Манъи кор дар мактаб, беморхона ва таксӣ… Пешниҳоди маҳдудиятҳои нав барои муҳоҷирони корӣ дар Русия

Як гурӯҳи вакилон таҳти сарварии пешвои ҳизби “Справедливая Росия – За правду” Сергей Миронов ба баррасии Думаи давлатӣ лоиҳаи қонун дар бораи ба шаҳрвандони хориҷӣ манъ кардани кор дар муассисаҳои тиббӣ, дорухона ва мактабҳоро пешниҳод кардаанд. Лоиҳа дар сомонаи палатаи поёнии парлумон нашр шудааст. Дар шарҳи лоиҳа зикр мешавад, ки ахиран муносибати манфии русиягиҳо ба […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Як гурӯҳи вакилон таҳти сарварии пешвои ҳизби “Справедливая Росия – За правду” Сергей Миронов ба баррасии Думаи давлатӣ лоиҳаи қонун дар бораи ба шаҳрвандони хориҷӣ манъ кардани кор дар муассисаҳои тиббӣ, дорухона ва мактабҳоро пешниҳод кардаанд. Лоиҳа дар сомонаи палатаи поёнии парлумон нашр шудааст.

Дар шарҳи лоиҳа зикр мешавад, ки ахиран муносибати манфии русиягиҳо ба афзоиши кормандони ғайриҳирфаии хориҷӣ зиёд мешавад.

Ба ақидаи муаллифони лоиҳаи қонун, ин ба ҷалби фаъолонаи захираҳои иловагии корӣ вобаста аст. Вакилон таъкид кардаанд, ки вуруди муҳоҷирони корӣ аз ҳисоби шаҳрвандони Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон таъмин карда мешавад.

Аз ҷумла дар лоиҳаи қонун манъи ҷалби муҳоҷирон ба соҳаҳои зерин пешниҳод шудааст:

– расонидани кумаки тиббӣ дар муассиса ва ташкилотҳои давлатӣ ва маъмурии низоми тандурустӣ;

– таълим дар мактаб (ибтидоӣ, асосӣ ва миёнаи умумӣ);

– дар фурӯши чаканаи воситаҳои доруворӣ;

– таксии сабукрав ва боркашонӣ бо нақлиёти автомобилӣ ( ки дар онҳо афзоиши садамаҳои нақлиёт бо иштироки муҳоҷирон зикр мешавад).

Муаллифони лоиҳаи қонун ҳамчунин пешниҳод кардаанд, ки ҳиссаи иҷозашудаи кормандони хориҷӣ дар дигар навъҳои фаъолияти иқтисодӣ то 5% маҳдуд карда шавад.

“Татбиқи лоиҳаи қонун имкон медиҳад, ки афзоиши муҳоҷирон дар ин бахшҳои иқтисод боздошта шуда, шаҳрвандони Русия бо ҷойи кори иловагӣ таъмин карда шаванд”, – омадааст дар шарҳи лоиҳаи қонун.

Гуфта мешавад, маълумоти оморӣ нишон медиҳанд, ки вуруди муҳоҷирон ба Русия сол то сол меафзояд. Тибқи маълумоти Сарраёсат оид ба муҳоҷирати ВКД Русия, теъдоди хориҷиёне, ки худро ба қайд гузоштаанд, 26% афзуда, аз 13,4 млн нафар дар соли 2022 то ба 16,9 млн нафар дар соли 2023 расидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.