28 бех ниҳол чун рамзи 28 соли фаъолияти пурсамар. Кормандони “Азия-Плюс” дар хонаи Айнӣ дарахт шинонданд

Бори дуюм аст, ки Медиа-гурӯҳи "Азия-Плюс" ба муносибати зодрӯзи худ дар боғу маконҳои таърихии пойтахт иқдоми ниҳолшинонӣ мегузаронад. Ин дафъа, макони иқдом хона-музейи устод Садриддин Айнӣ интихоб шуд. Субҳи имрӯз кормандони медиа-гурӯҳи “Азия-Плюс” дар саҳни хона-музейи устод Садриддин Айнӣ 28 бех ниҳоли санавбар шинониданд, ки ин чун рамзи 28 соли фаъолияти софдилона ва пурсамари оҷонсӣ […]

Меҳрангез Султонзода, Asia-Plus

Бори дуюм аст, ки Медиа-гурӯҳи "Азия-Плюс" ба муносибати зодрӯзи худ дар боғу маконҳои таърихии пойтахт иқдоми ниҳолшинонӣ мегузаронад. Ин дафъа, макони иқдом хона-музейи устод Садриддин Айнӣ интихоб шуд.

Субҳи имрӯз кормандони медиа-гурӯҳи “Азия-Плюс” дар саҳни хона-музейи устод Садриддин Айнӣ 28 бех ниҳоли санавбар шинониданд, ки ин чун рамзи 28 соли фаъолияти софдилона ва пурсамари оҷонсӣ дар роҳи таъмини ҷомеа бо иттилои саҳеҳ, дақиқ ва беғараз ҳам барои ҷовидона мондани ин санаи таърихӣ ва ҳам ҳифзи муҳити зист ва сарсабзии пойтахти кишвар кори муҳим аст.

Пас аз маъракаи ниҳолшинонӣ аз ҷониби кормандони хона-музей барои аҳли гурӯҳи “Азия-Плюс” экскурсияи махсус ба хона-музейи Садриддин Айнӣ  ташкил гардид. Дар экскурсия кормандони медиа-гурӯҳро Эраҷ Айнӣ, набераи устод Айнӣ ҳамроҳӣ карда, аз саргузашти бобояш қиссаҳои ҷолиб нақл намуд.

Имрӯз хона-музейи устод дар шаҳри Душанбе макони муҳими таърихӣ ба шумор меравад ва ободонии ин мавзеъву бузургдошти Айнӣ, бешак, амали хайр ва бештар аз ин, арҷгузорӣ ба аҷдодону қаҳрамонҳо ва гузаштаи пурифтихори хеш аст.

2 сол қабл, дар ҷашни 26-солагии худ низ гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” иқдоми ниҳолшинонӣ гузаронида буд. Он навбат, ниҳолҳо дар “Боғи ҷавонон” дар назди “шаҳраки донишҷӯён” шинонида шуданд.

Расо 28 сол пеш, 2-юми апрели соли 1996 аввалин варақаи таҳлилӣ-хабарии Оҷонсии иттилоотии “Азия-Плюс” нашр шуд, ки минбаъд таҳкурсии ҳафтаномаи мустақил ва медиа-гурӯҳи бузургу ҳамқадами замон гардид. Дар урфият мегӯянд, ки шахс дар ҳаёташ бояд се амалро ба анҷом расонад: хона созад, фарзанд ба воя расонад ва дарахт шинонад. Хонаи “Азия-Плюс” имрӯз побарҷост, фарзандонаш дар тамоми гӯшаҳои олам кор мекунанд ва ниҳолҳояш дар авҷи сабзишанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.