“Минбаъд танҳо онлайн”. Тартиби нав барои дастрас кардани иҷозатномаи сиёҳ кардани шишаи мошин

0

Дар Тоҷикистон гирифтани иҷозатномаи истифодаи шишаҳои сиёҳу хира дар мошин тариқи онлайн имконпазир шуд. Дар ин бора аз Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои нави Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, ки ронандаҳо ин иҷозатномаро тавассути Пойгоҳи ягонаи хидматрасониҳои давлатӣ – "ekhizmat.tj" метавонанд ба даст оранд.

Ба гуфтаи манбаъ, ҷорӣ шудани ин хидматрасонӣ дар шакли электронӣ ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки ба мақомоти дахлдор наомада, дар муҳлати то 1 дақиқа ҳуҷҷатро дарёфт кунанд. Масъулин ҳадаф аз ин иқдомро, баланд бардоштани сатҳи дастрасӣ, шаффофият ва самароварии хидматрасониҳои давлатӣ мегӯянд.

Барои ин, шаҳрванд бояд дар Пойгоҳи "ekhizmat.tj" сабтином кунад ва аз шиносоии ҳувият (идентификатсия) гузарад. Сипас, хидматрасониро дар пойгоҳ пайдо карда, маълумоти лозимаро ворид ва арзиши онро пардохт кунад. Нархи иҷозатнома вобаста ба соли барориши мошинҳо муайян карда мешавад. Раванди шиносоии ҳувият дар ин навори мо нишон дода шудааст.

Бояд гуфт, дар Тоҷикистон аз соли 2000 то соли 2010 сиёҳ кардани шишаи мошинҳо мамнӯъ буд. Мақомот инро “ба вазъи иҷтимоию сиёсии кишвар ва мубориза бо афзоиши ҷинояткорӣ” марбут медонистанд.

Аммо баъдан, дар пайи дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар, сиёҳ кардани шишаи мошин иҷоза шуд, аммо муқаррар шуд, ки пули аз ин ҳисоб воридшуда, барои сохтмони НБО “Роғун” равона шавад.

Ҳамакнун, соҳибони мошинҳои истеҳсолашон то 31-уми декабри соли 2004 барои соли 2026 65 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 5 ҳазору 70 сомонӣ пардохт мекунанд.

Соҳибони мошинҳои сохти соли 2005 ва баъди он, 84 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 6 ҳазору 552 сомонӣ пардохт мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Эътирофи камбуд дар кори таъмини сокинон бо барқ. 125 корманди барқ аз кор ронда ва 400 тани дигар ҷарима шудаанд

0

Ширкатҳои барқрасони кишвар мегӯянд, соли гузашта дар пайи ошкор шудани камбудҳо дар таъмини барқ ба аҳолӣ, 125 корманди шабакаҳои барқрасонӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида ва аз кор ронда шудаанд. Дар ин бора Ҷомӣ Умарзода, намояндаи “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар нишасти матбуотии рӯзи 3-юми феврал ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи номбурда, дар пайи қабули ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ “камбуди зиёд дар кори кормандони барқрасонӣ ошкор шудааст”.

“Дар соли 2025 нисбат ба 125 корманд аз ҷониби сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ парвандаи ҷиноӣ боз гардида, онҳо аз кор озод шуданд. Ҳамчунин, баъзе парвандаҳо дар тафтишот буда, баъди анҷоми тафтишот маълумот пешниҳод мекунанд”, – гуфт Умарзода.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Аз рост: Ҷомӣ Умарзода

Зимнан, аз Оҷонсии назорат дар соҳаи энергетика рӯзи 4-уми феврал ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки соли гузашта 406 корманди  идораҳои барқрасониро барои қоидавайронкунӣ дар истифодаи барқ дар ҳаҷми 293 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, аз ин 406 нафар 375 корманди “Шабакаҳои тақсимоти барқ”, 12 корманди “Шабакаҳои интиқоли барқ”, 9 корманди ширкати “Барқи Тоҷик” ва 10 корманди “Помир Энерҷӣ” ҳастанд.

Аз ин ниҳод гуфтанд, ки онҳо бар асоси моддаҳои 394 ва 397-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, "риоя накардани қоидаҳои истифодаи захираҳои энергетикӣ ва қоидаҳои истифодаи таҷҳизот, асбобҳо ва дастгоҳҳои барқиву гармидиҳанда" ҷарима шудаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Акси марбут

Аммо аз Оҷонсӣ ҳаҷми ҷаримаҳои ситонидашударо нагуфтанд.

Пештар аз ин, намояндаи Оҷонсии назорат дар соҳаи энергетика ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки дар соли 2025 аз сӯйи кормандони “Шабакаҳои тақсимоти барқ”  дар умум 321 млн 464 ҳазор кВт соат нерӯи барқ изофанависӣ шуда, аз ин ҳисоб ба буҷаи кишвар 106 млн 393 ҳазор сомонӣ зарар ворид шудааст.

Вале аз ин ниҳод нагуфтанд, ки ин изофанависӣ аз сӯи чанд корманди шабакаҳои барқ содир шуда, чанд нафар барои ин кирдор ҷазо гирифтаанд.

Оҷонсии назорат дар соҳаи энергетика борҳо аз боздошти кормандони шабакаҳои барқ ва ё боз шудани парванда бар зидди онҳо барои “дуздии барқ” хабар дода буд Аз ҷумла, моҳи январи имсол аз ду ҳолати “дуздӣ”-и барқ бо роҳи пинҳонӣ кашидани хатти барқ аз зеристгоҳ то хонаи истиқоматӣ аз сӯи ду корманди шабакаҳои тақсимоти барқ хабар дода буданд. Оҷонсӣ гуфта буд, ки барои ин кирдор, ҳардуи онҳоро дар ҳаҷми 2 ҳазору 250 сомонӣ ҷарима кардаанд.

Бояд гуфт, ки “шикори барқдуздон” замоне оғоз шуд, ки соли гузашта ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ва саркашӣ аз пардохти пули он сангин шуд. Бар асоси Кодекси ҷиноятӣ, касоне, ки қоидаҳои истифодаи нерӯи барқро вайрон ва аз пардохти пули он саркашӣ мекунанд, аз 27 ҳазор то 90 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 3 то 10 сол зиндонӣ мешаванд. Ҷазои маъмурӣ ё ҷарима ҳам барои “дӯздӣ”-и барқ низ зиёд шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

0

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан 250-300 зану кӯдаки тоҷик боқӣ мондаанд. Гурӯҳи кории Тоҷикистон баъди ба сари қудрат омадани ҳукумати нав дар Сурия, раванди баргардонидани занону кӯдакони тоҷикро қатъ кардааст ва ҳоло тақдири онҳо номуайян боқӣ мемонад.

Ба гуфтаи Суҳайлӣ Қодирӣ, сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, дар чор давра Тоҷикистон дар умум 382 зану кӯдаки тоҷикро аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурияву Ироқ баргардонидааст. Аз ҷумла, соли 2019-ум 84 кудак, соли 2022-юм 144 зану кӯдак, соли 2023-юм 104 зану кудак ва ахиран соли 2024-ум 47 зану кудак ба кишвар баргардонида шудаанд.

Қодирӣ мегӯяд, илова бар ин, 90 нафари дигар худашон ба Тоҷикистон баргаштаанд. Аммо шеваи бозгашти онҳоро шарҳ надод.

“Тибқи иттилои охире, ки дар даст дорем, дар маҷмуъ онҳо 800 нафар буданд ва ҳоло тахминан 250-300 нафари онҳо боқӣ мондаанд”, – изҳор дошт ӯ.

 

“Айби худашон аст”

Суҳайлӣ Қодирӣ мегӯяд, бо сабаби ба сари қудрат омадани ҳукумати нав дар Сурия, гурӯҳи корӣ раванди баргардонидани занону кӯдакони тоҷикро дар ин кишварҳо қатъ кардааст.

“Дар марҳилаи охир, соли 2024 мо дар назар доштем, ки тамоми занону кӯдакони боқимондаро баргардонем. Вале пеш аз ҳама бо айби худашон аст. Мутаассифона, худашон розӣ нашуданд, ки баргарданд”, – гуфт Қодирӣ.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Суҳайлӣ Қодирӣ

Ба қавли ӯ, аксари онҳо фикр мекунанд, ки вақте ба Тоҷикистон бармегарданд, нисбаташон парванда боз мешавад ва ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

“Ҳатто дар байни худи баргардонидашудагон низ чунин фикрҳо буданд, аммо чун баргаштанд, диданд, ки ҳеҷ парвандае нест ва ҳамаи инҳо бахшида шуданд”, – зикр кард ӯ.

Суҳайлӣ Қодирӣ мегӯяд, ҳамаи кӯдаконе, ки ба Тоҷикистон баргардонида шуданд, ба оилаҳояшон супорида шудаанд. Аммо “тақдир ё қисмати нафарони боқимонда номуайян аст”.

Бояд гуфт, тибқи иттилои расмӣ, аз соли 2013 пас аз сари қудрат омадани ҷангҷӯёни ҳаракати дар кишварҳои Осиёи Миёна мамнуи “Давлати исломӣ” ҳудуди ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба онҳо пайвастаанд. Бархе мардон зану фарзандони худро низ бо худ ба Ироқу Сурия бурданд.

Ба гуфтаи мақомот, то соли 2017 бештари мардони ба он гурӯҳ пайвастаи тоҷик дар ҷангҳо кушта ё бедарак шудаанд. Зимни амалиётҳои ҷангӣ инчунин бархе занону кӯдакони тоҷик низ кушта шуданд. Беш аз 500 шаҳрванди Тоҷикистон (занону кӯдакон) дар Сурия ба асорати нерӯҳои курд афтида, дар урдугоҳҳо нигоҳ дошта мешуданд.

Бештари занони тоҷик ва наздикони онҳо борҳо ба расонаҳо гуфтаанд, ки ба доми фиреб афтида ва аз пайи шавҳаронашон ба Сурияву Ироқ рафтаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

0

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд, яке аз омилҳои аслии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон гурӯҳҳое ҳастанд, ки ба ҳукумати феълии ин кишвар итоат намекунанд.

“Ба ҳама маълум аст, ки имрӯз дар Афғонистон дар баъзе минтақаҳо, нуқтаҳо, маҳалҳо гурӯҳҳое амал мекунанд, ки онҳо ба мақоми  ваколатдори идоракунии марказӣ он қадар итоат намекунад”, – изҳор дошт ӯ.

Раиси МТС ҳодисаҳои ахир дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистонро “боиси ташвиш” хонда, гуфт, “мақомоти имрӯзаи идоракунии Афғонистон низ ин гуна ҷиноятҳоро маҳкум карданд” ва ҳамлаҳоро кори дасти “унсурҳое номиданд, ки мехоҳанд,  муносибатҳои сулҳомез ва хуби байни кишварҳоро халалдор созанд”.

Усмонзода имрӯз, 9-уми феврал, дар нишасти матбуотӣ илова кард, ки мавқеи Тоҷикистон дар баробари ҳукумати имрӯзаи Афғонистон бетағйир мондааст ва мулоқоти роҳбарони ниҳодҳои ду кишвар барои таъмини амният дар сарҳад сурат мегирад.

Бояд гуфт, даргириҳои моҳҳои ахири соли гузашта ва аввали соли ҷорӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон, ки чандин куштаву захмӣ аз ду тараф бар ҷой гузошт, нигарониҳоеро ба бор овардааст. Дар пайи ин даргириҳо мақомоти Тоҷиикстону Толибон* чанд бор мулоқот кардаанд. Вале ин дидорҳо аз сӯи Тоҷикистон расман шарҳ дода нашудааст.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Хайриддин Усмонзода

Чанд рӯз пеш Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон низ сатҳи робитаҳо бо Афғонистонро шарҳ дода, гуфта буд, ки барои пешгирии низоъ дар сарҳад мақомоти қудратии ду кишвар ҳамкорӣ доранд.

Ба қавли ӯ, ҷониби Афғонистон изҳор доштааст, ки “барои роҳ надодан ба такрори чунин ҳолатҳо дар сарҳад чораҳои зарурӣ меандешад ва нисбат ба ин ҳодисаҳо тафтишоти ҳамаҷониба анҷом хоҳад дод”.

“Масъалаҳои таъмини амният дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ҳамоно бисёр муҳим боқӣ мемонанд. Бо ин мақсад, албатта, миёни ниҳодҳои дахлдори Тоҷикистон ва Афғонистон робитаҳои корӣ ба роҳ монда шудаанд. Ҷонибҳо фаъолияти ҷинояткоронаи гурӯҳҳои ҷиноӣ ва террористиро дар сарҳад маҳкум намуданд”, – таъкид кард ӯ.

Дар бораи вазъи кунунии равобити Тоҷикистон бо Афғонистон ва даргирӣ дар сарҳад дар ин матлаб бештар мутолиа кунед: Тоҷикистон ва Афғонистон. Вазири корҳои хориҷӣ сатҳи равобити кунуниро шарҳ дод

*Дар Тоҷикистон террористӣ дониста мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Нархҳо зери назорат: Хадамоти зиддиинҳисорӣ доир ба бозорҳои рақиби Тоҷикистон маълумот дод

0

Бозорҳои гандуму орд, шакар, равғани растанӣ ва тухму гӯшти паранда дар Тоҷикистон соли 2025 рақобатпазир боқӣ монда, аломатҳои зери инҳисор қарор гирифтанро зоҳир накарданд.

Чанде пеш зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе роҳбари Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон Ҳайдаралӣ Раҷабзода изҳор намуд, ки дар ин бозорҳо фаъолияти теъдоди назарраси ширкатҳо идома дорад, ки ба боқӣ мондани рақобати солим ва нигаҳдории нархҳо мусоидат мекунад.

Киҳо ба Тоҷикистон гандуму орд меоранд?

Ба иттилои роҳбари Хадамоти зиддиинҳисорӣ, соли гузашта 78 ширкат ба воридоти гандум ба кишвар машғул буданд.

Соли 2025 ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 300,9 млн доллар 1 млн 278,4 ҳазор тонна гандум ворид карда шуда, дар ҳамин ҳол, нархи миёна то 235 доллар барои 1 тонна поин рафт.

Дар робита ба бозори орд бошад, соли 2025 ба интиқоли он 41 ширкат машғул шуданд, ки 4 субъект бештар нисбат ба соли пешин аст.

Таҳвилгарони асосӣ ширкатҳои «Дурахши Осиё», «Саҳад» ва «Тоҷ Тур» мебошанд.

Роҳбари Хадамот зикр кард, ки дар ҷумҳурӣ 693,8 ҳазор тонна орд истеҳсол шудааст, ки ба коҳиши вобастагӣ аз воридот ва нигаҳдории рақобат мусоидат менамояд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Теъдоди таҳвилгарони шакар ва равған афзуд

Соли 2025 воридоти шакар (қанд) аз ҷониби 69 ширкат сурат гирифт, ки дар муқоиса бо соли пешин 19 ширкат зиёдтар аст.

Ба ҷумҳурӣ ба маблағи 117,5 млн доллар 191 ҳазор тонна шакар ворид карда шуд. Нархи миёнаи 1 тоннаи он 615 долларро ташкил дод, ки 34 доллар арзонтар нисбат ба як соли пешина мебошад.

Воридоти равғани растанӣ низ рақобатпазир боқӣ монд. Соли 2025 105 ширкат ба бозори равған роҳ ёфтанд.

Ба кишвар ба маблағи умумии 110,2 млн доллар 103,7 ҳазор тонна равған ворид карда шуд, ки 7,1% зиёдтар нисбат ба як соли пешин аст.

Қисмати бештари интиқоли равған ба Қазоқистон (85,1%) ва боқимонда – ба Русия (11,7%) ва дигар кишварҳо рост меояд.

Воридоти тухм ва гӯшти паранда хеле зиёд шуд

Соли 2025 дар Тоҷикистон 1,419 млрд дона тухм истеҳсол шуд, ки 12,1% зиёдтар дар муқоиса бо як соли пешин мебошад. Воридоти тухм ба андозаи 50,4% афзуда, 38,2 млн донаро ташкил дод ва дар ҳамин ҳол, 22 ширкат ба воридот машғул буданд. Воридоти гӯшти паранда 59,6% зиёд шуда, 12 268 тонна ба маблағи 46 млн долларро ташкил дод.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Ҳангомаҷӯӣ” ва “Посухи баробарсатҳ”. Вокуниши ду мансабдори тоҷик ба изҳороти баҳсбарангези Соловёв ва Дугин

0

Хайриддин Усмонзода, роҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС) дар Тоҷикистон гуфт, ки изҳороти Владимир Соловёв ва Александр Дугин – ду мубаллиғи рус алайҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз мавқеи расмии Русия нест ва посух ба ин изҳорот дар ҳадди баробарсатҳ дода шуд. Пештар вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон он ду изҳоротро “ҳангомаҷӯёна” гуфта буд.

Усмонзода имрӯз зимни нишасти хабарӣ дар посух ба саволи рӯзноманигори “Азия-Плюс” иброз дошт, ки аз нигоҳи таҳлили коршиносӣ ба мавқеъи ин ё он муассиса, ташкилот ва ё доираи коршиносӣ, таълимӣ ё илмӣ бояд посухи баробарсатҳ дода шавад.

“Тоҷикистон ҳам бо пайгирӣ  аз посухи усулӣ кӯшиш мекунад, ки посухҳо баробарсатҳ бошанд. Ин яке аз талаботи муҳими равобити дипломатӣ аст”, – таъкид кард Усмонзода.

Вай афзуд, “мо пеш аз ҳама вобаста ба мундариҷа ва чӣ гунагии арзиши расмӣ доштани ин изҳорот, мундариҷаи изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Русияро ба инобат мегирем. Дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Русия нисбати кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳусни эҳтиром ва хусусан эҳтиром ба якпорчагӣ ва мустақилияти онҳо изҳор шудааст”.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Хайриддин Усмонзода

Хайриддин Усмонзода гуфт, ки тибқи посухи усулӣ Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳам вокуниш кард, ки Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳам онро ҷонибдорӣ мекунад.

Роҳбари МТС инчунин иброз дошт, ки “дар саҳифаҳои ахбори омма мо ҳам дидем, ки баробарсатҳ бо ҳамин мақомҳо – яке рӯзноманигор, дигаре намояндаи илм – посухҳо рӯйи кор омаданд ва мо онро муносиб медонем”.

Изҳороти мубаллиғони рус дар расонаҳои давлатӣ интишор шуд ва, ба қавли коршиносон, “тобиши мавқеи расмии Русия”-ро гирифт. Аммо дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон мо ба ин изҳорот посухеро надидем.

Дар ин робита, ин мансабдори тоҷик бо ишора ба вокуниши вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки “изҳороти мақоми ваколатдори Тоҷикистон дар кадом саҳифае, ки нашр нашавад, арзиши ягонаи расмӣ дорад”.

 

Вазир изҳороти онҳоро “назарияҳои ҳангомаҷӯёна” номид

Рӯзи 6-уми феврал Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ изҳороти Александр Дугин ва Владимир Соловёвро “амбитсияҳои шахсии чеҳраҳои расонаӣ” ва “назарияҳои ҳангомаҷӯёнаи онҳо” номид.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Сироҷиддин Муҳриддин

“Мавқеи мо комилан возеҳ аст, заминаи муколамаи давлатӣ байни Душанбе ва Маскавро на амбитсияи шахсони алоҳидаи расонаӣ ва на назарияҳои ҳангомаҷӯёнаи онҳо, балки принсипҳои устувори ҳуқуқи байналмилалӣ ва маҷмӯи васеъи созишномаҳои дуҷониба, ки аз озмоиши замонии муносибатҳо гузаштаанд, ташкил медиҳад”, – гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.

 

Соловёву Дугин чӣ гуфтанд?

Владимир Соловёв, рӯзноманигори мубаллиғи Русия, рӯзи 10-уми январ дар барномаи “Соловьёв Live” Арманистон ва кишварҳои Осиёи Марказиро “минтақаи зери нуфузи Русия” номид ва гуфт, ки аз даст додани ин кишварҳо барои Маскав “мушкили бағоят ҷиддӣ” аст.

Ӯ савол гузошт: агар барои таъмини амнияти миллӣ дар Украина “амалиёти махсуси низомӣ” оғоз шуд, пас чаро Русия ҳамин корро “дар дигар нуқтаҳои зери нуфузаш” карда наметавонад? Соловёв таъкид кард, ки ба ҳуқуқ ва низоми байналмилалӣ набояд пойбанд буд.

Баъд аз ин изҳорот, Александр Дугин, яке аз ғояпардозон ва мубаллиғони сиёсати Кремл, ки аз машваратчиёни роҳбари Русия ном бурда мешавад, гуфт, замони давлатҳои миллӣ ба охир расидааст ва ошкоро зидди соҳибихтиёрии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҳарф зад.

“Бо мавҷудияти Арманистони мустақил, Гурҷистони мустақил, Озарбойҷони мустақил, Қазоқистони мустақил, Ӯзбекистони мустақил, Тоҷикистони мустақил ва Қирғизистони мустақил розӣ шудан мумкин нест. Дар модели нави ҷаҳонӣ ҳеҷ чиз мустақил буда наметавонад. Соҳибихтиёрӣ тамом шуд, давлатҳои миллӣ ба гузашта тааллуқ доранд”, – гуфт Дугин.

Идеологи рус таъкид кард, қаламравҳое, ки зери назорати Русия нестанд, ё бояд қисми иттиҳоди Русия шаванд, ё ба пойгоҳҳои ҳарбии Ғарб, НАТО ё Чин табдил хоҳанд ёфт. Ба гуфтаи ӯ, “роҳи миёна вуҷуд надорад”.

Изҳороти таҳдидомези Соловёв ва Дугин дар ҷомеаи ин давлатҳо нигаронӣ ва вокунишҳоро ба вуҷуд овард. Ҳарчанд мақомоти расмии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ин таҳдидҳо вокуниши ошкор накардаанд, аммо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва чеҳраҳои алоҳида чунин изҳоротро маҳкум карданд.

Коршиносони тоҷик ин суханонро, ки бидуни ризоияти Кремл ҳеҷ гоҳ аз телевизиони давлатии зери назорати комили ин ниҳод садо намедиҳад, кӯшиши нишон додани қудрат дар шароити заифии роҳбурдӣ ва заминасозӣ барои эҳтимоли дахолати оянда тафсир карданд.

Вокуниши сиёсатмадору низоъшиносу коршиноси масолили муҳоҷиратро муфассал дар ин мақолаи “Азия-Плюя” мутолиа кунед: “Намоиши қудрат дар ҳоли заъф”. Изҳороти “мубаллиғони Кремл” то куҷо баёнгари нақшаи Русия ва таҳдид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аст?.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Боздид аз зиндонҳо: Омбудсмен гуфт, зиндониён шароити табобат доранд

0

Намояндагони Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон (Омбудсмен) соли гузашта бо чанд рӯзноманигори зиндонӣ ва дигар маҳкумшудагон дар маҳбасҳои Тоҷикистон мулоқот кардаанд. Ҳусниддин Нидоев, намояндаи ин ниҳод имрӯз дар нишасти матбуотии Омбудсмен гуфт, моҳи декабри соли 2025 аз зиндони занонаи Норак боздид карда, аз ҷумла бо Рухшона Ҳакимова, рӯзноманигори як сол пеш зиндонишудаи тоҷик ва чанд зиндонии дигар суҳбат кардааст.

Ба қавли ӯ, Рухшона Ҳакимова аз вазъи риояи ҳуқуқҳояш дар зиндон изҳори қаноат ва муносибати кормандонро хуб арзёбӣ кардааст. Ҳамчунин, ӯ гуфтааст, дар зиндон забони англисӣ меомӯзад.

Ин нуктаро чанд рӯз пеш, дар матлабе, ки баъди расо як соли эълони ҳукми Рухшона Ҳакимова “Азия-Плюс” таҳия кард, модари рӯзноманигор ҳам зикр карда буд, ки муфассал метавонед дар ин пайванд тамошо кунед.

“Гурӯҳи санҷишии Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар рафти санҷиши зиндонҳо, на аз таштишот ва парвандаҳои маҳкумшудагон мепурсад, балки вазъи риояи ҳуқуқҳои маҳкумшудагонро дар муассисаҳои ислоҳӣ месанҷад. Намояндагони мо аз зиндониён мепурсад, ки кӣ бо онҳо суҳбати алоҳида кардан мехоҳад. Агар касе хоҳиш дошта бошад, мо бо онҳо суҳбат мекунем”, – илова кард Нидоев.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҳусниддин Нидоев

Чаро дархости пайвандони Пирмуҳаммадзода рад шуд?

Умед Бобозода, ваколатдори ҳуқуқи инсон ба суоли рӯзноманигор дар робита ба иҷоза нагирифтани пайвандони Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори чор сол пеш зиндонишудаи тоҷик, ки мехостаанд, ӯро берун аз муассисаи ислоҳӣ ҷарроҳӣ кунанд, посухи мушаххас надод.

Танҳо ишора кард, ки “шояд вобаста ба ҷинояти шахс бошад”.

Ба гуфтаи пайвандони Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, ӯ аз моҳи март то моҳи августи соли 2025, дар ҳуҷраи ҷаримавии зиндони шаҳри Хуҷанд (ШИЗО) қарор дошт ва пас аз хуруҷи бемориаш ӯро моҳи сентябр аввал ба Душанбе ва пасон ба бемористони зиндони шаҳри Ваҳдат интиқол доданд. Пайвандонаш гуфтанд, дар Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ иҷоза надодаанд, ки Пирмуҳаммадзода берун аз маҳбас ҷарроҳӣ шавад ва сабабашро мавҷуд будани имкони ҷарроҳӣ дар бемористони зиндони шаҳри Ваҳдат гуфтанд.

Пирмуҳаммадзода кист ва чаро зиндонӣ шуд, дар ин матлаби мо хонед.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Умед Бобозода

Шароити табобат дар зиндон

Омбудсмени тоҷик дар робита ба вазъи саломатӣ ва раванди муолиҷаи чеҳраҳои шинохтаи тоҷик, аз ҷумла Ҳамрохон Зарифӣ, Аҳмадшоҳ Комилзода ва дигарон низ посух надод ва дубора таъкид кард, ки шароити муолиҷа ва ҷарроҳӣ дар муассисаи ислоҳӣ мавҷуд аст.

Умед Бобозода илова кард, зиндониёне, ки вазъи саломатиашон нохуб мешавад, дар бемористони зиндони шаҳри Ваҳдат табобат мегиранд. Ба гуфтаи ӯ, дар ин муассиса маҳкумшудагони 18 зиндони дигар имкони табобат доранд.

“Аз он ҷо ду-се маротиба бевосита худам боздид кардаам. Тамоми доруворӣ ва табибон дастрас буда, ҳатто аз ҳисоби худи зиндониён табибони боқувват ҳастанд, ки метавонанд ҷарроҳӣ ҳам кунанд”, – мегӯяд Бобозода.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин дар таҷриба буд, ки  якчанд зиндоние, ки бояд амалиёти ҷарроҳии вазнин мегузарониданд, дар беморхонаи “Ёрии таъҷилӣ” ҷарроҳӣ шуда, ба муассисаи ислоҳӣ баргардонида шудаанд.

“Албатта, дилхоҳ падару модар мехоҳад, ки дар берун аз зиндон табобат гиранд”, – гуфт ӯ.

Ҳусниддин Нидоев илова кард, ки агар вазъи саломатии маҳкумшудае нохуб шавад ва зарурат пайдо шавад, онҳо ба муассисаи Я3/13 (бемористони зиндони шаҳри Ваҳдат) барои ташхису муолиҷа ва ҷарроҳӣ интиқол дода мешаванд.

Ба қавли ӯ, зиндониён имкон доранд, ки аз берун духтури худро бурда, дар ҳамон ҷо ташхис ва муолиҷа кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Эмомалӣ Раҳмон 47-умин солгарди Инқилоби исломии Эронро ба Масъуд Пизишкиён ва эрониён табрик гуфтааст

0

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли номае ба унвони Масъуд Пизишкиён, ҳамтоии эронии худ фарорасии солрӯзи Инқилоби исломии Эронро ба ӯ ва мардуми кишвараш табрик гуфтааст. Дар ин бора Сафорати Эрон дар Душанбе рӯзи 7-уми феврал хабар додааст.

“Ба муносибати фаро расидани ҷаши миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҷониби худ, давлат ва мардуми Тоҷикистон самимонатарин табрикоти некро ба ҷаноби олӣ (Масъуд Пизишкиён) ва мардуми дӯсти Эрон иброз менамоям”, – омадааст дар номаи раисҷумҳури Тоҷикистон.

Ӯ дар идома гуфтааст, ки “собиқаи таърихии мардуми мо яке аз пояҳои асосии тақвияти равобити муосир ва фазои эътимод миёни кишварҳои ҳамзабон ва ҳамфарҳанги мо ба шумор меравад”. Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, густариши ҳамкориҳо бо Эронро авлавияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон дониста, ба тавсеаи робитаҳои дуҷониба таъкид кардааст.

“Ба Шумо, ҷаноби олӣ, саломатии комил ва комёбиҳои навин ва ба мардуми дӯсту бародари Эрон рӯзгори хуш, сулҳ ва суботи пойдор, инчунин, пешрафт ва шукуфоии пайвастаро орзумандам”, – гуфтааст раисҷуҳури Тоҷикистон.

Инқилоби исломии Эрон ҳамасола дар ҳафтаи аввали моҳи феврал  (22 баҳман) ҷашн гирифта мешавад. 47 соли қабл, дар пайи як инқилоб дар моҳи феврали соли 1979 дар Эрон, тахти шоҳ Муҳаммадризо Паҳлавӣ сарнагун шуда, заминаи рӯи кор омадани низоми ҷумҳурии исломӣ ба роҳбарии Руҳуллоҳ Хумайнӣ фароҳам шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

0

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти “Тоскулоҳи бузург”-и Порис 2026 (Paris Grand Slam 2026) бо медали биринҷӣ ва ҷоизаи “Ситораи дар ҳоли тулӯъ” бармегардад.

Ин аввалин медал дар таърихи ҷудои Тоҷикистон дар мусобиқаҳои “Тоскулоҳи бузург”-и Порис (Париж) мебошад.

Муҳиддин Асадуллоеви 19-сола дар рӯзи аввали мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург”-и Порис  дар вазни то 73 кило, ки дар даври якум озод буд, дар даври дуюм намояндаи Испания Антон Шуҳалиевро мағлуб кард.

Дар марҳилаи ҳаштякниҳоӣ бар ҷудокори мизбон Петер Ҷеан дастболо шуд, вале дар чаҳорякниҳоӣ аз Мануел Ломбардои итолиёӣ мағлуб шуд.

Дар даври тасаллобахш Асадуллоев бар Йессет Куанов аз Қазоқистон пирӯз шуда, дар мубориза барои ҷойи сеюм Даййан Боулемтафеси мизбонро шикаст дод ва соҳиби медали биринҷӣ шуд.

Дар ин вазн Маҳмадбек Маҳмадбеков, тоҷикписаре, ки аз дастаи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ намояндагӣ мекунад, барандаи медали тило шуд.

Пас аз ин муваффақият, Федератсияи байналмилалии ҷудо ба Муҳиддин Асадуллоев ҷоизаи “Ситораи дар ҳоли тулӯъ”-и соли 2025-ро тақдим кард. Ин ҷоиза рӯзи 8-уми феврал пас аз анҷоми “Тоскулоҳи бузург”-и Порис ба ҷудокори тоҷик супурда шуд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Бояд зикр кард, ки Муҳиддин Асадуллоев қаҳрамони ҷаҳон байни ҷавонон аст.

Ҳамчунин, се паҳлавони дигари тоҷик, ки дар ин мусобиқа иштирок доштанд – Абубакр Шеров (-81 кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (-90 кг) ва Абубакри Акобир (-100 кг) ба мубориза натавонистанд соҳиби медал шаванд.

Се ҷудокори дигари тоҷик – Меҳрзод Суфиев (-60 кг), Эмомалӣ Нуралӣ (-66 кг) ва Абубакр Боқиев (-81 кг) ба далели нагирифтани раводид дар “Тоскулоҳи бузург”-и Порис ширкат карда натавонистанд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург”-и Порис 488 ҷудокор (299 мард ва 189 зан) аз 78 кишвар ҳунарнамоӣ мекунанд.

Маблағи умумии он 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар як вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн байни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони медали биринҷӣ бо 1500 евро мукофотонида мешаванд.

Инчунин ғолибону ҷоизадорон ва ширкаткунандагони ин мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби имтиёзҳо дар радабандии инфиродии ҷаҳонии ҷудо мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 22

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми бисту дуюми ин асари таърихиро манзури ҳаводорони китоб мешавад.

 

МЕДИА (YOUTUBE)

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин, ҳикояҳои Антон Чеховромани “Киштии Нӯҳ” ва маҷмӯи ҳикояҳои Юнус Юсуфиро дар шакли савти манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани асари таърихии "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.