РАСМАН: Имсол моҳи Рамазон 19-уми феврал оғоз мешавад

0

Имсол дар Тоҷикистон моҳи шарифи Рамазон 19-уми феврал оғоз шуда, сокинон то 20-уми март рӯза мегиранд. Дар ин бора Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Ӯ гуфт, мувофиқи ҳисоби илмӣ аввали моҳи шарифи Рамазон дар соли 2026 ба ҳисоби тақвимӣ рӯзи панҷшанбеи 19-уми феврал муайян шудааст.

Ӯ гуфт, имрӯз, 10-уми феврал, Шӯрои уламои кишвар ҷаласа баргузор карда, дар асоси хулосаи Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қарори дахлдорро қабул кардааст.

Тибқи қарори Шӯрои уламо, дар соли 2026 маблағи фитри рӯза ва фидяи савм нисбат ба соли гузашта кам шудааст, аммо нисоби закот афзоиш ёфтааст.

Фитри рӯза: Имсол ҳар як кас бояд 7 сомонӣ фитри рӯза пардохт кунад, ки нисбат ба соли 2025 (8 сомонӣ) як сомонӣ кам шудааст.

Нисоби закот: Агар шахс 64 ҳазор сомонӣ ё зиёдтар дошта бошад, бояд 1 ҳазору 600 сомонӣ закот диҳад. Дар соли гузашта ин нишондиҳанда 36 ҳазору 900 сомонӣ буд ва маблағи закот 880 сомонӣ ташкил медод. Имсол ҳам нисоб ва ҳам маблағи закот қариб ду баробар афзоиш ёфтааст.

Фидяи савм: Барои онҳое, ки ба сабабҳои шаръӣ рӯза намегиранд, фидяи савм дар соли 2026 барои 30 рӯз 420 сомонӣ (14 сомонӣ барои як рӯз) муқаррар карда шудааст. Соли 2025 ин рақам 480 сомонӣ (16 сомонӣ барои як рӯз) буд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Аз Кумитаи дин ва танзими ташну маросим сабаби тағйироти чашмрас дар маблағи фитри рӯза, фидяи савм ва нисоби закот нисбат ба соли гузаштаро ба нархи тилло ва гандум рабт доданд.

Аз ин ниҳод гуфтанд, ки нисоби закот бо назардошти нархи тилло ҳисоб карда мешавад ва чун имсол нархи тилло гарон шудааст, нисоби закот ҳам нисбат ба соли пешин афзоиш ёфтааст.

Фитри рӯза бо назардошти нархи гандум ҳисоб мешавад ва чун гамдум имсол дар Тоҷикистон арзонтар шудааст, фитри рӯза ҳам нисбат ба соли пешин, камтар ҳисоб шудааст.

Ва ҳамин тавр, фидяи савм ҳам аз ҳисоби арзон шудани гандум, нисбат ба соли пешин камтар ҳисоб шудааст.

Қаблан гуфта мешуд, ки имсол моҳи Рамазон дар Тоҷикистон 18-уми феврал оғоз мешавад. Аммо, ба гуфтаи манбаъи мо, он ба гардиши моҳтоб, ки маҳз тибқи он моҳи Рамазон муайян мешавад, рост наомадааст.

Дар Тоҷикистон ҳам, мисли ҳамаи кишварҳои мусулмонӣ, моҳи шарифи Рамазонро тибқи гардиши моҳ ва нав шудани он Шӯрои уламо дар якҷоягӣ бо Пӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муайян мекунанд.

Ҳамасола моҳи шарифи Рамазон 10 рӯз пештар аз соли гузашта фаро мерасад. Соли гузашта моҳи Рамазон дар кишвар 1-уми март шуруъ шуда, рӯзи 30-юми март бо анҷоми моҳ, иди Рамазон таҷлил шуда буд

Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ шуморида мешавад. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат машғул мешаванд. Моҳи Рамазон бо иди Рамазон ба анҷом мерасад, ки яке аз ду иди бузургу муҳими мусалмонон ба шумор меравад.

Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон мисли намозу закот яке аз рукнҳои муҳими ислом мебошад. Рӯза иборат аз худдорӣ намудан аз хӯрдан, ошомидан ва ҳамхобагӣ кардан аз субҳи содиқ то ғуруби офтоб аст.

Паёмбари ислом Муҳаммад (с) рӯзаи моҳи Рамазонро сипар ва нигаҳдорандаи соҳиби худ аз оташ номида, фармудааст, ки “рӯза доштан танҳо нахӯрдану наошомидан нест, балки парҳез аз суханҳои ношоиста ва корҳои зишт низ мебошад”.

Рӯзадорӣ дар ин моҳи шариф яке аз панҷ рукнҳои ислом аст. Парҳезгорӣ қариб дар ҳамаи динҳо дунё вуҷуд дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Дар Тоҷикистон 80 дарсади нафақагирон аз қайди рақамӣ гузаштанд

0

Дар Тоҷикистон то 1-уми феврали имсол 80% нафақахӯрон аз қайди рақамӣ гузаштаанд ва ё чеҳраи онҳо шинохта шудааст. Дар ин бора аз Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ 9-уми феврал ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Дар Тоҷикистон шинохти чеҳраи нафақагирон нимаи дуюми моҳи ноябр шуруъ шуда буд ва тибқи нақша, бояд то 30-уми декабри соли 2025 дар 68 шаҳру ноҳияи кишвар ҳамаи нафақагирон ба қайди рақамӣ гирифта мешуданд.

Хуршед Файзуллозода, раҳбари Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ 6-уми феврал дар нишасти хабарӣ шиносоии нафақахӯрон ва ҳамроҳ кардани маълумоти онҳоро ба пойгоҳи давлатии "ekhizmat.tj" шарҳ дод.

“Мақсади мо ин аст, ки як маротиба ҳамаи нафақагиронро шиносоӣ кунем ва ҳар нафақагир дар пойгоҳ тавонад ба саҳифаи шахсӣ ворид шавад. Ин пойгоҳ бо Кумитаи андоз ҳамгиро шудааст, то бо таври автоматӣ ҳаҷми нафақаро муайян кунем”, – гуфт Файзуллозода.

Ба таъкиди ӯ, ин низом метавонад, “омилҳои инсониро, ки дар миён ҳаст, аз байн барад” ва дар оянда нафақагирон метавонанд, маблағи нафақаашонро ба дилхоҳ корт ё ҳамёне, ки дар махзан ворид мекунанд, интиқол диҳад.

“Ҳоло як маҳдудият доранд, ки дар корти “Амонатбонк” маблағ ворид мешавад. Ин заруратҳо аз байн меравад. Шумо кадом корти бонкиеро, ки истифода мебаред, маълумотро нишон додед, маблағ ба он ворид мешавад”, – зикр кард Хуршед Фазуллозода.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Хуршед Файзуллозода

Бояд гуфт, тасмими бақайдгирӣ ё шиносоии чеҳраи нафақагирон дар асоси супориши ҳукумати Тоҷикистон аз 31-уми октябри соли 2025 гирифта шуд. Дар асоси он, фармоиши роҳбари Оҷонсӣ аз 14-уми ноябри соли 2025 дар бораи таъсиси гурӯҳи корӣ имзо шудааст.

Бақайдгирии маълумот ва чеҳраи нафақахӯрон тариқи телефон сурат мегирад ва аксу иттилои онҳо дар барномаи алоҳида ҷой дода мешавад. Барои ин нафақахӯронро зарур аст, ки бо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи худ ба шуъбаҳои Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа муроҷиат кунанд.

Оҷонсӣ ҳадафи барномаро “шаффофият ва самаранокии идоракунӣ" унвон карда афзуда буд, ки он дар тамоми 68 шаҳру ноҳияи кишвар анҷом дода мешавад. Бақайдгирии маълумот ва чеҳраи нафақахӯрон (Face ID) нимаи дуюми моҳи ноябр оғоз шуд ва қарор буд то 30-уми декабри соли гузашта дар ҳама шаҳру ноҳияҳои кишвар ба анҷом расад.

Моҳи январ дар Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон ба муроҷиатҳои “Азия-Плюс” дар хусуси омори нафақагирони бақайдгирифташуда посух надоданд.

Қаблан аз ин ниҳод ба “Азия-Плюс” гуфта буданд, ки то 11-уми декабри соли 2025 ҳудуди 40% нафақахӯрон аз бақайдгирии рақамӣ ё шиносоии чеҳра гузаштаанд.

Вале мушоҳидаи хабарнигори “Азия-Плюс”, рӯзи 20-уми январ дар ду шуъбаи нафақаи пойтахт нишон дод, ки то ҳол нафақагирон барои бақайдгирӣ ба шуъбаҳо меоянд.

Тибқи иттилои расмӣ, ба ҳолати 1-уми январи соли 2026 теъдоди нафақагирон дар кишвар 877 ҳазору 206 нафар аст. Ҳоло дар кишвар ҳаҷми нафақаи миёна, аз ҷумла, нафақаи суғуртавӣ ба 509 сомонӣ, нафақаи меҳнатӣ ба 641 сомонӣ ва нафақаи иҷтимоӣ ба 362 сомонӣ баробар аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ гуфтанд, ки соли 2025 дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон инҳисоргар набуд

0

Дар бозори воридот ва фурӯши маҳсулоти нафт ва гази моеъ дар Тоҷикистон соли 2025 рақобат вуҷуд дошта, аломатҳои инҳисор ба назар нарасидааст. Дар ин бора чанде пеш зимни нишасти матбуотӣ Ҳайдаралӣ Раҷабзода, роҳбари Хадамоти зиддиинҳисорӣ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, соли 2025 ба ҷумҳурӣ ба маблағи умумии 959,3 млн доллар 1 млн 212,2 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст. Дар ҳамин ҳол, нархи миёнаи 1 тоннаи он 791 долларро ташкил додааст.

Ҳайдаралӣ Раҷабзода ҳамчунин зикр кард, ки давоми сол ба маблағи 238,8 млн доллар 349,9 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шуда, нархи миёнаи воридоти 1 тоннаи он ба 683 доллар баробар шудааст. Ин маҳсулот асосан аз Қазоқистон ва Русия ворид шудааст.

Дар Хадамот зикр карданд, ки дар бозори гази моеъ чанд ширкати бузург, аз ҷумла "Темур ойл", "Аллат", "Газпромнефт Тоҷикистон" ва дигар корхонаҳо фаъолият доранд. Зикр шуд, ки мавҷуд будани шумори назарраси иштирокчиёни бозор, ҳукмронӣ ё инҳисори ширкатҳои ҷудогонаро дар бозор истисно мекунад.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ, дар муқоиса бо соли 2024 соли 2025 нархи маводи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ дар Тоҷикистон ба андозаи 14,4% пон рафтаанд, аз ҷумла бензин ба андозаи 3,3%, сӯзишвории дизелӣ – 5,1% ва гази моеъ – 31,9%.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 23

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми бисту сеюми ин асари таърихиро манзури ҳаводорони китоб мешавад.

 

МЕДИА (YOUTUBE)

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин, ҳикояҳои Антон Чеховромани “Киштии Нӯҳ” ва маҷмӯи ҳикояҳои Юнус Юсуфиро дар шакли савти манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани асари таърихии "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ҳушдори ҳавошиносон аз 5 рӯзи барфу борон дар Тоҷикистон

0

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз бориши барфу борон ва эҳтимоли фаромадани тарма дар рӯзҳои 10 то 14-уми феврал ҳушдор додааст. Ин ниҳод гуфтааст, ки дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои кӯҳиву доманакӯҳӣ ва ағбаҳо бориши барфу борони пуршиддат пешгӯйӣ мешавад.

Дар пайи ин, ба гуфтаи манбаъ, дар шоҳроҳҳои кӯҳӣ эҳтимол ҳаракати мошинҳо душвор шуда, дурии биниш кам гардад.

Ҳамчунин, дар рӯзҳои мазкур дар минтақаҳои тармафарои шоҳроҳи мошингарди Душанбе –Чаноқ (километрҳои 48–74), минтақаҳои Майхура, Зидеҳи ноҳияи Варзоб, ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ хатари фаромадани тарма вуҷуд дорад. 

Мақомот ба далели бад шудани вазъи ҳаво ба шаҳрвандон тавсия додаанд, ки бе зарурат ба минтақаҳои кӯҳӣ ва тармафаро сафар накунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

0

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February 2026, ки аз 1 то 6 феврал дар шаҳри Будапешт (пойтахти Маҷористон) доир гардид, муваффақ шуд.

Юнусов дар ду мусобиқаи категорияи Rating/U2250, ки дар он шатранҷбозони дорои имтиёзи 2250 FIDE рақобат мекунанд, пирӯзӣ ба даст оварда, муқобили ҳарифон аз кишварҳои гуногун бозии устувор ва маҳорату малакаи хуб нишон дод.

Ноиби президенти Федератсияи шатранҷи Тоҷикистон Илҳом Юнусов дар ин робита зикр кард, ки натиҷаи мазкур ба қисмате аз стратегияи дарозмуҳлати рушди шатранҷ дар кишвар рабт дорад:

“Ин самти Федератсия дар соли 2026 – тарбияву омода кардани гроссмейстерҳо аст. Соли гузашта ду шатранҷбози мо Мустафохоҷа Ҳусейнхоҷаев ва Ҷалолиддин Илҳомӣ меъёри устоди байнулмилалиро иҷро карданд. Дар доираи ин нақшаи Федератсия мо шатранҷбозонро ба мусобиқаҳо бо доштани меъёри гроссместери байнулмилалӣ фиристодем. Муҳаммад Юнусов дар ду мусобиқа бо имтиёзи то U2250 дар радабандӣ пирӯз шуд”.    

ИЗОБРАЖЕНИЕ

SixDays Budapest — ҷашнвораи байнулмилалии шатранҷ мебошад, ки аз якчанд мусобиқаҳои даврӣ (round robin) иборат аст. Дар онҳо ҳар кадоме аз иштирокчиён бо ҳамдигар бозӣ мекунанд. Мусобиқаҳо бо қоидаҳои FIDE гузаронида шуда, дар он шатранҷбозон имкон доранд, ки мавқеи худро дар радабандиҳои байнулмилалӣ беҳтар созанд ва меъёри унвонҳоро иҷро кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Пешниҳоди истирдоди беш аз 150 зани тоҷик аз зиндони Русия ба Тоҷикистон. Москалкова ба Эмомалӣ Раҳмон мактуб навиштааст

0

Татяна Москалкова, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Русия ба раисҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба истирдоди беш аз 150 зани тоҷик, ки дар маҳбасҳои Русия адои ҷазо мекунанд, нома навиштааст.

Дар ин бора Умед Бобозода, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дирӯз, 9-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, ин масъала нахуст ҳангоми сафари Москалкова ба Тоҷикистон, ки дар ҳошияи сафари президенти ин кишвар ба Тоҷикистон омада буд, муҳокима шудааст.

“Вақте ӯ ба Душанбе омад ва бо кормандони мо суҳбат мекард, пайваста аз ваколатдори ҳуқуқи инсони тоҷик даъват менамуд, ки бо онҳо ҳамкорӣ карда, аз вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия, хусусан, занҳо огоҳ шавем”, – гуфт ӯ.

Ба қавли омбудсмени тоҷик, Москалкова баъди ба Русия рафтанаш “ба номи президенти мамлакати мо” дар хусуси истирдоди маҳбусзанони тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон мактуб навиштааст.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Умед Бобозода

Қариб ду ҳафта пеш, 26-уми январи имсол Умед Бобозода низ бо ӯ телефонӣ суҳбат карда, масъалаи ҳарчи зудтар ба ватан овардани онҳоро баррасӣ кардааст.

Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло дар Тоҷикистон як зиндони занона, он ҳам дар шаҳри Норак мавҷуд буда, беш аз 400 зан он ҷо адои ҷазо мекунад.

“Барои овардани онҳо мо бояд зиндонҳоро омода кунем, то онҳоро ҷо карда тавонем”, – гуфт Бобозода.

Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки масъала ҳалли мусбии худро меёбад.

Ба ишораи Бобозода, худи занони тоҷик низ, ки дар зиндонҳои Русия маҳбусанд, ба воситаи мақомоти дахлдори ин кишвар ба Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон барои истирдодашон ба ватан муроҷиат кардаанд.

Зимнан, тайи се соли ахир дар бораи табодули маҳкумшудагон байни Русия ва Тоҷикистон ягон маълумот ё омор расонаӣ нашудааст.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Татяна Москалкова

Ахиран Татяна Москалкова гуфта буд, аз занони Тоҷикистон бо дархости кумак ба хешовандони онҳо ҷиҳати интиқол ба ватан барои адои минбаъдаи ҷазо дар маконҳои наздиктар ба пайвандону наздикон муроҷиатҳо мегирад.

Аммо маълум нест, ки чӣ қадар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ва чанд шаҳрванди ин кишвар дар маҳбасҳои Тоҷикистон адои ҷазо мекунанд.

Ба ҳолати 1-уми январи соли 2024 дар зиндону боздоштгоҳҳои кишвар 244  шаҳрванди хориҷӣ адои ҷазо мекарданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 феврали соли 2026

0

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

Имрӯз Бонки амонатгузории "Амонатбонк" (соати 08:00), Хадамоти иҷро (соати 09:00), Додгоҳи Олии иқтисодӣ (соати 11:00),  Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ (соати 14:00), Донишгоҳи миллии тадқиқотии технологии "Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи шаҳри Маскав" (соати 09:00) ва филиали Донишкадаи энергетии Маскав (соати 10:00) нишасти матбуотӣ доир карда, аз фаъолияти яксолаи худ назди хабарнигорон гузориш медиҳанд.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 2010 – Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд таъсис ёфт.

Соли 2004 – Созишномаи Тоҷикистону Афғонистон “Дар бораи сохтмон ва истифодабарии пул дар рӯдхонаи Панҷ” ба имзо расид.

Соли 2007 – Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон зимни сафараш ба Сурия пешниҳод кард, ки шаҳрҳои Кӯлоби Тоҷикистон ва Тадмури Сурия бародаршаҳр эълон шаванд.

Соли 2014 – Бонки миллии Тоҷикистон силсилаи тангаҳои хотиравии аз нуқраи холис сохташударо бо қимати 50 ва 100 сомонӣ ба муомилот баровард.

Соли 2014 – Маркази миллии тестӣ аз тобеияти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бароварда шуда, ба Муассисаи давлатии назди раисҷумҳури Тоҷикистон табдил дода шуд.

Соли 2015 – Пас аз 4 моҳи асорат дар қабилаи Харикдон, шаҳрванди Тоҷикистон, ҳамшираи шафқат Гулрухсор Рофиева, ки дар Яман кор мекард, озод карда шуд.

Соли 2017 – Пас аз 25 сол нахустин парвоз дар масири Душанбе-Тошканд анҷом ёфт.

Соли 2019 – Дар Суғд бузургтарин корхонаи ресандагӣ дар минтақа бо номи “Ангубин” дубора ба кор даромад.

Соли 2020 – Ҳукумати кишвар тасмим гирифт, ки дар Тоҷикистон яке аз чор ҷашни қадимӣ – “Тиргон”-ро эҳё кунад.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1913 – Зодрӯзи Насим Пӯлотов, оҳангсози тоҷик.

Соли 1914 – Мавлуди Зоҳир Дӯстматов, коргардони театр, ҳунарпешаи театру синамои тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Зоҳир Дӯстматов

Ӯ Институти давлатии санъати театрии ба номи А. Луначарскийи шаҳри Маскавро хатм кардаааст. Фаъолияташро аз Театри Лоҳутӣ оғоз карда, муддате дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Хуҷанд ҳунарнамоӣ кардааст. Баъдан боз ба театри Лоҳутӣ баргашта, то поёни умр он ҷо ҳунарманди ин театр буд.

Барҷастатарин комёбии эҷодиаш симои Қорӣ Ишкамба аз филми бадеии “Марги судхӯр” мебошад, ки хислату характери қаҳрамонашро ҳамаҷиҳата инъикос карда тавонистааст. Ӯ соли 1967 дар синни 52-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1936 – Зодрӯзи Алӣ Бобоҷон, шоир ва нависандаи тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Алӣ Бобоҷон

Алӣ Бобоҷон яке аз адибони забардасти тоҷик буда, асосан барои кӯдакону наврасон эҷод кардааст. Ашъори барои кӯдакон эҷодшудааш дар маҷмӯаҳои “Мусича”, “Гули бодом”, “Усто парасту”, “Зардолуи моҳтобӣ” “Алифбои парандаҳо” ва дигар маҷмуаҳо интишор гардидаанд.

Алӣ Бобоҷон асарҳои насрӣ низ эҷод намуда, дар тарҷумаи як қатор асарҳои кӯдакона ба забони тоҷикӣ низ саҳм дорад. Як қатор таронаҳояш ба оҳанг дароварда шуда, намунаҳои беҳтарини таронаҳои кӯдакона маҳсуб меёбанд.

Ӯ соли 2020 дар синни 84-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1938 – Мавлуди Рақиб Абулҳаев, таърихнигор, доктори илми таърих, профессор.

Соли 1941 – Мавлуди Ҷӯрабек Набиев, овозхон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистони Шӯравӣ.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҷурабек Набиев

Ҷӯрабек Набиев яке аз сарояндагони хушсалиқаи тоҷик буда, аксаран ба матнҳои классискӣ оҳангҳои марғуб эҷод намудааст. Дар иҷрои ӯ мақомҳои “Сарахбори Оромиҷон”, “Ушшоқи Самарқанд”, “Соқиномаи Ироқ”, “Ушшоқи Содирхон” хеле боназокату дилрабо садо додаанд ва то кунун ба дилҳо фараҳ мебахшанд. Ҷӯрабек Набиев муаллифи беш аз 200 тарона аст.

Ӯ солҳо дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандӣ яккахон буд ва ҳамчунин як муддат роҳбарии ин театрро ба уҳда дошт.

Ҳамзамон ӯ сарвари ансамбли тарона ва рақси “Дурдона” буда, дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дарс гуфтааст. Дар бораи кору пайкор ва эҷодиёти Ҷӯрабек Набиев дар маводи “Ҳеч гоҳе ҳунарамро нарх нагузоштам: шеваи зиндагии Ҷӯрабек Набиев” мутолиа кунед.

Соли 1946 – Мавлуди Тоҳири Абдуҷаббор, раҳбари ҷунбиши “Растохез” ва нависандаи тарҳи Эъломияи истиқлоли Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Тоҳири Абдуҷаббор

Фаъолияти Тоҳири Абдуҷаббор ба унвони пажӯҳишгари улуми иқтисодӣ дар Академияи илмҳои Тоҷикистон шурӯъ шудааст. Баъдтар ӯ бо гурӯҳе аз тарафдорону ҳамандешонаш созмони ҷунбиши мардумии "Растохез"-ро таъсис дод. Соли 1989 Тоҳири Абдуҷаббор ва рӯшанфикрони дигари тоҷик муваффақ шуданд, ки забони форсии тоҷикӣ дар Тоҷикистон ба забоне расмӣ табдил шавад ва Қонун дар бораи забон дар он замон тасвиб шуд.

Тоҳири Абдуҷаббор соли 1990 аввалин тарҳи Эъломияи Истиқлоли Тоҷикистонро навишт ва ба унвони узви порлумон ба Шӯрои Олӣ муаррифӣ кард. Дар замони оғози ҷанги дохилии солҳои 1992-1997 ӯ Тоҷикистонро тарк кард ва замоне дар Эрон ва сипас муддате дар Қирғизистон ба сар бурда, соли 2006 ба Тоҷикистон баргашт. Соли 2009 дар 63-солагиаш аз олам даргузашт.

Соли 1956 – Зодрӯзи Лолахон Сатторӣ, наттоқи тоҷик ва Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Лолахон Сатторӣ

Лолахон Сатторӣ хатмкардаи факултети ҷуғрофияи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе буда, гӯянда, баранда ва шореҳи барнома ва намоишҳои калонҳаҷми сиёсӣ дар радио ва телевизиони Тоҷикистон буд.

Як муддат директори “Тоҷикфилм” низ будааст. Бо садои ӯ даҳҳо барномаҳои радиоӣ ва намоишҳои телевизионӣ сабт гардидаанд, ки иддае аз онҳо дар “Хазинаи тиллоӣ”- и радиои Тоҷикистон ва видеотекаи телевизиони Тоҷикистон маҳфузанд.

Лолахон Сатторӣ 14-уми майи соли 2024 дар синни 68-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1962 – Зодрӯзи Файзулло Баротзода, директори пешини Маркази исломшиносӣ ва вакили парлумон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Файзулло Баротзода

Ӯ яке аз мураттибон ва мутарҷимони “Таърихи Табарӣ” ва китоби “Қуръон” аст. Ӯ хатмкардаи факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Вай ба ҳайси муовин ва дертар ҳамчун директори Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ Академияи илмҳои Тоҷикистон кор кардааст. Чанд сол ёвари президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон буд.

Аз соли 2015 то соли 2020 директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Тоҷикистон буд. Аз 1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии  Тоҷикистон мебошад.

Соли 1965 – Мавлуди Акбаралӣ Сатторов, журналист, собиқ раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Акбаралӣ Сатторов

Акбаралӣ Сатторов яке аз эҳёкунандагони журналистикаи тоҷик пас аз ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳомии журналистони кишвар ном бурда мешавад.

Ба гуфтаи ҳамкасбонаш, баъди марги ӯ вазъи озодии баён ва мавқеи рӯзноманигорон дар кишвар якбора бад шуд ва аз он давра то имрӯз чанд рӯзноманигори тоҷик пайи ҳам паси панҷара рафтанд.

Ҳамчунин мегӯянд, дар замони роҳбарии ӯ, рӯзноманигорони тоҷик сарҷамътар буданд ва ӯ шахсан барои ҳалли мушкилоти онҳо расидагӣ мекард. Баъди маргаш фаъолияти Иттифоқи журналистон низ камранг шуд ва ҳоло худи рӯзноманигорон аз кори роҳбарият ва аъзои Иттифоқи журналистон интиқод мекунанд.

Ӯ соли 1990 факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Ленинградро хатм кардааст. Аз ҳамон сол ҳамчун мухбири рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” ба кор оғоз намуда, баъдан дар рӯзномаи “Садои мардум” фаъолият бурдааст.

Соли 1994 ҶДММ “Чархи гардун”-ро ташкил намуд, ки рӯзномаҳои “Чархи гардун”, “Вечерний Душанбе”, “Авиценна”, “Аладдин”, “Студент”, “День за днём…” ва “Дайджест пресс” ба таркиби он ворид мешуданд. Акбаралӣ Сатторов ҳамчунин соҳиби нашриёти “Интишор” низ буд. Аз моҳи июни соли 2006 то поёни умр раисии Иттифоқи журналистони Тоҷикистонро ба зимма дошт.

Ӯ 28 августи соли 2015 дар синни 50-солагӣ оламро падруд гуфт. 1-уми сентябри соли 2024, дар “Рӯзи дониш” мактаби рақами 25-и деҳаи Мортеппаи шаҳри Ҳисорро ба номи Акбаралӣ Сатторов гузоштанд.

Хотироти ҳамкасбонашро дар бораи Саттор Турсун, яке аз сутунҳои журналистикаи тоҷик дар ин матлаб мутолиа кунед: “Журналистикаро бо худ бурд”. Рӯзноманигорон мегӯянд, ки Акбари Саттор намегузошт, журналистика беқадр шавад

Соли 1976 – Зодрӯзи Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси пешини шаҳри Исфара

ИЗОБРАЖЕНИЕ Баҳоваддин Баҳодурзода

Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар соли 1999 онро бо ихтисоси ҳуқуқшинос мебошад. Аз соли 2000 – ум ҳамчун мушовири Раёсати адлия дар вилояти Суғд фаъолияти худро оғоз намуда, дар ин инҳод то ба мақоми сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд расид.

Баъдан, ба ҳайси Нотариуси идораи нотариалии ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд кор кард. Аз соли 2019 то соли 2020 муовини Раиси вилояти Суғд буд.

Моҳи ноябри соли 2020 раиси шаҳри Исфара таъин шуд дар ин вазифа бештар аз 5 сол кор кард. Моҳи январи соли 2026 аз ин вазифа озод шуд, вале то ҳол ба кори дигаре таъин нашудааст.

Соли 2001 – Мирзо Олимов, табиби варзидаи тоҷик, бунёдгузори осоишгоҳи Зумрад дар синни 66-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 2023 – Пӯлод Бобоҷонов, ахтарфизикдони тоҷик, доктори илмҳои физикаву математика дар синни 92-солагӣ оламро падруд гуфт.

Соли 2024 – Пайкари Аваз Юлдошев, яке аз рӯзноманигорони маъруфи кишвар, ки солҳо дар "Азия-Плюс" кор мекард ва шоми 9-уми феврал дар синни 63-солагӣ аз олам даргузашт, ба хок супорида шуд.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

10-уми феврал Рӯзи ҷаҳонии донагиҳо аст. Ҳадафи он таваҷҷуҳ ба зироатҳои лӯбиёгӣ чун зироатҳои кишоварзист, ки дар ҳалли мушкилоти ғизо ва эҷоди тарзи ҳаёти солим нақши калон мебозанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

10-уми феврали соли 2006 археологҳои Донишгоҳи Мемфис дар водии Подшоҳони Миср панҷ қабрро кашф карданд, ки тобути мармарӣ дошт.

Дар тӯли тамоми давраи таҳқиқот дар водии машҳури Подшоҳон дар Луксор 64 қабр кашф карда шудааст, ки тақрибан ҳамаи онҳо шоҳона буданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Имрӯз рӯзи ихтирои дарзмол аст. Асбобҳои дарзмолкунии либос кайҳо ихтироъ шуда буданд. Аввалин зикри оҳан дар яке аз китобҳои харҷи дарбори шоҳона, ки ба 10 феврали соли 1636 тааллуқ дорад, пайдо шудааст. Баъдан дарзмолҳои мисӣ, газӣ ва спиртдор пайдо шуданд.

Баробари пайдо шудани қувваи электрикӣ ва инкишофи техника дарзмолҳои электрикӣ зуҳур карданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 8+13º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона -1+4º, дар водиҳо шабона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр аз сатҳи баҳр барф борида, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ баъзан шиддат мегирад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 13+18º гарм, дар  доманакӯҳҳо рӯзона 6+11º гарм, дар водиҳо шабона 5+10º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2+7º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ –  Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо баъзан борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 9+14º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона -1+4º, дар водиҳо шабона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -2+3º, дар баъзе ноҳияҳо то 6-8º сард. 

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борон ва барф борида, дар шарқи вилоят асосан бебориш (0,0-0,5мм) дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят  рӯзона 1+6º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 8+10º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 1-6º сард, дар ғарби вилоят шабона 0-5º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 4+6º гарм, дар шарқи вилоят шабона 12-17º сард, дар баъзе минтақаҳо то 25-27º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, баъзан ҳолатҳо борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 11+13º гарм, шабона 6+8º гарм. 

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 11+13º, шабона 5+7º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, баъзан ҳолатҳо борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 16+18º гарм, шабона 6+8º гарм. 

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, баъзан ҳолатҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат:  рӯзона 5+7º гарм, шабона 1-3º сард.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 10 ба 11-уми феврал ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ихтисоси “ҳуши маснӯӣ” дар 8 донишгоҳ. Муҳассилини ин ихтисос чӣ меомӯзанд ва баъди хатм дар куҷо метавонанд кор кунанд?

0

Дар ҳашт донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ихтисоси ҳуши маснӯӣ роҳандозӣ шудааст, ки дар онҳо қариб 470 донишҷӯ таҳсил мекунанд. Имсол аввалин донишҷӯён ин ихтисосро хатм мекунанд ва ба гуфтаи масъулин, имкони кор кардан дар ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва бахши хусусиро хоҳанд дошт.  

Чанде пеш Ҳоким Холиқзода, муовини якуми сарвазир дар Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳуши маснӯӣ гуфт, ки дар барномаҳои таълимии 10 донишгоҳи кишвар ихтисоси “ҳуши маснӯӣ” ворид карда шудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар доираи татбиқи “Стратегияи рушди ҳуши маснӯӣ барои давраи то соли 2040”  беш аз 750 мутахассиси ҷавон тайёр карда шудаанд.

 

Дар кадом донишгоҳҳо ихтисоси “ҳуши маснӯӣ” ҷорӣ шудааст?  

Тибқи маълумоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳоло дар 8 донишгоҳу донишкадаи ҷумҳурӣ ихтисоси “ҳуши маснӯӣ” роҳандозӣ шудааст ва дар онҳо 468 донишҷӯ таҳсил мекунанд.

Ин ихтисос дар Донишгоҳи технологӣ, Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ,  Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии “МИСиС” дар Душанбе, Донишкадаи байналмилалии Хуҷанд, Донишкадаи байналмилалии Леваканд ва Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар Хуҷанд роҳандозӣ шудааст.

Ба иттилои ин вазорат, дар факултаи иқтисоди рақамӣ ва ҳуши маснӯии Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ихтисоси ҳуши маснӯӣ мавҷуд аст, ки ҳоло дар он 40 донишҷӯ таҳсил мекунанд.

“Дар ин донишгоҳ ихтисосҳои ҳуши маснӯӣ дар иқтисодиёт, дар тиб ва идоракунии шабакаҳои барқӣ соли 2025 таъсис дода шудааст. Айни замон дар ихтисосҳои мазкур 48 донишҷӯ дар курси якум ба таҳсил фаро гирифта шудааст”,-гуфтанд аз Вазорати маориф ва илм.   

Ба маълумоти Вазорати маориф ва илм дар назди Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон “Маркази ҳуши маснӯӣ” низ таъсис ёфтааст, ки дар он чор лабораторияи ҳуши маснӯӣ бо технологияҳои муосир мавҷуданд. Ҳамчунин 8 омӯзгори ин донишкада дар Кореяи Ҷанубӣ, Хитой ва Ҳиндустон дар самти ҳуши маснӯӣ аз такмили ихтисос гузаштаанд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Фирӯзҷон Ғаффоров

Дар ихтисоси “ҳуши маснӯӣ” чиро меомӯзанд?

Фирӯзҷон Ғаффоров, муовини ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ҳоло донишҷӯёни ихтисоси “ҳуши маснӯӣ”-и ин донишгоҳ дар курси 4 таҳсил мекунанд ва имсол ҳамчун мутахассис дар самтҳои гуногун ба кор оғоз хоҳанд кард.

Ба гуфтаи манбаъ, дар ихтисоси мазкур ба донишҷӯён фанҳои тахассусии асосҳои алгоритмсозӣ ва барномарезӣ, муқаддимаи ҳуши маснӯӣ, сохтор ва алгоритмҳои коркарди додаҳо, шинохти тасвир ва нутқ, системаҳои идоракунии манбаъҳои додаҳо, ёдгирии мошинӣ, барномасозӣ, системаҳои ҳуши маснӯӣ, лоиҳакашии ҳуши маснӯӣ, таҳлили зеҳнии маълумот, барномасозии замимаҳои мобилӣ, амнияти ҳуши маснӯӣ ва ғайра омӯзонида мешавад.

“Ба донишҷӯёни ихтисоси “ҳуши маснӯӣ” устодони ботаҷриба, ки курсҳои такмили ихтисосро дар давлатҳои Испания, Русия ва Словения гузаштаанд, тадрис медиҳанд. Ҳамчунин устодон аз Кореяи Ҷанубӣ дар доираи ҳамкориҳои муштарак ҳам тариқи ҳузурӣ ва ҳам маҷозӣ ба донишҷӯён фанҳои асосҳои ҳуши маснӯӣ ва таҳлили маълумот бо истифода аз ҳуши маснӯиро меомӯзонанд”,-гуфт номбурда.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҷараёни дарси "ҳуши маснӯӣ" дар Литсейи Президентии Тоҷикистон

Донишҷӯён баъди хатми ин ихтисос дар куҷо метавонанд кор кунанд?

Хатмкунандагони ихтисоси “ҳуши маснӯӣ” дар Тоҷикистон метавонанд дар чанд соҳаҳои муҳим ва рӯ ба рушд фаъолият кунанд. Аз ҷумла, онҳо метавонанд ҳамчун барномасоз, мутахассиси таҳлили додаҳо, таҳияи чатботҳо, мутахассиси амнияти иттилоотӣ дар ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ фаъолият кунанд.

Масъулини Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мегӯянд, хатмкунандагони ихтисоси “ҳуши маснӯӣ” метавонанд ҳамчунин дар ширкатҳои IT, бонкҳо ва муассисаҳои молиявӣ, ширкатҳои телекоммуникатсионӣ, марказҳои таҳқиқотӣ, вазоратҳо ва сохторҳои давлатӣ, ширкатҳои саноатӣ ва ғайра кор кунанд.

Ба гуфтаи коршиносон, талабот ба чунин кадрҳо дар Тоҷикистон сол аз сол меафзояд. Ҳуши маснӯӣ имрӯз дар соҳаҳои бонкдорӣ ва молия, телекоммуникатсия, энергетика, саноат, тандурустӣ, маориф, кишоварзӣ, логистика, инчунин савдо ва маркетинг бештар истифода мешавад.

Бояд гуфт, дар пайи рушди иқтисоди рақамӣ ва ҷорӣ шудани технологияҳои нав дар Тоҷикистон дар бозори меҳнат ба мутахассисони ҳуши маснӯӣ талабот зиёд аст.

Пештар Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар барои ҷорӣ кардани браузери ҳуши маснӯӣ дар бахши давлатӣ санадҳо қабул ва дар сад мактаби кишвар низ дарси ҳуши маснӯиро роҳандозӣ кард.

Аз соли хониши имсола дар беш аз 100 мактаби кишвар дарсҳои иловагии ҳуши маснӯӣ ба роҳ монда шуд ва ин дарсҳо берун аз барномаи таълимӣ буда, ҳафтае як маротиба барои синфҳои 10 ва 11 ройгон гузаронида мешавад.

Бояд гуфт, бо вуҷуди талошҳои вазорату кумитаҳои дахлдор дар Тоҷикистон набудани мутахассисон дар соҳаи истифодаи ҳуши маснӯӣ аз мушкилоти доғ маҳсуб меёбад ва дар аксари вазорату идораҳо шеваи истифода аз онро намедонанд. Илова бар ин, интернети суст ва гарон ва маҳдудияти интиқоли барқ дар кишвар ҳам пеши роҳи рушджи босуръати ин соҳа шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Дар Кӯлоб пас аз марги як мард бародараш хонаи муттаҳамро бо трактор вайрон кардааст

0

Дар натиҷаи баҳси ду ҳамсоя дар шаҳри Кӯлоб як нафар кушта шудаву бародари марҳум хонаи муттаҳамро бо трактор тахриб кардааст. Дар пайи ин ҷангҷол як нафар боздошт шудааст. Ин қазияро аз Додситонии шаҳри Кӯлоб ба “Азия-Плюс” тасдиқ карда, гуфтанд, ки тафтишот идома дорад.

Ба иттилои додситонӣ, рӯзи 7-уми феврал дар маҳаллаи 1-уми майи шаҳри Кӯлоб миёни ду ҳамсоя баҳс сар зада, ба муноқиша табдил меёбад. Сабаби ҷанҷол мудохила ба ҳарами хусусӣ гуфта мешавад.

Манобеи “Азия-Плюс” гуфтанд, ки Маҳмуд Маҳмудов, ки ба биносозӣ машғул аст, дар маҳаллаи 1-уми майи шаҳри Кӯлоб ба сохтмони бинои баландошёна оғоз кардаааст.

Ба гуфтаи манобеи мо, кормандони биносоз сангу хоки сохтмонро қисман ба замини хонаи ҳамсоя, ки аз он Алихон Орифов ном мебаранд, рехтаанд. Ин боиси норозигии оилаи Алихон мешавад ва онҳо хоҳиш мекунанд, ки сангу хоки зиёдатиро аз ҳудуди замини онҳо бардоранд.

Кироякорони сохтмонсоз масъаларо ба дӯши бародари Маҳмуд Маҳмудов – Қурбоналӣ Маҳмудов мегузоранд, вале ӯ ба ин эътироз беэътиноӣ мекунад.

Дар натиҷа, баҳси лафзӣ сар зада, ба зӯроварӣ табдил ёфтааст. Чанд шоҳиди ҳодиса имрӯз ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки пас аз таноқузи лафзӣ писари бузурги Алихон Орифов ба рӯйи Қурбоналӣ Маҳмудови 56-сола муште мезанад, ки ба замин афтода, аз ҳуш меравад. Ӯро шаби 7-уми феврал дар ҳолати вазнин ба Беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб бурда, бистарӣ кардаанд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Пас аз хабардор шудан аз вазъият, ба гуфтаи манобеи “Азия-Плюс”, бародари ҷабрдида Маҳмуд Маҳмудов бо як навъ трактор, ки бели механикӣ дорад (механическая лопата), хонаи ҳамсояро қисман тахриб кардааст.

Аксҳои макони ҳодиса ва хонаи қисман вайроншуда дастраси “Азия-Плюс” шуд.

Ин ҳодисаро имрӯз, 9-уми феврал, аз Додситонии шаҳри Кӯлоб ба “Азия-Плюс” тасдиқ карда, гуфтанд, ки парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Аз додситонӣ ному насаби Қурбоналӣ Маҳмудовро тасдиқ карда, вале ҳувияти ҳамсояи дигарро ошкор накарданд.

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо аз Додситонии шаҳри Кӯлоб, дар пайи ин қазия як писари Орифов боздошт шудааст ва як тани дигар дар кофтуков қарор дорад.

Субҳи имрӯз, 9-уми феврал, аз Беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб ҳам ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки Қурбоналӣ Маҳмудов дар беморхона бо сабаби ҷароҳатҳои вазнин фавтидааст.

Як манбаъи дигар аз шаҳри Кӯлоб ба мо гуфт, ки намози ҷанозаи Маҳмудов пас аз намози пешин дар масҷиди ҷомеи ҳамин шаҳр, ки бо номи масҷиди Мулло Ҳайдар маъруф аст, баргузор шуд ва ӯро ба хок супориданд.

Танҳо яке аз пайвандони Маҳмудовҳо фавтидани Қурбоналӣ Маҳмудовро ба “Азия-Плюс” тасдиқ карда, вале “бинобар сабаби таъзия доштан” ҷузъиёти ҷанҷолро нагуфт.

Инчунин, назари ҷониби Орифовҳо ҳам ба мо маълум нест.

Дар Тоҷикистон бори аввал нест, ки хабарҳои баҳси лафзии ба муноқиза печида ва дар пайи он касе осеб дида ё фавтида расонаӣ мешавад. Моҳи январи соли равон дар пайи ҷанҷоли як гурӯҳ ноболиғон хонандаи синфи 10-и мактаби рақами 78-и Душанбе кушта шуд.

Аз ин пештар ҳам, моҳи ноябри соли 2025 пулиси Душанбе ҷузъиёти ҷанҷоли як гурӯҳ ноболиғонро дар ноҳияи Фирдавсӣ, ки дар пайи он як наврас кушта ва як тани дигар маҷруҳ шудааст, расонаӣ карда буд. Ин ниҳод он вақт гуфта буд, ки ҳодиса рӯзи 9-уми ноябр дар пайи нофаҳмиҳои лафзӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ рух додааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.