Забонхат ва ҷарима барои идгардак. Намояндагони додситонӣ аз волидон хостаанд, фарзандашонро беназорат нагузоранд

Намояндагони додситонии кишвар аз волидоне, ки фарзандашон дар макотибу боғчаҳои кишвар таҳсилу тарбия мегиранд, хостаанд, ба фарзандашон иҷозаи идгардад надиҳанд. Дар баъзе муассисаҳои таълимӣ аз волидон бо ин мазмун ҳатто забонхат гирифтаанд. Мавзуна, яке аз волидоне, ки фарзандаш дар Литсей барои хонандагони болаёқати пойтахт таҳсил мекунад, зимни суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, намояндагони додситонӣ аз онҳо […]

Asia-Plus

Намояндагони додситонии кишвар аз волидоне, ки фарзандашон дар макотибу боғчаҳои кишвар таҳсилу тарбия мегиранд, хостаанд, ба фарзандашон иҷозаи идгардад надиҳанд. Дар баъзе муассисаҳои таълимӣ аз волидон бо ин мазмун ҳатто забонхат гирифтаанд.

Мавзуна, яке аз волидоне, ки фарзандаш дар Литсей барои хонандагони болаёқати пойтахт таҳсил мекунад, зимни суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, намояндагони додситонӣ аз онҳо хостаанд, ки дар рӯзи иди Рамазон фарзандашонро беназорат нагузоранд ва барои идгардак иҷозат надиҳанд.

“Дар ҷаласае, ки дар Литсей баргузор шуд, намояндагони додситонӣ гуфтанд, “агар фарзандатон ба идгардак равад ва дар рейд боздошт шавад, волидон тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ҷарима мешаванд”,-гуфт Мавзуна.

Яке аз волидони дигаре, ки фарзандаш дар мактаби №60-и пойтахт таҳсил мекунад, гуфт, бо онҳо муаллима сӯҳбат карда, барои беназорат нагузоштани фарзандаш дар рӯзи иди Рамазон, забонхат гирифтааст.

Ӯ мегӯяд, дар забонхати имзокарда мафҳуми “идгардак” зикр нагардида, мазмуни он чунин буд:

“Дар иди мубораки “Рамазон” фарзанди худро бе назорат нагузоред ва дар ҳолати риоя накардани ин талабот, тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба ҷавобгарӣ ҷалб мешавед”.

Ҳамчунин, волидони дигар ҳам тасдиқ карданд, ки дар боғча бо онҳо мулоқот доир шуда, барои пешгирӣ аз иштироки фарзанд дар идгардак, ҳушдор дода шудааст.

Мақомоти додситонӣ баргузории мулоқотҳо ва ҳушдор аз иштирок дар идгардакро шарҳ надодаанд. Кӯшишҳои мо ҳам барои дастрас кардани маълумот аз ин ниҳод бесамар анҷомид.

Аммо дар Раёсати мориф ва илми Вазорати маоориф ва илм дар шаҳри Душанбе ба “Азия-Плюс” баргузории мулоқотҳо ва ҳушдор аз иштирок дар идгардакро рад карда, гуфтанд, дар ин замина ба онҳо ягон шикоят ё муроҷиат ворид нашудааст.

“Шояд мақсад танҳо беназорат нагузоштани фарзандон ва пешгирӣ аз ҳолатҳои нохуб бошад”, – гуфтанд аз ин Раёсат.

Бояд гуфт, ки маъмулан дар идҳои Рамазон ва Қурбон кӯдакон аз субҳ ба хонаҳои хешовандону ҳамсояҳо барои табрик мераванд ва ҳар гуна тӯҳфа мегиранд. Ин одат бештар аз марказ ва ҷануби Тоҷикистон маъмул буда, номи онро идгардак мегӯянд.

Идораҳои динии Тоҷикистон бори нахуст соли 2017 мухолифи исрофкорӣ ва идгардак изҳори назар карданд.

Он замон Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон изҳор дошт, ки расми идгардак дар ҳадисҳои динӣ зикр нашуда, гузашта аз ин, барои кӯдакон хатарнок ҳам ҳаст: онҳо ба ҷойҳои ношинос мераванд, аз роҳҳои мошингард мегузаранду дар хонаҳои баландошёна равуо мекунанд.

Вале бархе аз сокинон бар ин боваранд, ки танзими маросими идгардак дар кишвар номумкин аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио