Мадина Қурбонзода дар Қаҳрамонии ҷудои Осиё медали тилло гирифт

Дирӯз, 14-уми сентябр Мадина Қурбонзода, бонуи ҷудокори тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё миёни наврасон медали тилло ба даст овард. Ӯ дар марҳилаи ниҳоӣ дар вазни то 52 кг бо Нигина Умирзакова аз Ӯзбекистон куштӣ гирифта, ӯро шикаст дод. Мадина дар даври аввали рақобатҳо озод буд ва муборизаро аз марҳилаи ¼-ниҳоӣ оғоз кард. Вай дар […]

Нозанини Исматшоҳ, Asia-Plus

Дирӯз, 14-уми сентябр Мадина Қурбонзода, бонуи ҷудокори тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё миёни наврасон медали тилло ба даст овард.

Ӯ дар марҳилаи ниҳоӣ дар вазни то 52 кг бо Нигина Умирзакова аз Ӯзбекистон куштӣ гирифта, ӯро шикаст дод.

Мадина дар даври аввали рақобатҳо озод буд ва муборизаро аз марҳилаи ¼-ниҳоӣ оғоз кард. Вай дар ин марҳила рақиби худ аз Қирғизистонро шикаст дода, ба даври нимниҳоӣ баромад ва он ҷо ҳарифи ҳиндустонияшро мағлуб карду роҳашро ба финал ҳамвор кард.

Бояд гуфт, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё миёни наврасон, ки дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия идома дорад, Тоҷикистонро 4 ҷудокор намояндагӣ мекунад. Дар ин мусобиқа ба ҷуз Мадина, Рошид Неъматов ва Бобоҷон Шаропов дар вазни то 73 кг, инчунин, Абубакр Абдуҷалилзода дар вазни то 81 кг низ иштирок доранд.

Бодя гуфт, ки қаблан, Мадина Қурбонзода дар мусобиқаи байналмилалаии “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2025” дар вазни то 52 кг сазовори медали биринҷӣ гардида буд.

Ӯ нахустин духтари тоҷик аст, ки дар мусобиқоти “Тоскулоҳи бузург” ё “Grand Slam” соҳиби медал шудааст.

Паз аз ғолибият дар ин мусобиқа  шодии ӯву падараш дар шабакаҳои иҷтимоӣ бинандаи зиёд пайдо кард.

Дар бораи Мадина Қурбонзода ва корномаи ӯ дар гузориши мо маълумоти бештар гиред. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.