Бозиҳои даври интихобии Чемпионати футболи ҷаҳон-2022-ро Тоҷикистон дар Ҷопон мегузаронад

Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) мизбонони мусобиқаҳои мутамаркази марҳилаи дуюми мусобиқаи давраи интихобии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2022-ро эълон кард. Тавре маркази матбуоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин бозиҳо дар давраи аз 31 май то 15 июн баргузор мешаванд. Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар гурӯҳи «F» бозиҳои моҳи июни худро бо тимҳои […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) мизбонони мусобиқаҳои мутамаркази марҳилаи дуюми мусобиқаи давраи интихобии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2022-ро эълон кард.

Тавре маркази матбуоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин бозиҳо дар давраи аз 31 май то 15 июн баргузор мешаванд.

Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар гурӯҳи «F» бозиҳои моҳи июни худро бо тимҳои Ҷопон (7 июн) ва Мянма (15 июн) дар Ҷопон баргузор мекунад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 25 март мунтахаби футболи Тоҷикистон дар вохӯрии даври 7-уми марҳилаи дуюми Чемпионати ҷаҳон-2022 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе дастаи Муғулистонро ба ҳузур мепазирад.

Вохӯриҳои мунтахаби Тоҷикистон бо тимҳои Муғулистон, Ҷопон ва Мянма дар доираи марҳилаи давраи итихобии Чемпионати ҷаҳон-2022, ки моҳҳои октябр ва ноябри соли гузашта пешбинӣ гардида буданд, бар асари сирояти коронавирус ба соли 2021 мавқуф гузошта шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст