“Устоҳои бомпӯш” пиразани нафақахӯрро ғорат карданд

Онҳо ошкоро ба хонаи сокини 72-солаи шаҳри Душанбе ворид мешаванд ва ӯро лату кӯбу дасту пойҳояшро баста, пул ва чизҳои арзишмандашро дуздидаанд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, кормандони милитсияи пойтахт се тан аз сокинони шаҳри Душанберо ба гумони роҳзанӣ ва ғорати пиразани нафақахӯр боздошт карданд. Гуфта мешавад, санаи 10-уми […]

Онҳо ошкоро ба хонаи сокини 72-солаи шаҳри Душанбе ворид мешаванд ва ӯро лату кӯбу дасту пойҳояшро баста, пул ва чизҳои арзишмандашро дуздидаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, кормандони милитсияи пойтахт се тан аз сокинони шаҳри Душанберо ба гумони роҳзанӣ ва ғорати пиразани нафақахӯр боздошт карданд.

Гуфта мешавад, санаи 10-уми июл ба мақомоти милитсия хабари фаврӣ оид ба ворид гаштани як гурӯҳ ҷавонон ба манзили истиқоматии Роҳила Дадабоева дар кӯчаи Нусратулло Махсум ворид гардид, ки номбурдагон соҳибхоназанро зери лату кӯб қарор дода, маблағҳои зиёди пулиашро рабудаанд.

“Онҳо худро ҳамчун устои бомпӯши хона муаррифӣ намуда, ба тариқи ошкоро ба манзили истиқоматии пиразан ворид шудаанд, – омадааст дар маълумот. – Сипас ӯро зери лату кӯб қарор дода, ҳамзамон бо рӯймол дасту пояшро бастаанд ва ашёҳои манзили истиқоматиро парешону маблағҳои пулии ҷабрдидаро рабудаанд”.

Зикр мегардад, ки аз рӯйи ин далел шаҳрвандон Холиқов Абдухолиқ Аюдураҳимовичи 33-сола, қаблан се бор судшуда; Исоев Фаромарз Азамшоевичи 33-сола ва Лоиқов Муҳаммалшоҳ Хайруллоевичи 24-сола боздошт шудааанд. Нисбат ба онҳо мутобиқи моддаи 249 КҶ ҶТ (Роҳзанӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот ҷараён дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.