Владимир Путин гуфт, робита бо Толибон зарур аст

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ҳам робита бо Толибонро* амри зарурӣ донист. Ба ӯ чанд ниҳоди расмии давлаташ пешниҳод кардаанд, ки ин гурӯҳро аз феҳристи созмонҳои мамнӯъ дар Русия хориҷ кунад. Ин барои эътирофи ҳукумати Толибон роҳ боз мекунад. Ба навиштаи хабаргузории “Известия” Владимир Путин дирӯз, 28-уми май, вақте дар шаҳри Тошканд бо хабарнигорон сӯҳбат […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ҳам робита бо Толибонро* амри зарурӣ донист. Ба ӯ чанд ниҳоди расмии давлаташ пешниҳод кардаанд, ки ин гурӯҳро аз феҳристи созмонҳои мамнӯъ дар Русия хориҷ кунад. Ин барои эътирофи ҳукумати Толибон роҳ боз мекунад.

Ба навиштаи хабаргузории “Известия” Владимир Путин дирӯз, 28-уми май, вақте дар шаҳри Тошканд бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфтааст, ки барқарории равобит бо Толибон зарур аст.

Путин гуфтааст, дар Афғонистон мушкилоти зиёде вуҷуд дорад ва инкори он ғайриимкон аст, аммо воқеият ин аст, ки айни замон идораи Афғонистон дар дасти Толибон мебошад.

“Бояд бо таваҷҷӯҳ бо ин воқеият амал кард ва равобити худро муносиб бо он танзим кард. Ин ки чӣ гуна бо онҳо робита барқарор кард, пурсиши дигаре аст, аммо ба наҳве бо онҳо бояд робита дошта бошем”, – гуфтааст Владимир Путин.

Путин зикр кардааст, ки дар ин самт “Русия бо бисёре аз шарикони худ, аз ҷумла бо шариконаш дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар тамос аст".

“Мо ақида ва назарҳои ҳар як шарик ва дӯстони худро ба назар гирифта, дар иртибот бо ин мавзӯъ ҳамонҳангӣ хоҳем кард”, – таъкид кардааст Путин.

Бояд гуфт, ин бори аввал нест, ки мақомдорони сатҳи болои Русия дар бороа зарурати ҳамкорӣ бо Толибон сухан мекунанд ва аз ин гуруҳ чун зимомдорони воқеии Афғонистон тавсиф менамоянд.

Қаблан Дмитрий Медведев, собиқ раиси ҷумҳур ва сарвазир ва муовини кунунии раиси Шӯрои амнияти Русия гуфта буд, ки “сиёсати замон тағйир кардааст ва барқарории робита бо “Толибон” наздик аст”.

“Ҳоло Толибон дубора сари қудратанд ва мо наздик ҳастем, ки бо онҳо равобити ҳамаҷониба барқарор кунем”, – гуфта буд Медведев.

Ду рӯз пештар Замир Кабулов, намояндаи президенти Русия дар масоили Афғонистон аз эҳтимоли қавии ихроҷи номи Толибон аз феҳристи созмонҳои дар ин кишвар мамнуъ хабар дода буд. Ба гуфтаи ӯ, ин маротиба ду ниҳоди давлатии Русия – Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати адлия ба Владимир Путин, раиси ҷумҳур пешниҳод кардаанд, ки номи ҷунбиши исломии Толибон аз феҳристи созмонҳои мамнуъ бардошта шавад.

Ба қавли ин дипломати рус, эътирофи ҳукумати Толибон нисбат ба рӯзҳои аввали ба қудрати Афғонистон расидани ин гурӯҳ наздиктар шудаааст, аммо бо ин ҳам “баъзе масъалаҳое ҳастанд, ки бояд бартараф карда шаванд”. Мушаххасан кадом масоил бояд ҳал шаванд, зикр нагардидааст.

Замир Кабулов қаблан таъкид карда буд, ки “Толибон айни ҳол душмани Русия нестанд”.

Чаро Русия мехоҳад “Толибон”-ро аз рӯйхати террористон барорад?  Лағви номи Толибон аз рӯйхати созмонҳои террористӣ чӣ паёмад дорад ва  то кадом андоза ба амнияти минтақа, аз ҷумла Осиёи Марказӣ таъсир хоҳад гузошт? Ба ин саволи “Asia-Plus” чанде пеш коршиносон дар посух дода буданд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – «Афғонистон» бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.