Султон Валиев – вакили пешини парлумону раиси Ховалингу Восеъ даргузашт

Султон Валиев, собиқ вакили парлумон ва раиси пешини ноҳияҳои Ховалингу Восеъ дирӯз, 28-уми май, дар 72-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт. Дар ин бора яке аз пайвандонаш ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод. Омили марги Султон Валиев маълум нест. Ӯро зуҳри имрӯз, 29-уми май, дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе (масҷиди калонтарини Тоҷикистон) ҷаноза мекунанд ва дар яке […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Султон Валиев, собиқ вакили парлумон ва раиси пешини ноҳияҳои Ховалингу Восеъ дирӯз, 28-уми май, дар 72-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт. Дар ин бора яке аз пайвандонаш ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Омили марги Султон Валиев маълум нест. Ӯро зуҳри имрӯз, 29-уми май, дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе (масҷиди калонтарини Тоҷикистон) ҷаноза мекунанд ва дар яке аз қабристонҳои пойтахт ба хок месупоранд.

Султон Валиев 5-уми марти соли 1952 дар ноҳияи Ховалинг ба дунё омада, риштаи физикаи Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб ва риштаи иқтисодии Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Султон Валиев солҳои 1995-2000 вакили Шӯрои олии Тоҷикистон ва аз соли 2000 ҳамчун вакил аз ҳавзаи №33 Қумсангир вакили Маҷлиси намояндагон буд.

Ӯ аз парлумон бо фармони президент раиси ноҳияи Ховалинг таъйин шуда, рафт ва то соли 2006 дар зодгоҳаш кор кард.

Баъдан Султон Валиев дар мақоми муовини вазири кишоварзӣ кор карда, сипас раиси ноҳияи Восеъ таъйин шуд ва то соли 2013 дар ин вазифа фаъолият намуд.

Султон Валиев ҳамчунин вакили Маҷлиси миллӣ буд.

Гуфтан ба маврид аст, ки Султон Валиев дар авоили солҳои 2000 дар як садама маҷруҳ гардида, маъюби гуруҳи 2 шуда буд.

Марҳум бо ордени “Шараф” – дараҷаи 1 ва медали “20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардидааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.