Муовини аввали роҳбари Агентии назорати давлатӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Алмахон Наимӣ имрӯз ба журналистон изҳор дошт, ки як қатор тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат таҳия ва ба баррасии парлумон пешниҳодшуда ба чанде аз моддаҳои Кодекси ҷиноии ҶТ, ки дар онҳо барои порагириву порадиҳӣ ба ивази ҷавобгарии ҷиноӣ ҷарима пешбинӣ шудааст, дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон мавриди амал қарор дорад.
Ба гуфтаи ӯ, мутобиқи тағйироту иловаҳо, минбаъд шахсоне, ки барои ҷиноятҳои марбут ба пора маҳкум мешаванд, ба ивази пардохти ҷаримаи пулӣ озод шуда метавонанд. «Ҳаҷми ҷаримаҳои пулиро судҳо муайян карда, ҳамчунин он аз сатҳи вазнинии ҷазо низ вобаста хоҳад буд», – иброз дошт ӯ ва илова намуд, ки «мо аз ин тағйирот натиҷаҳои мусбат дар мубориза бо ришваситониро интизорем».
Сармушовири ёвари президенти Тоҷикистон оид ба масоили ҳуқуқӣ Содиқ Шоҳназаров, ки низ дар нишасти хабарӣ ҳузур дошт, дар ин робита қайд кард, ки «ин тадбири ҳукумати ҷумҳуриро метавон иқдоми башардӯстона арзёбӣ намуд».
Айни замон мутобиқи моддаи 319-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, барои содир намудани ҷинояти марбут ба порагирӣ ба муҳлати аз 5 то 12 соли маҳрумият аз озодӣ ва дар баъзе ҳолатҳо бо мусодираи амвол ҷазо пешбинӣ шудааст.
Дар моддаи 320-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои додани пора ҷазои маҳрум шудан аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 10 сол бо мусодираи амвол пешбинӣ шудааст.



