Нуриддин Саид: “Барномаҳои танқидӣ ҳаст ва ҳатто телевизиони “Сайёҳӣ…”-ро ҳам огоҳ кардем, ки интиқод кунад”

Нуриддин Саид, раиси Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар таъкид кард, ки дар телевизионҳои кишвар барномаҳои танқидӣ ҳаст. Ӯ ин нуктаро имрӯз, 22-юми июл, зимни нишасти матбуотӣ зикр кард. Нуриддин Саид гуфт, вобаста ба муҳтавони телевизонҳо барномаҳои интиқоди таҳияву пахш мешаванд. Ба қавли ӯ, онҳо ҳатто телевизиони “Сайёҳӣ”-ро ҳам огоҳ кардаанд, […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Нуриддин Саид, раиси Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар таъкид кард, ки дар телевизионҳои кишвар барномаҳои танқидӣ ҳаст.

Ӯ ин нуктаро имрӯз, 22-юми июл, зимни нишасти матбуотӣ зикр кард.

Нуриддин Саид гуфт, вобаста ба муҳтавони телевизонҳо барномаҳои интиқоди таҳияву пахш мешаванд. Ба қавли ӯ, онҳо ҳатто телевизиони “Сайёҳӣ”-ро ҳам огоҳ кардаанд, ки барномаҳои интиқодӣ таҳияву пахш кунад.

“Ман чандин маротиба гуфтам ва боз таъкид мекунам, ки барномаҳои танқидӣ бояд созанда ва барои рафъи мушкилӣ ва инчунин беҳбудӣ ва ислоҳи камбудӣ бошанд”, – иброз дошт раиси Кумита.

Вале Нуриддин Саид аз ягон барномаи танқидӣ дар шабакаҳои давлатӣ мушаххас ном набурд.

Бояд гуфт, ки баҳси адами барномаҳои танқидӣ дар телевизионҳои давлатии Тоҷикистон дар нишастҳои қаблии Кумита низ матраҳ гардида буд ва дар нишасти қаблӣ Нуриддин Саид ба журналистон телевизионҳо гуфта буд, ки аз танқид натарсанд ва барномаҳои интиқодӣ таҳия кунанд.

Иддаои раиси Кумита дар мавриди таҳияву пахши барномаҳои танқидӣ дар ҳолест, ки мунтақидон аз набудани чунин барномаҳо дар шабакаҳои давлатӣ интиқод карда, мегӯянд, телевизионҳои кишвар бештар ба пахши барномаҳои расмиву қолабӣ ва таърифу тавсиф машғуланд ва аз баррасии мавзӯъҳои муҳим канорагирӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳоло дар Тоҷикистон 15 телевизиони давлатӣ ва 18 хусусӣ мавҷуданд. Дар ин миён телевизионҳои давлатӣ, ки аз ҳисоби андози мардум фаъолият мекунанд, аз имкониятҳои васеътаре бархӯрдоранд ва дар тамоми минтақаҳо дастрасанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.