Додгоҳи олӣ ҳукми хушдомани Манораро 2 сол кам кард

Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми додгоҳи ноҳияи Файзободро нисбати Бибикалон Назирова, хушдомани Манораи Абдуфаттоҳ (Абдуалимзода), ки барои ба худкушӣ расонидани келинаш 7 сол равонаи зиндон шуда буд, бозбинӣ карда, муҳлати ҳукмро 2 сол кам кард. Наздикони Манора аз ҳукми Додгоҳи олӣ розӣ нестанд. Бибикалон Назирова бо қисми 2-и моддаи 109 (ба худкушӣ расонидан)-и Кодекси ҷиноятӣ гунаҳкор дониста […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми додгоҳи ноҳияи Файзободро нисбати Бибикалон Назирова, хушдомани Манораи Абдуфаттоҳ (Абдуалимзода), ки барои ба худкушӣ расонидани келинаш 7 сол равонаи зиндон шуда буд, бозбинӣ карда, муҳлати ҳукмро 2 сол кам кард. Наздикони Манора аз ҳукми Додгоҳи олӣ розӣ нестанд.

Бибикалон Назирова бо қисми 2-и моддаи 109 (ба худкушӣ расонидан)-и Кодекси ҷиноятӣ гунаҳкор дониста шуда, рӯзи 1-уми ноябр бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Файзобод 7 сол равонаи зиндон шуда буд.

Абдуфаттоҳ Мисоқов, падари Манора бо  тасдиқи ин хабар ба “Азия-Плюс” гуфт, ҳукми Додгоҳи олӣ, имрӯз, 29 –уми ноябр, содир шуд ва акнун, дар асоси ин ҳукм Бибикалон Назирова 5 сол дар зиндон мемонад.

Ӯ гуфт, онҳо аз ҳукми Додгоҳи олӣ розӣ нестанд ва аз болои он ба зинаҳои болоии додгоҳӣ – назоратӣ шикоят хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, айбдоркунандаи давлатӣ ё прокурор дар додгоҳи зиндаи болоӣ низ талаб кард, ки ҳукми суд бетағйир гузошта шавад.

Назари наздикони Бибикалон Назирова дар бораи ҳукми Додгоҳи олӣ маълум нест ва ҳамин тавр аниқ нест, ки онҳо аз қарори зинаи болоии додгоҳ розианд ё не.

Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ ё прокурор барои Бибикалон Назирова 8 соли зиндон талаб карда буд.

Дар мурофиаи додгоҳии пешин, Бибикалон Назирова дар марги келинаш Манораи Абдуфаттоҳ худро қисман гунаҳкор ҳисобида буд.

Ёдовар мешавем, ки наздикони Манораи Абдуфаттоҳ, ки ҷасадаш моҳи июни соли гузашта дар ноҳияи Файзобод бо 26 зарби корд ёфт шуд, чанд маротиба ба мақомот муроҷиат карда, хостори ҷазо додани наздикони шавҳари Манора шуда буданд. Онҳо даъво доштанд, ки духтарашон худкушӣ накардааст ва наметавонист, ки худаш дар баданаш 26 корд занад.

Баъдан, Додситонии кулли кишвар пас аз тафтиши пешакӣ далели марги Манораи Абдуфаттоҳро худкушӣ номида буд.

Ин ниҳод гуфта буд, ки бо гузаронидани амалҳои зиёди тафтишотӣ ва экспертизаҳои судии гуногун, муайян карда шудааст, ки сабаби марги ҷавонзан хунравӣ аз 3 ҷароҳати халанда ва бурандаи дар мавзеи гардан ва шикам бардоштаи ӯ гаштааст.

“Захму харошаҳои дигари дар бадани Абдуалимзода М.А. бисёру бо ҳам паралел ва сатҳӣ буда, сабаби марг шуда наметавонанд ва онҳо аз тарафи худи ӯ расонида шудаанд”, – омадааст дар маълумот.

Пайвандону наздикони ҷавонзан мегӯянд, ки ба гумони ғолиб, ӯро куштаанд.

Манораи Абдуфаттоҳ се фарзанд дошт ва ҳангоми рух додани ин ҳодисаи фоҷеабор шавҳари Манора дар муҳоҷират дар Русия қарор дошт. Оилаи шавҳари зани фавтида аз суҳбат бо рӯзноманигорон худдорӣ мекунанд. Ҳамчунин, додситонӣ ва суди Файзобод ҳам дар робита ба қазия то ба ҳол шарҳе надодаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.