“Шаҳри бехатар” дар Бохтар. Он имкони шинохти ҷинояткоронро низ хоҳад дошт

Дар шаҳри Бохтар, маркази маъмурии вилояти Хатлон дурбинҳои “Шаҳри бехатар” насб мешаванд. Дар ин бора Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ, сухангӯи раиси вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, ёддошти ҳамкорӣ оид ба амалӣ намудани лоиҳаи “Шаҳри бехатар” ба маблағи 9 – 18 миллион доллар байни ҳукумати шаҳри Бохтар ва шарикони рушд бо ҷалби сармояи мустақими […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Дар шаҳри Бохтар, маркази маъмурии вилояти Хатлон дурбинҳои “Шаҳри бехатар” насб мешаванд. Дар ин бора Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ, сухангӯи раиси вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, ёддошти ҳамкорӣ оид ба амалӣ намудани лоиҳаи “Шаҳри бехатар” ба маблағи 9 – 18 миллион доллар байни ҳукумати шаҳри Бохтар ва шарикони рушд бо ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ба тасвиб расидааст.

“Шартномаи мазкур барои ҷорӣ намудани назорати ҳаракати воситаҳои нақлиёт, низоми идоракунии видеоӣ, васли таҷҳизоти видеоӣ барои нақлиёти кормандони милитсия ва дигар тадбирҳои бехатарӣ дар шаҳр пешбинӣ шудааст”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Як манбаъ аз ҳукумати ин шарҳ ба “Азия-Плюс” гуфт, барои роҳандозии ин лоиҳа як ширкати қазоқистонӣ масъул гардидааст, аммо аз зикри номи ширкат худдорӣ намуд. Танҳо гуфт, “ин ширкат алакай дар чанде аз шаҳрҳои бузурги Ӯзбекистон чунин лоиҳаро роҳандозӣ кардааст”.

Абдулмаҷид Муминзод, раиси шаҳри Бохтар дар тамоси телефонӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, ки имрӯз масъулин корҳои харитакашии “Шаҳри бехатар”-ро оғоз мекунанд, вале рӯзи дақиқи оғози ин лоиҳа мушаххас нест.

“Дар кадом кӯчаву хиёбонҳои шаҳр чанд дурбин насб карда мешавад, мушаххас шуда истодааст ва пас аз анҷом ва тасдиқи харита насби дурбинҳо оғоз мешаванд”, – гуфт раиси шаҳри Бохтар.

Яке аз навгониҳои лоиҳаро манбаъи “Азия-Плюс” ба имкони симошиносии он рабт дод. Ӯ гуфт, дурбинҳои ин лоиҳа натанҳо қоидавайронкунии воситаи нақлиётро сабт мекунад, балки дар пайдо кардани ҷинояткорон низ кӯмак мерасонад.

Ӯ гуфт, ин лоиҳа ба таври санҷишӣ дар шаҳри Бохтар амалӣ мешавад ва дар сурати муваффақ будани он дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ насб мегардад.

Бояд гуфт, ки дурбинҳои “Шаҳри бехатар” ҳоло дар шаҳрҳои Душанбе ва Хоруғ насб шудаанд. Дар шаҳри Хуҷанд бошад, моҳи майи соли гузашта лоиҳаи “Шаҳри бехатар” таҳия ва барои иҷрои он бо ширкати чинӣ созишнома ба имзо расида, вале то ҳол ба кор шурӯъ накардааст.

Ёдовар мешавем, ки дар Душанбе низоми “Шаҳри бехатар” 31-уми октябри соли 2013 фаъол гардида, ба назорати ҳаракати нақлиёт ва ҳар гуна қоидавайронкуниву қонуншиканӣ машғул аст.

Ҳамасола, ба воситаи “Шаҳри бехатар” қоидавайронкуниву қонуншиканиҳои зиёд ошкору пешгирӣ карда мешавад.

Инчунин, ҳар сол аз ҳисоби ҷаримаи қоидавайронкунҳову қонуншиканҳо тавассути ин низом миллионҳо сомонӣ ба буҷети давлат ворид мешавад. Бархе ронандагон аз ҳолатҳои коррупсионӣ низ дар кори ин низоми назоратӣ шикоят мекунанд.

“Шаҳри бехатар” дар Душанбе чӣ гуна кор мекунад? Дар ин матлаби “Азия-Плюс” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebookInstagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио