Шӯрои уламо: шаби 5 ба 6 апрел “Шаби қадр” аст

Шаби қадр, шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон аст, имсол ба шаби 5 ба 6-уми апрел рост меояд. Дар ин бора аз Шӯрои уламои Тоҷикистон хабар доданд. "Шаби қадр" беҳтарин шаб барои ибодат буда, дар он дуову ибодат зуд иҷобат меёбад. Худованд дар бораи "Шаби қадр"  мефармояд: «Мо ин (қуръон)-ро дар шаби қадр нозил фармудем […]

Asia-Plus

Шаби қадр, шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон аст, имсол ба шаби 5 ба 6-уми апрел рост меояд. Дар ин бора аз Шӯрои уламои Тоҷикистон хабар доданд.

"Шаби қадр" беҳтарин шаб барои ибодат буда, дар он дуову ибодат зуд иҷобат меёбад.

Худованд дар бораи "Шаби қадр"  мефармояд:

«Мо ин (қуръон)-ро дар шаби қадр нозил фармудем ва ту чи донӣ, ки шаби қадр чист? Шаби қадр, бешак, аз ҳазор моҳ беҳтар аст. Фариштагон ва Рўҳ (ҷабраил) дар он шаб барои ҳар коре ба амри Парвардигорашон фуруд меоянд (ва) он (шаб) то дамидани субҳ салому осоиш аст».

Ин сураи қуръон бо номи «қадр» номгузорӣ ва барои баёни фазилатҳои шаби қадр нозил гардидааст, шабе, ки алтофи бепоёни Парвардигори олам бар бандагони рӯзадораш фуруд меоянд ва онҳоро дар зери пӯшиши лутфу навозишҳои худ қарор медиҳад.

Дар ин сура ба чаҳор хусусият ва фазилати шаби қадр ишора шудааст: 1. Нузули қуръони карим дар ҳамин шаб оғоз гардидааст, 2. Он шаб аз ҳазор моҳ беҳтар мебошад, 3. Фариштагон ва ҳазрати ҷабраил (ъ) дар он шаб барои анҷоми корҳои муайяне бо амри Парвардигор ба замин меоянд. 4. Он шаб то саҳар дар сар то сари олами офариниш садои салому дуруди офаридагони Худованд баланд мешавад ва дар он то субҳ нуру баракат ва амну осоиш ҳукмфармост. Шабест, ки дар он ҷашни ҳамагонӣ дар сар то сари олам баргузор мегардад.

Шаби қадр дар назди Худованд аз ҳазор моҳ беҳтар ва боарзиштар аст. Шабе аст, ки дар миёни осмону замин ва башарият бо олами улвӣ ва фариштагон робитаи бевоситае барқарор гардид ва дар он нузули қуръон бар дили поки охирин Паёмбари Худо ҳазрати Муҳаммад (с) оғоз гардид.

Дар китоби “Тарҷумону-л-қуръон”-и ҷурҷонӣ “шаби қадр шаби андоза кардани корҳо” гуфта шудааст.

Соҳиби “Кашшофу истилоҳоти-л-фунун” оварда: “Шаби қадр шабест бо иззату шараф, ки ҳар кас дар он тоат кунад, азизу мушарраф гардад”.

Шабе аст, ки ҷаҳони ҳастӣ бо шодмонии нотакроре онро пешвоз гирифт ва ҳодисаеро бо он азамат ва шукуҳ ҳаргиз надида буд.

Манбаъ: Маҷаллаи "Дин ва ҷомеа"

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.