Яке аз куҳантарин рӯзноманигорони Тоҷикистон Олег Соболев даргузашт

Олег Дмитриевич Соболев – яке аз куҳантарин рӯзноманигорони Тоҷикистон дар шаҳри Волгоград дар 102-солагӣ аз олам чашм пӯшид. Ӯ бо оилааш чанд сол пеш аз Душанбе ба он ҷо кӯчида ва рӯзи 3-юми апрел 101-умин солгарди худро ҷашн гирифта буд. Олег Соболев беш аз 50 сол – аз моҳи марти соли 1959 то 1 январи […]

Asia-Plus

Олег Дмитриевич Соболев – яке аз куҳантарин рӯзноманигорони Тоҷикистон дар шаҳри Волгоград дар 102-солагӣ аз олам чашм пӯшид.

Ӯ бо оилааш чанд сол пеш аз Душанбе ба он ҷо кӯчида ва рӯзи 3-юми апрел 101-умин солгарди худро ҷашн гирифта буд.

Олег Соболев беш аз 50 сол – аз моҳи марти соли 1959 то 1 январи соли 2013 ба ҳайси мухбир ва муҳаррир дар Агентии миллии иттилоотии “Ховар” (қаблан ТоҷикТА) кор кардааст.

Баъд аз он ки Олег Дмитриевич бо сабаби саломатиаш аз журналистика рафт, ӯ ба навиштани китобҳо шурӯъ кард. Бисёре аз асарҳои ӯ ба ҷанг бахшида шудаанд. Дар дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Лаҳистон, кишварҳои назди Балтика, Финляндия, Олмон ва Чехия ҷангидааст.

Солҳои 1950-ум Соболев ба Тоҷикистон омада, дар рӯзномаҳои "Точикистони Сурх", "Комсомолец Таджикистана" ва "Сталинобод" кор кардааст. Ӯ муаллифи чандин китобҳо, аз ҷумла "Ҷанг, Ғалаба, дил, дард", "Дар рӯзҳои муҳосира дар зери Ленинград", "Ба ту, рӯзноманигори ҷавон" ва дигарон мебошад.

Соли 2008 рӯзноманигор пурра биноиро аз даст дод, аммо бо ёрии ҳамсараш боз ҳам панҷ китоб нашр кард.

Барои саҳми назаррас дар рушди фарҳанги Тоҷикистон ба Олег Соболев унвони фахрии "Корманди шоистаи фарҳанг" дода шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.