Ҳушдори ҳавошиносон аз 5 рӯзи барфу борон дар Тоҷикистон

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз бориши барфу борон ва эҳтимоли фаромадани тарма дар рӯзҳои 10 то 14-уми феврал ҳушдор додааст. Ин ниҳод гуфтааст, ки дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои кӯҳиву доманакӯҳӣ ва ағбаҳо бориши барфу борони пуршиддат пешгӯйӣ мешавад. Дар пайи ин, ба гуфтаи манбаъ, дар шоҳроҳҳои кӯҳӣ эҳтимол ҳаракати мошинҳо душвор шуда, дурии […]

Asia-Plus

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз бориши барфу борон ва эҳтимоли фаромадани тарма дар рӯзҳои 10 то 14-уми феврал ҳушдор додааст. Ин ниҳод гуфтааст, ки дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои кӯҳиву доманакӯҳӣ ва ағбаҳо бориши барфу борони пуршиддат пешгӯйӣ мешавад.

Дар пайи ин, ба гуфтаи манбаъ, дар шоҳроҳҳои кӯҳӣ эҳтимол ҳаракати мошинҳо душвор шуда, дурии биниш кам гардад.

Ҳамчунин, дар рӯзҳои мазкур дар минтақаҳои тармафарои шоҳроҳи мошингарди Душанбе –Чаноқ (километрҳои 48–74), минтақаҳои Майхура, Зидеҳи ноҳияи Варзоб, ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ хатари фаромадани тарма вуҷуд дорад. 

Мақомот ба далели бад шудани вазъи ҳаво ба шаҳрвандон тавсия додаанд, ки бе зарурат ба минтақаҳои кӯҳӣ ва тармафаро сафар накунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.