“Баъди бурди Грин-корт ба Амрико рафта буд”. Марги зани 36-солаи тоҷик дар Амрико

Як зани 36-солаи тоҷик дар пайи садама дар Амрико ҷон бохта, се фарзанди ноболиғи ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштаанд. Ҳодиса рӯзи 6-уми феврал дар наздикии шаҳри Скрибнери иёлати Небраска рух додааст. Дар ин бора наздикони марҳум ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Аввалин маротиба дар бораи ҳодиса сомонаи “gofundme” хабар дода буд. Ин зан, ки Дилрабо Азизбекова ном […]

Хушнуда Дӯстова, таҷрибаомӯз дар Asia-Plus

Як зани 36-солаи тоҷик дар пайи садама дар Амрико ҷон бохта, се фарзанди ноболиғи ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштаанд. Ҳодиса рӯзи 6-уми феврал дар наздикии шаҳри Скрибнери иёлати Небраска рух додааст. Дар ин бора наздикони марҳум ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Аввалин маротиба дар бораи ҳодиса сомонаи “gofundme” хабар дода буд.

Ин зан, ки Дилрабо Азизбекова ном бурда мешавад, ҳангоми ҳодиса худ дар сари фармони мошин буда, се фарзандаш низ ҳамроҳаш будаанд. Зан дар ҷойи ҳодиса ҷон бохта, писари 9-солааш бо осеби шадиди мағзи сар дар шуъбаи эҳё қарор дошта, духтари 11-сола ва писари 5-солааш бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон будаанд.

Сабаби садама ва тафсилоти дигари ҳодиса то ҳол маълум нест.

Ба иттилои пайвандонаш, Дилрабо Азизбекова танҳо фарзандонашро ба воя мерасонид ва се моҳ пеш, баъди барандаи бозии бурдноки Грин-корт шудан, барои кору иқомат ба Амрико рафтааст.

Ҳоло барои интиқоли ҷасади ӯ, “табобат ва барқарорсозии кӯдакон, ҳамчунин таъмини  суботи ояндаи кӯдакони ятим” тариқи сомонаи хайривии “gofundme” маблағ ҷамъ меоранд.

Ҳанӯз ҷасади Дилрабо Азизбекова ба Тоҷикистон оварда нашудааст ва маълум нест, ки ӯро кай ба ватан меоранд ва ба хок месупоранд.

Ёдрас мешавем, ки моҳи сентябри соли 2025 Муҳаммадазиз Раҳматзода ном ҷавони 18-солаи тоҷик дар пайи як занозанӣ дар Амрико даргузашт.

Ӯ баъди занозанӣ шаби 14-уми август дар ҷанҷоле дар назди фурӯшгоҳи “WAWA” се ҳафта дар шуъбаи эҳё буд ва баъд даргузашт. Сабаб ва ширкаткунандагони ин задухӯрд то кунун расман эълон нашудаанд.

Бояд гуфт, ба гузориши солонаи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе танҳо соли 2025 танҳо тариқи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷасади 1 ҳазору 585 шаҳрванди Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷа, махсусан Русия  ба кишвар оварда шудааст. Ин теъдод назар ба соли 2024-ум 430 тобут ё 37% бештар аст. Маълум нест, ки аз Амрико ҷасади чанд шаҳрванди Тоҷикистон оварда шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.