НАВШУДА. Нависандаи халқии Тоҷикистон Мирзо Шакурзода даргузашт

Мирзо Шукурзода, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар синни 75-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора бародари марҳум Обид Шакурзода, донишманди кишвар ба "Азия-Плюс" хабар дод. Ӯ гуфт, бародараш аз дарди ҷигар ранҷ мекашид ва имрӯз дар зодгоҳаш деҳаи Худгифи Сояи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз дунё даргузашт. Маросими ҷанозаи ин нависандаи номошнои тоҷик пагоҳ, 19-уми октябр, соати […]

Asia-Plus

Мирзо Шукурзода, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар синни 75-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора бародари марҳум Обид Шакурзода, донишманди кишвар ба "Азия-Плюс" хабар дод.

Ӯ гуфт, бародараш аз дарди ҷигар ранҷ мекашид ва имрӯз дар зодгоҳаш деҳаи Худгифи Сояи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз дунё даргузашт.

Маросими ҷанозаи ин нависандаи номошнои тоҷик пагоҳ, 19-уми октябр, соати 10:00 дар зодгоҳаш баргузор мегардад.

Ба Мирзо Шукурзода 29-уми августи соли ҷорӣ унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон тақдим гардид.

Шукурзода 1-уми сентябри соли 1649 дар деҳаи Худгифи Сояи ноҳия Кӯҳистони Мастчоҳ ба дунё омадааст. Хатмкардаи бахши рӯзноманигории факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) буда, солҳо дар рӯзномаи "Тоҷикистони Советӣ", интишороти "Адиб" ба фаъолияти журналистӣ ва адабӣ машғул буд.

Муаллифи очерку мақолаву қиссаҳои "Баҳодури Дилварзин", "Ситораҳои рахшанда", "Теғи ҷонбахш" аст.

Зиёда аз 20 китоби илмӣ ва пажӯҳишӣ, аз ҷумла “Тоҷикон дар масири таърих”, “Кӯҳкане аз користони дил”, “Парниёну ҳариру абрешим” (маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ ва публитсистӣ), “Ҷонпайванд” , “Тоҷикон дар қаламрави Ориёно” (30 мақола роҷеъ ба тоҷикон ва таъриху фарҳанги онон), “Ашки сари мижгони ман”, “Тоҷикон, ориёиҳо ва фалоти Эрон”, “Себи Самарқанд”, “Ҳамосаи родмардони Хуросон”, “Кимиёгари дурри дарӣ”, “Размоварони Ҳиндукуш” ва “Тӯшаи умри падар” ба қалами ӯ тааллуқ доранд.

Мирзо Шукурзода бо як қатор унвону ҷоизаҳо, аз ҷумла Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон ва Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ сарфароз гардонида шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.