Tajik Peaks: чӣ тавр кӯҳнавардон қуллаҳои осмонбӯси Тоҷикистонро фатҳ мекунанд

Мавсими сайёҳии касбӣ – фурсати фатҳи қуллаҳои осмонбӯси Тоҷикистон фаро расид. Аввал кӯҳнавардон ба лагери ибтидоии Tajik Peaks, воқеъ дар майдони “Москвин” интиқол мешаванд. Инҷо ҷисми худро ба иқлими хос мутобиқ месозанд. Ва баъд ба фатҳи қуллаҳо шурӯъ мекунанд. Дар лагери Tajik Peaks фазои хос ҳукмфармост. Фишори атмосферӣ дар ин баландӣ паст аст, аз ин […]

Мавсими сайёҳии касбӣ – фурсати фатҳи қуллаҳои осмонбӯси Тоҷикистон фаро расид. Аввал кӯҳнавардон ба лагери ибтидоии Tajik Peaks, воқеъ дар майдони “Москвин” интиқол мешаванд. Инҷо ҷисми худро ба иқлими хос мутобиқ месозанд. Ва баъд ба фатҳи қуллаҳо шурӯъ мекунанд.

Дар лагери Tajik Peaks фазои хос ҳукмфармост. Фишори атмосферӣ дар ин баландӣ паст аст, аз ин рӯ ҳаво сабук буда, одам зуд-зуд нафас мекашад. Ҳаво бошад, рӯзона ҳамагӣ 10-14 дараҷа гарм буда, шабона аз сифр поён мефарояд. Гирду атроф бо барфҳои чандинсола пӯшида шудааст. Ва ҳамаи ин сайёҳонро мафтун мекунад.

 

Тазодди аҷиб – дар пасманзари ин фазои тунд бошишгоҳи муосире ҷой гирифтааст. Он бо ҳама шароитҳои лозимӣ муҳайё аст – рахтҳои хоби бароҳат, ошхона, ҳаммом, оби ошомиданӣ ва ҳатто барқу интернет. Бошишгоҳ ё лагерро чанд сол пеш ширкати Tajik Peaks бунёд намудааст.

Аз ин макон қуллаҳои “Душанбе”, “Озодӣ”, Ибни Сино ва ҳамчунин, қуллаи Исмоили Сомониро фатҳ кардан мумкин аст. Баландии Исмоили Сомонӣ 7495 метр буда, баландтарин қулла дар минтақаи пасошуравӣ аст.

Кӯҳнавардон аз тамоми дунё моҳҳо интизор мешаванд, то қуллаҳои баландтаринро фатҳ кунанд. Мавсим хеле кӯтоҳ аст: ҳамагӣ ду моҳ – июл ва август. Мо аввалин сайёҳонро гусел кардем. Дар пеш бошад чандин гурӯҳҳои дигар интизори сафаранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.