Вакили тоҷик: “Тоҷикистон бо ҳар васила ба тоҷикони Афғонистон кумак хоҳад кард”

Тоҷикистон новобаста ба он ки дар сари қудрати Афғонистон гуруҳи Толибон* қарор доранду ин гуруҳро эътироф намекунад, ба тоҷикони ин кишвар бо ҳар васила кумак хоҳад кард. Ин нуктаро Саидҷаъфар Усмонзода, вакили парлумон ва раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон зимни суханронии худ дар як ҳамоиши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вобаста ба мавзӯи “Мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар […]

Муҳаммадшарифи Ёрмуҳаммад, махсус барои Asia-Plus

Тоҷикистон новобаста ба он ки дар сари қудрати Афғонистон гуруҳи Толибон* қарор доранду ин гуруҳро эътироф намекунад, ба тоҷикони ин кишвар бо ҳар васила кумак хоҳад кард.

Ин нуктаро Саидҷаъфар Усмонзода, вакили парлумон ва раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон зимни суханронии худ дар як ҳамоиши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вобаста ба мавзӯи “Мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат бо экстремизми динӣ ва терроризми байналмилалӣ” иброз дошт.

Ӯ, ки дар мавзӯи “Ҳукумати террористии ҳаракати Толибон ва таҳдиди он ба Осиёи Марказӣ” маърӯза мекард, гуфт, баъди ба сари қудрати Афғонистон омадани гуруҳи Толибон ба сари тоҷикони ин кишвар “ҷабру мушт” зиёд шуд.

Саидҷаъфар Усмонзода дар робита ба вазъи тоҷикони он сӯйи Ому ибрози накар карда, таъкид кард, ки “Тоҷикистон роҳе мекобад, ки ба тоҷикони Афғонистон кумак намояд”.

Масъалаи дигаре, ки дар ин ҳамоиш баррасӣ гардид, таҳдидҳо аз Афғонистон ба Осиёи Марказӣ буд. Дар робита ба ин мавзӯъ Саидкарим Адиб, корманди собиқи хадамоти амнияти Афғонистон дар аҳди Ашраф Ғанӣ суханронӣ карда, вазъи имрӯз ва ояндаи Афғонистон норӯшан ва ҳукуматдории Толибонро хатарзо маънидод кард.

Дар ҳамоиши мазкур ҳамчунин масъалаҳои зиёди вобаста ба муқовимат бо экстремизми динӣ ва терроризми байналмилалӣ, ҳамчунин чолишҳои муосири минтақавӣ баррасӣ гардиданд.

Бояд гуфт, ки дар Афғонистон теъдоди зиёди тоҷикон зиндагӣ мекунанд. Тибқи иттилое, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ду сол пеш зикр карда буд, ҳудуди 46 дарсади ҷамъияти ин кишварро тоҷикон ташкил медиҳанд.

Ёдовар бояд шуд, ки қудрат дар Афғонистон тобистони соли 2021, пас аз 20 соли ҳузури неруҳои НАТО ба дасти Толибон афтод. То ҳанӯз кишварҳои минтақа ва ҷаҳон гурӯҳи Толибонро ба расмият нашинохтанд ва эътироф накарданд. 

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.