Бонки ҷаҳонӣ баҳри беҳбуди роҳҳои Осиёи Марказӣ $131 млн медиҳад

Мудирони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ маблағгузории грантиро барои марҳилаи чоруми “Барномаи беҳбуди роҳҳои Осиёи Марказӣ” тасдиқ карданд. Дар маълумоти намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар ин робита гуфта мешавад, амалисозии лоиҳа ба густариши савдои фаромарзӣ ва беҳбуди робита тариқи роҳҳои мошингард мусоидат мекунад. Маблағгузории лоиҳа аз ҷониби Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд 131 млн доллар) ва Фонди трастӣ барои Барномаи […]

Мудирони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ маблағгузории грантиро барои марҳилаи чоруми “Барномаи беҳбуди роҳҳои Осиёи Марказӣ” тасдиқ карданд.

Дар маълумоти намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар ин робита гуфта мешавад, амалисозии лоиҳа ба густариши савдои фаромарзӣ ва беҳбуди робита тариқи роҳҳои мошингард мусоидат мекунад.

Маблағгузории лоиҳа аз ҷониби Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд 131 млн доллар) ва Фонди трастӣ барои Барномаи робита ва савдо дар Осиё (1 млн доллар) амалӣ мегардад.

“Тоҷикистон бо имконияти маҳдуд дар минтақаи баландкӯҳ ҷойгир буда, роҳи баромадан ба баҳрро надорад, ки дар натиҷа ба хароҷоти зиёдтарин дар Осиёи Марказӣ вобаста ба нақлиёт ва савдо дучор мешавад”, – таъкид доштааст роҳбари намояндагии доимии Бонки ҷаҳонӣ дар ҶТ Ян-Петер Олтерс.

Ӯ изҳори итминон кардааст, ки маҷмӯи тадбирҳои сармоягузорӣ ба зерсохтори нақлиётӣ ва таҷдиди расмиёти гумрукӣ ба Тоҷикистон дар ташкили бозорҳои содиротӣ кумак карда, барои корхонаҳои хусусӣ ва аҳолии ҷавону дар ҳоли афзоиш қарордоштаи кишвар имкониятҳои нав фароҳам меоварад.

Ҳадафи марҳилаи чоруми “Барномаи беҳбуди роҳҳои Осиёи Марказӣ” аз беҳтар кардани алоқаи Тоҷикистон тариқи роҳҳои автомобилгард ва тавсеъаи имконот баҳри савдои фаромарзӣ, инчунин тақвияти субот ва бехатарии зерсохтори роҳҳо дар вилояти Суғд ва ВМКБ иборат аст.

Дар доираи татбиқи лоиҳа барои таъмиру барқарор кардани зиёда аз 50 километр роҳ дар чор қитъаи вилояти Суғд: Бекобод (қаламрави Ӯзбекистон) – Куркат, Деҳмой – Ғафуров, Ғафуров – Хистеварз ва Кучкак – Конибодом маблағгузорӣ сурат мегирад.

Ҳамчунин дар лоиҳа дастгирӣ аз сохтмони пули Хоруғ ва нақбу галереяҳо (пешайвонҳо) ва пулҳо дар атрофи деҳаи Барсем дар шоҳроҳи Помир дар ВМКБ, ки ба офатҳои табиӣ хеле осебпазир аст, пешбинӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.