Зимистони гарм дар Тоҷикистон чӣ паёмадҳо дорад?

0

Тоҷикистон ба соли 2026 бо зимистони гарм ворид мешавад. Ҳавошиносон на танҳо ҳарорати баланд, балки эҳтимоли сардиҳои ғайримуқаррариро дар охири зимистон ва аввали баҳор пешгӯӣ мекунанд. Чунин иқлими ғайри қобили пешгӯӣ миёни деҳқонон, бахусус вобаста ба паёмадҳои эҳтимолӣ барои соҳаи кишоварзӣ нигарониҳои ҷиддӣ ба бор меорад.

Пас табиат барои Тоҷикистон чӣ омода кардааст ва зимистони гарм чӣ паёмадҳо дорад?

Январи гарм ва сипас сардиҳои эҳтимолии ғайримуқаррарӣ

Моҳи январ дар Тоҷикистон нисбат ба маъмулӣ гармтар шуд. Ҳарчанд бориши барф мушоҳида шуд, аммо он аз меъёри муқаррарӣ камтар буд. Ҳарорати миёна ҳам дар аксари минтақаҳо 1-2 дараҷа болотар аз меъёр буд.

Ҳавошиносон огоҳ мекунанд, ки моҳи феврал ва март ҳаво метавонад зуд тағйир ёбад. Моҳи феврал дар Тоҷикистон сардиҳои шадид бо поинравии ҳарорат шабона то 17-20 дараҷа хунук аз эҳтимол дур нест.

Чунин тағйирёбиҳо ба растаниҳои аллакай муғчабаста ва дарахтони мевадор метавонанд таъсири харобиовар расонанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Шаҳри Душанбе, зимистони соли 2026

Зимистони гарм барои бахши кишоварзии Тоҷикистон чӣ хатарҳо дорад?

Зимистони гарм барои соҳаи кишоварзӣ хавфҳои иловагӣ ба бор меорад. Яке аз паёмадҳои ҷиддитарин барвақт аз муҳлат бедоршавии растаниҳо мебошад.

Дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон аллакай аз ҳозир сабза медамад ва баъзе дарахтон муғча мебанданд.

Дар чунин шароит агар моҳи феврал ё март сардиҳои шадид оянд, ин метавонад ба талафи ҳосил боис шавад, зеро растаниҳо камқувват шуда, муғча ва гулҳояшон зери хатари осеб дидан қарор мегиранд.

“Табиати бедоршуда метавонад ба паёмадҳои ҷиддӣ дучор шавад, агар сардиҳо ба растаниҳои аллакай гулкардаву ба нашъунамо оғозёфта таъсир расонанд”, – огоҳ мекунад кишоварз Бахтиёр Ҳаитбоев.

Ғайр аз ин, зимистони гарм ба фаъол шудани ҳашароти зараррасон, аз ҷумла пустхӯракҳо, инчунин бактерияҳои зараровар ва занбурӯғҳо мусоидат менамояд.

Ин барои зироатҳои тирамоҳӣ, ки бо сабаби мавҷуд набудани қабати барф ба таври кофӣ ҳифз намешаванд, хатарнок аст. Ҳашароти зараррасон, ки маъмулан бояд дар зимистон нобуд шаванд, имсол зинда монда, ба афзоиш оғоз кардаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Моҳи январи соли 2026. Шаҳри Душанбе

Кишоварзон чӣ мегӯянд?

Бисёре аз кишоварзон аллакай аз оқибатҳои эҳтимолии зимистони ғайримуқаррарӣ иҳзори нигаронӣ мекунанд.

“Агар барф набораду сардиҳо дар лаҳзае фаро расанд, ки нашъунамои растаниҳо оғоз шавад, мо метавонем ҳосилро аз даст диҳем”, – мегӯяд як кишоварз аз Ҳисор. Ӯ ҳамчунин илова кард, ки дар шароити норасоии об дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон, обёрӣ метавонад растаниҳоро ҳифз кунад, лекин на дар ҳамаи саҳроҳо об дастрас аст.

Боғдорон ҳам дар ташвишанд.

“Пас аз осеб дидани токзор аз сардиҳо дар соли 2021, мо онҳоро бо плёнка пӯшонидем. Лекин агар сардиҳо аз вақти маъмулӣ барвақттар фаро расанд, мо боз метавонем ҳосилро аз даст диҳем”, – зикр мекунад яке аз боғдорон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Дар нишебии теппаҳо имсол қабати барф кам аст

Обёрии зимистона ва болопӯш кардани растаниҳо: маслиҳати олимон ба кишоварзон

Доктори улуми кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоев ба кишоварзон, бахусус ба онҳое, ки дар заминҳои обёришаванда кор мекунанд, машварат медиҳад, ки обёрии зимистона ва ё тавре миёни мардум маъмул аст, яхоб монанд.

“Обёрии зимистона метавонад на танҳо бедоршавии растаниҳоро боздорад, балки ҳамчунин кирми ҳашароти зараррасонро, ки оянда метавонанд ба растаниҳо осеб расонанд, нобуд созад”, – шарҳ медиҳад ӯ. Дар шароити мавҷуд набудани барф, обёрии зимистона ба як чораи зарурии ҳифз табдил меёбад.

Ғайр аз ин, Партоев ба хоҷагиҳои деҳқонӣ тавсия медиҳад, ки аз методҳои болопӯш кардани растаниҳо, ки метавонанд намиро нигоҳ дошта, зиён аз тобистони гармро ба ҳадди камтарин расонад, истифода баранд.

Чӣ гуна метавон ба тағйирёбии иқлим омода шуд?

Олимон ва коршиносони соҳаи кишоварзӣ ба зарурати мутобиқат ба тағйирёбии иқлим исрор меварзанд. Дар Тоҷикистон аллакай барномаҳои беҳтар кардани обёрӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ҷорӣ мешаванд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Дар назди хонаҳои шаҳр алаф ба сабзиш оғоз кардааст

Мутобиқшавӣ аз тадбирҳои ҷорисозии кишти навъҳои зироати ба хушкӣ тобовар, таъмиру навсозии низоми обёрӣ, инчунин истифодаи тарзу усулҳои ҳифзи растаниҳо аз ҳашароти зараррасон ва бемориҳо иборат аст

“Омӯзиши кишоварзон бо методҳои нави мутобиқат, аз ҷумла обёрии қатрагӣ, истифодаи нуриҳои минералӣ ва маводи кимиёвии кишоварзии муосир муҳим аст”, – таъкид мекунад кишоварз Ҳаитбоев.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 феврали соли 2026

0

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

Имрӯз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (соати 08:00 дар собиқ бинои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ), Маркази тадқиқоти стратегӣ (соати 09:00 дар собиқ бинои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ), Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (соати 09:00), Агентии омор (соати 11:00), Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ (соати 08:00), филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур (соати 09:00), филиали Донишгоҳи давлатии Маскав (соати 10:00), ҳукумати ноҳияҳои Варзоб (соати 08:00), Файзобод (соати 09:00), шаҳрҳои Турсунзода ва Ваҳдат (соати 10:00), ноҳияҳои Рӯдакӣ (соати 11:00) ва Шаҳринав (соати 14:00) нишасти матбуотӣ доир карда, аз фаъолияти яксолаи худ назди хабарнигорон маълумот медиҳанд.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 9 ФЕВРАЛ

Соли 1940 – Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон таъсис ёфтааст.

Соли 2004 – Дар Санкт-Петербург гурӯҳи нажодпарастон духтари 9-солаи тоҷик Хуршеда Султоноваро бераҳмона ба қатл расониданд. Ин ҷиноят боиси эътирози амиқи ҷомеа шуд. Ин моҷаро дар расонаҳо бо номи “Қатли духтари тоҷик” паҳн шуд.

Соли 2008 – Қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи маҳдуд кардани воридоти мошинҳои идораашон аз дасти рост ба ҳукми иҷро даромад.

Соли 2011 – Дар Душанбе муаррифии фаъолияти “Фонди сармоягузории мустақими Тоҷикистону Қазоқистон” баргузор шуд.

Соли 2019 – Президенти Тоҷикистон қарореро имзо кард, ки тибқи он шаҳрвандони кишвар наметавонанд аз як ширкати моблӣ зиёда аз ду SIM-корт дошта бошанд ва бояд онҳоро танҳо бо шиносномаҳои намунаи соли 2014 ба қайд гиранд.

Соли 2023 – Тоҷикистон барои кӯмак ба осебдидагони зилзила дар Туркия 50 наҷотбахши касбӣ фиристод. Дар пайи ин зилзима беш аз 50 тан ҷон бохт.

Соли 2023 – Низом Мирзозода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон изҳор дошт, ки "Душанбе ба заминларзаҳои қувваи 8,5-9 балл тобовар аст".

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1441 – Мавлуди Алишер Навоӣ, шоир ва мутафаккир.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Алишер Навоӣ

Алишер Навоӣ шоир, мутафаккир ва ходими давлатӣ буда, бо ду забон эҷод мекард ва осори форсиаш бо тахаллусӣ “Фонӣ” эҷод шудааст.

Навоӣ беш аз 30 асар навиштааст, ки машҳуртарини онҳо маҷмӯаи “Хамса” мебошад, ки дар пайравӣ ба “Хамса”-и Низомӣ навишта шудааст.

Ӯ шигирди Абдураҳмони Ҷомӣ, шоири классики тоҷик, буд ва нақши ӯро дар зиндагӣ ва эҷодаш беназир арзёбӣ кардааст. Алишер Навоӣ аз Абдураҳмони Ҷомӣ на танҳо ба унвони мураббии маънавиаш, ҳамзамон чун дӯст ва ҳамдаму ҳамрози зиндагиаш бо самимият ва ихлос ном бурдааст. Қарор аст, имсол филми муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон "Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ", ки тайи як соли охир бардошта шуд, намоиш дода шавад.

Соли 1918 – Мавлуди Тоҷӣ Султонова, ҳунарпешаи тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Тоҷӣ Султонова

Тоҷӣ Султонова зодаи шаҳри Хуҷанд буда, аз соли 1934 то охири умраш дар Театри драмаи мусиқии ба номи А. С. Пушкини Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) ҳунарнамоӣ кардааст.

Ӯ дар театр нақшҳои зиёди фаромӯшнашаванда офаридааст. Аз ҷумла нақши Екатерина дар “Раъду барқ”, Ширин дар “Фарҳод ва Ширин”, Лайлӣ дар “Лайлӣ ва Маҷнун”, аз ин қабил аст. Тоҷӣ Султонова соли 2010 аз олам даргузашт.

Соли 1941 – Зодрӯзи Фаррух Муҳаммедов, муҳандиси тоҷик, ихтироъкори ҳавопаймо (авиаконструктор)

ИЗОБРАЖЕНИЕ Фарух Муҳаммедов

Фаррух Муҳаммедов зодаи шаҳри Душанбе буда, институти инженерии Рига (Латвия)-ро хатм кардааст. Аввалин ҳавопаймои худро соли 1958 дар 17-солагиаш ихтироъ кардааст, ки он “Душанбе-1” ном дошт. Солҳо  корманди кафедраи лоиҳакашии тайёраҳои Институти авиатсионии Маскав буд.

Маҳз бо ташаббуси ӯ дар Тоҷикистон сохтмони корхонаи азими авиатсионӣ, таълими инженерон ва мутахассисони ин корхона дар шаҳрҳои Комсомолски соҳили Амур, Иркутск, Новосибирск, Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия шурӯъ гардид, ки директории сохтмони мазкур ба зиммаи ӯ буд.

Соли 1959 – Мавлуди Абдусалом Қурбонов, собиқ вазири молияи Тоҷикистон.

Соли 2021 – Шарофиддин Имом, собиқ сафири Тоҷикистон дар Афғонистон дар синни 65-солагӣ бинобар бемории қалб аз олам даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ӯ аз октябри соли 2008 то сентябри соли 2020 сафири Тоҷикистон дар Афғонистон буд. Ӯ ҳамчунин яке аз донишмандони саршиноси кишвар буд, ки то хидмати давлатӣ устоди риштаи робитаҳои байналмилалӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.

Номбурда як муддат мушовир ва мушовири калони президенти Тоҷикистон дар бахши рушди иҷтимоӣ ва дар  сиёсати хориҷӣ буд.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

9 феврал Рӯзи байналмилалии дандонпизишкон аст. Дандонпизишкӣ яке аз қадимтарин бахшҳои тиб буда, ҳангоми ковишҳои археологӣ дар вилояти Белуҷистони Покистон боқимондаҳои одамоне ёфт шуданд, ки дар асрҳои VI–IV пеш аз милод мезистанд ва дар дандонҳои онҳо сӯрохии қариб идеалӣ бо диаметри 1-3 мм ва чуқурии то 3,5 мм кашф карда шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

9 феврал Рӯзи байналмилалии пизза аст. Пизза, ки аслан ғизои итолиёӣ аст, яке аз маъруфтарин ғизоҳо дар ҷаҳон маҳсуб меёбад. Итолиёҳо ҳатто онро ба UNESCO ҳамчун як мероси фарҳангӣ пешниҳод кардаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

9 феврали соли 1895 аввалин бозии расмии волейбол доир гардид. Ин бозӣ аз ҷониби Уилям Ҷ. Морган, муаллими варзиши Коллеҷи Ассотсиатсияи Ҷавонони Масеҳӣ дар Массачусетс “ихтироъ” карда шудааст. Ӯ тӯбро аз болои тор бо баландии 1,98 метр гузаронид ва онро “минтонет” номид, ки баъдан ба “волейбол” (volleyball) иваз шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Қоидаҳои аввалини расмии волейбол дар 1897 нашр шуданд. Шурӯъ аз соли 1922 мусобиқаҳои миллии волейбол баргузор мешаванд. Волейбол аз 28 июли соли 1923 дар Иттиҳоди Шӯравӣ маъмул гардид. Соли 1964 ин бозӣ расман ба бозиҳои олимпӣ ворид карда шуд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона -1+4º, дар водиҳо шабона 0+5º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 9-11º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 5+10º гарм, дар водиҳо шабона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0+5º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 2-4º сард, дар водиҳо шабона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2º, дар баъзе ноҳияҳо то 8-10º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, охири рӯз дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 8+10º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 2-7º сард, дар баъзе минтақаҳо то 10-12º сард, дар ғарби вилоят шабона 2-7º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2+4º гарм, дар шарқи вилоят шабона 16-21º сард, дар баъзе минтақаҳо то 28-30º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбанда шабона, рӯзона борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 12+14º, шабона 5+7º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 10+12º гарм, шабона 3+5º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 15+17º гарм, шабона 5+7º гарм. 

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 3+5º гарм, шабона 4-6º сард.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 9 ба 10-уми феврал ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Терминали куҳнаи фурудгоҳи Душанбе тахриб ва ба ҷои он терминали нав сохта мешавад

0

Дар ҷойи терминали куҳнаи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе терминали нав бунёд мешавад, ки ба гуфтаи мақомот, дар як сол имкони хидматрасонӣ ба қариб 3 млн мусофирро хоҳад дошт”. Дар ин бора  Зайнулло Шарифзода, раиси ин фурудгоҳ рӯзи 28-уми январ дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, лоиҳакашӣ ба анҷом расида, сохтмони терминали нав, ки ҳоло барои парвозҳои маҳаллӣ истифода мешавад, рӯзҳои наздик оғоз меёбад.  Терминал дар муҳлати то ду сол сохта мешавад.

“Ба наздикӣ сохтмони терминали навро оғоз мекунем. Он дар ҷойи терминали куҳнаи парвозҳои маҳаллӣ бунёд мешавад. Ҳоло корҳои лоиҳакаширо ба анҷом расонида истодааем. Терминали нав дар як сол ба қариб 3 млн мусофир хидматрасонӣ мекунад ва дар якҷоягӣ бо терминали байналмилалӣ солона ба 5 млн мусофир хидматрасонӣ имконпазир хоҳад шуд”,- гуфт Зайнулло Шарифзода.

Аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки то бунёди терминали нав парвозҳои маҳаллӣ низ тавассути Терминали 1, ки дар шафати терминали кӯҳна ҷойгир аст, анҷом меёбанд.

Дар баробари ин Ҳабибулло Назарзода, раҳбари Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии рӯзи 28-уми январ гуфт, ки имсол терминали фурудгоҳҳои байналмилалии шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб низ таҷдиду навсозӣ мешаванд.

“Ҳоло мо бо бонкҳои сармоягузорӣ ҳамкорӣ карда истодаем, ки дар соли 2026 дар фурудгоҳҳои Кӯлобу Бохтар низ бо ҷалби сармоя терминалҳои наву замонавии мусофиркашонӣ ба роҳ монем”,-изҳор дошт Назарзода.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Терминали наве, ки соли 2014 сохта шуд

Тибқи маълумоти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, соли гузашта ҷиҳати таҷдиди ангари техникаҳои махсуси хидматрасониҳои рӯизаминии фурудгоҳ 45 воситаи нави нақлиёт, харидорӣ шуда, ҳоло дар самтҳои гуногун фаъолият мекунанд.

“Инчунин дар соли 2025 дар масоҳати 400 ҳазор метри мураббаъ роҳҳои зимомӣ ва перронии фурудгоҳ таъмиру мумфарш шуданд. Роҳи нави зимомӣ бо дарозии 900 метр ва паҳноии 60 метр ва перонии нав бо масоҳати 48,6 ҳазор метри мураббаъ барои ғунҷоиши 5 ҳавопаймо сохта шуданд”,-гуфтанд аз фурудгоҳ.

Маълум нест, ки барои сохтмону таъмири таваққуфгоҳи иловагӣ ва хатҳои зимомӣ ва перонии фурудгоҳ чӣ қадар маблағ сарф шудааст. Аз фурудгоҳ инро шарҳ надоданд.

Бояд гуфт, ки то соли 2014 Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе танҳо як терминал дошт, ки он ҳам замони шӯравӣ сохта шуда буд. Парвозҳои дохиливу хориҷӣ танҳо тавассути ин терминал анҷом меёфт.

Терминали нави Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ки бо маблағгузории Фаронса ва ширкати VINCI Construction Grands Projets сохта шуд, расман рӯзи 3-юми сентябри соли 2014 ба истифода дода шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Тоҷикистон аз ҳисоби захираҳои дохилӣ маблағгузорӣ ба нерӯгоҳи “Роғун”-ро зиёд мекунад

0

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 22-юми январ лоиҳаи қонун “Дар бораи истифодаи маблағҳои фонди захиравии Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ)"-ро қабул кард, ки барои маблағгузорӣ ба сохтмони нерӯгоҳи барқи обӣ (НБО)-и “Роғун” равона мешавад.

Лоиҳаи қонун бо ташаббуси раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон таҳия шудаааст, хабар медиҳад нашрияи парлумонии “Садои мардум”.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи кишвар зимни суханронӣ дар назди вакилони парлумон зикр кард, ки дар санад истифодаи маблағҳои фонди захиравии БМТ тариқи буҷети давлатӣ баҳри маблағгузорӣ ба иншооти аз лиҳози стратегӣ муҳим  – НБО “Роғун”пешбинӣ шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар лоиҳаи қонун гузаштани бақияи маблағҳои фонди захиравӣ дар ҳаҷми 916 млн сомонӣ (ҳудуди 100 млн доллар), ки аз рӯйи натиҷаҳои фаъолият дар соли 2024 ҷамъ шудааст, ба нақша гирифта шудааст.

Вазир таъкид дошт, ки санад баҳри расидан ба истиқлолияти энергетикӣ дар соли 2027, инчунин коҳиши вобастагӣ ба манбаъҳои қарзӣ ва грантии маблағгузорӣ равона шудааст.

Қобили зикр аст, ки дар буҷети давлатии соли 2026 барои маблағгузорӣ ба маҷмааи сӯзишворӣ ва энергетикӣ ҳудуди 15 млрд сомонӣ (зиёда аз 1,6 млрд доллар) пешбинӣ гардида, қисмати зиёди ин воситаҳо ҷиҳати маблағгузорӣ ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” равона мегардад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ НБО "Роғун"

Маблағи мазкур 22,4% аз хароҷот умумии буҷети давлатиро дар соли равон ташкил медиҳад. Ҳаҷми умумии хароҷоти ҳамёни асосии кишвар ба маблағи ҳудуди 67 млрд сомонӣ (7,2 млрд доллар) муқаррар шудааст.

Дастгирии байнулмилалии тӯлкашида

Мақомоти кишвар қаблан хабар дода буданд, ки аз соли 2008 то инҷониб ба маблағгузории лоиҳаи НБО “Роғун” аз буҷети ҷумҳурӣ ва дигар сарчашмаҳо беш аз 48,1 млрд сомонӣ маблағ равона шудааст.

Зикр гардида буд, ки барои идомаи сохтмони НБО “Роғун” бо шарикони рушд ба маблағи зиёда аз 2 млрд доллар қарордодҳо ба имзо расонида шудаанд, аз ҷумла грантҳои Бонки ҷаҳонӣ (650 млн долар), қарзи Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (500 млн доллар), Бонки осиёии рушд ва фондҳои кишварҳои араб (450 млн доллар), инчунин гранти Фонди рушди Қатар (50 млн доллар).

Боз ба маблағи 1,7 млрд доллар гуфтушунидҳо ҷараён доранд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Обанбори нерӯгоҳи "Роғун"

Дар ҳамин ҳол, дар гузориши асосноккунии радабандии мустақилияти Тоҷикистон, ки аз ҷониби агентии байнулмилалии радддабандии Standard & Poor's Global Ratings таҳия шудааст, гуфта мешавад, ки маблағгузорӣ ба лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” аз ҷониби шарикони рушд, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ, то иҷро шудани шартҳои боқимонда мавқуф гузошта мешавад.

Бино ба маълумоти Агентии мазкур, маблағи боқимондаи идомаи сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” 6,4 млрд доллар арзёбӣ мешавад.

“Ҳукумат доир ба нисфи ҳаҷми ин маблағгузорӣ бо консорсиуми шарикони байнулмилалӣ мувофиқа ҳосил намуда, қисмати боқимонда бояд аз буҷет ва даромад аз лоиҳа маблағгузорӣ шавад. Бастаи пешакӣ аз 1,5 млрд доллар дар шакли қарзҳои беимтиёз, 850 млн доллар – грант ва 550 млн доллар – қарзҳои имтиёзнок иборат аст.

Маълум аст, ки қисмате аз грантҳо ба мақоми Тоҷикистон ҳамчун “кишвари начандон рушдёфта” вобаста аст, ки метавонад соли 2026 бозбинӣ шавад”, – таъкид мекунанд мутахассисони агентии радабандӣ.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар бораи НБО “Роғун”

Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” бо иқтидори 3780 МВт бузургтарини нерӯгоҳи барқи обӣ дар Осиёи Марказӣ мешавад. Дар назар аст, ки пас аз пурра ба истифода додани нерӯгоҳ, ҳаҷми солонаи истеҳсоли барқ дар он ба беш аз 14,5 млрд кВт/соат мерасад.

Дар толори мошинҳои нерӯгоҳ 6 агрегати иқтидори ҳар кадоме 630 МВт насб карда мешаванд. Мавриди баҳрабардорӣ қарор додани агрегати охирин соли 2029 дар назар аст.

Айни замон ду агрегати нерӯгоҳи “Роғун”, ки солҳои 2018 ва 2019 мавриди истифода қарор гирифта буданд, бо иқтидори паст кор мекунанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Корҳои сохтмон дар нерӯгоҳ

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика, соли 2024 дар нерӯгоҳи “Роғун” зиёда аз 1,2 млрд кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст, ки 5,5% аз ҳаҷми умумии истеҳсоли барқ дар кишвар дар соли пешин (соли 2023)-ро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 феврали соли 2026

0

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз соати 15:00 дар Театри академии русии ба номи Маяковский намоишномаи “Найрангҳои Скапен” (“Плутни Скапена”) ба саҳна гузошта мешавад. Арзиши чипта 25 сомонӣ аст.

– Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гурба, рӯбоҳ ва хурӯс” ба саҳна гузошта мешавад. Арзиши чипта 25 сомонӣ буда, пеш аз оғози намоиш дар толори якум намоиши лӯхтакҳо низ доир мешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 2002 – Дар Душанбе аввалин истгоҳи телефонӣ бо низоми рақамии электронӣ ба истифода дода шуд.

Соли 2010 – Созишнома дар бораи шароити будубоши Бонки Авруосиёии Рушд дар қаламрави Тоҷикистон ба ҳукми иҷро даромад.

Соли 2011 – Додгоҳ даъвои Вазорати кишоварзиро алайҳи ҳафтаномаи “Миллат” қонеъ кард, ки гӯё “бо нашри маводи таҳқиркунанда шаъну шараф ва эътибори касбии кормандони вазоратро паст мезад”.

Соли 2013 – Сафорати Тоҷикистон дар Истамбул расман ифтитоҳ шуд.

Соли 2013 – Дар Маскав байни Тоҷикистон ва Русия дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия созишнома ба имзо расид.

Соли 2016 – Дар парлумони Тоҷикистон “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Тоҷикистон” ва нақшаи генералии шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ тасдиқ шуд.

Соли 2019 – Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба Қонун “Дар бораи мақоми пойтахт” тағйирот ворид кард. Тибқи он, шаҳрдории Душанбе ҳуқуқ пайдо кард, ки ба баъзе гурӯҳҳои шаҳрвандон унвони “Шаҳрванди фахрии Душанбе”-ро тақдим кунад.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1928 – Мавлуди Акобир Шарифӣ, адиби бачагона.

Акобир Шарифӣ факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст. Ӯ солҳо дар нашрияҳои гуногуни бачагона фаъолият кардааст ва худ асосгузор ва сармуҳаррири шуъбаи бачагон ва наврасони телевизиони тоҷик буд ва муддате корманди Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик буд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Акобир Шарифӣ

Ҳикояи “Амаки милиса”-и ӯ яке аз беҳтарин ҳикояҳо дар адабиёти кӯдакон ба шумор меравад.

Ашъори барои бачагон офаридааш дар маҷмӯаҳои “Бойчекак”, “Наргис ба мактаб меравад”, “Афсонаи хараки лофзан”, “Аҳмади кайҳоннавард”, “Бӯрёкӯбон” низ ба табъ расидаанд.

Асарҳои беҳтаринаш дар якҷилдаҳои “Тӯҳфа”, “Бобои ман ордендор”, “Тоҷикистони азиз”, “Кори имрӯзаро ба фардо нагузор”, “Айёми хушбахтӣ” пешкаши хонандагон гардидаанд.

Иддае аз ашъори ӯ ба забони халқҳои дигар тарҷума шудаанд. Ҳамчунин ӯ китоби шеърҳои С. Маршак, К. Чуковский, А. Барто, Я. Аким, Д. Родари, Д. Мамин, Сибиряк, С. Михалков ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.

Акобир Шарифӣ 14-уми августи соли 2007 аз олам чашм баст.

Соли 1942 – Зодрӯзи Суръат Халилов, оҳангсози тоҷик, профессори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов.

Суръат Халилов, оҳангсози тоҷик фарзанди Муҳаммад Халилов, ҳунарпешаи театр буда, дар аксари жанрҳои мусиқӣ асарҳо офаридааст. Ӯ хатмкардаи Омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе ва Консерваторияи давлатии Тошканд буда, солҳо дар омӯзишгоҳҳои мусиқӣ устод будааст.

Сӣ сол, аз соли 1973 то 2003 омӯзгор, дотсент, мудири кафедра, декани Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ва ҳамзамон аз соли 1989 раиси Раёсати Фонди мусиқии Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон буд. Аз соли 2003 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов фаъолият дошт.

Муаллифи асарҳои мусиқии “Тоҷикистони ман”, “Моҷарои обфурӯш”, “Боғбон ва мири ғазаб” ва як қатор асарҳои дигар аст.

Соли 2001 – Муборакшо Мирзошоев, навозанда, овозхон ва оҳангсози маъруфи тоҷик дар 39-солагӣ аз олам даргузашт.

МЕДИА (YOUTUBE)

Муборакшо Мирзошоев 19-уми августи соли 1961 зода шуда, нахустин сурудашро дар 14-солагӣ офарид, ки “Чор ҷавон” ном дошт ва солҳои баъд яке аз писандидатарин сурудҳо дар Тоҷикистон шуд.

Гарчанд муҳассили Омӯзишгоҳи ҳавопаймоиву халабонии Ленинград буд, вале аз он канор рафт ва ба олами санъат қадам ниҳод. Ҳунарнамоии ӯ соли 1988 бо гурӯҳи Далер Назар оғоз шуд. Муборакшоро дар баробари Далер Назар яке аз бунёдгузорони мусиқии навини тоҷик медонанд.

Овозхон 8 феврали соли 2001 дар авҷи ҷавониву номдорӣ аз олам даргузашт.

Соли 2012 – Олими Искандарӣ, овозхони тоҷик дар синни 54-солагӣ аз олам даргузашт.

МЕДИА (YOUTUBE)

Олими Искандарӣ (Бобоев) солҳои 1980 дар радифи сарояндагони маъруфи "Шашмақом" қарор гирифт, аммо бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ аз Душанбе ба Панҷакент кӯчид.

Соли 2006 Олими Искандарӣ бо силсилаи нави таронаҳояш дигарбора ба фазои ҳунарии кишвар баргашт ва нақша дошт, ҳамаи гунаҳои "Шашмақом"-ро ҳамроҳи як оркестри муҷаҳҳази симфонӣ иҷро ва сабт кунад.

Вай аз шеваи иҷрои ин асари классикии мусиқии тоҷик дар кишвар қонеъ намуд ва бовар дошт, ки дар ҳоли дуруст суруда шуданаш "Шашмақом" метавонад ба мусиқии ирфонӣ ё классикии Ғарб дасту панҷа нарм кунад.

8 феврали соли 2012 дар синни 54-солагӣ бар асари беморӣ аз олам чашм пӯшид.

Соли 2023 – Чиллахон Холов, овозхон ва оҳангсози тоҷик дар 66-солагӣ аз олам даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Чиллахон Холов

Чиллахон Холов аз ҳунарпешагони шинохтаи тоҷик буда, бо иҷрои таронаҳои мардумӣ ва сурудҳо бар пояи осори шоирони классики тоҷик маъруф гардидааст.

Ӯ дар поёни солҳои 1980 тавассути ансамбли “Ганҷина”, ки ба хотири муаррифӣ ва таблиғи таронаву рақс ва суннату маросими мардумӣ ташкил шуда буд, ба саҳнаи калон омад ва солҳои аввал бештар таронаҳои мардумиро месароид.

“Кадудона”, “Фалак”, “Қошуқтарош”, “Хамида мӯи сиёҳ” барин сурудҳояш аз таронаҳои халқӣ буда, матни сурудҳои “Тарки соғар”, “Рӯи ту”, “Муборак бошад”, “Ёди Ватан”, “Шаби борон”, “Сад умед”, “Бачагӣ”, “Омад хазон”, “Саломат мекунам” аз маъруфтарин сурудаҳояш бар пояи ашъори классикон аст.

Ӯ худ хатмкардаи факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, баъди хатми донишгоҳ ба Филармонияи давлатии Тоҷикистон омадааст. Соли 1986 бар асоси озмун ӯ вориди ансамбли “Ганҷина” шуд ва нахустин сабташ бадеҳа ё дуэти “Бозубандамро бидеҳ” буд, ки барои ин

Чиллахон Холов пас аз бемории тӯлонӣ шаби 8-уми феврали соли 2023 дар 66-солагӣ даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

8-уми феврали соли 1838 – Сэмюэл Морзе аввалин маротиба дар назди мардум системаи телеграфи электромагнитии худро намоиш дод. Гарчанде ӯ муҳандис набуд, дар тӯли 10 сол телеграфи худро таҳия кард ва дар соли 1837 аввалин бор онро дар масофаи 500 метр озмоиш намуд. Аммо аввалин паёми ирсолшуда хонда нашуда буд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Баъдан, Морзе дар тӯли камтар аз ним сол рамзи Морзеро ихтироъ кард, ки бо аломатҳои кӯтоҳ ва дароз маълумотро рамзгузорӣ мекард.

8-уми феврали соли 1837 дар Санкт-Петербург дуэли машҳури Пушкин ва Дантес баргузор гардид. Дуэл дар натиҷаи номаҳои беном, ки ба бевафоии ҳамсари Пушкин ишора мекарданд, рух дода буд. Ҳоло дар мавзеи дуэл санги ёдгорӣ гузошта шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

8-уми феврали соли 1816 дар Шотландия ҳангоми боздошти гурӯҳи қочоқчиёни “виски” аввалин бор саги таълимдида барои кӯмак ба полис истифода шуд. Ин саг, ки зоташ бултерйер ном дорад, ба аспҳое, ки фирор мекарданд, ҳамла мекард ва онҳоро бозмедошт. Дар Олмон аввалин саги полис зоти ротвейлер буд, ки барои ҷустуҷӯ ва таъқиби ҷинояткорон истифода мешуд.

Дар Русия, сагҳоро бори аввал дар миёнаи асри 19 дар хадамоти марзбонӣ ва баъдан дар полис истифода бурданд. Соли 1899 дар Белгия аввалин маротиба истифодаи сагҳои таълимдида дар фаъолияти пулис ба таври доимӣ ҷорӣ гардид.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона -1+4º, дар водиҳо шабона 0+5º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 9-11º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 5+10º гарм, дар водиҳо шабона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0+5º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо  то 2-4º сард, дар водиҳо шабона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2º, дар баъзе ноҳияҳо то 8-10º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 8+10º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 2-7º сард, дар баъзе минтақаҳо то 10-12º сард, дар ғарби вилоят шабона 2-7º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2+4º гарм, дар шарқи вилоят шабона 16-21º сард, дар баъзе минтақаҳо то 28-30º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 14+16º гарм, шабона 3+5º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 9+11º гарм, шабона 3+5º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 15+17º гарм, шабона 3+5º гарм. 

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат:  рӯзона 2+4º гарм, шабона 4-6º сард.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 8 ба 9-уми феврал ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Тоҷикистон ва Афғонистон. Вазири корҳои хориҷӣ сатҳи равобити кунуниро шарҳ дод

0

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии кишвар дар робита ба муносибати Тоҷикистон бо Афғонистон гуфт, кишварҳои ҳаммарз бо Афғонистон, аз ҷумла Тоҷикистон бо такя ба ҳифзи манфиатҳои миллии худ ҳамкориро бо ин кишвари ҳамсоя ба роҳ мондааст. Ба қавли ӯ, Тоҷикистон фаъолияти бозорҳои наздимарзиро бо Афғонистон барқарор карда, интиқоли нерӯи барқро идома медиҳад.

Ҳамчунин, вазир таъкид кард, ки гардиши молу маҳсулоти дуҷониба тамоюли афзоиш дошта, соли гузашта ҳаҷми он беш аз 110 миллион долларро ташкил додааст.

“Мо бар ин назарем, ки ҳар як давлати соҳибистиқлол ҳақ дорад сиёсати худро мутобиқи манфиатҳои миллии худ пеш барад. Дар ин замина бояд таъкид кард, ки бисёр кишварҳо, аз ҷумла кишварҳои ҳаммарз бо Афғонистон, низ бо ин кишвари ҳамсоя бо такя ба манфиатҳои миллии худ ҳамкориро ба роҳ мондаанд”, – изҳор дошт ӯ.

Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, Тоҷикистон ҳамкории ҳар давлатеро, ки ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии минтақа равона шудааст, истиқбол мекунад.

“Бо дарназардошти вазъи мураккаби иҷтимоӣ-иқтисодии кишвари ҳамсоя, Тоҷикистон ҳамеша ҷомеаи байналмилалиро даъват мекунад, ки Афғонистонро бо мушкилоти зиёде, ки имрӯз рӯ ба рӯст, танҳо нагузорад”, – таъкид кард ӯ.

Вазир ёдовар шуд, ки солҳои 2024–2025 пас аз зилзилаи харобиовари дар ин кишвар рухдода, ҳукумати Тоҷикистон дар ҳаҷми умумии беш аз шаш ҳазор тонна молу маҳсулоти зарурӣ кумаки башардӯстона ба Афғонистон ирсол кардааст.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Вақти имзои созишномаи интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон

“Мавқеи мо нисбат ба Афғонистон устувор аст. Мо мехоҳем Афғонистонро кишвари амну босубот, сулҳомез ва шукуфон бубинем”, – хулоса кард ӯ.

Зикр кардан ба маврид аст, ки ба навиштаи расонаҳои Афғонистон, соли гузашта, Сироҷиддин Муҳриддин бори аввал бо Амирхон Муттақӣ, вазири умури хориҷии Толибон дар пайи ҳамлаҳо ба Тоҷикистон аз хоки Афғонистон ва кушта шудани 5 шаҳрванди Чин телефонӣ суҳбат кард.

Ҷониби Тоҷикистон он замон ва баъди он ҳам дар бораи ин тамоси телефонӣ хабари расмие нашр накард.

Аммо мақомоти Толибон ба расонаҳои Афғонистон гуфтанд, ки тамос рӯзи 2-юми декабр сурат гирифт ва дар он ҳамкориҳои муштарак барои суботи минтақа баррасӣ шудааст.

“Тоҷикистон ва Афғонистон ахиран фазои эътимод барои ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятиро эҷод кардаанд, аммо бархе аз ҳалқаҳо талош доранд ба ин раванд осеб зананд", – зикр карда буд намояндаи ин гуруҳ баъди тамоси телефонӣ.

 

Таъмини амният дар марз

Дар нишасти матбуотии ахир Сироҷиддин Муҳриддин дар робита ба зиёд шудани ҳамлаҳои мусаллаҳонадар ду моҳи охир дар сарҳад бо Афғонистон гуфт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар ба таври муштарак барои пешгирии ҳодисаҳо дар сарҳади давлатӣ фаъолият мебаранд.

Ба қавли ӯ, ҷониби Афғонистон изҳор доштааст, ки “барои роҳ надодан ба такрори чунин ҳолатҳо дар сарҳад чораҳои зарурӣ меандешад ва нисбат ба ин ҳодисаҳо тафтишоти ҳамаҷониба анҷом хоҳад дод”.

“Масъалаҳои таъмини амният дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ҳамоно бисёр муҳим боқӣ мемонанд. Бо ин мақсад, албатта, миёни ниҳодҳои дахлдори Тоҷикистон ва Афғонистон робитаҳои корӣ ба роҳ монда шудаанд. Ҷонибҳо фаъолияти ҷинояткоронаи гурӯҳҳои ҷиноӣ ва террористиро дар сарҳад маҳкум намуданд”, – таъкид кард ӯ.

Ахиран нерӯҳои марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон (КДАМ)  аз пешгирии як сарҳадшикании “5 қочоқбари афғон”, ки марзи Тоҷикистонро ғайриқонунӣ убур кардаанд, хабар дода, гуфт, ки дар пайи “муқовимати мусаллаҳона” бо онҳо се қочоқбар кушта шуда, ду тани дигар ба Афғонистон фирор кардаанд.

Пештар аз ин, дар пайи ду ҳамлаи дигар дар рӯзҳои 26 ва 30-юми ноябр аз Афғонистон ба ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистон 5 шаҳрвандони Чин кушта ва панҷ нафари дигар захмӣ шуданд.

Тоҷикистон ин ҳамлаҳоро шадидан маҳкум карда аз “Толибон” хоста буд, ки омилони онро дастгир кунанд. ВКХ-и ҳукумати Толибон гуфт, ки ҳамла тавассути гурӯҳҳое анҷом шудааст, ки ҳадафашон “эҷоди бесуботӣ ва беэътимодӣ миёни кишварҳои минтақа аст”.

Дар умум, ба иттилои Зафар Самад, раиси Оҷонсии зиддинашъаи Тоҷикистон, соли гузашта дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон миёни мақомоти тоҷик ва қочоқбарони афғонистонӣ 17 (соли 2024 – 6) задухӯрди мусаллаҳона рух дода, дар натиҷа 10 (2024 – 3) шаҳрванди Афғонистон ва 2 марзбони тоҷик (кормандони КДАМ) кушта шудаанд.

Ҳамчунин, соли гузашта 9 шаҳрванди Афғонистон аз суи мақомоти тоҷик барои воридоти маводи мухаддир ба Тоҷикистон дастгир шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, соли 2025 мақомоти тоҷик дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон 2 тоннаву 742 килограм (соли 2024 – 1 тоннаву 824 кг) маводи мухаддир мусодира кардаанд. Манбаъ афзуд, ки аз ин, 2 тоннаву 566 килограм дар хатти марзи Афғонистон бо вилояти Хатлон ва 186 кг дар марз бо ВМКБ мусодира шудааст.

*Дар Тоҷикистон террористӣ дониста мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

0

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни натиҷагирӣ аз ҳунарнамоии варзишгарони тоҷик дар соли 2025, дар бораи зарурати ислоҳот дар низоми идоракунии соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар кишвар ба “Азия-Плюс” изҳори назар кард.

Ба гуфтаи Латифов, соли 2025 варзишгарони тоҷик дар як қатор мусобиқаҳои бузурги ҷаҳонӣ ширкат варзида, ба натиҷаҳои назаррас даст ёфтанд. Аз ҷумла, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудо ва муштзании ҷаҳон онҳо ба сурати умум панҷ медал ба даст оварданд, ки яке аз натиҷаҳои беҳтарини варзиши ватанӣ дар мавсим мебошад.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон моҳи июн дар Будапешт (Маҷористон) намояндагони Тоҷикистон ба дарёфти се медал: нуқра дар вазни то 66 кг (Эмомалӣ Нуралӣ), ва 2 медали биринҷӣ – дар вазни то 66 кг (Обид Ҷебов) ва вазни зиёда аз 100 кг (Темру Раҳимов) ноил гардиданд.

Боз ду медалро варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии муштзанӣ (бокс) миёни мрадон моҳи декабр дар Дубай (АМА) ба даст оварданд. Дар вазни то 57 кг Хусравхон Раҳимов медали нуқра ва дар вазни то 60 кг Акмал Убайдов медали биринҷӣ гирифтанд.

Дар ҳамин ҳол, Латифов хотиррасон намуд, ки тайи 30 соли ахир ҳеҷ яке аз варзишгарони Тоҷикистон ба дарёфти медали тиллои мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар навъҳои олимпии варзиш даст ёфта натавонист. Чунин дастоварди ахир соли 1995 ба қайд гирифта шуда буд, ки он замон гурзпарто Андрей Абдувалиев дар Гётеборг (Шветсия) ба унвони қаҳрамони ҷаҳон соҳиб шуд.

Дар ин робита Нарзулло Латипов доир ба як қатор пешниҳодҳо изҳори назар кард, ки ба рушди соҳаи тарбияи ҷисонӣ ва варзиш дар кишвар равона шудаанд.

Аввалан ӯ пешниҳод намуд, ки низоми амалкунандаи идоракунии соҳа аз ҷониби давлат бозбинӣ шавад ва зикр кард, ки табдили Кумитаи пешинаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба самаранокии фаъолият, бахусус дар сатҳи шаҳру навоҳӣ, таъсири манфӣ расонид. Ба қавли ӯ, соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад.

Сониян, Латипов баргардонидани шакли пешинаи кори Шӯро оид ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро, ки он замон онро сарвазири Тоҷикистон роҳбарӣ мекард, мувофиқи мақсад медонад. Ӯ таъкид дошт, ки ба ҳайати Шӯро бояд роҳбарони вазоратҳои калидии вазорату идораҳои дахлдор, инчунин раисони минтақаҳо шомил бошанд.

Дар идома ӯ пешниҳод намуд, ки дар дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм раёсат ё шуъбаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таъсис дода шавад. Ғайр аз ин, ба гуфтаи ӯ, дубора барқарор намудани фаъолияти қисмате аз мактабҳои варзишии кӯдакону наврасон, инчунин ба тобеъияти вазорати мазкур додани Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ зарур аст.

Дар робита ба масъалаи омодагӣ ба Бозиҳои олимпии соли 2028 дар Лос-Анҷелес Латифов таҳияи барномаи махсуси давлатӣ, таъмини маблағгузории кофии соҳа аз ҳисоби воситаҳои буҷет ва сарпарастон, дар фурсатҳои кӯтоҳтарин таъсис додани Маркази олимпии омодагӣ дар кишварро пешниҳод кард. 

Қобили зикр аст, ки бори аввал нест, ки Нарзулло Латифов доир ба ҷудо кардани соҳаи варзиш аз сиёсати ҷавонон изҳори назар мекунад. Моҳи феврали соли 2016 ӯ аллакай чунин пешниҳодро изҳор ва зикр карда буд, ки муттаҳид сохтани соҳаи варзиш бо сохтори ҷавонон ва сайёҳӣ ба поин рафтани мақоми соҳа ва заъиф гардидани низоми идоракунии он оварда расонид. Баъди як соли чунин изҳорот соҳаи сайёҳӣ ба сохтори алоҳида табдил дода шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Аз “Нони шарикӣ” то “Чароғафрӯзон”. Кадом асарҳо барои дарёфти Ҷоизаи Рӯдакӣ дар соли 2026 пешбарӣ шуданд?

0

Раёсати Кумитаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика феҳристи асарҳоеро, ки барои соҳиб шудан ба ин ҷоиза дар соли 2026 пешбарӣ шудаанд, эълон кард.

 

Бахши адабиёт

Ба навиштаи ин ниҳод, дар бахши адабиёт раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ду асар – романи “Нони шарикӣ” аз Мирзо Саидзода ва маҷмуаи шеърҳои “Номаи офтоб” аз Давлати Раҳмониёнро пешниҳод кардааст.

Бояд гуфт, Мирзо Саидзода, нависандаи тоҷик романи таърихии “Нони шарикӣ (сад сол бо Русия)”-ро ду соли пеш навишт, ки атрофаш вокунишҳои гуногун ба вуҷуд омад. Дар ин роман яке аз мавзуъҳое, ки бо гузашти солҳо пиромунаш баҳс кам намегардад, яъне паҳлуҳои мусбат ва манфии даврони Шӯравӣ тасвир ёфтааст.

Ҳамчунин, раёсати Иттифоқи нависандагон дар бахши эҷодиёти бадеӣ барои кӯдакон ва наврасон “Хонаи мо – гулхона” – маҷмуаи шеъру манзума, чистон ва тарҷумаҳои Абдусаттори Раҳмонро пешниҳод кардааст.

 

Бахши мусиқӣ ва ҳунарнамоӣ

Дар ин бахш маҷмуи сурудҳои “Чашмаи меҳр” аз Исматулло Холиқовро ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанг пешниҳод кардааст.

Маҷмуи сурудҳои “Сози ватандорӣ” аз Фурқат Саидзодаро ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радио пешбарӣ кардааст.

Маҷмуаи адвор ва сабти сурудҳои солҳои 2023-2025 “Меъмори Истиқлол” аз Шералӣ Қосимро раёсати Иттифоқи оҳангсозон пешниҳод кардааст.

Бахши санъати тасвирӣ ва меъморӣ

Китоб-албоми “Живопись. Монументальная скульптура” аз Ғафур Ҷӯраевро раёсати Иттифоқи рассомон пешниҳод кардааст.

Бахши журналистика

Дар ин бахш раёсати Иттифоқи нависандагон “Чароғафрӯзон” – маҷмуаи очеркҳо ва қиссаҳои ҳуҷҷатии Бахтиёр Муртазо ва Шералӣ Мӯсоро пешбарӣ кардааст.

Бахши тарҷума, пажуҳиш ва тарғиби адабиёти тоҷик дар мамлакатҳои хориҷӣ

Раёсати Иттифоқи нависандагон Абдусалом Мамадназаровро барои тарҷума ба англисӣ ва пажӯҳиши асарҳои Садриддин Айнӣ “Ҷаллодони Бухоро”, “Марги судхӯр”, “Исёни Муқаннаъ” ва “Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик”, чопи онҳо дар нашриёти Англия, ИМА, Тоҷикистон ва рӯнамоии онҳо дар шаҳрҳои Лондон, Ню-Йорк ва Душанбе пешниҳод кардааст.

Раёсати Кумитаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ аз мутахассисон ва ҳамаи ҳаводорони адабиёту санъат хоҳиш кардааст, ки дар муҳокимаи ин асарҳо тавассути расонаҳо то 10-уми майи соли ҷорӣ, фаъолона иштирок кунанд.

Ҷоизаи ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаҳои адабиёт, санъат ва меъморӣ, ки соли 1963 таъсис ёфтааст. Он дар ду сол як маротиба дода мешавад. Маблағи ҷоизаи Рӯдакӣ баробари 3500 доллар буда, маъмулан дар арафаи Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон тақдим мегардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамлаи интиҳорӣ ба масҷиде дар Покистонро маҳкум кард

0

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамлаи интиҳорӣ ба як масҷиди шииён дар шаҳри Исломободи Покистонро, ки даҳҳо кушта бар ҷой гузошт, амали террористӣ хонда, маҳкум кардааст.

Ӯ дар робита ба ин ҳодиса рӯзи 7-уми феврал дар номае ба Осиф Алӣ Зардорӣ ва Шаҳбоз Шариф, раисҷумҳур ва сарвазири Покистон таслият баён кардааст.

“Аз даргоҳи Худованд барои фавтидагон раҳмату мағфират ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳам. Тоҷикистон ин амали террористии золимона ва чун ҳамеша ҳама гуна зуҳуроти терроризмро шадидан маҳкум карда, зарурати муборизаи беамонро алайҳи он мудом таъкид менамояд”, – омадааст дар номаи раисҷумҳури Тоҷикистон.

Ёдрас мешавем, ки ҳамлаи интиҳорӣ ба як масҷиди шииён дар Исломобод рӯзи 6-уми феврал рух дода, дар пайи он, тибқи иттилои охирин, 31 нафар кушта ва 169 каси дигар маҷрӯҳ шудаанд. Масъулияти ин ҳамлаи интиҳориро гурӯҳи ДОИШ* бар ӯҳда гирифтааст.

Ба навиштаи расонаҳо, ҳамлагари интиҳорӣ дар даромадгоҳи масҷид баъд аз намози ҷумъа маводи таркандаро мунфаҷир кардааст.

*Дар Тоҷикистон террористӣ дониста мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Дар Тоҷикистон истифода ва истихроҷи рамзарз (криптоасъор) иҷозат аст?

0

Хуршед Файзуллозода, директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ имрӯз, 6-уми феврал, зимни нишасти хабарӣ гуфт, истифода ва истихроҷи рамзарз (криптовалюта) дар Тоҷикистон иҷозат аст ва биржаи расмӣ низ фаъолият мекунад.

Дар посух ба саволи рӯзноманигорон дар бораи маҳдудияти истифодаи рамзарз, Файзуллозода иброз дошт, ки дар Тоҷикистон “ягон қонуне нест, ки ин фаъолиятро манъ карда бошад”.

Ба гуфтаи ӯ, яке аз резидентҳои IT Park, дар доираи лоиҳаи санҷишие биржаи рамзарз таҳия кардааст. 

“Бонкҳо метавонанд бо он ҳамгироӣ карда, дар реҷаи мустақим маблағро бо криптоасъор иваз кунанд ва онро аллакай қонунӣ истифода баранд. Онҳое, ки аз платформаҳои хориҷӣ истифода мекунанд, ғайриқонунӣ фаъолият доранд. Мумкин аст, аз ҳамин платформае, ки дар IT Park таҳия шудааст, аз қайд гузашта, истифода бурд”, – гуфт директори Агентӣ.

Ҳамчунин, Файзуллозода зикр кард, ки дар қонунгузорӣ истихроҷи рамзарз (майнинг) танзим нашудааст, аммо ҳоло “бо назардошти маҳдудияти барқ” дар кишвар, ба роҳ мондани истихроҷ ғайриимкон аст ва ҳоло мо расман чунин марказҳо надорем.

“Майнинг энергияи зиёдро талаб мекунад. Ҳоло дар афзалиятҳои ҳукумат таъмини барқ барои аҳолӣ ва дигар соҳаҳои саноат меистад. Дар оянда, ки барқи мо зиёд шуд, имкон дорад, ки аз он ҷумла, майнинг ва махзанҳои калон барои зеҳни сунъӣ [бунёд кунем]”, – гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз Агентӣ ба “Азия-Плюс” бо шарти ифшо нашудани номаш гуфт, ки бунёди марказҳои истихроҷи рамзарз то соли 2027, то бартараф шудани мушкилоти таъмини аҳолӣ бо барқ, баррасӣ нахоҳад шуд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Хуршед Мирзо

“Ҳамин ки аҳолӣ пурра бо барқ таъмин шавад, масъаларо аз нав мебинем. Ҳоло аз баъзе ширкатҳо пешниҳодҳо ҳастанд, аммо мо омода нестем”, – гуфт ҳамсуҳбати мо.

Бояд гуфт, ки рамзарз як навъи маблағи онлайнӣ аст, ки барои истеҳсоли он компютерҳои пуриқтидор ва интернетӣ босуръат лозим аст. Ҳамчунин, барои истеҳсоли он барқи зиёд масраф мешавад.

Моҳи декабри соли гузашта дар Тоҷикистон пешниҳод шуд барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ҷиҳати истеҳсол (майнинг)-и дороиҳои маҷозӣ ё рамзарз ҷазо таъин шавад. Тибқи тарҳи тағйиру илова ба Кодекси ҷиноятӣ, барои ин амал аз 15 то 75 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё то 2-8 соли зиндон пешбинӣ мешавад.

Дар ҳамин ҳол, соли гузашта додситонии кишвар аз ошкор шудани ҳолатҳои васли ғайриқонунии таҳҷизоти истихроҷи рамзарз хабар дода, гуфт, он ба буҷети кишвар миллионҳо сомонӣ зарар овардааст.

Аз ҷумла, Варқаи Зайниддин, ёрдамчии калони додситони вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки насби ғайриқонунии таҷҳизоти истихроҷи рамзарз дар шаҳри Левакант, минтақаи озоди иқтисодии Данғара ва ноҳияи Темурмалик ошкор шудааст.

Дар умум, зарар аз истихроҷи рамзарз ҳисобшуда 14 миллиону 600 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Аммо маълум нест, ки нисбати ин кирдор бо кадом банди Кодекси ҷиноӣ парванда боз шудааст. Зеро то ҳол дар қонунгузории Тоҷикистон мушаххасан мафҳуми рамзарз истифода нашудааст ва истихроҷи он ҳам расман танзим нашудааст.

Маъмулан, дар чунин ҳолат, кирдори зикршуда ҳамчун истифодаи ғайриқонунии барқ бандубаст карда мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.