Дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ гуфтанд, ки соли 2025 дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон инҳисоргар набуд

Дар бозори воридот ва фурӯши маҳсулоти нафт ва гази моеъ дар Тоҷикистон соли 2025 рақобат вуҷуд дошта, аломатҳои инҳисор ба назар нарасидааст. Дар ин бора чанде пеш зимни нишасти матбуотӣ Ҳайдаралӣ Раҷабзода, роҳбари Хадамоти зиддиинҳисорӣ хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, соли 2025 ба ҷумҳурӣ ба маблағи умумии 959,3 млн доллар 1 млн 212,2 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар бозори воридот ва фурӯши маҳсулоти нафт ва гази моеъ дар Тоҷикистон соли 2025 рақобат вуҷуд дошта, аломатҳои инҳисор ба назар нарасидааст. Дар ин бора чанде пеш зимни нишасти матбуотӣ Ҳайдаралӣ Раҷабзода, роҳбари Хадамоти зиддиинҳисорӣ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, соли 2025 ба ҷумҳурӣ ба маблағи умумии 959,3 млн доллар 1 млн 212,2 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст. Дар ҳамин ҳол, нархи миёнаи 1 тоннаи он 791 долларро ташкил додааст.

Ҳайдаралӣ Раҷабзода ҳамчунин зикр кард, ки давоми сол ба маблағи 238,8 млн доллар 349,9 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шуда, нархи миёнаи воридоти 1 тоннаи он ба 683 доллар баробар шудааст. Ин маҳсулот асосан аз Қазоқистон ва Русия ворид шудааст.

Дар Хадамот зикр карданд, ки дар бозори гази моеъ чанд ширкати бузург, аз ҷумла "Темур ойл", "Аллат", "Газпромнефт Тоҷикистон" ва дигар корхонаҳо фаъолият доранд. Зикр шуд, ки мавҷуд будани шумори назарраси иштирокчиёни бозор, ҳукмронӣ ё инҳисори ширкатҳои ҷудогонаро дар бозор истисно мекунад.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ, дар муқоиса бо соли 2024 соли 2025 нархи маводи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ дар Тоҷикистон ба андозаи 14,4% пон рафтаанд, аз ҷумла бензин ба андозаи 3,3%, сӯзишвории дизелӣ – 5,1% ва гази моеъ – 31,9%.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.