Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбари БОСИ масъалаи лоиҳаи сохтмони “Роғун”-ро баррасӣ кардааст

Рӯзи 14-уми феврал Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Жоу (Тсзоу) Ҷиайи, раҳбари Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (БОСИ) дидору гуфтугӯ кардааст. Дар ин мулоқот, ки ба иттилои расмӣ, дар Душанбе сурат гирифтааст, аз ҷумла, раванди татбиқи лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” ва идомаи таҷдиди нерӯгоҳи “Норак” баррасӣ шудааст. Хадамоти матбуоти раисҷумҳур гуфтааст, ки дар дидори ҷонибҳо дурнамои […]

Asia-Plus

Рӯзи 14-уми феврал Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Жоу (Тсзоу) Ҷиайи, раҳбари Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (БОСИ) дидору гуфтугӯ кардааст. Дар ин мулоқот, ки ба иттилои расмӣ, дар Душанбе сурат гирифтааст, аз ҷумла, раванди татбиқи лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” ва идомаи таҷдиди нерӯгоҳи “Норак” баррасӣ шудааст.

Хадамоти матбуоти раисҷумҳур гуфтааст, ки дар дидори ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энерҷӣ, инфрасохтори нақлиётӣ ва шаҳрӣ, идоракунии захираҳои об, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, рақамикунӣ ва баланд бардоштани самароварии энергетикӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

“Ҷалби маблағгузории дарозмуддат, такмили механизмҳои татбиқи лоиҳаҳо ва таҳкими иқтидори институтсионалӣ зарур дониста шуд”, – омадааст дар хабари расмӣ.

Ба гуфтаи манбаъ, БОСИ “яке аз шарикони муҳими Тоҷикистон дар самти ташаккули инфрасохтори муосир” ва иқтисоди “сабз” мебошад.

Пас аз мулоқот хонум Ҷиайи ба хабарнигорон гуфтааст, ки Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ барномаҳои миллӣ ва минтақавии рушди Тоҷикистонро дастгирӣ карда, мехоҳад дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок саҳмгузор бошад.

Ҳамчунин ӯ таъкид кардааст, ки БОСИ омода аст ҳамкориро дар соҳаҳои калидӣ, аз ҷумла таъмини амнияти энергетикӣ, пайвастагии инфрасохтории минтақавӣ, идоракунии захираҳои об ва рушди инфрасохтори шаҳрӣ ба манфиати аҳолӣ густариш диҳад.

Ба навиштаи хабаргузории давлатии “Ховар” хонум Ҷиайи нақша дорад аз майдони сохтмони НБО-и Роғун боздид намояд, то аз рафти татбиқи лоиҳа аз наздик шинос шуда, ҳамзамон имкониятҳои роҳандозии лоиҳаҳои нави инфрасохториро дар ҳамкорӣ бо ҷониби Тоҷикистон баррасӣ кунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мирсаид Миршакару Зариф Ализода ва Рустами Ваҳҳобу Ҳафиз Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон.