Марги 3 кас дар пайи чаппа шудани як қаиқ дар дарёи Норак

Дар пайи чаппа шудани як қаиқ дар дарёи шаҳри Норак, 7 нафар ғарқ шуда, 3 танашон ҷон бохтаанд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ) хабар дода, навиштааст, ки онҳо шаби 21 ба 22-юми декабр мехостанд аз тарафи ҷамоати Дуконии шаҳри Норак ба тарафи деҳаи Гирдоби ҷамоати Пули Сангини ҳамин шаҳр гузаранд, вале дар наздикии […]

Asia-Plus

Дар пайи чаппа шудани як қаиқ дар дарёи шаҳри Норак, 7 нафар ғарқ шуда, 3 танашон ҷон бохтаанд.

Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ) хабар дода, навиштааст, ки онҳо шаби 21 ба 22-юми декабр мехостанд аз тарафи ҷамоати Дуконии шаҳри Норак ба тарафи деҳаи Гирдоби ҷамоати Пули Сангини ҳамин шаҳр гузаранд, вале дар наздикии соҳил қаиқашон чаппа шуда, боиси ба дарё афтодани мусофирон шудааст.

Дар пайи ин ҳодиса, 4 тан, ки сокинони шаҳри Нораканд, аз об зинда берун шудаанд. Се тани дигари онҳо, ки яке сокини ноҳияи Ёвон ва дуи дигар сокинони шаҳри Норак будаанд, ҷони худро аз даст додаанд.

Ин ниҳод аз шахсони  ҷонбохта ном набурдааст, вале гуфтааст, ҷасадҳои онҳо дарёфт ва ба мақомоти дахлдор супурда шудаанд.

КҲФ аз онҳое ки зинда аз об берун оварданд чунин ном бурдааст:

Саидов Бадриддин;

Назаров Назарбек;

Ҳақбердиев Холмирзо;

Саидов Босит.

 “Дар иртибот ба ин ҳодиса Кумита аз шаҳрвандоне, ки дар ин дарё ба қаиқронӣ машғул мебошанд, хоҳиш менамояд, ки қоидаҳои бехатарии қаиқрониро риоя карда, қаиқҳои худро бехатар ва муносиб ба фасли зимистон кунанд”, – гуфтааст КҲФ.

Ин ниҳод ҳамчунин, аз сокинон хостааст, ки талаботи бехатариро риоя карда, аз истифодабарии қаиқҳои тобистона худдорӣ намоянд.

Ҳамасола, даҳҳо нафар дар каналу дарёҳои Тоҷикистон ҳангоми оббозӣ ё ҳаводиси дигар ғарқ мешаванд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар ним соли 2025 дар кӯлу дарёҳои 91 нафар (соли 2024 — 86 нафар) ғарқ шуда, ҷон бохтаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.