Оё дар Донишкадаи исломӣ курсҳои омӯзиши динӣ ҳаст?

Роҳбари нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бо пайдо шудани имконият, барои омӯзиши дин ва забони арабӣ курсҳои хос таъсис диҳад. Омӯзиши дин ва забони арабӣ тавассути иштирок дар курсҳои кӯтоҳмуддати Донишкадаи исломӣ дар пайи манъи таълими ғайрирасмии дин дар кишвар мубрам шуд. Чандин корбари “Азия-Плюс” суол карданд, ки “агар таълими ғайрирасмии дин, яъне дар […]

Нодира Собирзод, махсус барои Asia Plus

Роҳбари нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бо пайдо шудани имконият, барои омӯзиши дин ва забони арабӣ курсҳои хос таъсис диҳад.

Омӯзиши дин ва забони арабӣ тавассути иштирок дар курсҳои кӯтоҳмуддати Донишкадаи исломӣ дар пайи манъи таълими ғайрирасмии дин дар кишвар мубрам шуд. Чандин корбари “Азия-Плюс” суол карданд, ки “агар таълими ғайрирасмии дин, яъне дар мадрасаву назди рӯҳониён, манъ бошад, пас хоҳишмандон дар куҷо метавонанд дониши динӣ гиранд? Оё ягона муассисаи расмӣ барои таълими дин – Донишкадаи исломӣ курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ дорад?”.

Абдуалим Аҳтамзода, ректори тозатаъини ин донишкада дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, “агар омӯзгорон пайдо шаванд, курсҳои омӯзиши Қуръон, фиқҳ ва забони арабӣ таъсис меёбанд”.

“Дар оянда нақшаҳо дорем. Дар донишкада мушкили кадрӣ мавҷуд аст. Мо бояд омӯзгор пайдо кунем. Ҳар гоҳ, ки бо омӯзгор таъмин шавем, метавонем курсро ба роҳ монем”, – гуфт Аҳтамзода.

 

Ректор гуфт, барои таъсиси курсҳои омӯзишӣ синфхонаи кофӣ ҷоранд. Ӯ таъкид кард, ки феълан дар донишкада курсҳои омӯзиши забони англисию русӣ барои кормандон фаъол аст.

Ёдовар мешавем, ки то соли 2018 сокинони кишвар метавонистанд кӯдакони худро барои таълими динӣ назди руҳониёни маҳаллӣ фиристанд. Аммо пас аз ворид шудани тағйиру иловаҳо ба қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ, таълими динӣ дар масҷиду назди рӯҳониёни маҳалла манъ карда шуд.

Аммо номаълум аст, ки муаллимон аз чӣ тариқ ва дар чӣ муддат пайдо ва барои кор дар динишкада ҷалб хоҳанд шуд. Ҳамин тавр, санаи мушаххаси роҳандозии курсҳои омӯзишӣ ҳам маълум нест. 

Ҳоло танҳо дар Донишкадаи исломӣ воқеъ дар Душанбе таълимоти динӣ иҷоза аст. Ин донишкада оғози соли хониши ҷорӣ соҳиби бинои наву бузурги таълимӣ шуд. Бо шароити таълин дар ин донишкада дар матлаби “Аз Қуръону ҳадис то таъриху забон. Донишҷӯёни Донишкадаи исломӣ чӣ гуна таълими динӣ мегиранд?” метавонед шинос шавед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио