Қатъи фаъолияти беш аз 12,6 ҳазор соҳибкорон дар ним сол

Давоми 6 моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 12,6 ҳазор субъектҳои хорҷагидорӣ дар Тоҷикистон ба фаъолияти худ хотима бахшиданд. Бино ба иттилои Агентии омори ҷумҳурӣ, аз ҷумла 460 шахсони ҳуқуқӣ (ширкату корхонаҳо) ва ҳудуди 12,2 ҳазор соҳибкорони инфиродӣ фаъолияти худро қатъ намуданд. Аз ин шумор 463 соҳибкорони инфиродӣ тибқи гувоҳнома (шаҳодатнома) ва беш аз 10,3 ҳазор […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Давоми 6 моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 12,6 ҳазор субъектҳои хорҷагидорӣ дар Тоҷикистон ба фаъолияти худ хотима бахшиданд.

Бино ба иттилои Агентии омори ҷумҳурӣ, аз ҷумла 460 шахсони ҳуқуқӣ (ширкату корхонаҳо) ва ҳудуди 12,2 ҳазор соҳибкорони инфиродӣ фаъолияти худро қатъ намуданд.

Аз ин шумор 463 соҳибкорони инфиродӣ тибқи гувоҳнома (шаҳодатнома) ва беш аз 10,3 ҳазор соҳибкорони ифниродӣ мувофиқи патент фаъолият мекарданд.

Инчунин 1357 хоҷагиҳои деҳқонӣ барҳам дода шуданд.

Шумори субъектҳои хоҷагидории амалкунанда ба ҳолати 1 июли соли равон 333 ҳазор ададро ташкил дод, аз ҷумда 35,5 ҳазор – шахсони ҳуқуқӣ ва 298 ҳазор – соҳибкорони инфиродӣ.

Теъдоди умумии субъектҳои хоҷагидорӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 1,8% ё худ 6 ҳазор адад афзуд.

Шумори соҳибкорони инфиродии амалкунанда нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 6,3 ҳазор адад зиёд шуд, аз ҷумла соҳибкорони ифиродии тибқи гувоҳнома фаъолиятдошта – 1,4 ҳазор адад ва хоҷагиҳои деҳқонӣ – 5,2 ҳазор адад афзуда, теъдоди соҳибкорони инфиродии мувофиқи патент амалкунанда 357 адад кам шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.