Нақшаи ҷамъоварии пахта дар Тоҷикистон 52% иҷро шуд

То имрӯз дар Тоҷикистон наздики 223 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ҳудуди 52% аз нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, дар вилояти Хатлон наздики 166 ҳазор тонна, вилояти Суғд – ҳудуди 55 ҳазор тонна ва Ноҳияҳои тобеи марказ – зиёда аз 1 ҳазору 700 тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шудааст. Дар […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

То имрӯз дар Тоҷикистон наздики 223 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ҳудуди 52% аз нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, дар вилояти Хатлон наздики 166 ҳазор тонна, вилояти Суғд – ҳудуди 55 ҳазор тонна ва Ноҳияҳои тобеи марказ – зиёда аз 1 ҳазору 700 тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шудааст.

Дар Вазорат ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта дар саросари кишвар идома дорад. Барои 1 кило дастӣ ҷамъоварии пахта дар чиниши аввал имсол аз 0,8 то 1,5 сомонӣ пардохт мекунанд. Хоҷагиҳои хусусӣ нархро мустақилона худашон муқаррар мекунанд.

Имсол дар ҷумҳурӣ мебоист дар майдони умумии 186 ҳазор гектар пунбадона кишт мешуд, лекин тибқи маълумоти оморӣ, дар шаҳру навоҳӣ дар 184 ҳазор гектар замин пахта кишт шудааст.

Мувофиқи пешгӯиҳо, имсол дар ҷумҳурӣ бояд 430 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ карда шавад.

Бо вуҷуди ҳамасола кам шудани майдони кишти пунбадона, кишоварзон ният доранд, ки аз ҳисоби афзоиши ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар дар ҳамон ҳаҷми пешина ҳосил гиранд (тақрибан 420-430 ҳазор тонна).

Қаблан зикр гардида буд, ки ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки содироти нахи пахтаро дар муддати се соли наздик 20 ҳазор тонна кам мекунад.

Дар Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Тоҷикистон гуфта мешавад, соли ҷорӣ содироти 65 ҳазор тонна нахи пахта ба маблағи 133 млн доллар пешбинӣ гардидааст.

Ба ивази коҳиши ҳаҷми содироти нахи пахта содироти калобаи пахтагӣ дар ҳаҷми то 42,1 ҳазор тонна ба маблағи 112,9 млн доллар ва маҳсулоти тайёри пахтагӣ ба маблағи тақрибан 5 млн доллар афзоиш хоҳад ёфт.

Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нав, дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳудуди 30 корхонаи саноати нассоҷӣ амал мекунанд, ки иқтидори умумии коркарди онҳо то 70 ҳазор тонна нахи пахта дар як солро ташкил медиҳад. Аммо аз ин миқдор дар як сол ҳамагӣ ҳудуди 20 ҳазор тоннаи он коркард мешавад.

Бо назардошти нархҳо дар бозори ҷаҳонӣ, мутахассисон арзиши ҳадди ақалли 1 тонна нахи пахтаи миёнаи маҳиннахи истеҳсоли Тоҷикистонро дар ҳудуди 10 ҳазор сомонӣ ва нахи пахтаи маҳиннахро – 15 ҳазор сомонӣ арзёбӣ мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.