Ҳаҷ – 2024. Имсол ҳам Арабистони Саудӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон 7 ҳазор квота ҷудо кард

Арабистони Саудӣ барои сафари ҳаҷ ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар соли 2024, мисли соли қаблӣ, 7 ҳазор квота ҷудо кардааст. Дар ин бора саҳифаи фейсбуки маҷаллаи “Дин ва ҷомеа”, нашрияи марбут ба Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, иттилоъ медиҳад. Ба навиштаи ин маҷалла, имрӯз, 8-уми январ, Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва […]

Asia-Plus

Арабистони Саудӣ барои сафари ҳаҷ ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар соли 2024, мисли соли қаблӣ, 7 ҳазор квота ҷудо кардааст. Дар ин бора саҳифаи фейсбуки маҷаллаи “Дин ва ҷомеа”, нашрияи марбут ба Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, иттилоъ медиҳад.

Ба навиштаи ин маҷалла, имрӯз, 8-уми январ, Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сафари корӣ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар шаҳри Ҷидда бо Тавфиқ ал Рабиа, вазири ҳаҷ ва умраи ин кишвар мулоқот анҷом дод. Дар ҷараёни вохӯрӣ масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳаҷ ва умра мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҳамзамон миёни ду ҷониб Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ташкили ҳаҷҷи мавсими соли 2024-ум ба имзо расид. 

“Зимнан, кишвари мизбони ҳаҷ имсол тибқи тартиб ҳиссаи  шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳудуди 7000 адад муайян намудааст”, – менависад ин нашрия.

Аммо то ҳол харҷи сафари Ҳаҷ барои соли ҷорӣ дақиқ муайян нашудааст.

Соли гузашта низ Шоҳигарии Арабистони Саудӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон 7 ҳазор квота барои зиёрати ҳаҷ ҷудо карда буд. Арзиши хидматрасониҳо дар мавсими “Ҳаҷ-2023” 59 ҳазор сомонӣ муайян шуд, ки ин нарх нисбат ба мавсими ҳаҷҷи соли 2022 1 ҳазору 520 сомонӣ арзонтар мебошад.

Бояд гуфт, ки соли 2023 Арабистони Саудӣ маҳдудиятҳоро оид ба маросими ҳаҷ бекор карда, мутаносибан шумори квотаҳо барои зойирини кишварҳои гуногун боз ба сатҳи то пандемия бозгардонида шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.