Боздошти ронандае, ки дар Хуросон корманди БДА-ро пахш карда, аз ҷойи ҳодиса фирор кард

Ронандаи мошине, ки дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон корманди Бозрасии давлатии автомобилиро пахш карда, аз ҷойи ҳодиса фирор карда буд, боздошт шуда, ҳоло дар Боздоштгоҳи Шуъбаи ВКД дар ин ноҳия қарор дорад. Саймуъмин Ҳасанзода, сардори шуъбаи ташвиқот ва тарғиботи Раёсати БДА ВКД ҶТ гуфт, ки ронандаи мошин пеш аз пахши корманди БДА дар ноҳияи Хуросон, […]

Муҳаммадшарифи Ёрмуҳаммад, махсус барои Asia-Plus

Ронандаи мошине, ки дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон корманди Бозрасии давлатии автомобилиро пахш карда, аз ҷойи ҳодиса фирор карда буд, боздошт шуда, ҳоло дар Боздоштгоҳи Шуъбаи ВКД дар ин ноҳия қарор дорад.

Саймуъмин Ҳасанзода, сардори шуъбаи ташвиқот ва тарғиботи Раёсати БДА ВКД ҶТ гуфт, ки ронандаи мошин пеш аз пахши корманди БДА дар ноҳияи Хуросон, аз ҷониби кормандони дигари БДА нигоҳ дошта мешавад, аммо ӯ ба кормандони БДА итоат накарда, фирор мекунад.

Баъдан, кормандони БДА ба ҳамкасби худ хабар медиҳанд. Ронандаи мошин такроран дар ноҳияи Хуросон нигоҳ дошта мешавад, аммо ин навбат ронанда корманди БДА-ро пахш карда, боз аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад.

“Ҳоло ронандаи ин мошин боздошт гардида, дар Боздоштгоҳи Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Хуросон қарор дорад. Нисбати ронанда парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад”, – гуфт Саймуъмин Ҳасанзода.

Аммо ин манбаъ аз ифшои шахсияти ронандаи боздоштгардида худдорӣ кард.

Ба корманди БДА, ки мошин пахш карда буд, ҳамкасбон ва роҳгузарон кӯмак кардаанд. Ҳоло ба саломатии ӯ хатаре таҳдид намекунад.

Бояд гуфт, 7-уми октябри соли ҷорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки дар он лаҳзаи аз ҷониби мошине бо суръати баланд пашх кардани корманди БДА мушоҳида мешуд. Корманди БДА пас аз пахши мошин ба канори роҳ партоб мешавад, аммо мошин бо суръати баланд ба ҳаракати худ идома медиҳад.

Бояд гуфт, ки ҳолатҳои итоат накардан ба фармони корманди БДА дар Тоҷикистон мушоҳида мешавад, аммо ин аз ҳолатҳои аҳёне аст, ки ронандаи мошин корманди БДА-ро пахш карда, аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.