Садама дар роҳи Сангвор-Душанбе 4 кушта бар ҷой гузошт

Бар асари садамаи нақлиёт, ки рӯзи 3 август дар роҳи мошингарди Сангвор – Душанбе рух дод, 4 нафар ба ҳалокат расиданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҳангоми ҳаракат ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, сокини 30-сола ноҳияи Сангвор (собиқ Тавилдара) Хӯҷавалӣ Комилов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, он ба ҷуқурии 70 метра сарозер мешавад. […]

Бар асари садамаи нақлиёт, ки рӯзи 3 август дар роҳи мошингарди Сангвор – Душанбе рух дод, 4 нафар ба ҳалокат расиданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҳангоми ҳаракат ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, сокини 30-сола ноҳияи Сангвор (собиқ Тавилдара) Хӯҷавалӣ Комилов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, он ба ҷуқурии 70 метра сарозер мешавад.

Гуфта мешавад, дар натиҷа худи ронанда, падари 65-сола ва бародари 24-солааш, инчунин боз як мусофири автомашина дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуда, ду мусофири дигари он бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шуданд.

Тибқи маълумоти ВКД Тоҷикистон, давоми 6 моҳи соли равон дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ бар асари ҳодисаҳои садамаи нақлиёт 151 кас ба ҳалокат расида, 516 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.