Сафаралӣ Наҷмиддинов, собиқ вазири молияи Тоҷикистон имрӯз дар 74-солагӣ даргузашт

Дар ин бора аз Вазорати молияи Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода, гуфтанд, ҷанозаи марҳум вақти намози аср дар хонааш, воқеъ дар маҳаллаи Меҳробод (Калинин)-и пойтахт (рӯ ба рӯйи Мактаби байналмилалии президентӣ) баргузор мешавад. Сабаби марги ӯ маълум нест. Сафаралӣ Наҷмиддинов яке аз мансабдороне буд, ки солҳои дароз дар бахши молияи кишвар кор карда, то ба […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Дар ин бора аз Вазорати молияи Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода, гуфтанд, ҷанозаи марҳум вақти намози аср дар хонааш, воқеъ дар маҳаллаи Меҳробод (Калинин)-и пойтахт (рӯ ба рӯйи Мактаби байналмилалии президентӣ) баргузор мешавад.

Сабаби марги ӯ маълум нест.

Сафаралӣ Наҷмиддинов яке аз мансабдороне буд, ки солҳои дароз дар бахши молияи кишвар кор карда, то ба маснади вазирӣ расид. Ӯ барои муддати дароз, аз соли 2000 то соли 2013 вазири молияи Тоҷикистон буд.

Сафаралӣ Наҷмиддинов 20-уми ноябри соли 1951 дар ноҳияи Восеъ ба дунё омадааст. Соли 1973 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст.

Солҳои 1973—1999 дар вазифаҳои гуногун дар Идораи савдои кумитаи иҷроияи Совети депутатҳои халқи шаҳри Душанбе, Вазорати савдо ва захираҳои моддии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 1993—1994 муовини вазири савдо ва захираҳои моддии Тоҷикистон ва солҳои 1994—2000 муовини раиси Кумитаи давлатии қарордод ва савдои Тоҷикистон буд.

Охирин вазифае, ки ӯ кор кардааст, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати ҶТ буд. Ӯ дар ин вазифа аз соли 2013 то соли 2019 кор карда буд.

Ӯ бо ордени Шараф дараҷаи I сарфароз гардида, падари ду фарзанд буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.