Эрдуғон вуруди шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Туркия бидуни раводид манъ кард

Туркия реҷаи сафари бе раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистонро манъ кард. Дар ин бора фармони сарвари давлати Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон содир шудааст. Тавре ки ТАСС хабар медиҳад, санад дар нашрияи расмии ҳукумат Resmi gazete нашр шуда, аз замони чопи он дар ин нашрия мавриди амал қарор мегирад. “Қарор шуд, ки реҷаи сафари бе раводид ба […]

Asia-Plus

Туркия реҷаи сафари бе раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистонро манъ кард. Дар ин бора фармони сарвари давлати Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон содир шудааст.

Тавре ки ТАСС хабар медиҳад, санад дар нашрияи расмии ҳукумат Resmi gazete нашр шуда, аз замони чопи он дар ин нашрия мавриди амал қарор мегирад.

“Қарор шуд, ки реҷаи сафари бе раводид ба Туркия барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки шиносномаҳои оддии хориҷӣ доранд, манъ карда шавад”, – зикр мешавад дар фармон.

Гуфта мешавад, ин тадбир бар асоси қонун дар бораи хориҷиён ва ҳифзи байнулмилалӣ рӯйи даст гирифта шудааст.

Қаблан расонаҳои Туркия навишта буданд, ки пештар аз амали террористӣ дар “Крокус Сити Холл” ду гумонбаршудаи ин амал – зодагони Тоҷикистон Фаридун Шамсиддин ва Саидакрам Раҷабализода аз Туркия боздид карда буданд.

Раҷабализода 5 январи соли 2024 ба Туркия омадааст. Тибқи маълумоти ВАО, онҳо ҳамроҳ дар як ҳавопаймо рӯзи 2 март ба Маскав баргаштаанд.

То 5 апрел ба гумони даст доштан дар ҳамла ба “Крокус” 11 нафар ба ҳабс гирифта шудаанд, ки бисёре аз онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Пас аз амали террористӣ дар “Крокус” Туркия нисбати ҷонибдорони “Давлати исломӣ” (ДОИШ), ки масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифтанд, якчанд санҷишу рейдҳо анҷом дод.

Газетаи Hürriyet хабар дода буд, ки миёни боздоштшудагон шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон Фозилҷон А. ҳузур дошт, ки ҳамроҳи зани 41-солаи шаҳрванди Қирғизистон Зулфия С. ҳамла дар Туркияро омода мекарданд.

Шаҳрванди Тоҷикистон номи рамзӣ ё худ лақаби Абӯ Исмоил дошта, бояд иҷрокунандаи ҳамла мешуд. Зани қирғизистонӣ бояд ба ӯ ёрӣ мерасонид. Ҳарду ҳам муддати тӯлонӣ дар сафҳои ДОИШ қарор доштанд.

Фозилҷон ба ҳабс гирифта шуда, нисбати Зулфия тасмим гирифта шуд, ки аз кишвар хориҷ карда шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.