Дилшод Саидмуродов, гумонбари асосӣ дар дуздиву куштори Шуҳрат Исматуллоев боздошт ва ба Душанбе оварда шуд

Дилшод Саидмуродов (Дилшоди “СБ” ё Дилшоди “Красавчик”), гумонбари асосӣ дар дуздиву куштори Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси бонки “Ориёнбонк” боздошт ва ба Душанбе оварда шудааст. Ин маълумотро як манбаъ аз мақомоти қудратии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” тасдиқ кард. Аммо мақомот расман ҳеҷ иттилое дар бораи Дилшод Саидмуродов ироа накардаанд. Қаблан Додситонии куллии кишвар гуфта буд, Дилшод Саидмуродов […]

Дилшод Саидмуродов (Дилшоди “СБ” ё Дилшоди “Красавчик”), гумонбари асосӣ дар дуздиву куштори Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси бонки “Ориёнбонк” боздошт ва ба Душанбе оварда шудааст.

Ин маълумотро як манбаъ аз мақомоти қудратии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” тасдиқ кард. Аммо мақомот расман ҳеҷ иттилое дар бораи Дилшод Саидмуродов ироа накардаанд.

Қаблан Додситонии куллии кишвар гуфта буд, Дилшод Саидмуродов роҳбари гуруҳи муташаккили ҷиноятие буд, ки 23-юми июни соли 2023 Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси бонки “Ориёнбонк”-ро рабуда, дар яке деҳаҳои ноҳияи Варзоб “бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ, электрошокер, автофен ва дигар таҷҳизотҳо таҳти шиканҷа қарор дода, ба қатл расонидаанд”.

Чанде пеш Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дода буд, ки зимни як мулоқот аз аъзоёни Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Русия ва роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони ин кишвар хостааст барои боздошти Дилшод Саидмуродов бо мақомоти Тоҷикистон ҳамкорӣ кунанд.

Ҳамчунин, барои ҳамкорӣ дар боздошт Дилшод Саидмуродов мукофотпулӣ ваъда карда буд.

Пештар аз ин, дафтари матбуоти ВКД ҳам хабар дода буд, ки Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон зимни мулоқоти худ бо ҳамтои русаш масъалаи боздошти Дилшод Саидмуродовро баррасӣ намудааст.

Ба ақидаи мақомоти тоҷик, Дилшод Саидмуродов пас аз содир кардани ҷиноят ба Русия фирор кардааст. Ҳамроҳ бо ӯ, шарики дигари ҷиноят Акбар Аҳмадов (Ахмедов) ҳам ба Русия фирор кардааст.

Чанде пештар Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дод, ки Акбар Аҳмадов дар боздоштгоҳи Тоҷикистон аст.

Аз ин пештар Додситонии кулли кишвар аз боздошту истирдоди як нафар гумонбари дигари рабудани қатли Шуҳрат Исматуллоев бо номи Бахтовар Сафарови 28-сола аз Туркия хабар дода буд.

Он замон Додситонии кулл навишт, ки дар умум 13 аъзои гуруҳи ҷиноятӣ, ки дар қазияи рабудани муовини раиси “Ориёнбонк” даст доштанд, дастгир шудаанд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки қаблан Рустам Ашӯров, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар рабудани куштори Шуҳрат Исматуллоев гумонбар мешуд, дар фурудгоҳи Кишинёви Молдова як марзбон ва як афсари амниятро ҳадафи тир қарор дода, чанд нафарро захмӣ кард ва дар ҷараёни амалиёти безараргардонӣ захмӣ шуда ба беморхона интиқол ёфт. Чанде пас ӯ даргузашт.

Ёдовар мешавем, ки Шуҳрат Исматуллоев 23-уми июни соли 2023 дар маркази пойтахти кишвар шаҳри Душанбе рабуда шуд. Баъдтар Додситонии куллии кишвар иттилоъ дод, ки Шуҳрат Исматуллоевро як гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ рабудааст ва дар яке деҳаҳои ноҳияи Варзоб “бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ, электрошокер, автофен ва дигар таҷҳизотҳо таҳти шиканҷа қарор дода, ба қатл расонидаанд.” Ба қавли ин ниҳод, ҷасади бонкирро ба дарёи Зарафшон партофтаанд.

Пас аз беш аз як моҳи ҷустуҷӯ, Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишвар дар нишасти матбуотии ахир гуфт, ки ҷасади Шуҳрат Исматуллоев рӯзи 13-уми август дарёфт ва шахсияти ӯро баъди ташхиси дандонҳояш муайян кардаанд. Бонкирро 30-юми август ба хок супориданд ва мақомот нагузоштанд рӯзноманигорон аз маросими видоъ гузориш пахш кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.