Размикори ММА Нурулло Алиев метавонад аввалин тоҷик дар UFC шавад

Размикори муҳорибаҳои омехта Нурулло Алиев аввалин намояндаи Тоҷикистон дар Лигаи UFC шуда метавонад. Дар ин бора дар саҳифааш дар Instagram худи размикор хабар дод. “20 сентябр иншоаалоҳ дар UFC размикори мо ҳам пайдо мешавад”,- навиштааст вай. Дар идома размикори тоҷик, ки ӯро “Уқоби тоҷик” низ мегӯянд, ба президенти амалкунандаи Ultimate Fighting Championship (UFC) Дана Уайт […]

Размикори муҳорибаҳои омехта Нурулло Алиев аввалин намояндаи Тоҷикистон дар Лигаи UFC шуда метавонад. Дар ин бора дар саҳифааш дар Instagram худи размикор хабар дод.

“20 сентябр иншоаалоҳ дар UFC размикори мо ҳам пайдо мешавад”,- навиштааст вай. Дар идома размикори тоҷик, ки ӯро “Уқоби тоҷик” низ мегӯянд, ба президенти амалкунандаи Ultimate Fighting Championship (UFC) Дана Уайт изҳори миннатдорӣ кардааст: “Дана ташаккур, ки ба ваъдаатон вафо карда, ба ман ҷиҳати рақобат барои қарордод бо UFC имкон додед”.

Нурулло Алиев соли 2000-ум дар Душанбе таваллуд шуда, соли 2001 размикори промоушени Fight Nights Global буд. Нурулло инчунин аввалин размикори тоҷик аст, ки бо яке аз ширкатҳои бузурги менеҷерӣ лар соҳаи МАА – First Round Management қарордод баст.

Машқҳои худро ӯ дар Русия гузаронида, дар толори Evolve Gym- Маскав тамрин мекунад. Машқҳои гӯштини тарзи озодро таҳти раҳбарии Магомед Гусейнов ӯ дар Доғистон мегузаронад.

Таҳти сарварии мураббии маъруф Аюдурозиқ Олимов дар Душанбе ӯ дар сексияи гӯштини тарзи озод машқ мекард. Дар муддати 6 соли машқҳо оид ба гӯштини тарзи озод ӯ чандин бор дар мусобиқаҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ ғолиб омада, ҳатто ҷоизадори мусобиқаҳои Осиё шуд. Ба унвони устоди варзиши гӯштини тарзи озоди Тоҷикистон соҳиб шуд.

Дар як еаз барномаҳои шоуи YouTube Нурулло ҳикоят кард, ки ӯро бисёр вақт бо Ҳабиб Нурмагомедов монанд мекунанд. Боре пас аз қувваозмоие ҳангоми парвоз ҳамаи ҳайати сарнишинони ҳавопаймо ӯро Ҳабиб пиндошта, автограф хостанд.

Соли 2017 Нурулло дар Сочи қарамони панкратион шуд. Ҳамон сол ӯ дар World Youth MMA Championships дар вазни миёна зинаи аввалро ишғол намуд.

Соли 2018 ба тамринҳо дар клуби «Ахмат Таджикистан» зери раҳбарии Раҷабалӣ Баёнов оғоз намуд. Сипас дар якчанд мусобиқаҳо оид ба муҳориабҳои гуногуни тан ба тан, аз ҷумла ММА низ ғолиб омад.

Дар доираи мусобиқа ба хотираи Абдулманап Нурмагомедов, ки 17 сентябри соли 2021 доир гардид, бо намояндаи Русия Кирилл Крюков вохӯрда, қувваозмоӣ бо қарори якдилонаи доварон ба фоидаи Нурулло анҷом пазируфт.

Соли 2021 ӯ назди худ ҳадаф гузошт, ки барои иштирок дар пурнуфузтарин лигаи UFC талош меварзад.

Охири моҳи сентябр ҷадвали рақобатҳо ва бо киҳо қувваозмоӣ кардани ӯ маълум мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.