Беш аз $3 млрд қарзи хориҷии Тоҷикистон. Душанбе аз кӣ ва чӣ қадар қарздор аст ва барои пардохти он чӣ бояд кунад?

0

Қарзи умумии хориҷии Тоҷикистон то 1-уми октябри соли 2025 ба беш аз $3,037 млрд расидааст. Дар муқоиса бо оғози соли ҷорӣ, вақте ки қарз ба $3,188 млрд баробар буд, ин рақам $151 млн ё 4,7 фоиз кам шудааст. Дар ҳамин ҳол, қарзи хориҷии Тоҷикистон ба 17,2 дарсади ММД баробар аст. Мо аз Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисодшиноси шинохтаи тоҷик пурсидем, ки ин нишондиҳанда ҷои нигаронӣ дорад ё на.

 

$3 млрд Тоҷикистон қарздор аст

Қарзи хориҷии Тоҷикистон аз се манбаи асосӣ иборат аст, ки ҳар яки онҳо хусусиятҳои худро доранд. Қарзҳои бисёрҷониба қарзҳое ҳастанд, ки аз ташкилоти байналмилалӣ гирифта шудаанд. Қарзҳои дуҷониба мустақиман аз давлатҳои алоҳида гирифта шудаанд. Қарзи кафолатдор қарзҳои гирифтани ниҳоду ширкатҳо аст, вале барои он давлат кафолат додааст. Аз ин рӯ, дар сурати пардохт накардани ширкатҳо давлат уҳдадор мешавад, ки онро пардозад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

Чин – қарздиҳандаи асосӣ

Дар байни қарздиҳандагони Тоҷикистон Ҷумҳурии Халқии Хитой (Чин) мавқеи пешбари худро нигоҳ доштааст. Мувофиқи маълумоти расмӣ, Душанбе ба Пекин зиёда аз $700 млн қарздор аст, ки ин беш аз як чоруми қарзи умумии хориҷиро ташкил медиҳад. Қарзи Тоҷикистон ба Чин асосан тавассути Эксимбонки ин кишвар пешниҳод карда шудааст ва барои амалисозии лоиҳаҳои инфрасохторӣ, аз ҷумла роҳсозӣ ва объектҳои энергетикӣ истифода шудааст.

Вале тибқи маълумоти расмии Вазорати молияи Тоҷикистон, кишвари мо аз Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд, Бонки Исломии Рушд ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд низ маблағҳои нисбатан зиёд қарздор аст.

 

Анвои қарзи хориҷии Тоҷикистон дар баргаҳои “Азия-Плюс”​​​​​​​

Дар доираи қарзи бевоситаи давлатӣ якчанд зернамуд вуҷуд доранд. Қарзҳои бисёрҷониба аз ҷониби созмонҳои байналмилалии молиявӣ пешниҳод карда мешаванд, ки аъзои зиёде доранд. Чунин қарзҳо одатан шартҳои муфидтар – суди поинтар ва мӯҳлатҳои дарозмуддаттар доранд.

ГАЛЛЕРЕЯ (3)



 

Қарзҳои дуҷониба байни ду ҳукумат ё бонкҳои миллии онҳо баста мешаванд. Дар ин категория қарзи Чин тавассути "Эксимбонк" ($744,81 млн) ва қарзи Олмон тавассути бонки "KfW" ($16,20 млн) низ ҷойгиранд.

ГАЛЛЕРЕЯ (2)


 

Қарзҳои кафолатнок навъи алоҳида мебошанд – дар ин ҳолат давлат барои қарзҳои субъектҳои хоҷагидорӣ кафолат медиҳад. Агар ин ташкилот наметавонанд қарзро бипардозанд, масъулият ба зиммаи буҷети давлатӣ меафтад.

Қарзи бевоситаи давлатӣ калонтарин қисми воми берунаро ташкил медиҳад – қариб 95,5% ё наздик ба $2,9 млрд. Ин қарзҳоеанд, ки бевосита Ҳукумати Тоҷикистон қабул кардааст ва худи ҳукумат барои пардохти онҳо масъулият дорад. Чунин қарзҳо одатан барои лоиҳаҳои давлатӣ, такмили инфрасохтор ва буҷети умумӣ истифода мешаванд.

Вомбаргҳо (евробонд) – қоғазҳои қиматноке, ки дар бозорҳои байналмилалии молиявӣ фурӯхта мешаванд. Тоҷикистон дар соли 2017 нахустин маротиба Евробонд дар ҳаҷми $500 млн барои 10 сол бо даромаднокии солонаи 7,125% баровард.

 

Хидматрасонии қарз дар соли 2025​​​​​​​

Дар давоми 9 моҳи соли 2025 Тоҷикистон барои хидматрасонии қарзи хориҷӣ маблағи қобили таваҷҷуҳе сарф кардааст. Ба иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон, танҳо барои пардохти қарзи асосӣ $312,58 млн ҷудо карда шуд, боз $64,67 млн барои пардохти фоизҳо истифода гардид. Дар маҷмӯъ, хидматрасонии қарз $377,25 млн-ро ташкил дод.

Ҷолиби диққат аст, ки дар ҳамин давра Тоҷикистон қарзҳои нав ба маблағи $109,89 млн қабул кардааст. Яъне, пардохтҳо аз қарзгирии нав зиёд будаанд.

 

Нақшаҳои соли 2026​​​​​​​

Буҷети пешниҳодшудаи соли 2026 нишон медиҳад, ки ҳукумат ба сиёсати идомаи хидматрасонии қарз ва якҷоя аз он қарзгирии нав пойбанд мондааст. Барои хидматрасонии қарзи асосии хориҷӣ 5,1 млрд сомонӣ ($548 млн) пешбинӣ шудааст – ин зиёда аз он аст, ки дар 9 моҳи соли 2025 сарф шуд.

Дар хидматрасонии қарз на танҳо буҷети марказӣ, балки корхонаҳои давлатӣ низ иштирок хоҳанд кард. Ширкати “Барқи тоҷик” бояд 1,553 млрд сомонӣ барои пардохти қарз ҷудо кунад – ин зиёдтарин рақам дар байни ширкатҳост.

Ширкати алюминии тоҷик 84 млн сомонӣ, Роҳи оҳани Тоҷикистон 80,2 млн сомонӣ пардохт хоҳанд кард. Корхонаҳои дигар – “Обу корези Душанбе”, “Тоҷиктрансгаз”, “Помир энержӣ” ва “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” низ саҳми худро хоҳанд гузошт.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳамзамон, соли 2026 ҳукумат мехоҳад барои лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ беш аз 6,3 млрд сомонӣ ($678 млн) қарзҳои нав ҷалб намояд. Ин маъно дорад, ки гардиши қарзӣ идома хоҳад ёфт – қарзҳои кӯҳна пардохт, ҳамзамон қарзҳои нав қабул карда мешаванд.

Барои пардохти қарзи дохилӣ низ 473 млн сомонӣ дар нақша аст, ки қисми онро аз буҷети ҷумҳуриявӣ ($152,6 млн) ва қисми дигарро аз даромадҳои амонати Вазорати молия дар Бонки миллӣ ва аз фурӯши амволи бонкҳои барҳамхӯрда – “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” – пӯшонидан пешбинӣ шудааст.

 

“Ҷойи нигаронӣ нест, аммо…”​​​​​​​

Қарзи хориҷии Тоҷикистон, ки имрӯз бештар аз $3 миллиардро дар бар мегирад, 17,2 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишварро ташкил медиҳад. Як соли пеш ин нишондаҳанда ба 22 дарсади ММД баробар буд. Мо аз коршинос пурсидем, ки ин нишондиҳанда ҷои нигаронӣ дорад ё на.

Ба қавли профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисодшиноси шинохтаи тоҷик, ин миқдори қарз барои давлати рӯ ба тараққие чун Тоҷикистон дар доираи меъёр аст ва ҷои ташвишу нигаронӣ надорад.

“Агар қарзи хориҷии Тоҷикистон 17,2 дарсади ММД-ро ташкил диҳад, метавонем онро меъёр ё ҳатто аз меъёр кам ҳам гӯем. Агар ба кишварҳои ҳамсоя ҳам ба муқоиса гузорем, ин нишондиҳанда хеле ночиз аст. Зеро барои давлатҳое, ки ба муносибатҳои бозорӣ мегузаранд, нишондиҳандаи қарзи хориҷӣ атрофи 35 дарсад аст”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Ӯ гуфт, кам шудани қарзи хориҷии Тоҷикистон, аз як сӯ ба кам қарз додани давлатҳои хориҷиву созмонҳои байналмилалӣ марбут бошад, аз сӯйи дигар пайдо шудани имкониятҳои зиёди молиявӣ омили таъсиррасон шудааст.

Профессор Умаров афзуд, “дар баробари коҳиши қарзи хориҷӣ, моро зарур аст, ки қарзҳои минбаъд мегирифтаро бо хусусияти гуногунсамтӣ гирем, яъне қарзро на аз як давлат ё як созмони байналмилалӣ, балки аз чанд давлату созмонҳои байналмилалӣ гирем. Агар фақат аз як давлат ё созмон қарз гирем, вобастагиамон ба он зиёд мешавад ва қарздиҳанда метавонад бо ҳар навъе ба сиёсати Тоҷикистон таъсир расонад”.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҳоҷимуҳаммад Умаров

“Ҳамзамон, кишвари моро зарур аст, ки байни сармоягузории мустақими хориҷӣ ва қарзҳои берунӣ таносубро риоят кунад. Кӯшиш кардан даркор аст, ки қарзҳои берунӣ аз сармоягузории мустақими хориҷӣ якчанд маротиба камтар бошад. Ҳоло сармоягузории мустақими хориҷӣ зиёдтар шудааст, вале ҳамоно чашмрас ва ба иқтисоди кишвар таъсиррасон нест”, – гуфт иқтисоддони тоҷик.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров таъкид кард, ки бояд ба стратегияи қарзи хориҷии Тоҷикистон тағйирот ворид шавад. Аз ҷумла, бояд саҳм ва суди давлат аз қарзҳои хориҷӣ кам ва даромади ширкату корхонаву ниҳодҳо аз он зиёд шавад. Ҳоло бозори пул бештар ба фоидаи давлат аст.

Инчунин, ӯ иброз дошт, ки Вазорати молияи Тоҷикистон, ки масъули баргардонидани қарзҳои хориҷӣ аст, бояд мониторинги дақиқ гузаронад ва нақшаи истифодаи самаранок ва баргардонидани қарзро дошта бошад, то вақти баргардонидани вом ба мушкил мувоҷеҳ нашаванд.

“Ҳоло Вазорати молия мониторинг мегузаронад, вале қонеъкунанда нест. Баъзан муҳлати баргардонидани қарз мегузарад. Ҳангоми мониторинг бояд таҷрибаи давлатҳои пешрафтаро истифода барем”, – гуфт Ҳоҷимуҳаммад Умаров.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Лоиқ Раҷабов, размикори шинохтаи тоҷик аз “UFC” берун карда шуд

0

Ташкилоти маъруфи “UFC” шартномаи ҳамкориро бо Лоиқ Раҷабов, размикори шинохтаи 35-солаи тоҷик дар намуди муҳорибаҳои омехта (ММА) бекор кардааст. Дар ин бора “UFC Roster Tracker” хабар дода, навиштааст, ки шартнома бо чанд размикор, аз ҷумла Лоиқ Раҷабов тамдид карда нашуд.

Сабаби бекор шудани шартномаи ҳамкорӣ миёни размикори тоҷик ва ташкилоти маъруфи “UFC” маълум нест. Вале аксаран, сабаби ин тасмимро ба беш аз як сол ширкат накардани ӯ дар мусобиқаҳо маънидод мекунанд.

Вале худаш чанд рӯз пеш, бо нашри як паём дар саҳифаи "Инстаграм"-аш шарҳ дод, ки чанд моҳи охир барои ӯ хеле душвор буд: ӯ се маротиба пай дар пай ҷароҳат бардошт ва қарор кард, ки вазнро иваз кунад ва ба дивизиони 77 кг гузарад. Ба таъкиди ӯ, ҳамаи ин дар маҷмӯъ имкон надод, ки "ритм"-и рақобатии худро нигоҳ дорад.

Лоиқ Раҷабов, ки ҳамчунин бо “Танки тоҷик” машҳур аст аз соли 2012 инҷониб дар мусобиқаҳои касбии муҳорибаҳои омехта (ММА) ширкат мекунад. Дар умум, ин размикори тоҷик дар ММА  25 рақобат баргузор карда, 18 пирӯзӣ, 6 бохт ва 1 мусовӣ дорад.

Лоиқ Раҷабов соли 2023 бо ин ташкилот шартнома баста буд. Ӯ дар доираи “UFC” 4 муҳориба баргузор карда, дар дутояш пирӯз ва дар дутои дигар мағлуб шуда буд. Дар охирин муборизаи худ, дар моҳи июли соли 2024, Раҷабов дар “UFC on ESPN 60” аз Трей Огдени амрикоӣ мағлуб шуда буд.

Ҳамакнун, баъди берун гардидани Лоиқ Раҷабов аз ташкилоти “UFC”, дар он се размикори дигари тоҷик Нурулло Алиев, Муҳаммад Наимов ва Муин Ғафуров боқӣ монданд, ки ҳеҷ кадомашон ба феҳристи 15-гонаи беҳтаринҳои вазни худ ворид  нашудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

СААД хабарҳо дар бораи кумак хостани Тоҷикистон аз ин созмонро рад кард

0

Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар изҳороте кӯмак хостани Тоҷикистон аз ин созмон дар пайи ҳамлаҳо аз хоки Афғонистон ба кишвари моро рад кард ва гуфт, “ҷониби Тоҷикистон дар робита ба ҳодисаҳои 26 ва 30-юми ноябри имсол барои кумак ба СААД муроҷиат накардааст”.

Дар пайи ду ҳамла аз қаламрави Афғонистон ба ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистон, ки рӯзҳои 26 ва 30-юми ноябр рух дод, хабаргузонии "Reuters" навишт, Тоҷикистон бо СААД дар мавриди ҷалби нерӯҳои Русия барои назорати муштараки марз бо Афғонистон музокира мекунад. ВКХ-и Тоҷикистон ин хабари "Reuters" рад кард. Пас аз изҳороти ин ниҳод, "Reuters" матлабашро пок кард.

СААД рӯзи 23-юми декабр хабарҳои дар ин хусус дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашршударо “маълумоти носаҳеҳ” хондааст.

“Ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои ҳампаймон дар доираи СААД дар заминаи таҳкими марз бо Афғонистон бар асоси Барномаи байнидавлатии дахлдор сурат мегирад, ки дар иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД соли 2024 дар шаҳри Остона тасдиқ шудааст”, – омадааст дар изҳороти созмон.

Ёдовар мешавем, дар ду ҳамла аз қаламрави Афғонистон ба ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистон, ки рӯзҳои 26 ва 30-юми ноябр рух дод, 5 шаҳрвандони Чин кушта ва панҷ нафари дигар захмӣ шуданд. Ин ҳамлаҳо аввал ба бошишгоҳи як ширкати маъдантозакунӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва баъдан ба як ширктаи роҳсозӣ дар ноҳияи Дарвоз сурат гирифтанд.

Тоҷикистон ин ҳамлаҳоро шадидан маҳкум карда аз “Толибон” хоста буд, ки омилони онро дастгир кунанд. ВКХ-и ҳукумати Толибон гуфт, ки ҳамла тавассути гурӯҳҳое анҷом шудааст, ки ҳадафашон “эҷоди бесуботӣ ва беэътимодӣ миёни кишварҳои минтақа аст”.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ин ҳамлаҳоро шадидан маҳкум карда, ба роҳбарони мақомоти қудратии кишвар дастур дод, ки "доир ба ҳалли масъала ва пешгирӣ аз такрори чунин ҳодисаҳои нохуш аз чораю тадбирҳои муассир кор бигиранд”.

Дар пайи ин,  Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Амирхон Муттақӣ, вазири умури хориҷи ҳукумати Толибон телефонӣ суҳбат карда, масъалаи таҳқиқи муштараки ҳамлаҳо ва тақвияти амнияти марз бо Афғонистонро баррасӣ кард.

Ҳамин тариқ, намояндаи Чин дар нишасти Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид (СММ) аз ҳукумати Толибон* хост, ки дар мавриди кушта шудани шаҳрвандони ин кишвар дар Тоҷикистон дар пайи ҳамлаҳо аз хоки Афғонистон “таҳқиқоти ҷиддӣ” анҷом диҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Паррандаи сабзи ишқ”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани маҷмуъи ҳикояҳои Юнус Юсуфӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми якуми ҳикояи “Паррандаи сабзи ишқ” манзури ҳаводорони китоб мешавад.

МЕДИА (YOUTUBE)

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин ва ҳикояҳои Антон Чеховро дар шакли савти манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани роман ва ҳикояҳои китоби "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ ва “Телеграм”-и радиои “Азия-Плюс” метавонед, гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Марги 3 кас дар пайи чаппа шудани як қаиқ дар дарёи Норак

0

Дар пайи чаппа шудани як қаиқ дар дарёи шаҳри Норак, 7 нафар ғарқ шуда, 3 танашон ҷон бохтаанд.

Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ) хабар дода, навиштааст, ки онҳо шаби 21 ба 22-юми декабр мехостанд аз тарафи ҷамоати Дуконии шаҳри Норак ба тарафи деҳаи Гирдоби ҷамоати Пули Сангини ҳамин шаҳр гузаранд, вале дар наздикии соҳил қаиқашон чаппа шуда, боиси ба дарё афтодани мусофирон шудааст.

Дар пайи ин ҳодиса, 4 тан, ки сокинони шаҳри Нораканд, аз об зинда берун шудаанд. Се тани дигари онҳо, ки яке сокини ноҳияи Ёвон ва дуи дигар сокинони шаҳри Норак будаанд, ҷони худро аз даст додаанд.

Ин ниҳод аз шахсони  ҷонбохта ном набурдааст, вале гуфтааст, ҷасадҳои онҳо дарёфт ва ба мақомоти дахлдор супурда шудаанд.

КҲФ аз онҳое ки зинда аз об берун оварданд чунин ном бурдааст:

Саидов Бадриддин;

Назаров Назарбек;

Ҳақбердиев Холмирзо;

Саидов Босит.

 “Дар иртибот ба ин ҳодиса Кумита аз шаҳрвандоне, ки дар ин дарё ба қаиқронӣ машғул мебошанд, хоҳиш менамояд, ки қоидаҳои бехатарии қаиқрониро риоя карда, қаиқҳои худро бехатар ва муносиб ба фасли зимистон кунанд”, – гуфтааст КҲФ.

Ин ниҳод ҳамчунин, аз сокинон хостааст, ки талаботи бехатариро риоя карда, аз истифодабарии қаиқҳои тобистона худдорӣ намоянд.

Ҳамасола, даҳҳо нафар дар каналу дарёҳои Тоҷикистон ҳангоми оббозӣ ё ҳаводиси дигар ғарқ мешаванд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар ним соли 2025 дар кӯлу дарёҳои 91 нафар (соли 2024 — 86 нафар) ғарқ шуда, ҷон бохтаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 декабри соли 2025

0

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз дастаи футболи “Истиқлол” дар доираи даври шашуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Осиё-2025/26 бо тими “Гоа”-и Ҳиндустон рақобат мекунад. Бозӣ дар Ҳиндустон доир шуда, соати 21:00 ба вақти Тоҷикистон оғоз мешавад. 

– Имрӯз, соати 17:00 дар Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраев консерти Ҷӯрабек Муродов, овозхони маъруфи тоҷик баргузор мешавад. Имрӯз ин ҳофизи тоҷик 83-сола мешавад. Арзиши чипта аз 100 то 250 сомонӣ вобаста ба ҷойи нишаст аст. Чиптаҳоро метавон аз сомонаи ticketon дастрас кард.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1962 – Аввалин агрегати Нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд” дар дарёи Вахш ба истифода дода шуд.

Соли 1932 – Сохтмони роҳи мошингарди “Душанбе – Қӯрғонтеппа” ба итмом расид.

Соли 1969 – Дар Иттиҳоди Шӯравӣ гурӯҳи ташаббускори ҳимояи ҳуқуқи инсон таъсис дода шуд

Соли 1940 – Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таъсис ёфт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Соли 2015 – Амри президенти Тоҷикистон дар бораи ҳавасмандгардонии варзишгарон ва муаррифии ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ аз намудҳои гуногуни варзиш ба имзо расид.

Соли 2021 – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон 45 қонун, аз ҷумла Кодекси андозро дар таҳрири нав имзо кард.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1908 – Мавлуди Мастибек Тошмуҳаммадов, аввалин генерали тоҷик.

Мастибек Тошмуҳаммадов, раҳбари низомии шӯравӣ ва нахустин генерал аз Тоҷикистони Шӯравӣ буд. Ӯ соли 1937 бо гумони хеши наздик будан бо Шириншоҳ Шоҳтемур аз сафи Артиши Шӯравӣ ихроҷ ва боздошт шуд.

Баъди оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ моҳи августи соли 1941 ӯро дар Артиши Сурх барқарор карданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ӯ соли 1970 бознишаста шуда, 22-юми ноябри соли 1988 аз олам даргузашт.

Соли 1910 – Мавлуди Набиҷон Баротов, навозанда;

Соли 1934 – Зодрӯзи Муҳаммадалӣ Мадиброҳимов, олими соҳаи техника;

Соли 1942 – Мавлуди Ҷӯрабек Муродов, Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ, яке аз сутунҳои мусиқии муосири тоҷик

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ҷӯрабек Муродов зодаи деҳаи Куруди ноҳияи Айнӣ буда, имсол 83-сола шуд.

Ӯ аз маъруфтарин сарояндагони тоҷик шинохта шуда, дар санъати миллӣ саҳми шоён гузоштааст. Ин ҳунарвар бо суруду наво, Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудааст.

МЕДИА (YOUTUBE)

Ҷӯрабек Муродов аз соли 1992 ба ҳайси сароянда дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хуҷанд фаъолият мекунад. Як замон роҳбари бадеии ансамбли “Шашмақом”-и назди Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон буд.

Ӯ дар тӯли фаъолияти эҷодиаш беш аз 2 ҳазор суруд иҷро кардааст, ки тақрибан 450-тояш оҳангҳои худи ӯянд.

Пиромуни эҷоду ҳунари ӯ дар мусоҳибаи "Ҷӯрабек Муродов: Ҳунарманд бояд ба сиёсат ворид нашавад" мутолиа кунед, ки бахшида ба 80-солагиаш ороста шуда буд.

Соли 1943 – Зодрӯзи Ҳуснигул Талбакова, забоншинос, Корманди шоистаи Тоҷикистон;

Соли 1945 – Сайидризо Ализода, мутарҷим ва забоншиноси тоҷик дар синни 58-солагӣ аз олам даргузашт.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Сайидризо Ализода

Саидризо Ализода шахсияти таърихӣ ва адиби тоҷик буд, ки дар таърих бо фаъолияти илмиву адабӣ ва сиёсии худ номаш сабт гардидааст. Ӯ бо ибтикори шахсӣ маҷаллаи “Шуълаи инқилоб”-ро таъсис дод, ки дар он мақолаҳои ҷанбаи маърифатӣ ва ошкоркунанда дошта мавриди муҳокима қарор мегирифтанд.

Саидризо Ализода аввалин муаллифи адабиёти таълимӣ ба забонҳои тоҷикӣ баъд аз Инқилоби Октябр мебошад. "Дабистони тоҷик", "Китоби нахустин", "Сарфу наҳви тоҷикӣ", "Маданияти ислом", "Саодатнома" аз ҷумлаи онҳоянд.

Дар солҳои 1919-21 Саидризо Ализода котиби Кумитаи ҳизбии Самарқанд буд. Аммо бо ҷурми “ҷосуси империализми ҷаҳонӣ” дар зиндони Шӯравӣ ба ҳалокат расид.

Англисҳо барои сари Саидризо Ализода 50000 фунт стерлинг муқаррар намуда будаанд. Амири Бухоро низ ӯро куштан мехостааст. Баъдан зимомдорони давлати шӯравӣ ӯро бо гумони "ҷосуси империализми ҷаҳонӣ" дар маҳбас ба қатл расониданд. Саидризо Ализода кӣ буд ва чаро барои сари ӯ 50 ҳазор футн стерлинг муқаррар карда буданд, дар маводи "50 ҳазор фунт стерлинг барои сараш. Саидризо Ализода кӣ буд?" мутолиа кунед.

Соли 1948 – Мавлуди Абдусаттор Абдуҷаббор, арбоби давлатӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ;

Соли 1957 – Мавлуди Иззатулло Сатторӣ, доктори улуми бахши байторӣ, профессор;

Соли 1961 – Зодрӯзи Набӣ Набизод, рӯзноманигор, собиқ директори ТВ "Синамо".

Соли 2015 –  Шарофиддин Сайфиддинов, бастакори маъруфи тоҷик, муаллифи суруди “Республикаи ман” пас аз бемории тӯлонӣ дар синни 87-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Шарофиддин Сайфиддинов

Сайфиддинов Шарофиддин бастакори шинохтаи тоҷик, муаллифи суруди маъруфи “Республикаи ман” буда, дар олами санъати тҷоик ҷойгоҳи вижа дорад. Ӯ хатмкардаи омӯзишгоҳҳои мусиқии шаҳрҳои Ленинобод ва Сталинобод буда, соли 1952 шуъбаи миллии Консерваторияи Маскавро хатм карда, ҳамзамон дар факултаи назарияи оҳангсозӣ низ таҳсил кардааст.

Ӯ давоми солҳои 1962-1984 раисии Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистони шуравиро ба уҳда дошт. Ҳамзамон дар Донишкадаи санъати Тоҷикистон дарс мегуфт. Ӯ муассиси Академияи ҳунари мусиқӣ, феълан факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аст.

Миёни тамоми шеърҳое, ки оҳанг бастааст, суруди “Республикаи ман” бештар ба Шарофиддин Сайфиддинов шуҳрату  маъруфият овард.

Номбурда 24-уми декабри соли 2015 дар синни 87 аз олам чашм баст.

Соли 1941 – Онаҷон Азизқулова  химик, доктори илми химия;

Соли 1957 – Ҳомид Қарзай, собиқ президанти Афғонистон.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Дар ин рӯзи соли 1982 Ҳавопаймои Ан-124 “Руслан” аввалин парвози худро анҷом дод. Ин бузургтарин ҳавопаймои ҳарбӣ – нақлиётӣ дар ҷаҳон буд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Баландии ҳавопаймо 21,1 метр ва паҳноии болҳояш 73,3 м буда, вазни ниҳоии парвоз 392 тонна буд.  Қувваи борбардориаш 120 тонна ва масофаи парвоз 16 000 км-ро ташкил медод. Соли 1990 ин ҳавопаймо парвози сартосарии ҷаҳонро анҷом дода, дар 72 соату 16 дақиқа 50 ҳазору 5 км-ро тай кард.

24-уми декабри соли 1801 дар шаҳраки саноатии Камборн дар ҷанубу ғарби Англия Ричард Тревитик, механик-конструктор аввалин мошини озмоишии буғиро ба намоиш гузошт. Дар таърих он ҳамчун “фойтуни буғӣ”-и Лондон маъруф шуд, ки аввалин воситаи нақлиёти худгарди патентӣ бо муҳаррики буғӣ барои интиқоли мусофирон буд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳарчанд Николя Кюнои фаронсавӣ соли 1769 аввалин мошини буғиро сохта буд, вале ба далели хеле суст ҳаракат карданаш барои интиқоли мусофирон "фойтуни буғи-и Лондон аввалин нақлиёти мусофиркашони худгард дар ҷаҳон дониста шуд.

Дар соли 1829 ин фойтун барои мусофирон нақлиёти аз ҳама зудгард ҳисобида мешуд ва суръати ҳаракаташ ба 24 км/соат расид. Баъдтар аспҳо монеи рушди фойтунҳои буғӣ шуданд.

24-уми декабри соли 1865 дар Амрико ташкилоти махфии нажодпарасту террористии "Ку-клукс-клан" таъсис ёфт. Онро баъди шикаст дар Ҷанги шаҳрвандии солҳои 1861–1865 чанд нафар собиқадорони Конфедератсия бунёд карданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Аъзои "Ку-клукс-клан" барои худ либоси махсус ихтироъ карда буданд: ҷомаву рӯйпӯшҳои сафед бо сӯрохӣ барои чашм, то ҳам итоатнопазиронро тарсонанд ва ҳам шиносоии аъзои созмон аз ҷониби мақомоти федералӣ номумкин гардад. Дар солҳои 1870-ум, бинобар иҷрои қатлҳо бо бераҳмии махсус, ин созмон расман пароканда эълон шуд. Бо вуҷуди ин, фаъолияти он пурра қатъ нагардид ва соли 1915 дубора эҳё шуд.

Соли 1999 қарор қабул шуд, ки "Ку-клукс-клан" ҳамчун ташкилоти террористӣ эътироф карда шавад.

 

ВАЗЪИ ҲАВО

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1º, рӯзона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9º сард, рӯзона -4+1º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2º, рӯзона 6+11º гарм, дар доманакӯҳҳо  шабона 1-6º сард, рӯзона 0+5º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5º сард, рӯзона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7º сард, рӯзона -2+3º.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 3-8º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 10-12º сард, рӯзона -2+3º, дар шарқи вилоят шабона 20-25º сард, рӯзона 5-10º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона 0-2º сард, рӯзона 6+8º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона -1+1º, рӯзона 4+6º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона 0-2º сард, рӯзона 9+11º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 6-8º сард, рӯзона -1+1º.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ҳукумати Толибон консулгарии Афғонистон дар Хоруғи Тоҷикистонро бастааст

0

Ҳукумати Толибон* дар Афғонистон Нақибуллоҳ Деҳқонзода, консули Афғонистон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ)-и Тоҷикистонро аз кор ронда, фаъолияти консулгарии генералии Афғонистон дар Хоруғро қатъ кардааст.

Дар ин бора рӯзномаи “8-и субҳ” дирӯз, 22-юми декабр хабар дода, навишт, ки Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати Толибон фаъолияти консулгарии Афғонистон дар Хоруғро аз 15-уми декабр қатъ кардааст.

Аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабари баста шудани консулгарии Афғонистон дар Хоруғро ба “Азия-Плюс” тасдиқ карда, гуфтанд, “ин тасмими худи ҳукумати ҳоким дар Афғонистон аст”.

“Мо дар робита ба ин масъала дар ҷараён ҳастем. Тибқи созишномаҳои байналмилалӣ боз ё қатъ кардани фаъолияти консулгарӣ дар як кишвари дигар кори худи ҳукумати кишварҳо аст”, – гуфтанд аз ин ниҳод.

Рӯзномаи “8-и субҳ” навиштааст, Нақибуллоҳ Деҳқонзода, ки консули ҳукумати пешини Афғонистон дар Хоруғ буд, пас аз тағйири қудрат дар ин кишвар бо Толибон ҳамкорӣ дошт. Ба гуфтаи манбаъ, ӯ 120 ҳазор доллари амрикоиро ба Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати Толибон интиқол додааст. Ин кадом маблағ аст, маълум нест.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Нақибуллоҳ Деҳқонзода

Расонаҳои Афғонистон гузориш додаанд, ки барканории Деҳқонзода дар ҳоле сурат гирифтааст, ки Толибон тасмим доштанд ӯро ба ҷои Зоҳир Ағбар, сафири ҳукумати пешини Афғонистон дар Тоҷикистон, ба ҳайси сафири нав муаррифӣ кунанд.

Мақомоти расмии ҳукумати Толибон то ҳол дар робита ба баста шудани консулгарии Хоруғ изҳороти расмӣ нашр накардаанд.

Нақибулло Деҳқонзода моҳи ноябри соли 2023 ва пас аз ду соли ба қудрат расидани ҳукумати Толибон дар Афғонистон эълон карда буд, ки Консулгарии Афғонистон дар шаҳри Хоруғи Тоҷикистон расман фаъолият мекунад ва он мустақил буда, мустақиман таҳти ҳимоят ва ҳидояти Вазорати умури хориҷии ҳукумати Толибон қарор дорад.

Ин изҳорот дар посух ба баёнияи Зоҳири Ағбар, ки он замон гуфта буд, консулгарии Афғонистон дар Хоруғ “барои надоштани имконоти иқтисодӣ” аз кор мондааст, садо дода буд.

Вале Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон моҳи феврали соли 2024 изҳор дошт, ки Консулгарии Афғонистон дар Хоруғ таҳти назорати Толибон қарор надорад ва Тоҷикистон ба ҳеҷ як намояндаи ин гурӯҳ парвонаи кор (аккредитатсия) надодааст.

"Ҳайати кормандони Консулгарии Афғонистон дар Хоруғ баъди соли 2020 иваз нашудаанд. Одамоне кор мекунанд, ки дар соли 2020 аккредитатсия гирифта буданд. Агар онҳо (Толибон, дар назар аст, -муаллиф) кадом як раиси навро муаррифӣ мекунанд, ин кори худашон аст", – гуфта буд он замон Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон.

Чанд рӯз қабл аз ин, Хайриддин Усмонзода, директори Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон гуфта буд, "ҳадафи фаъолияти консулгарӣ дуруст ба роҳ мондани фаъолияти бозорҳои наздимарзӣ аст".

Дар ҳамин ҳол, расонаҳои Афғонистон гузориш медоданд, ки консулгарии ин кишвар дар шаҳри Хоруғ амалан фаъолият мекунад. Ҳатто хабарҳо дар робита ба боздиди як ҳайати гурӯҳи "Толибон" аз ин консулгарӣ дар моҳи феврали соли 2023 баъди осеб дидани бинои он дар пайи фаромадани тарма дар ин шаҳр расонаӣ шуда буд. Ҳарчанд омадани онҳоро ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ ё рад накарда буд.

Бояд гуфт, Тоҷикистон ягона кишвар дар Осиёи Марказӣ аст, ки ба таври расмӣ мегӯяд, бо Толибон равобити мустақим надорад, аммо гузоришҳо аз мулоқоту машвари дуҷониба, ки вақтҳои охир зиёд нашр мешаванд, гумони нармиш дар сиёсати Тоҷикистон дар қиболи Толибонро зиёд мекунад.

Аз ҷумла, чанде пеш расонаҳо аз сафари як ҳайати дигари Тоҷикистон зери раҳбарии Заробиддин Файзуллозода, муовини раиси вилояти Хатлон ба шаҳри Қундуз ва мулоқоти ӯ бо Мулло Муҳаммадхон, волии Толибон дар ин вилоят гузориш дода буданд.

Пеш аз ин хабарҳо дар бораи сафари Юсуф Вафо, волии вилояти Балх ба Душанбе ва дидораш бо  бо Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо ва муфтии Тоҷикистон расонаӣ шуда буд. 

Пештар аз ин, боз ҳам расонаҳои Афғонистон навишта буданд, ки Саймумин Ятимов ба Кобул сафар карда, бо мақомдорони Толибон вохӯрдааст. Аммо мақомоти Тоҷикистон ҳеҷ як аз ин сафару дидорҳоро тасдиқ ё рад накарданд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Ялдо ҷашни шодиву сур аст!”. Гузориш аз ҷашни Ялдо дар яке аз деҳаҳои Тоҷикистон

0

Шаби 21-22-юми декабр дар деҳаи Тангаии шаҳри Ваҳдат Шаби Ялдо ё Чилла бо тамоми вижагиҳояш ҷашн гирифта шуд. Барои таҷлили ин ҷашни бостонӣ, сокинони маҳаллӣ, фарҳангиён ва чанде аз эрониёни муқими Тоҷикистон дар ин деҳаи канори Душанбе ҷамъ омаданд.

Ташаббускори ин маросим Шаҳобиддин Фаррухёр, эронии муқими Тоҷикистон аст, ки Ялдоро ҳамасола ҷашн мегирад.

Суфраи ин шабро аз як силсила ашё ва ғизоҳои рамзӣ ороста буданд. Дар рӯи хон асосан меваҳои сурхранг, чун тарбуз, анор, хурмо, лаблабу, гузошта буданд, ки рамзи баракат аст.

Шаби Ялдо дар ин деҳа чӣ гуна ҷашн гирифта шуд, дар гузориши мо бинед:

МЕДИА (YOUTUBE)

Имсол шаби Ялдоро дар чанд ҷойи дигар, аз ҷумла Сафорати Эрон дар Душанбе ва чанде аз тарабхонаҳои пойтахт низ ҷашн гирифтанд.

Ялдо шаби дарозтарини сол аст ва пас аз он рӯзҳо дарозтару шабҳо ку‌тоҳтар мешаванд. Ҳарчанд он дар Тоҷикистон ба таври оммавӣ таҷлил намегардад, вале чанд соли охир бештар мардумӣ мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мақомот дар хонаи як корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дуздии барқро ошкор кардаанд

0

Як корманди зеристгоҳи барқии 35/10 "Кангурт" (ноҳияи Темурмалик), ки ба Шабакаҳои барқии минтақаи Кӯлоб таллуқ дорад, ба дуздии барқ гумонбар дониста шуда, бар зиддиаш парвандаи маъмурӣ боз гардидааст. Дар ин бора Оҷонсии назорат дар соҳаи энергетика рӯзи 20-уми декабр хабар дода, аз ин корманд Шуҳрат Самиев ном бурдааст.

Манбаъ гуфтааст, ки гумонбар “аз бинои навбатдорӣ то хонаи истиқоматиаш, ки дар наздикии зеристгоҳ ҷойгир аст, хатти барқро пинҳонӣ кашида, бидуни пайвастшавӣ ба ҳисобкунак аз нерӯи барқ ғайриқонунӣ истифода мебурдааст”.

“Гузашта аз ин, бинои навбатдорони зеристгоҳи барқи дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, навбатдорон аз таҷҳизотҳои худсохти барқӣ истифода менамуданд”, – гуфтааст Оҷонсӣ.

Ин ниҳод зикр кардааст, ки нисбати Самиев парванди маъмурӣ боз шудааст, вале нагуфтааст, бо кадом моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикуистон.

Назари худи Шуҳрат Самиев дар ин маврид маълум нест.

Ошкор шудани дуздии барқ аз сӯи як корманди шабкаҳои барқ дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар чанде пеш дар паёми солонааш низ аз тарафи кормандони соҳа сӯисфтифода аз мансабро танқид кард.

Ӯ гуфта буд, ки “аз тарафи баъзе кормандони соҳа, пардохтҳо пурра ба ҳисоб гирифта намешуданд ва талафоти беасоси нерӯи барқ ба таври сунъӣ ба зимаи аҳолӣ ва дигар гурӯҳҳои истифодабарндагони нерӯи барқ гузаронида мешуд".

Ӯ афзуд, ки маблағҳоро “пурра аз аҳолӣ ҷамъоварӣ мекарданд ва маблағро сӯистифода карда” аҳолиро қарздор мекарданд.

Тибқи иттилои расмӣ, соли ҷорӣ талафоти нерӯи барқ дар кишвар 3 миллиард кВт соатро ташкил додааст.

Ёдрас мешавем, ки имсол ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ва саркашӣ аз пардохти пули он сангин шуд. Бар асоси Кодекси ҷиноятӣ касоне, ки қоидаҳои истифодаи нерӯи барқро вайрон ва аз пардохти пули он саркашӣ мекунанд, аз 27 ҳазор то 90 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 3 то 10 сол зиндонӣ мешаванд.

Пурзӯр кардани ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ дар ҳолест, ки ҳамасола дар фасли тирамоҳу зимистон дар кишвар маҳдудият ё “лимит”-и барқ ҷорӣ мешавад. Имсол он шадидтар шуда, тибқи мушоҳида, аҳолӣ дар як шабонарӯз аз 2 то 4 соат нерӯи барқ доранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Намоиш ва фурӯши маҳсулот дар Душанбе. Муқоисаи нарх ва сифати маҳсулоти ярмарка бо бозор

0

Сар аз 21-уми декабр дар чанде аз гӯшаҳои шаҳри Душанбе намош ва фурӯш (ярмарка)-и маҳсулоти ниёзи аввал оғоз шуд. Он ба муносибати Соли нав ташкил шуда, то рӯзи охири соли равон идома мекунад. 

Дар ярмарка деҳқонон аз манотиқи гуногуни кишвар маҳсулоти кишоварзӣ ва савдогарон маҳсулоти дигари ниёзи аввалро ба фурӯш бароварданд. Ба гуфтаи шаҳрдории Душанбе, дар ин нуқтаҳо сокинон метавонанд маҳсулоти ниёзи аввалро бо нархҳои арзонтар харидорӣ кунанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

“Азия-Плюс” аз яке аз ин намош ва фурӯш, ки дар назди боғи “Куруши Кабир” (назди Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ) ташкил шуда буд, дидан кард, ки то чӣ андоза нархи маҳсулоти ярмарка аз нархи бозор арзонтар аст ва сифати хуб доранд.

Муқоисаи нархи маҳсулоти ярмарка бо бозор:

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Тавре маълум шуд, нархи маҳсулот нисбат ба нархи бозор он қадар фарқияти зиёде надоранд, аммо нархи гӯшт, ки вақтҳои охир сокинони кишварро нигарон кардааст, дар ярмарка ба таври назаррас поён аст. Нархи як килограмм гӯшти гов 65 сомонӣ ва гӯшти гусфанд 75 сомонӣ аст, дар ҳоле, ки дар бозор нархи он аз 100 сомонӣ оғоз меёбад.

Савдогарон дар суҳбат бо мо гуфтанд, гӯште, ки онҳо ба фурӯш гузоштанд, аз Беларус аст ва айни ҳол он дар тамоми бозорҳои кишвар датсрас аст. Бо вуҷуди он ки бархеҳо нигаронӣ карданд, ки нисбат ба гӯшти маҳаллӣ мазза ва тамъи гӯшти белорусӣ поинтар аст, натавонистем маълум кунем, ки то чӣ андоза сифати онҳо хуб аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

Бештари маҳсулоти кишоварзие, ки дар ярмарка дидем ва аксбардорӣ кардем, зоҳиран сифати хуб ва харидорони зиёд доштанд.

Дар ҳамин ҳол, яке аз сокинони шаҳр гуфт, ки чанд маҳсулоте, ки аз ярмарка харидорӣ карда буд, он қадар сифати хуб надоштанд, аз ҷумла биринҷ.

Фаррух Ғаффоров, сокини ноҳияи Мастчоҳ, ки асал ба фурӯш бароварда буд, гуфт, соли 15-ум аст дар чунин ярмакаҳо ширкат меварзад ва ин дафъа ӯро “Тоҷикматлубот” даъват кардааст, чун ӯ аъзои ин ниҳод ҳаст. Ба гуфтаи ӯ тамоми харҷи роҳ ва истиқомат аз ҷониби ин ниҳод пардохт шуд.

ГАЛЛЕРЕЯ (9)









 

Дар ҳамин ҳол кишоварзоне, ки аз ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод омада буданд гуфтанд, ки деҳқонони минатақа бо навбат дар чунин ярмаркаҳо иштирок мекунанд ва харҷи иловагии онҳо “хизмат барои миллат” аст. Ҳамчунин, ба гуфтаи онҳо, маҳсулотҳои кишоварзии ба фурӯш баровардашуда, ҳосили меҳнати худи онҳост. 

Бояд гуфт, ки ин намош ва фурӯш бо қарори раиси шаҳри Душанбе ба муносибати соли нав аз сӯи Оҷонсии захираҳои давлатӣ, “Тоҷикматлуобот” гузаронида мешавад.

Ярмаркаҳо дар суроғаҳои зерин идома доранд:

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

Маъмулан чунин ярмаркаҳо пеш аз ҷашнҳо ташкил шуда, маҳсулоти хӯрокворӣ бо нархи арзонтар аз бозор ба фурӯш гузошта мешаванд. Вале баъзан сокинон аз сифати маҳсулоте, ки дар ин ярмаркаҳо ба фурӯш гузошта мешавад, нигаронӣ мекунанд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.