеки Саид, махсус барои Asia-Plus

Сокинони Тоҷикистон дар Соли нав 4 рӯз ва дар Наврӯз 9 рӯз пайиҳам истироҳат мекунанд. Дар ин бора қарори ҳукумати кишвар қабул шудааст.

Тибқи қарори ҳукумат дар бораи гузаронидани рӯзҳои истироҳат ба рӯзҳои корӣ, ки 25-уми декабр қабул шуд, ҷумъаи 2 – юми январ истироҳатӣ буда, ба ҷои он шанбеи 10-уми январ корӣ аст. Ҳамин тариқ, сокинони Тоҷикистон 1, 2, 3 ва 4-уми январ истироҳат мекунанд ва 5-уми январ ба кор мебароянд.

Инчунин мувофиқи қарори Вазорати маориф ва илм, хонандагони мактабҳои Тоҷикистон аз 1 то 7 январ ба таътили зимистона мебароянд.

Ҳамзамон, тибқи қарори ҳукумат сокинони Тоҷикистон дар ҷашни Наврӯз дар маҷмӯъ, 9 рӯз истироҳат мекунанд: сокинон рӯзи шанбеи 14-уми март кор мекунанд ва ба ҷои он рӯзи ҷумъаи 27-уми март истироҳат хоҳанд кард.

Ҳамин тариқ, рӯзҳои истироҳат дар ҷашни Наврӯз аз 21 то 29 март идома мекунад:

– аз 21 то 24 –уми март – рӯзҳои истироҳати қонунӣ барои ҷашни Наврӯз.

– Азбаски 21 ва 22-юми март ба рӯзҳои шанбе ва якшанбе рост меояд, 25 ва 26 март мутаносибан рӯзҳои истироҳатӣ хоҳанд буд. Чунки қонунгузорӣ муқаррар кардааст, ки агар рӯзҳои ид ё ҷашн ба рӯзҳои истироҳатӣ (шанбе ва якшанбе) рост оянд, рӯзҳои баъди он ҳам истироҳатӣ мешавад.

– Аз сабаби интиқоли рӯзи кории ҷумъаи 27-уми март ба шанбеи 14-уми март, рӯзи 27-ум ҳам истироҳат хоҳад буд.

– 28 ва 29-уми март шанбе ва якшанбе хоҳанд буд, ки истироҳатӣ аст.

Ин тағйирот ба ҳамаи кормандон дахл доранд ва барои беҳтар кардани ҷадвали корӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷашнгирӣ ва истироҳати сокинон равона шудаааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.