Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро ба бемористони зиндони “Кирпичный” бурдаанд. Наздиконаш мегӯянд, “ба ҷарроҳии фаврӣ ниёз дорад”

Вазъи саломатии Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори зиндонии тоҷик дар маҳбаси низомаш сахти Душанбе бад шуда, ӯро ба бемористони зиндони шаҳри Ваҳдат, маъруф ба “Кирпичный” гузарондаанд. Дар ин бора як манбаи наздик ба идораи зиндонҳои Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ хабар дод. Ҳамчунин Нурмуҳаммад Пирмуҳаммадзода, бародари Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки “аҳволаш бениҳоят вазнин” […]

Радиои Озодӣ

Вазъи саломатии Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори зиндонии тоҷик дар маҳбаси низомаш сахти Душанбе бад шуда, ӯро ба бемористони зиндони шаҳри Ваҳдат, маъруф ба “Кирпичный” гузарондаанд.

Дар ин бора як манбаи наздик ба идораи зиндонҳои Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ хабар дод.

Ҳамчунин Нурмуҳаммад Пирмуҳаммадзода, бародари Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки “аҳволаш бениҳоят вазнин” аст.

“Духтур даровардем, талхааш пусидаст, аҳволаш бад, дар ҳолати лоғарӣ аст. Гурдаҳояшро ҳам беҳад приступҳои вазнин қапидааст, тамоман маззаш нест”,-мегӯяд бародари ин хабарнигори зиндонӣ.

Мақомоти расмии идораи зиндонҳои Тоҷикистон то кунун аз бад шудани вазъи саломатии Пирмуҳаммадзода хабар ё шарҳе надодаанд.

Муддате пеш Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро, ки дар зиндони шаҳри Хуҷанд адои ҷазо мекард, ба маҳбаси низомаш шадиди Душанбе интиқол додаанд, вале наздиконаш танҳо пас аз бемор шудан ва ба бемористони зиндони Ваҳдат бурда шуданаш хабардор шудаанд, ки ӯро аз Хуҷанд ба Душанбе овардаанд.

Мақомот сабаби ин интиқолро шаҳр надодаанд.

“Чанд рӯз пеш аз як рақам занг заданд, ки биёед ҳамин маҳбаси Ваҳдат, бемор аст. Мо ҳайрон шудем. Баъдан фаҳмидем, ки аз Хуҷанд ба ҳамин “критий”-и Душанбе овардаанд. Дар “критий” чанд рӯз беҳушу беёд будааст. Вазъаш бади бад мешавад, ба беморхонаи ин зиндон меоранд. Аз Сарраёсати иҷрои ҷазо иҷозатнома гирифтем, ду хоҳарашу бародараш рафта мулоқот карданд. Мегӯянд ҳолаташ бениҳоят вазнин, банди дастонаш зард шудаанд”,-мегӯяд яке аз наздикони Пирмуҳаммадзода.

Ба гуфтаи наздиконаш бояд хабарнигори зиндониро ҷарроҳӣ кунанд, аммо духтурон гуфтаанд, ки ҳоло вазъияташ хуб нест ва қувваи ҷисмонияш барои ҷарроҳӣ намерасад.

“Дирӯз худамон низ духтур даровардем. Гуфт, қувват надорад. Мо мехоҳем, иҷоза диҳанд, ӯро бурда дар яке аз беморхонаҳо ҷарроҳии лазерӣ кунем. Дар зиндон гуфтаанд, ки ӯ дар маҳбаси “критий” ҳасту иҷозат нест. Аммо мехоҳем бар сардори Сарраёсати иҷрои ҷазо муроҷиат кунем то иҷозат диҳад. Агар иҷозат надиҳанд намедонем вазъи ӯ чӣ мешавад. Худи Абдусаттор ҳам дар зиндон розӣ нашудааст, ки ӯро бо буриш ҷарроҳӣ кунанд”,-мегӯянд наздиконаш.

Пайвандони Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори тоҷик мегӯянд, тайи шаш моҳи гузашта аз аҳволи ӯ хабаре надоштанд.

Ду моҳ пеш наздикони Пирмуҳаммадзода шикоят карда буданд, ки аз моҳи март ба ин сӯ аз аҳволаш хабар надоранд, дар зиндони Хуҷанд ба онҳо иҷозаи мулоқот надодаанд. Аммо ҳоло наздиконаш мегӯянд, ки ӯ 6 моҳ дар ҳуҷраи камераи ҷаримавӣ (ШИЗО) будааст ва пас аз 6 моҳ ба маҳбаси “критий” интиқол дода шудааст, вале сабабашро намедонем.

Пирмуҳаммадзода моҳи декабри соли 2022 бо иттиҳоми узвият дар созмонҳои мамнуъ ба 7 сол зиндон маҳкум шуд. Аммо худаш ва наздиконаш айбномаро борҳо рад кардаанд. Ин рӯзноманигор баъди боздошт дар номае аз боздоштгоҳ навишт, аз рӯзи аввал зери фишори равонӣ ва шиканҷа буд, то иттиҳоми ба қавлаш "бофтаву сохта"-и мақомоти милисаро ба дӯш бигирад. Дар Додситонии кулли Тоҷикистон инро тасдиқ накарданд.

Мақомоти Тоҷикистон баъди соли 2022 беш аз даҳ хабарнигор ва блогерро боздошт ва дар мурофиаҳои пӯшида умдатан бо иттиҳоми ифротгаройӣ ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум карданд. Ҳамчунин аз марги дастикам 7 зиндонӣ хабар дода шудааст, ки сабаби асосии ин маргумир сари вақт нарасондани кумаки тиббӣ будааст. Талаби созмонҳои ҳомии ҳуқуқ барои таҳқиқи ин ҳодисаҳо ва озодии хабарнигорон то ин дам нодида гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.