Кӯдакон ва занони ҳомила дар зиндони занонаи Норак. Онҳо чӣ шароит доранд?

Ҳоло дар зиндони занонаи шаҳри Норак 11 кӯдаки то сесола ҳамроҳи модарашон нигоҳдорӣ мешаванд. Ҳамчунин, дар байни 471 зан, ки дар ин маҳбас адои ҷазо мекунанд, ду зани ҳомила низ будаанд. Ин иттилоъ рӯзи 9-уми феврал дар нишасти матбуотии Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба рӯзноманигорон гуфта шуд. Ҳусниддин Нидоев, роҳбари гурӯҳи мониторингии назди Ваколатдори […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Ҳоло дар зиндони занонаи шаҳри Норак 11 кӯдаки то сесола ҳамроҳи модарашон нигоҳдорӣ мешаванд. Ҳамчунин, дар байни 471 зан, ки дар ин маҳбас адои ҷазо мекунанд, ду зани ҳомила низ будаанд.

Ин иттилоъ рӯзи 9-уми феврал дар нишасти матбуотии Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба рӯзноманигорон гуфта шуд.

Ҳусниддин Нидоев, роҳбари гурӯҳи мониторингии назди Ваколатдори ҳуқуқи инсон гуфт, рӯзи 13-уми декабри соли 2025 аз ин маҳбас боздид карда, бо шароити нигоҳдории занон, аз ҷумла бахше, ки кӯдакони ноболиғ нигоҳ дошта мешаванд, шинос шудааст.

Ба қавли ӯ, ҳар як кӯдак бо модараш дар ҷойи алоҳида ҷойгир буда, шароити муносиб барои кӯдакон муҳайё аст.

Ҳангоми суҳбат танҳо баъзе занон аз камбуди уребча дар фасли зимистон гуфтаанд ва ба қавли ӯ, аз ҷониби кормандони Ваколатдори ҳуқуқи инсон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба онҳо дастрас карда шудааст.

“Занҳо гуфтанд, ки одатан ба онҳо ин чиз дастрас мешавад, вале бинобар ин ки зимистон асту ҳаво сардтар, бештар ниёз доранд”, – гуфт Нидоев.

Ин масъули Омбудсмен иддао мекунад, ки занҳо шикояти дигаре надоштанд ва барои кӯдакон шароити бозӣ низ муҳайё буда, хӯрока ва дигар мавод низ ба таври кофӣ дастрас аст.

Дар ҳамин ҳол, чанд рӯз пеш Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон гуфта буд, масъулини Кумита чанд моҳ пеш ба дидори занони маҳбус дар зиндони Норак рафтанд ва аз ҷониби занони маҳкумшуда баъзе муроҷиатҳо низ пешниҳод шудаанд. Вале ба таъкиди ӯ, “бархе аз масъалаҳои матраҳшуда аз сӯи занон ба салоҳияти Кумита дохил намешавад”.

Аммо ӯ мушаххас нагуфт, ки муроҷиати занон дар чӣ хусус буд.

Тасдиқи иддаои мақомоти расмӣ тавассути манобеи ғайрирасмӣ ва ё мустақим ғайриимкон аст, чун дар чанд вақти охир намояндагони расонаҳо аз ин зиндон дидан накардаанд.

Ҳоло дар маҳсаби Норак 471 зан адои ҷазо мекунанд. Соле қабл ин рақам ба 483 баробар буд. Гуфта мешавад, ки аксари парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи занон ба ҷиноятҳои иқтисодӣ марбутанд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.