Дар Тоҷикистон сатҳи рекордии пасти таваррум ба қайд гирифта шуд

Сатҳи таваррум дар Тоҷикистон дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ 1,8%-ро ташкил дод. Дар ин бора Агентии омори ҷумҳурӣ хабар медиҳад. Аз ҷумла маҳуслоти хӯрокворӣ ба андозаи 2,9%, хидматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ – 3,4% гарон шуда, нархҳо ба маҳсулоти ғайриозуқа дар сатҳи аввали сол боқӣ мондаанд. Дар байни маҳсулоти хӯрокворӣ нархҳо ба сабзавот (26,7%), равған […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Сатҳи таваррум дар Тоҷикистон дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ 1,8%-ро ташкил дод. Дар ин бора Агентии омори ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Аз ҷумла маҳуслоти хӯрокворӣ ба андозаи 2,9%, хидматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ – 3,4% гарон шуда, нархҳо ба маҳсулоти ғайриозуқа дар сатҳи аввали сол боқӣ мондаанд.

Дар байни маҳсулоти хӯрокворӣ нархҳо ба сабзавот (26,7%), равған ва чарбу (5,8%), маҳсулоти гӯштӣ (4,8%), мева (8,0%) ва нӯшокиҳои ғайримашруботӣ (0,9%) ба таври назаррас боло рафтанд. Дар баробари ин нархҳо ба биринҷ (1,4%), шакар (2,5%), тухм (4,4%) ва орд (8,8%) поин рафтаанд.

Миёни маҳсулоти ғайриозуқа поинравии нарх ба маводи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ ба андозаи 12,0%, аз ҷумла бензин – 7,7%, сӯзишвории дизелӣ – 8,5% ва гази моеъ – 19,0% ба қайд гирифта шуданд.

Нарху таърифаҳо (тарифҳо) ба хидматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ ба андозаи 4,7% асосан аз ҳисоби хидматрасониҳо дар соҳаи хӯроки умумӣ ва хидматрасониҳои маишӣ – 1,7% зиёд шуданд.

Мақомоти Тоҷикистон аллакай соли чорум дар бораи сатҳи рекордии пасти таваррум маълумот медиҳанд. Тибқи маълумоти Агентии омор, дар соли 2022 нарху таърифаҳо ба андозаи 4,2%, соли 2023 – 3,8% ва соли 2024 – 3,6% боло рафта буданд. То ин дам сатҳи пасттарини таваррум давоми тамоми солҳои соҳибистқлолӣ танҳо дар соли 2013 ба андозаи 3,7% ба қайд гирифта шуда буд.

Сатҳи ҳадафноки Бонки миллии кишвар, ки ба нигаҳдории сатҳи устувори нархҳои истеъмолӣ машғул аст, дар ҳудуди 5,0% (±2 банди фоизӣ) боқӣ мемонад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.