Таҳқиқот: Дар Тоҷикистон рушди логистика начандон қаноатбахш аст

Дар пасманзари афзоиши сохтмони анборҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон аз лиҳози ба истифода додани анборҳои нав қафо мемонад, гуфта мешавад дар таҳқиқоти NF Group. Айни ҳол дар кишвар ҳамагӣ тақрибан дар 10 ҳазор метри мураббаъ биноҳои анбор мавҷуданд, ки барои нигаҳдории маҳсулоти ғизоӣ ва борҳои гумрукӣ истифода мешаванд. Дар семоҳаи сеюми соли 2024 дар […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар пасманзари афзоиши сохтмони анборҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон аз лиҳози ба истифода додани анборҳои нав қафо мемонад, гуфта мешавад дар таҳқиқоти NF Group. Айни ҳол дар кишвар ҳамагӣ тақрибан дар 10 ҳазор метри мураббаъ биноҳои анбор мавҷуданд, ки барои нигаҳдории маҳсулоти ғизоӣ ва борҳои гумрукӣ истифода мешаванд.

Дар семоҳаи сеюми соли 2024 дар Тоҷикистон ягон иншооти нави анбор ба истифода дода нашуда, ҷойҳои холии сохтмони анборҳо вуҷуд надоранд. Бо вуҷуди ин, вобаста ба зиёд шудани талабот ба инфрасохтори марбут ба анборҳо, ҳукумати кишвар фаъолона ба рушди бозори логистика машғул аст.

Солҳои наздик дар доираи долони иқтисодии Шимкент – Тошканд – Хуҷанд бо дастгирии Бонки осиёии рушд дар Хуҷанд таъсиси Маркази минтақавии логистика ва савдо дар назар аст. Ҳамчунин дар масъалаи ташкили марказ (хаб)- логистикӣ бо Арабистони Саудӣ ҳамкорӣ ҷараён дорад.

Дар давраи солҳои 2024-2025 лоиҳаҳои се маҷмааи нави анборҳо муаррифӣ шудааст, ки тибқи нақшаҳо, анборҳои ҳарораташон паст ва майдони умумии беш аз 50 ҳазор метри мураббаъро дарбар хоҳанд гирифт.

Тибқи таҳқиқоти NF Group, аз рӯи суръати ба истифода додани анборҳои нав Қазоқистон ва Ӯзбекистон дар минтақа пешсафанд. Дар давоми 9 моҳи соли 2024 дар Қазоқистон 271 ҳазор метри мураббаъ ва дар Ӯзбекистон – 121 ҳазор метри мураббаъ биноҳои анборҳои нав ба истифода дода шудаанд.

Дар Қирғизистон бозори амволи анборҳо маҳдудтар буда, асосан дар Бишкек ҷойгир шудааст. Бо вуҷуди ин, нархҳои баланди иҷора ва набудани майдонҳои холӣ ба рушди лоиҳаҳои нав аз қабили Asia Park ва Маркази Батир Логистик мусоидат мекунанд.

Тибқи хулосаи коршиносони NF Group, барои бартараф намудании норасоии инфрасохтор дар Қирғизистон ва Тоҷикистон сармоягузориҳои зиёде лозиманд. Дастгирии давлат ва ҷалби ширкатҳои байналмилалӣ барои устуворӣ ва рушди бозори амволи анборҳо дар ин кишварҳо омили муҳим хоҳанд буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.